Сабабҳои гароиш ба материализм (13)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Сангари қаҳрамонӣ ва пархошгарӣ

Иллатҳо ва авомиле, ки қаблан таҳти унвонҳои “норасоии мафоҳими калисоӣ”, “норасоии мафоҳими фалсафӣ”, “норасоии мафоҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ”, “нақси равишҳои таблиғӣ” ва “номусоид будани фазои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ” аз онҳо ёд шуд ё танҳо ба гузашта ва таърих марбут аст ва дар гароишҳои моддии асри мо нақше надорад ва ё аз авомили муштараки ҳамаи асрҳост ва дар асри мо нақши бахусусе надорад.

Акнун мехоҳем гароишҳои моддии асри худамонро баррасӣ кунем. Дар асри мо (даврони навишта шудани ин китоб, ки тақрибан 60 сол қабл аз ин замон аст. С.И.) каму беш материализм навъе кашиш ва ҷозиба дорад, албатта на аз навъи кашиш ва ҷозибае, ки дар ду қарни пеш аз назари равшанфикрӣ ва ҳамоҳангӣ бо улум дошт. Дар қарни 18-ум ва 19-ум дар асари ҳамон норасоии мафоҳими калисоӣ ва мафоҳими фалсафии урупоӣ, мавҷе падид омада буд мабнӣ бар ин ки ё илму дониш ва ё мазҳабу Худо. Аммо тӯле накашид, ки ин мавҷи козиб дарҳам шикаст ва равшан гашт, ки пучу беасос аст.

Ҷозиба ва кашиши материализм дар асри мо аз ноҳияи дигар аст; аз ноҳияи хоссияти инқилобӣ ва пархошгарӣ ва муборизаталабие аст, ки бад-он маъруф шудааст.

Имрӯз каму беш инчунин дар мағзи ҷавонон фурӯ рафтааст, ки ё бояд Худопараст буд ва мусолиматҷӯ ва офиятталабу сокиту сокину бетафовут, ва ё бояд материалист буд ва мутаҳаррик ва пархошгар ва душмани истеъмору истисмору истибдод.

Чаро чунин андешае дар мағзи ҷавонон роҳ ёфтааст? Чаро материализм ба он хоссият шинохташуда ва мактаби илоҳӣ ба ин хоссият? Аз куҷои материализм он истинбот мешавад ва аз куҷои мактаби илоҳӣ ин?

Посухи ин пурсишҳо возеҳ аст. Лузуме надорад, ки мантиқан аз материализм он истинбот шавад ва аз мактаби илоҳӣ ин. Ҷавон, ки бо ин истинтоҷоти мантиқӣ сару кор надорад. Ҷавон як чиз мебинад ва ҳамон кофист барои натиҷагирии ӯ. Ҷавон мебинад, ки қиёмҳо ва инқилобҳо ва набардҳо ва муборизаҳоро тарафдорони материализм идора мекунанд ва илоҳиюн ғолибан дар ҷиноҳи бетаҳаррукҳо ва бетафовутҳо қарор доранд. Барои ҷавон ҳамин қадр кофист, ки дар қазовати худ мактаби илоҳиро маҳкум ва мактаби моддиро таъйид намояд.

Дар ҳоли ҳозир қисмати умдаи муборизоти қаҳрамононаи зидди истибдоду истисморро афроде раҳбарӣ мекунанд, ки каму беш тамоюлоти материалистӣ доранд. Бидуни тардид сангари қаҳрамониро то ҳудуди зиёде онҳо ишғол кардаанд. Хоссияти таҳаррук ва инқилобӣ буданро онҳо нисбатан ба худ ихтисос додаанд. Бояд эътироф кунем, ки мафоҳими динӣ дар асри мо аз ҳар гуна ҳамосае тиҳӣ гаштааст. Ва аз он тараф бо таваҷҷӯҳ ба аксуламале, ки зулму ситамгарӣ дар руҳи табақаи маҳрум ва ситамкаш эҷод мекунад ва бо таваҷҷӯҳ ба руҳи қаҳрамонпарастӣ, ки дар ҳамаи афроди башар вуҷуд дорад, кофист, ки арзиши мусбати ин таблиғи амалиро ба нафъи материализм, ва арзиши манфии он равиши амалиро, ки акнун илоҳиюни мо доранд, алайҳи Худо ва мазҳаб дарк кунем.

Ин ҷараён аҷиб ба назар мерасад; қоидатан мебоист баръакс бошад, зеро лозимаи Худошиносӣ ва Худопарастӣ ин аст, ки инсонро ба ҳадафҳои мофавқи моддиёт вобаста мекунад ва ӯро дар роҳи ҳадафҳои олии худ богузашт менамояд, бар хилофи материализм, ки табиатан одамиро бо модда ва моддиёт ва он чӣ марбут ба ҳаёти фардӣ ва шахсӣ — он ҳам дар ҳудуди шуъуни моддии зиндагӣ — аст пойбаст мекунад.

Ба илова, таърих нишон медиҳад, ки ҳамвора паёмбарон ва пайравони онҳо будаанд, ки дар муқобили фиръавнҳо ва намрудҳо ва соҳибони қудрат бапо хостаанд ва қудратҳои аҳриманиро дарҳам кӯфтаанд. Паёмбарон буданд, ки бо нерӯи имон, аз табақаи маҳрум ва истисморшуда қудрате азим алайҳи “мутрафин” (ба таъбири Қуръон) ба вуҷуд меоварданд. Қуръони Карим дар сураи Қасас мефармояд:

وَنُرِيدُ أَن نَّمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ. وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِي فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُم مَّا كَانُوا يَحْذَرُونَ

Мо мехоҳем бар хоршумурдашудагон дар замин миннат ниҳем ва онҳоро пешво ва вориси мавҳибатҳо ва қудратҳое, ки ситамгарон ба зӯр тасоҳуб кардаанд, қарор диҳем ва қудрату нерӯи онҳоро (ки қудрату нерӯи миллӣ аст) дар замин мустақар созем ва ба Фиръавну Ҳомон (самбулҳои зӯру истибдод) ба дасти ин хоршумурдашудагон, онро бинумоёнем, ки аз он парҳез мекарданд.” (Сураи Қасас, оятҳои 5-6)

Дар ҷои дигар мефармояд:

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيٍّ قَاتَلَ مَعَهُ رِبِّيُّونَ كَثِيرٌ فَمَا وَهَنُواْ لِمَا أَصَابَهُمْ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَمَا ضَعُفُواْ وَمَا اسْتَكَانُواْ وَاللّهُ يُحِبُّ الصَّابِرِينَ. وَمَا كَانَ قَوْلَهُمْ إِلاَّ أَن قَالُواْ ربَّنَا اغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسْرَافَنَا فِي أَمْرِنَا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ. فَآتَاهُمُ اللّهُ ثَوَابَ الدُّنْيَا وَحُسْنَ ثَوَابِ الآخِرَةِ وَاللّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ

Чӣ бисёр паёмбароне, ки мардони илоҳии бисёре ба ҳамроҳии онҳо ба пайкор бархостанд ва ба ҳеч ваҷҳ бар асари сахтиҳо ва масоибе, ки ба онҳо дар роҳи Худо расид, суст нашуданд ва заъиф нагаштанд ва оҳанги зорӣ сар надоданд. Оре, Худованд собиронро дӯст медорад. Сухан ва тақозояшон аз парвардигорашон ҷуз ин набуд, ки: парвардигоро! Аз тақсирҳои мо ва зиёдаравиҳои мо дар кор даргузар ва моро собитқадам бидор ва бар кофирон пирӯз гардон. Пас, Худованд ҳам подоши дунё ва подоши неки охират ба онҳо дод. Худованд некӯкоронро дӯст медорад.” (Сураи Оли ИМрон, оятҳои 146-148)

Дар оятҳои сураи Қасас чунин омада буд: “Мехоҳем онҳоро дар замин мустақар созем”. Акнун ояте аз Қуръон зикр мекунем, ки равшан мекунад пайравони мактаби анбиё он рӯзе, ки қудраташон дар замин мустақар гардад, чӣ гуна амал мекунанд. Дар сураи Ҳаҷ мефармояд:

الَّذِينَ إِن مَّكَّنَّاهُمْ فِي الْأَرْضِ أَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ وَأَمَرُوا بِالْمَعْرُوفِ وَنَهَوْا عَنِ الْمُنكَرِ وَلِلَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ

Онон, ки чун қудрати онҳоро дар замин мустақар созем, намозро (ки мазҳар ва ойинаи пайванди онҳо бо Худост) бапо медоранд ва закотро (ки мазҳар ва самбул ва василаи кӯмак ба халқи Худост) адо мекунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар менамоянд (яъне дар ишоъаи хубиҳо ва изолаи бадиҳо кӯшиш мекунанд), ва албатта оқибат ва саранҷом ба дасти Худост.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 41)

Яъне онҳо ба ҳар ҳол дар анҷоми вазифаи худ кӯшо мебошанд, аммо ба натиҷа расидан ва нарасидан ба таври қатъ амре аст, ки тобеъи як силсила шароит ва масолеҳ аст, ки ба дасти Худост.

Ҳамчунин дар ҳамон оятҳои сураи Қасас чунин омада буд: “Мехоҳем… онҳоро пешвои дигарон қарор диҳем” . Акнун ояте аз Қуръон зикр мекунем, ки дар онҷо равшан мекунад, ки бар ҳасби суннати илоҳӣ чӣ қавме салоҳияти пешвоӣ доранд. Дар сураи Саҷда мефармояд:

وَجَعَلْنَا مِنْهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا لَمَّا صَبَرُوا وَكَانُوا بِآيَاتِنَا يُوقِنُونَ

Мо аз миёни онҳо (қавме, ки таҳти фишору шиканҷа буданд) пешвоёне қарор додем, ки ба фармони мо дигаронро раҳбарӣ мекунанд, бад-ин ҷиҳат, ки муқовимат карданд ва сарсахтӣ нишон доданд ва таслим нашуданд, ва дигар ин ки ба оятҳои мо ва ваъдаҳои барҳаққи мо ва сунану навомиси мо яқин доштанд.” (Сураи Саҷда, ояти 24)

Қуръони Карим дар ҷои дигар мефармояд:

وَفَضَّلَ اللّهُ الْمُجَاهِدِينَ عَلَى الْقَاعِدِينَ أَجْرًا عَظِيمًا

Худованд муҷоҳидон ва пайкоркунандагон ва бапохостагонро бар нишастагон ба аҷру подоши азиме бартарӣ додааст.” (Сураи Нисо, ояти 95)

Дар ҷои дигар мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِهِ صَفًّا كَأَنَّهُم بُنيَانٌ مَّرْصُوصٌ

Дар ҳақиқат Худованд дӯст дорад касонеро, ки дар роҳи ӯ саф дар саф чунонки гӯӣ биное рехташуда аз сурбанд пайкор мекунанд.” (Сураи Саф, ояти 4)

Дар ҷои дигар хостаҳои қаҳрамонона ва пархошгаронаи онҳоро инчунин мунъакис мекунад:

رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَثَبِّتْ أَقْدَامَنَا وَانصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ

Парвардигоро! Зарфи қалбҳои моро аз нерӯи пойдорӣ ва хештандорӣ лабрез фармо; қадамҳои моро собит бидор ва моро бар кофирон пирӯзӣ деҳ!” (Сураи Бақара, ояти 25)

Мунҳасир ба ин оятҳо нест, фаровон аст. Оё аз ин бештару беҳтар ҳамоса метавон ёфт? Саросари Қуръон ҳамосаи пайкору ҷиҳоду амр ба маъруфу наҳй аз мункар аст. Бо ин ҳол, чӣ гуна аст, ки сангари инқилобу пархошгарӣ аз илоҳиюн гирифта шуда ва материалистҳо ин сангарро тасоҳуб кардаанд? Он чӣ мояи таъаҷҷуб аст ин аст, ки ҳатто пайравони Қуръон низ ин сангарро аз даст додаанд. Аз калисо таъаҷҷубе нест. Калисо қарнҳо Қуръону ислому Паёмбари гиромии исломро мавриди таъну шамотат қарор дод, ки чаро по аз гилеми руҳбонияту савмаъанишинӣ дарозтар кардааст? Чаро бо ситамгарони замон ба набард бархостааст? Чаро алайҳи қудратҳои дунявӣ бапо хостааст? Чаро кори Қайсарро ба Қайсару кори Худоро ба Худо вонагузоштааст?

Аммо алҳаққ аз муддаиёни пайравии Қуръон ҷои таъаҷҷуб аст. Ба ақидаи мо, холӣ кардани ин сангар аз тарафи Худопарастон ва ҳамчунин ишғоли ин сангар ба василаи пайравони мактаби моддӣ, ҳар кадом иллати ҷудогона дорад.

Ин сангар аз тарафи Худопарастон он гоҳ холӣ шуд, ки дар муддаиёни пешвоии динӣ, руҳи офиятталабӣ падид омад. Ва ба иборати саҳеҳтар, ин падида аз он вақт рух дод, ки мардуми офиятталаб ва аҳли зиндагии рӯзмарра ва ба таъбири худи дин, мардуми аҳли дунё, ба ҷои паёмбарон ва пешвоёни динӣ нишастанд ва мардум ба ғалат инҳоро, ки руҳияе бар зидди руҳияи паёмбарону имомону тарбиятшудагони воқеии онҳо доштанд — ва агар ташобуҳе дар кор буд андаке дар қиёфаву либос буд — намоянда ва мазҳар ва ҷонишини онҳо донистанд.

Бадеҳист, ки инҳо мафоҳими диниро ончунон тавҷеҳ карда ва мекунанд, ки таклифе барои худашон эҷод ва эҷоб накунад ва бо офиятталабӣ кучактарин тазодду тасодуме надошта бошад. Дониста ва ё надониста мафоҳиме аз динро тағйир доданд ва алайҳи худи дин ба кор бурданд. (Мисли мафҳуми тақия)

Имрӯз мебинем, ки ин калима (тақия) аз мафҳуми аслии худ ба куллӣ тиҳӣ гашта ва мафҳуми зидди мубориза ба худ гирифтааст. Аз назари офиятталабон, тақия яъне аз майдон бадар рафтан ва саҳнаро ба душман вогузор кардан, ва дар муқобил, ба ҷарру баҳсу ҷанҷол пардохтан.

Аммо чӣ гуна шуд, ки моддигароён ин сангарро ишғол карданд? Мумкин аст гуфта шавад, иллати ин ки моддигароён ин сангарро ишғол карданд, ин буд, ки илоҳиюн холӣ карданд. Вале ин гуфта саҳеҳ нест; иллати дигаре дар кор аст.

Дар ин ҷиҳат калисо беш аз ҳама масъул аст. Дар Ғарб — ҳамчунонки қаблан ишора шуд — аз як тараф мафоҳими номаъқуле дар бораи Худо ва ҷаҳони дигар ва Исои Масеҳ арза шуд, ки афкори ҳурру озоду равшан наметавонистанд бипазиранд. Он чӣ ҳам ба унвони “ҳикмати илоҳӣ” арза мешуд, ки вобаста ба калисо буд низ ҳамин тавр; ба изофаи ин ки навъе иртиботи маснуъӣ миёни имон ба Худо ва машрӯъ шумурдани истибдодҳо ва ихтиноқҳо аз як тараф ва миёни бехудоӣ ва ҳаққи ҳокимияти миллӣ ва пайкор дар роҳи касби ҳуқуқ, аз тарафи дигар барқарор шуд.

Инҳо мӯҷиб шуд, ки бархе муслиҳони иҷтимоӣ ва парчамдорон, барои ин ки худро дар роҳи муборизоти иҷтимоӣ яксара аз ин қайдҳо озод кунанд, аз асос мункири Худо ва ҳар маънӣ ва мафҳуме, ки аз фикри Худо муншаъиб шавад гаштанд ва ба сӯи материализм рӯ оварданд.

Пайравони онҳо, ки аз назари иҷтимоӣ шефта ва фирефтаи онҳо буданд, тадриҷан чунин фикр карданд, ки шояд андешаи материализм чунин мӯъҷизае дорад ва чунин афроди мубориз ва пархошгаре ба вуҷуд меоварад, ва ҳол он ки он афрод аз материализм нерӯ нагирифта буданд, балки ин материализм буд, ки аз ин афрод нерӯ гирифт ва эътибор ва ҳайсият касб кард. Иллати гароиши он афрод ба материализм маҳосини материализм набуд, балки мафосиде буд, ки дар дастгоҳҳои ба истилоҳ динӣ ва мазҳабӣ аз ҷанбаҳои фикрӣ, ахлоқӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ падид омада буд.

Алъон мебинем, ки навъе иртиботи тасаннуъӣ миёни сотсиалисм — ки марбут аст ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсии иҷтимоъ — ва миёни материализм дар назари бархе кӯтаҳназарон мавҷуд аст, ва ҳол ин ки ҳеч иртиботе нест. Дар ҳақиқат, ба миқдори зиёде дар асри ҳозир материализм ба воситаи пайванди дурӯғине, ки бо сотсиалисм пайдо кардааст, ҳайсият ва эътибор ёфтааст.

Албатта намехоҳем муболиға карда бошем; намехоҳем иддао кунем, ки дар ҳоли ҳозир материализм тавонистааст тамоми сангарҳои инқилоб ва навҷӯӣ ва навсозӣ ва пархошгариро аз дасти илоҳиюн бигирад. Махсусан дар ҷаҳони ислом ин куллият ба ҳеч ваҷҳ содиқ нест. Таърихи ним қарни ахири муборизоти зидди истеъморӣ дар сарзаминҳои исломӣ беҳтарин шоҳиди муддаост ва пешбинӣ мешавад, ки мусалмонони бедордил тадриҷан ин сангарро, ки баҳаққ моли худашон аст тасоҳуб кунанд. Ҳатто гуфта мешавад, он чӣ дар ҷануби шарқи Осиё мегузарад, ки эъҷоби ҷаҳониёнро барангехтааст, бар хилофи бархе таблиғот, бо навъе маънавият ва ҷанбаҳои зидди материалистӣ тавъам аст. Вале инкор ҳам набояд бикунем, ки дар гузаштаи наздик чунин будааст ва ҳанӯз ҳам соҳиби аслии ин сангарҳо ҳамон бехудоҳо қаламдод мешаванд.

 

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: