Вазири хориҷаи Миёнмор барандаи “Ҷоизаи Исломситезӣ” шуд

Вазири хориҷа ва раҳбари феълии давлати Миёнмор ба унвони барандаи ҷоизаи байналмилалии Исломситезӣ дар соли 2017 муаррифӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, Онг Сон Су Ҷи, вазири хориҷа ва раҳбари феълии Миёнмор, рӯзи якшанбе аз сӯи Кумисиюни ҳуқуқи башари исломӣ мустақар дар Ландан ба унвони барандаи “Ҷоизаи Исломситезӣ” дар соли 2017 интихоб ва муаррифӣ шуд.

Ҷиноятҳои Онг Сон Су Ҷи алайҳи мусалмонони Руҳингиё он қадр ғамангез ва ваҳшатнок будааст, ки вай аз соири номзадҳои дарёфти ҷоизаи байналмилалии Исломситезӣ аз ҷумла Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, Морин Лупен, раҳбари Ҷабҳаи миллии Фаронса ва Гирт Вилдерс, раҳбари ҳизби ифротии ростгарои Озодии Ҳуланд пешӣ бигирад.

Беш аз 2 то 3 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё дар устони Рохини Миёнмор тайи 3 рӯзи гузашта кушта шудаанд. Ин матлабро Шӯрои Руҳингиёи Урупо эълом кардааст. Беш аз 617 ҳазор мусалмони Руҳингиё низ маҷбур ба тарки устони Рохин ва фирор ба Банглодеш шудаанд.

Ҷоизаи солонаи Исломситезӣ аз сӯи Кумисиюни ҳуқуқи башари исломӣ мустақар дар Ландан эъто мешавад.

Дар бахши Исломситезӣ дар Бритониё низ Томи Робинсун, раҳбари собиқи гурӯҳи фошистӣ (Эй Ди Эл) ба хотири дидгоҳҳои ифротии зиддиисломиаш, ба унвони баранда муаррифӣ шудааст. Соири номзадҳои дарёфти ин ҷоиза иборат буданд аз: Кети Ҳопкинз, муҷрии телевизиюн ва сутуннависи рӯзномаҳо, Нойҷел Форож, раҳбари собиқи ҳизби истиқлоли Бритониё, Он Мори Вотерз, сиёсатмадори тундрав ва зиддиислом ва Бурис Ҷонсун, вазири хориҷаи Бритониё.

Фокс нюз низ ҷоизаи Исломситезӣ дар бахши расонаҳоро ба худ ихтисос додааст.

Кумисиюни ҳуқуқи башари исломӣ як созмони мустақил аст, ки дар соли 1997 таъсис шудааст.

Реклама


Рубрики:Без рубрики, Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: