Чӣ касоне дар Тоҷикистон ДОЪИШ-ро намояндагӣ мекунанд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Он чи бештар доъишиҳоро дар ҷаҳон бадном ва манфур кардааст, на зоҳири онҳост ва на қатъан дине, ки муддаъии пайравӣ аз онанд, балки дар дараҷаи аввал, ин тарзи тафаккури онҳо, ва сониян, рафтор ва таъомулашон бо дигарон аст.

Аз ин назар, ҳар фард ё афроде, ки дорои тафаккуре шабеҳи тафаккури доъишӣ буда ва рафторашон бо дигарон монанди рафтори доъишиҳо бошад, метавон онҳоро доъишӣ номид. Ба сухани дигар, чи басо фард ё афроде, дар зоҳир ҳеч шабоҳате бо як доъишӣ надошта бошанд — яъне на рише ба монанди риши доъишиҳо дошта ва на либосе шабеҳи либосҳои онҳо бар тан карда, балки сурати худро тарошида ва куту шалвори мураттаб бар тан пӯшида ва крувот (галстук) ҳам зада ва худро секулор ҳам эълом карда бошанд — вале дар айни ҳол, тафаккури доъишӣ дар сар дошта ва рафторашон бо дигарон, дуруст мисли рафтор ва бархӯрди доъишиҳо буда бошад.

Ҳол, бояд дид, “тарзи тафаккури доъишӣ” чӣ тарзи тафаккурест ва “рафтораш бо дигарон” чӣ гуна аст, то дар партави ин огоҳӣ, бибинем чӣ фард ё афроде дар Тоҷикистон доъишӣ маҳсуб мешаванд?

* * *

Тафаккури доъишӣ ду вежагии барҷаста дорад: яке “мутлақангорӣ”, ва дигар “сатҳинигарӣ”. “Мутлақангорӣ” яъне ин ки худро ҳаққи мутлақ ва ғайри худро ботили маҳз бидонӣ. Ва “сатҳинигарӣ” бад-ин маъност, ки аз амиқтарин матолиб (масалан аз масъалаи худшиносӣ), ту фақат ба зоҳираш иктифо кунӣ ва таваҷҷӯҳе ба умқи он надошта бошӣ.

Ва аммо рафтори доъишӣ чунон аст, ки ҳар ки мисли ту наандешад ва мисли ту фикр накунад, ва хулоса мисли ту набошад, ӯро бояд аз сафҳаи рӯзгор маҳву нобуд бикунӣ.

* * *

Хуб, ҳоло дар Тоҷикистони имрӯз, чӣ фард ё афроде дар фикру андеша “мутлақангор” ва “сатҳинигар”, ва дар рафтор бо дигарандешон ва мунтақидон, мисли доъишиҳост, ки ҳамму ғамме ҷуз поксозии ҷомеа аз вуҷуди мунтақидон надорад?

Оё ҷуз давлатмардони феълӣ?

Чӣ касе дар Тоҷикистон фикр мекунад вай ҳаққи мутлақ аст?

Оё ҷуз ҳукуматмадорони кунунӣ?

Чӣ касе дар Тоҷикистон ҳар фард ё афродеро, ки мисли ӯ наандешад ва мисли ӯ дар сиёсат мавзеъ надошта бошад, “ватанфурӯш”, “хоин” ва “душмани миллат” мешуморад?

Оё ҷуз ҳукумати феълӣ?

Чӣ касе дар Тоҷикистон, аз худшиносӣ ва хештаншиносӣ ва ҳифзу эҳёи ҳувияти миллӣ, фақат ба зоҳири он иктифо карда ва кораш танҳо танзиму тартиби либосу пӯшишу ин ҷур чизҳо гардида ва аммо ба умқи масъала яъне мағзи худшиносӣ, ки марбут ба зеҳни як тоҷик аст, ҳеч таваҷҷӯҳе надорад?

Оё ҷуз давлатмардони феълӣ?

Ва дар ноҳияи рафтор низ, чӣ касе дар Тоҷикистон таҳаммули кучактарин интиқод ва эътирозе ба сиёсатҳои ҳоким ва ҳукуматро надорад?

Оё ҷуз ҳукуматдорон ва худи шахси ҳоким?

Чӣ касе расонаҳо ва рӯзноманигоронро ё ба худ вобаста ва ё фаъолияти онҳоро мутаваққиф ва дар натиҷа онҳо маҷбур ба тарки миҳани худ шуданд?

Оё ҷуз мақомоти кунунии тоҷик?

Кор то бад-он ҷо расида, ки ин ҳукумат ҳатто таҳаммули яке ду рӯзноманигор дар дохилро, ки гаҳ-гоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаб менависанд надорад ва “муқтазои табиати онҳоро” нооромӣ тавсиф мекунад.

Чӣ касе дар Тоҷикистон дар пайи поксозии ҷомеа аз вуҷуди ҳар мунтақид ва мухолифе аст?

Оё ҷуз ҳукумати кунунӣ?

ҲНИТ-ро, ки ба баҳонаҳои пуч ва воҳӣ фаъолияташро мутаваққиф карданд, ҳоло ба суроғи аҳзоби дигар рафта ва бо лату кӯби раҳбаронаш қасди таъарруз ба онҳоро дар сар мепарваронанд.

Пас, ин ҳукумат оё тафовуте бо ДОЪИШ дорад?

Бале, тафовути ин ҳукумат бо ДОЪИШ фақат дар зоҳир аст; ин яке агар ришу фаш дошта ва иддаои исломӣ буданро кунад (ки ислом аз ӯ безор аст!), он дигаре аммо куту шалвору галстук дорад ва иддаои секулор буданро мекунад, ки ба назарам, секулорҳои воқеӣ аз инҳо безоранд.

Пас, намояндаи ДОЪИШ дар Тоҷикистон ҷуз ҳоким ва ҳукуматмадорони кунунӣ нестанд.

Асосан, на танҳо инҳо, балки ҳар ҳизбу гурӯҳу давлате агар ин ду вежагӣ (мутлақангорӣ ва сатҳинигарӣ дар тафаккур ва бархӯрди хашин бо дигарон)-ро дошта бошад, ӯ доъишӣ хоҳад буд, чӣ худро исломӣ бихонад ва чӣ секулор.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , ,

14 replies

  1. Т бо кии хдт ки Пешвогира ай т прсем? И Президенти мохай Пешвои мохай.. макул нест иди х..й с нашей родины!!!

    Нравится

  2. Чанга нахзатиё кнану шмо паданалато кира гнахгор кадестен)) эээй биёен бас кнен ба Хдо ранги кудако гап мезанен!!

    Нравится

  3. И аму Пешвое хаст ки тамоми мардуми Точик ай пуштш мехеза.. хай гайри ами 1 ё 2 нафари ранги шмо паданалато!!!

    Нравится

  4. Кенчаева нахзатиё кштан!!!!! Бо ягон чои 5офахмо хаст?

    Нравится

  5. Пешво арзандахай!!! Барое ки миллати точика ай гум шидан!! Ай дасти исломихои беакл начот дод!!

    Нравится

  6. Магсабхои Точикистон барои точикохай на барои шмовори хоиное ки барои сум шида хдтона ку уск беста ку…тона мефрушен!! Мо точико ба касе бовар кнем амура ваифа метем!!

    Нравится

  7. Миллати точик гуфта т бо яке хдта фикр накни ки хато мекни !! Т хоини хоин миллат надора!! Агар бовар накни просто хдта пурс!!

    Нравится

  8. Агар ту Эмомали Рахмона нашноси мо мешносем у ягон таълимгирифтаи кишвари хоричи ранги нахзатиё нест! У як точики кшлокияй ки барои миллату давлатш чокша дар хатар монду вазифара кабул кард!!!

    Нравится

  9. Ба фикрм ки бо т ягон нахзатии ки шикаст хурдантона ждат надошти!! Неки олиям рахми Пешвои миллатай агане хамаи шмора ай магадан меёфтан!!

    Нравится

  10. агар ту Эмомали Рахмона нашноси мо мешносем у ягон таълимгирифтаи кишвари хоричи ранги нахзатиё нест! У як точики кшлокияй ки барои миллату давлатш чокша дар хатар монду вазифара кабул кард!!!

    Нравится

  11. Агар аму салдатои бобои Сангак намебуд бо ами твори хиёнаткоро вазията чп мекарден!!

    Нравится

  12. хоо акц якта якта одамоера ки кштен да сари ами Прездент бзанен!! Бмбрен беномусо!! Фикр мекнен ки хичка намедона ки шмо киен? Ё чко каодагиен? Эээй хама медона ки хнит кияй шмо киен?

    Нравится

  13. Агар и шахс ай 8 мтлион боло намебуд мо ура Пешво интихоб намекардем!! У ай хама болохай!! Барои ами мо ай пушти у мерем!!

    Нравится

  14. Аку Кабирира пешво накардан кахртон кад? Аку намембрен катии паданалатитон катии паститон? Хдтона катии прастой точик бояд сравниват накнен шмо барое ки пасттарин точик ай лубойтаи шмода болохай!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: