Фалсафа ва равиши реализм (134)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (2)

Матни мақола

Ҳар моддаи кор ҳар сурати корро намепазирад, ва ҳар роҳ ба ҳар мақсад намерасонад, балки як “муносибате” миёни моддаи кор ва сурати кор лозим аст, то дар заминаи он, моддаи муайян сурати муайянро пазируфта ва ба худ бигирад. Ин хосса на танҳо дар санъат аст, балки санъат дар бадрақаи табиат ин хоссаро нишон медиҳад.

Ва ҳамаи таҳаввулоти табиӣ дар ҷаҳони табиат, ба далели таҷриба ва мушоҳидаи қатъӣ, рӯи ҳамин қонун мебошад. Тухми себ аст, ки метавонад дарахти себро бипазирад, на тухми анор, ва аз дарахти себ танҳо метавон меваи себро чид, на меваи дигар ва на аз дарахти дигар. Моддае, ки мехоҳад инсон шавад, бояд пештар ҳоли пазириш ва сифати “имкон”-и сурати инсониро дошта бошад, вагарна инсоне ба вуҷуд нахоҳад омад. Пас, дар ҳар шаклу сурати вуҷудӣ, ки пайдо мешавад, моддаи вижае бояд имкони онро дошта бошад, ва ин “имкон” худ як амри вуҷудӣ аст, ки бо он, миёни модда ва сурати пазируфтаи худаш, иртибот барқарор мешавад. (1)

Ва аз он рӯй, ки дар мақолаи 9 гуфта шуд, ки модда бо доштани сурате айни он суратро бори дигар намепазирад (таҳсили ҳосил маҳол аст), бояд гуфт, ин нисбат ё сифати вуҷудӣ ба вуҷуди худ идома хоҳад дод, то сурат ва шакли матлуб пайдо шавад ва пас аз пайдоиши он, имкони мазкур аз миён хоҳад рафт; зеро хостан ва ба худ гирифтани сурате бо доштани ҳамон сурат маънӣ надорад. Масалан, себ пас аз себ шудан, дигар себ намешавад, магар ин ки сурати себи мавҷудро аз худ дур карда ва бо ҳаракат ва сайри дигаре дубора себ шавад. (2)

Мо ин сифати вуҷудиро “қувва”, ва сурати вуҷудии пасинро “феъл” меномем, ва гоҳе ба ҷои ин ду ном (қувва ва феъл) ду лафзи “имкон” ва “феълият”-ро ба кор мебарем, чунонки масалан мегӯем: тухм қувва ва имкони дарахтро дорад ва пас аз феълияти дарахт қувва сипарӣ мешавад ва ё имкон табдил ба феълият мегардад.

* * *

Таълиқот:

(1) Аз он чӣ қаблан гуфта шуд маълум гашт, ки ҳеч чиз бидуни истеъдоди қаблӣ ба вуҷуд намеояд. Истеъдоди ҳар чиз тақаддуми замонӣ дорад бар худи он чиз. Аз тарафе медонем “истеъдод” худ як мавҷуди ҷудогона ва мустақил нест, ки ба сурати як шайъ ё шахси хоссе арзи вуҷуд кунад. “Истеъдод” васфе аст, ки дар бораи мавҷуди хоссе сидқ мекунад, пас мавсуф лозим дорад, яъне “истеъдод” “мустаидд” лозим дорад. Пас, як чизе бояд бошад, ки ба истилоҳи фалосифа “ҳомили” истеъдод бошад. Пас, ҳар чизе, ки ба вуҷуд меояд, лозим аст, ки қабл аз ӯ истеъдодаш мавҷуд бошад, ва ҳам лозим аст, ки қабл аз ӯ як шайъи дигар, ки ҳомили истеъдоди ӯст мавҷуд бошад. Ҳомили истеъдод ҳамон аст, ки истилоҳан “модда” номида мешавад. Ин аст маънии ҷумлаи ҳукамо, ки мегӯянд:

كُلُّ حادثٍ مسبوقٌ بقوَّةٍ ومادّةٍ تَحْمِلُها

Яъне “ҳар падидае пешӣ гирифта шудааст ба истеъдоде ва моддае, ки ҳомили он истеъдод аст.”

Акнун навбати он аст, ки дар бораи ҳувият ва моҳияти ин сифат, ки “истеъдод” ё “қувва” номида мешавад баҳс кунем. Ин сифат як сифати вуҷудӣ ва воқеӣ аст на адамӣ ё эътиборӣ. Яъне моддае, ки метавонад сурати хоссеро бипазирад, ба мӯҷиби ин аст, ки чизеро дорад, на ба мӯҷиби ин ки чизеро надорад, ва он чизе, ки дорад як амри воқеӣ аст, на як амри эътиборӣ ва фарзӣ. Ба иборати дигар, калимаи “истеъдод” намояндаи як ҳақиқате аст, ки дар модда “вуҷуд” дорад, на намояндаи холӣ будани модда аз як амри вуҷудӣ ва на намояндаи як амри эътиборӣ ва беасар.

Дар инҷо ду назарияи дигар вуҷуд дорад. Тибқи яке аз ин ду назария, “қувва ва истеъдод” амри адамӣ аст ва тибқи назарияи дигар амри эътиборӣ.

1) Тарафдорони назарияи адамӣ мегӯянд, асосан истеъдод ва қобилият аз нуқсони вуҷуд ношӣ мешавад. Мавҷуд ҳар андоза дорои камолот ва таъайюноти вуҷудии бештар бошад, истеъдод ва қобилият ва имкони ин ки чизи дигар бишавад камтар ас. Ва ҳар андоза, ки таъайюнот ва ҷиҳоти вуҷудии камтаре дошта бошад, имкони табдили ӯ ба чизи дигар бештар аст. Ва дар ҳақиқат, ҳар сурат ва ҳолате, ки шайъ пайдо мекунад, як монеъ барои ӯ нисбат ба як силсила ҳолатҳо ва суратҳои дигар пайдо мешавад ва ба ҳар нисбат, ки воҷиди суратҳо ва ҳолоти вуҷудии бештар бошад, мавонеъи бештаре барои тағайюр ва табаддул ва пазириши ҳолати ҷадид дорад.

Пас, агар мавҷуд бирасад ба ҳадде, ки воҷиди тамоми камолот ва суратҳо бошад, истеъдоди ҳеч ҳолати ҷадиде дар ӯ нахоҳад буд, ва баръакс агар бирасад ба ҷое, ки воҷиди ҳеч ҳолат ва сурати билфеъле набошад, истеъдоди ҳама чиз дар ӯ хоҳад буд. “Ҳаюлои аввалӣ” ҳамон мавҷуде аст, ки дар зоти худ воҷиди ҳеч феълияте нест ва ба ҳамин далел истеъдоди ҳама чиз дар ӯ ҳаст. Маънии ин, ки истеъдоди ҳама чиз дар ӯ ҳаст ин аст, ки дар зоти ӯ ибо ва имтиноъе аз ҳеч сурат ва ҳолат нест. Ҳаюлои аввалӣ ҳеч гоҳ бидуни сурат нест ва суратҳо нисбат ба якдигар зиддият ва тамонуъ доранд; яъне ҳар сурате фақат нисбат ба баъзе аз суратҳои дигар монеъият надорад ва нисбат ба соири суратҳо монеъият дорад. Пас, ин ки дида мешавад дар баъзе аз маводд истеъдоди як сурати муайян ҳаст ва на бештар ва пиндошта мешавад ин истеъдод як амри вуҷудӣ аст, иштибоҳ аст. Истеъдоди як сурати муайян доштан маъниаш ин аст, ки сурати билфеъли ин шайъ, моддаи ин шайъро, ки қобилияти ҳар суратеро дорад, аз ҳамаи он суратҳо монеъ аст магар аз як сурати бахусус. Масалан, дар донаи гандум истеъдоди бӯтаи гандум шудан аст, на ҷав шудан ва на хурмо шудан ва на инсон шудан ва на чизи дигар. Вақте, ки ба ҳақиқати матлаб бирасем, чунин хоҳем ёфт, ки ин сурати билфеъли донаи гандум аст, ки намегузорад моддаи аслӣ, ки дар донаи гандум аст ҷав ё хурмо ё инсон бишавад ва фақат нисбат ба бӯтаи гандум шудан манъе надорад. Яъне сурати билфеъли донаи гандум ҳамаи роҳҳоро бар рӯи моддаи аслӣ бастааст, магар роҳ бӯтаи гандум шуданро. Пас, бозгашти ҳамаи истеъдодҳо ба холӣ будан аз монеъ аст.

Ин ки гуфта мешавад дар ҳаюлои аввалӣ истеъдоди ҳама чиз бидуни истисно ва бидуни тафовут ва бидуни тарҷеҳ ҳаст, ба маънии ин аст, ки ӯ аз лиҳози нуқсони вуҷуд ва адами таъайюн ва фоқид будани ҳамаи феълиятҳо дар ҳадде аст, ки нисбат ба ҳеч чиз монеъият надорад. Ва ин ки гуфта мешавад, дар гандум ё ҳастаи хурмо ё нутфаи инсон истеъдоди шайъи хосс ҳаст ба маънии ин аст, ки дар ҳар як аз инҳо нисбат ба ҳар сурати дигар монеъ вуҷуд дорад, ҷуз нисбат ба як сурати бахусус.

Ин назария қобили қабул нест. Пояи аслии ин назария ин аст, ки аҷсом дар таҳлили ниҳоӣ мунтаҳӣ мешаванд ба ду ҷузъ, ки яке ҳеч феълияте надорад ҷуз феълияти қобилият, ва он ҳамон аст, ки “моддаи аслӣ” ва “ҳаюлои аввалӣ” номида мешавад, ва дигарӣ “сурати ҷисмия” аст, ки ҳақиқаташ буъд ва имтидод аст. Назарияи маъруфи арастуии “ҷавҳарҳои панҷгона” низ мубтанӣ бар ҳамин асос аст. Бурҳони маъруфи “фаслу васл” барои исботи ҳамин муддаост.

Вале мо ин ақидаро саҳеҳ намедонем. Ба ақидаи мо, “ҷисм” қобили таҳлил ба модда ва сурат нест ва модда ва сурат аҷзои ҷисм мебошанд аммо аҷзои таҳлилӣ на аҷзои хориҷӣ; ба ин маънӣ, ки ҳар ҷисме дар зарфи хориҷ мунтаҳӣ намешавад ба ду ҷузъи воқеӣ, ки яке фақат модда аст ва дар зоти худ фоқиди ҳар сурате аст, ва дигарӣ сурат. Балки ҳамон тавре, ки аҷзои замон ва аҷзои ҳаракат то бениҳоят қобили тақсим мебошанд ва ҳамон тавре, ки буъди ҷисмонӣ то бениҳоят қобили тақсими зеҳнӣ аст ба аҷзои кучактар, ҳақиқати ҷавҳари ҷисм низ то бениҳоят қобили тақсими зеҳнӣ аст ба қувва ва феълият. Ин хоссият барои ҷисм аз онҷо пайдо шуда, ки ҳаракат муқаввими вуҷуди ҷавҳари ҷисм аст.

Дар боби тараккуб ва адами тараккуби ҷисм аз модда ва сурат ва ин ки ба фарзи тараккуб кайфияти он чист, оё иттиҳодӣ аст ё инзимомӣ, суханони бисёре аст ва ҷои эроду ишкол дар гуфтори бисёре аз фалосифа дар ин замина бисёр аст. Акнун маҷоли баҳс дар онҳо нест.

2) Аммо назарияи эътиборӣ будани қувва ва истеъдод. Дар инҷо баёни нисбатан муҳимме ҳаст, ки истеъдод ё имкони истеъдодӣ наметавонад як амри вуҷудӣ ва як ҳақиқати мавҷуд бошад, балки ҳатман бояд як мафҳуми эътиборӣ ва интизоъӣ бошад, ба ин баён:

Қувва ва истеъдод тибқи он чӣ қаблан гуфта шуд, шарти қаблии вуҷуди ҳар ҳодис ва ҳар падидае аст бидуни истисно. Ба ҳамин далел худи қувва ва истеъдод наметавонад як падида ва як мавҷуд бошад, зеро лозим меояд, ки худ низ машмули ҳамин қонун бошад яъне лозим меояд барои ҳар истеъдоде, ки мавҷуд мешавад, қаблан истеъдоди дигаре вуҷуд пайдо кунад ва он истеъдоди дигар низ қабл аз худ истеъдоди дигаре дошта бошад ва ҳамин тавр то бе поён. Пас, агар бихоҳад инсон мавҷуд шавад, бояд истеъдодҳои бениҳоят вуҷуд дошта бошад, ки яке аз онҳо истеъдоди худи инсон аст ва дигаре истеъдоди истеъдоди инсон ва дигаре истеъдоди истеъдоди истеъдоди инсон ва ҳамин тавр… Ва ҳар як аз ин истеъдодҳо низ ҳомили махсус мехоҳад ва ҳол он ки биззарура медонем барои ҳар мавҷуде монанди инсону дарахту ғайра, истеъдодҳои бениҳоят вуҷуд надорад.

Шайхи Ишроқ як қоидаи куллӣ барои эътиборӣ будани ин гуна умур зикр кардааст, мегӯяд:

Ҳар чизе, ки лозимаи мавҷуд будани ӯ такаррури вуҷуди ӯ бошад, ӯ амри эътиборӣ аст.”

Масалан, ба ақидаи Шайхи Ишроқ, “ваҳдат” амри эътиборӣ аст яъне ашёе, ки дорои сифати ваҳдат мебошанд, ҳақиқат доранд, аммо худи ваҳдат, эътиборӣ ва интизоъӣ аст, зеро агар ваҳдат вуҷуд дошта бошад, бояд ё воҳид бошад ё касир, чун намешавад мавҷуде на воҳид бошад ва на касир, агар ваҳдат воҳид бошад яъне дорои сифати ваҳдат бошад, ваҳдати ин ваҳдат низ бояд мавҷуд бошад, пас мо дар инҷо ду ваҳдати мавҷуд дорем, яке ваҳдати он шайъи мавриди назар, дигар ваҳдати ваҳдати он шайъ. Нақли калом ба ваҳдати ваҳдати он шайъ мекунем. Он ваҳдат низ чун бино бар фарз мавҷуд аст ва воҳид аст, пас ваҳдат дорад ва чун боз бино бар фарз ҳар ваҳдате вуҷуд дорад, пас ваҳдати он ваҳдат, вуҷуд дорад ва ҳамин тавр то бе ниҳоят. Аммо агар фарз кунем худи ваҳдат воҳид нест ва касир аст, ишкол бештар мешавад, зеро аввалан хилофи бадеҳӣ аст, сониян ҳар касире маҷмӯае аз воҳидҳост, пас вуҷуди ваҳдат мусталзими вуҷуди чанд воҳид аст ва боз ҳар як аз он воҳидҳо чун дорои ваҳдатанд ва ҳар ваҳдате касир аст ва маҷмӯи воҳидҳост, пас вуҷуди ҳар як аз он воҳидҳо мусталзими воҳидҳост ва ҳамин тавр то бе ниҳоят, ва лозим меояд то бе ниҳоят риштаҳои номутаноҳӣ ба вуҷуд ояд. Пас, ваҳдат аз он умуре аст, ки вуҷуд доштани онҳо мусталзими такаррури онҳост ва чун такаррури онҳо маҳол аст, пас вуҷуд доштани онҳо маҳол аст. Пас ваҳдат амри эътиборӣ аст.

Шайхи Ишроқ ба ҳамин далел вуҷудро низ амри эътиборӣ медонад ва муддаӣ аст мавҷуд будани вуҷуд мусталзими такаррури вуҷуди ҳар шайъ то бе ниҳоят яъне як амри маҳол хоҳад буд.

Акнун, ки ин қоидаи куллӣ равшан шуд, мегӯем, мавҷуд будани истеъдод низ мусталзими такаррури вуҷуди истеъдод аст ва чун такаррури вуҷуд ба сурате, ки баён шуд маҳол аст, пас истеъдод ва имкони истеъдодӣ низ мавҷуд нест ва амри эътиборӣ аст.

Ҷавоб ин аст, ки мо қоидаи куллии Шайхи Ишроқро ба ҳамон сурати куллӣ мепазирем яъне агар фарз кунем вуҷуди чизе мусталзими такаррури вуҷуди ӯ бошад, он чиз наметавонад як мавҷуди ҳақиқӣ бошад, вале ҳамон тавр, ки Садрулмутааллиҳин таҳқиқ карда, ҳақиқӣ будани амсоли вуҷуд ва ваҳдат мусталзими такаррури онҳо нест. Шайхи Ишроқ гумон карда ҳар чизе, ки мавҷуд аст бояд аз синхи моҳият бошад ва вуҷудаш ғайр аз зоташ бошад, дар сурате, ки метавонад вуҷуди чизе айни зоти он чиз бошад ва ишколи боло ворид нашавад. Худи вуҷуд ва шуъуни вуҷуд аз қабили ваҳдат ва касрат ва тақаддум ва таъаххур ва қидам ва ҳудус ва қувва ва феъл аз ин қабил аст. Инҳо мавҷуданд ба маънии ин, ки айни ҳақиқати вуҷуд ва ё мартибае аз маротиби вуҷуданд, на ба маънии ин ки моҳияте мебошанд, ки дорои вуҷуд мебошанд.

Қувва ва истеъдодро, ки мегӯем амри вуҷудӣ аст ба маънии ин аст, ки аз вуҷуди шайъи мустаидд хориҷ нест ва аз мартиба ва марҳилаи хосси вуҷуди модда интизоъ мешавад, на ба маънии ин ки як сифате аст, ки ориз ва замимаи модда шудааст аз қабили рангу бӯву вазъу муҳозот, ки оризи ҷисм мешавад.

Аз инҷо маълум мешавад, ки баҳсҳое, ки фалосифа кардаанд дар бораи қувва ва истеъдод, ки оё аз мақулаи кайф аст ё изофа ё мақулаи дигар, чӣ қадр нобаҷост. Қувва ва феълият дохил дар боби мақулот нест, то ҷое барои ин суханон буда бошад. Ҳаддиаксари он чӣ метавон гуфт ин аст, ки нисбати истеъдод ба модда монанди нисбати ҷисми таълимӣ аст ба ҷисми табиӣ, ки аз қабили нисбати мубҳам ва ломутаъйин аст ба мутаъйин, ва чунонки медонем мубҳам ва мутаъайин дар хориҷ айни якдигаранд, ихтилофашон ба ҳасби эътибори зеҳн аст, ҳар мутаъайин “оризи таҳлилии” мубҳам аст, на “арзи хориҷии” он. Вале фалосифа он ҷо, ки дар бораи моҳияти қувва ва истеъдод баҳс мекунанд, ончунон баҳс мекунанд, ки дар бораи як арази хориҷӣ.

* * *

(2) Дар гузашта собит шуд, ки имкони вуҷуди ҳар чиз қабл аз худаш ҳамеша вуҷуд дорад, албатта аз қабили вуҷуди “таъайюн” дар зимни “мутаъайин”. Акнун навбати он аст, ки бидонем ин имкон то кай ба вуҷуди худ идома медиҳад. Оё пас аз таҳаққуқ ёфтани худи шайъ ва ба феълият расидани он боз ҳам имкон ва истеъдод боқӣ аст ё на? Ҷавоб ин аст: хайр, оғози феълияти як чиз поёни қувва ва истеъдод ва имкони он аст. Бадеҳист агар фарз кунем бо омадани феълияте боз ҳам қувва ва истеъдоди он феълият боқӣ аст, лозим меояд, ки истеъдод, истеъдоди ҳусули ҳосил бошад ва чун ҳусули ҳосил маҳол аст, истеъдоди чунин амри маҳоле ҳам маҳол аст. Пас бо омадани ҳар феълият, имкон ва истеъдоди он феълият аз миён меравад.

Аммо ин ки чӣ гуна аз миён меравад, оё воқеан мисли ин аст, ки мавҷуде биравад ва мавҷуди дигаре ҷои ӯро бигирад ё ба шакли дигар аст, матлабе аст, ки анқариб дар худи матн тавзеҳ дода мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: