“Шиъа ва суннӣ набояд ба муқаддасоти ҳам тавҳин кунанд”

Як марҷаи тақлиди шиъаёни ҷаҳон таъкид кард, ки бояд тамоми мазоҳиби исломӣ ба муқаддасоти якдигар эҳтиром бигузоранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар дидор бо ҷамъе аз уламои динии Русия, гуфт: “Мусалмонон дар шароити феълӣ бояд коре кунанд, ки ваҳдат миёни онҳо ҳосил шавад, ба ҳамин далел бояд нуқтаҳои ваҳдатро пайдо ва бар онҳо таъкид кунем.”

Ин марҷаи тақлид хотирнишон кард: “Бояд даст ба дасти ҳам дода ва иҷоза надиҳем касе дар уммати исломӣ ихтилоф эҷод кунад.”

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ бо баёни ин ки “душманон саъй мекунанд ҷанг, тафриқа ва низоъ миёни мусалмонон эҷод шавад” гуфт: “Агар бедор бошем, онҳо муваффақ нахоҳанд шуд.”

Вай афзуд: “Барои ин ки иттиҳоди мусалмонон муҳкам бошад, бояд тамоми мазоҳиби исломӣ ба муқаддасоти якдигар эҳтиром бигузоранд. Мо иҷоза намедиҳем, ки шиъаён ба муқаддасоти бародарони аҳли суннат иҳонат кунанд ва ё аҳли суннат ба муқаддасоти шиъа иҳонат кунанд; бинобар ин, ҳеч мазҳабе набояд ба муқаддасоти мазҳаби дигар иҳонат кунад.”

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Шиъа ва суннӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: