Мавлавӣ Абдулҳамид: “Масири ифротгароӣ масирест, ки сад дар сад бо бунбаст мувоҷеҳ мешавад”

Мавлавӣ Абдулҳамид, аз уламои барҷастаи аҳли суннати Эрон, бо баёни ин ки “масири ифротгароӣ масирест, ки сад дар сад бо бунбаст мувоҷеҳ мешавад” таъкид кард: “Касоне, ки масири ифротгароиро баргузидаанд, акнун пушаймон ҳастанд. Тавсияи мо ба касоне, ки гирифтори ифротгароӣ ҳастанд он аст, ки дар равиши худашон таҷдиди назар кунанд ва аз уламо ва роҳнамоёни динӣ фосила нагиранд ва тамоми уламоро муттаҳам ба “динфурӯшӣ” накунанд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Мавлавӣ Абдулҳамид, ин донишманди барҷаста ва имом-ҷумъаи Зоҳидони Эрон изҳор дошт: “Исломро бояд он тавр, ки ҳаст бифаҳмем ва ба ҷаҳониён арза кунем. Мумкин аст аз ислом бардоштҳои мухталифе вуҷуд дошта бошад, аммо ҳаргиз набояд дини исломро маҳдуд ва танг кунем, зеро ин дин тамоми шуъуноти зиндагии башарро шомил шуда ва барои ҳар кадом аз онҳо барнома дорад.”

Вай хотирнишон кард: “Баъзеҳо бо мутолеаи гузарои чанд китоб, тасаввур мекунанд Қуръону ҳадисро фаҳмидаанд, дар ҳоле ки фаҳми Қуръону ҳадис ва ошноӣ бо ҳақиқати дини ислом ниёз ба иртибот бо уламо ва мутолеаи зиёд, он ҳам таҳти сарпарастӣ ва назорати уламо дорад. Аз ин рӯ, гурӯҳҳое, ки гирифтори ифротгароӣ ҳастанд, бояд ба суханон ва насиҳатҳои уламо гӯш кунанд, мутмаин бошанд, ки пушаймон намешаванд. Зеро уламо хайрхоҳи ҳама ҳастанд ва нисбат ба дигарон ошноии бештаре ба масоили динӣ доранд.”

Имом-ҷумъаи Зоҳидон изҳор дошт: “Масири ифротгароӣ масирест, ки сад дар сад бо бунбаст мувоҷеҳ мешавад. Касоне, ки масири ифротгароиро баргузидаанд, акнун пушаймон ҳастанд. Тавсияи мо ба касоне, ки гирифтори ифротгароӣ ҳастанд он аст, ки дар равиши худашон таҷдиди назар кунанд ва аз уламо ва роҳнамоёни динӣ фосила нагиранд ва тамоми уламоро муттаҳам ба “динфурӯшӣ” накунанд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид тасреҳ кард: “Баъзе аз ҷавонон, ки эҳсосот бар онҳо ғолиб аст, гумон мекунанд, ки дини ислом фақат “ҷиҳод” аст, дар ҳоле ки дини ислом дини “андеша”, “тафаккур” ва “тадбир” аст. Бояд биандешем, ки он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо чӣ касоне ҷиҳод мекарданд ва ин ҷиҳод бо чӣ ҷаҳонбинӣ ва тадбире анҷом мегирифт, ки ҷаҳониёнро шефта ва гаравидаи дини ислом карда буд.”

Вай таъкид кард: “Бояд шароити замониро, ки дар он зиндагӣ мекунем дарк кунем ва авзоъи ҷаҳонро дар назар бигирем, набояд муртакиби амале бишавем, ки душманон аз он барои таблиғ алайҳи ислом баҳрабардорӣ кунанд. Тарҳи “исломҳаросӣ” яке аз фаъолиятҳои душманон аст, ки мехоҳанд ҷаҳониёнро аз дини ислом ва Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) битарсонанд, дар ҳоле ки Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) раҳмате барои тамоми ҷаҳониён, ва дини ислом дини раҳмат, инсондӯстӣ ва сулҳ аст, ки ифроту тафрит дар он ҷой надорад.”

Мавлавӣ Абулҳамид хотирнишон кард: “Албатта дини ислом дини “ҷиҳод” ҳам аст, аммо ҷиҳод дар ислом замоне аст, ки ҳеч роҳе барои ислоҳи як ҷомеа боқӣ намонда бошад. Ҷиҳод дар ислом дар муқобили ишғолгароне ҳамчун Исроил аст, ки мантиқи гуфтумон ва музокира надоранд ва тан ба адолат намедиҳанд, на ин ки мусалмон дар муқобили мусалмон силоҳ бардорад ва бигӯяд ман ҷиҳод мекунам.”

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идома ба мазаммати “такфири мусалмонон” пардохт ва гуфт: “Яке аз мушкилоти асри ҳозир судури фатвоҳои “такфир” аст, ки бахше аз ҷомеаи мусалмононро “кофир” ё “муртад” қарор медиҳанд. Дар ҳоле ки такфир гуноҳи бисёр бузурге аст. Дини ислом дини “такфир” нест, балки дини васеъе аст, ки гароишҳои мухталиферо дар худ ҷой додааст. Аллоҳ Таъоло ба сароҳат мефармояд:

وَلاَ تَقُولُواْ لِمَنْ أَلْقَى إِلَيْكُمُ السَّلاَمَ لَسْتَ مُؤْمِنًا

Набояд касе, ки худашро “мусалмон” меномад, аз дин хориҷ кунем. Тавсияи Қуръону суннат ин аст, ки зоҳири инсонро қабул кунем ва вақте гуфт мусалмон аст, иддаояшро бипазирем, магар замоне ки куфри худашро зоҳир кунад ё бо иртикоби кору амале заруриёти динро мункир шавад. Тибқи тасреҳи ҳадис, мо ҳақ надорем касеро, ки закот медиҳад, забиҳаи мусалмононро мехӯрад ва ба тарафи қиблаи мусалмонон намоз мехонад такфир кунем, балки бояд аъмолеро, ки бар хилофи дастуроти ислом анҷом медиҳад, ҳатталимкон тавҷеҳ кунем.”

Вай хотирнишон кард: “Насиҳат ва тавсияи хайрхоҳонаи мо ба тамоми мусалмонон аз ҳар гароише ва фикре ҳастанд он аст, ки аз ифротгароӣ ва тангназарӣ иҷтиноб кунанд ва бо риояти эътидол ва миёнаравӣ, дурандеш бошанд. Мо бояд дини исломро ҳамроҳ бо шароит ва иқтизои замон, ба забони рӯз ба ҷаҳониён арза кунем.”

Сарони кишварҳои исломӣ қабл аз ҳар изҳори назаре алайҳи якдигар, ба мушкилоти мусалмонон биандешанд

Мавлавӣ Абдулҳамид тавсияе ҳам ба сарони кишварҳои исломӣ дошт ва гуфт: “Қудратҳои истикборӣ талош мекунанд, то кишварҳои исломиро бо якдигар даргир кунанд. Ҳамаи мо бояд бедор ва ҳушёр бошем. Сарони кишварҳои исломӣ дар муқобили якдигар аз вожаҳои тунд истифода накунанд, балки калимотеро ба кор бибаранд, ки тарафи муқобилро ба фикр водошта ва ба фурӯкаш шудани танишҳо кӯмак кунад.”

Вай дар идома афзуд: “Сарони кишварҳои исломӣ қабл аз ҳар чиз бояд ба масоиб ва мушкилоте биандешанд, ки мусалмонон бо онҳо мувоҷеҳ ҳастанд; даргирӣ ва ихтилоф байни кишварҳои исломӣ ҳар рӯз дар ҳоли афзоиш аст ва зиндагии мусалмонон дар бисёре аз билод нобуд шудааст; сарони кишварҳои исломӣ бояд дунболи ҳалли ин мушкилот бошанд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид хотирнишон кард: “Дар кишварҳое монанди Ироқ, Сурия ва Яман, ки даргириҳо камтар шудааст, бояд давлатҳои фарогир ташкил бишавад ва гароишҳои мухталиф канори якдигар қарор гиранд ва ҳуқуқи тамоми адён ва мазоҳиб риоят шавад, то гирифтори таҷзия, иншиқоқ ва дигар мушкилот нашаванд.”

Вай гуфт: “Агар мардуми Ироқ баъд аз шикасти диктотури ин кишвар канори якдигар қарор мегирифтанд ва ақвом ва бахше дигар аз мардуми ин кишвар ба ҳошия ронда намешуданд, ва агар давлати Сурия, Яман ва соири давлатҳо ба ҳарфи миллат гӯш карда ва ҳуқуқашонро риоят мекарданд, бо мушкилот ва бӯҳронҳои кунунӣ мувоҷеҳ намешуданд. Бояд аз зуҳури ин бӯҳронҳо ва мушкилот ибрат бигиранд.”

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: