Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (226)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (10)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 4

* * *

Уштур омад ин вуҷуди хорхор,

Мустафозоде бар ин уштур савор.

Ин тани хорхӯранда дар масал монанди шутур аст, ва касе аз насли Мустафо бар ин шутур савор аст, яъне руҳе бар он савор шудааст.

Нукта: Мурод аз “уштури хорхор” тани хокӣ аст, ва манзур аз “Мустафозод” руҳ аст. (Шарҳи асрор, с.61)

Уштуро! Танги гуле бар пушти туст,

К-аз насимаш дар ту сад гулзор руст.

Эй шутур! Бори гуле бар пушти ту қарор дорад, ки аз атру насими он, дар ту сад гулзор руста ва рӯйидааст.

Танг: бор.

Нукта: “Сад” дар инҷо намояндаи касрат аст, на ададе хосс, яъне эй ҷисм! Бар ту руҳе латиф қарор дорад, ки аз насими диловези ҳақиқати он, дар ту гулзорони бешуморе аз маорифу ҳақоиқ падид омадааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.610)

Майли ту сӯйи муғилон асту рег,

То чӣ гул чинӣ зи хори мурдарег?

Вале гароиши ту ба сӯи хору рег аст, яъне ту ба самти умури нафсонӣ гароиш дорӣ. Шигифто, ки мехоҳӣ аз хори пасту беарзиши моддӣ гулҳои маънавӣ бичинӣ, яъне бо нафсоният намешавад сафои қалб ёфт.

Муғилон: дарахте хордор, ки дар регистон мерӯяд.

Эй бигашта з-ин талаб аз кӯ ба кӯ,

Чанд гӯйӣ, к-ин гулистон куву ку?

Эй касе, ки дар талаби роҳи Ҳақ кӯй ба кӯй гашта ва саъй намудаӣ! То кай хоҳӣ гуфт: ин гулистони маънавӣ ку ва куҷост?!

Пеш аз он к-ин хори по берун кунӣ,

Чашм торик аст, ҷавлон чун кунӣ?

То вақте, ки хори нафсониро аз пои ҷонат берун накашидаӣ, чашми дилат ҳамчунон тираву бефурӯғ аст, чаро гом дар роҳи сулук ниҳодаӣ?

Одаме, к-ӯ менагунҷад дар ҷаҳон,

Дар сари хоре ҳамегардад ниҳон.

Инсоне, ки дар ҷаҳон намегунҷад, яъне ҳақиқати ӯ бартару бузургтар аз ҳамаи дунёст, бо ин ҳол, аҷаб аст, ки одамӣ ба хотири сари хоре ниҳон мегардад! Яъне хоре беарзиш, ки ҳамоно лаззати ҷисмонӣ ва айши нафсонӣ аст, ҳақиқат ва “ман”-и ӯро ба худ машғул дошта расвояш кардааст.

Мустафо омад, ки созад ҳамдаме:

“Каллиминӣ ё Ҳумайро, каллимӣ!”

Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), ки намунаи аълои инсони комил аст ва дар гетӣ намегунҷад, хост, ки дар ин олами башарӣ ҳамдаме дошта бошад. Пас, рӯй ба ҳазрати Оиша (р) кард ва гуфт: эй Ҳумайро! Бо ман ҳарф бизан!

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

كَلِّمِينِي يَا حُمَيْرَاءُ

Эй Ҳумайро! Бо ман ҳарф бизан!

Ҳадиспажӯҳон мӯътақиданд, ки ин ҳадис асле надорад. Мулло Алӣ Қорӣ гӯяд:

لَيْسَ لَهُ أَصْلٌ عِنْدَ الْعُلَمَاءِ

Барои ин ҳадис дар назди уламо асле вуҷуд надорад.” (Ал-асрорул-марфуъа фӣ ахборил-мавзуъа, ҳ.184)

Эй Ҳумайро! Оташ андар неҳ ту наъл,

То зи наъли ту шавад ин кӯҳ лаъл.

Эй Оиша! Наълро дар оташ бинеҳ ва бигузор то аз наъли ту, ин кӯҳ, ба лаъл бадал гардад.

Нукта: Дар фанни соҳирӣ расм будааст, ки ҳар гоҳ бардае аз соҳибаш мегурехт ва ё маъшуқе дил ба ошиқ намедод, исми ӯро бар рӯи наъле менавиштанд ва дар миёни оташ мениҳоданд. Ба маҳзи анҷоми ин кор, бардаи фирорӣ бозмегашт ва маъшуқ дар тасхир ва итоати ошиқ қарор мегирифт. (Ибни Халдун, Муқаддима, ҷ.)

Маънии байт: эй Оишаи сапедрухсор! Маро ба олами башарият маҷзубу мусаххар кун, то кӯҳи вуҷудам аз наъли ту яъне аз ҷазаба ва тобиши офтоби ҷамолу ту ба лаъл мубаддал гардад.

Зоҳиран муроди Мавлоно ин аст, ки хори овезишу таъаллуқ ҳар гоҳ ба ҳукми шаръ ва барои осоиши руҳ бошад, мӯҷиби нақс нест, балки нардбони камоли руҳонӣ низ тавонад буд ва ё он ки аҳкоми пайвастагии ҷону тан ба якдигар, аз лавозими нашъаи ҷисмонӣ аст ва комилон ва восилон ҳам аз он, модом ки ҳабси тананд, раҳоӣ намеёбанд, чунонки ҳазрати сайиди коинот ҳам таваҷҷӯҳ ба Оиша дошт ва аз муҳодисаи вай лаззат мебурд.” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.812)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: