Ҳамлаи хунбор ба масҷид (филм)

Хабари ҳамлаи муҳоҷимон ба масҷиде дар шимоли Миср, ки дастикам 235 шаҳид ва 130 захмӣ бар ҷой гузошт, дунёро такон дод. Тибқи гузориши расонаҳо, бо поён ёфтани намози зуҳр, бомбе дар дохили масҷид мунфаҷир шуд ва сипас муҳоҷимон бо чаҳор василаи нақлия ба масҷид наздик шуда ва ба сӯи намозгузорон оташ гушуданд.

Бар пояи гузориши расонаҳо, муҳоҷимон теруристҳои ДОЪИШ дар вилояти Сино будаанд. Ба гузориши Евронюз, масҷиди Арравза мутаъаллиқ ба мусалмонони сӯфӣ аст ва дар минтақаи Беърулъабд дар 40 километрии ғарби шаҳри Ариш, маркази устони Синои шимолӣ қарор дорад.

Аз назари ифротгароёни узви ДОЪИШ, мусалмонони сӯфӣ “муртад” ҳастанд. Онҳо пеш аз низ ин борҳо ба сӯфиҳо ва ҳамчунин ба мардуми қабилаҳои сокин дар устони Синои шимолӣ ҳамла карда буданд.

Дар пайи ин ҳамла, сатҳи тадобири амниятӣ дар маконҳои калидии Миср аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира афзоиш ёфтааст.

Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар дар ҷараёни нишасте хабарӣ, ҳамла ба масҷиди Арравзаро маҳкум ва бар зарурати муборизаи ҷиддӣ бо теруристҳо таъкид кард.

Ҳамла ба масҷиди Арравза дар устони Синои шимолӣ, бузургтарин ҳамла ба ғайринизомиён дар Миср аз соли 2013 мелодӣ ба ин сӯ маҳсуб мешавад.

Ин ҳамлаи ноҷавонмардона, аз сӯи тамомии гурӯҳҳо ва аҳзоби исломӣ аз ҷумла Ҳамос, Ҷиҳоди Исломӣ, Ҳизбуллоҳ, Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, Ихвонулмуслимин ва низ сарони кишварҳои ҷаҳон маҳкум шуд.

Реклама


Рубрики:Салафият, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: