Достони ҳидоят будани Қуръон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар оғозҳои даврони талабагӣ, замоне ки тоза ба омӯзиши тафсири Қуръони Карим шурӯъ карда будам, ин ояти шарифа ҳамеша бароям як муаммо буд ва наметавонистам дуруст бифаҳмам ва ҳазмаш кунам, яъне ин оят:

ذَلِكَ الْكِتَابُ لاَ رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ

Ин (Қуръон) китобест, ки дар ҳаққонияти он ҳеч тардиде нест, мояи ҳидояти тақвопешагон аст.” (Сураи Бақара, ояти 2)

Зеро, нигоҳи аввалии ҳар як аз мо дар бораи Қуръон ин аст, ки як нафар инсон, чӣ мусалмон аст вай ё ғайримусалмон, агар бо тамоми илмҳои марбут ба ин китоб – аз луғати арабӣ ва сарфу наҳву фасоҳату балоғат бигир то асбоби нузулу носиху мансуху маккиву маданиву хоссу омму мутлақу муқайяду ғайра аз усулу қоидаҳо – ошно бошад, қоъидатан бояд Қуръонро бифаҳмад. Ва аз ин рӯ, аз назари таъсирпазирӣ аз ин китоб, байни як мӯътақид ва байни як одами ғайримӯътақид (масалан як шарқшиноси ғайримӯъмин) набояд ҳеч фарқе бошад. Яъне, агар қарор аст Қуръонро як китоби ҳидоят бидонем, бояд барои ҳар ду даста, вақте бо он ошно шуданд ва онро фаҳмиданд, ҳидоят воқеъ шавад.

Нигоҳи аввалӣ ва ибтидоии ҳар инсоне, ба назарам ҳамин аст, ва нигоҳи ман низ ҳамин буд. Бо ин ҳисоб, ин суол ҳамеша бароям ҳамчун як шубҳа матраҳ буд ва солҳои дароз озору азиятам мекард, ки чаро Қуръон мегӯяд, фақат барои тақводорон мояи ҳидоят аст?! Бигзарем аз ин ки муфассирон, ин оят ва шабеҳи онро чӣ гуна тафсир кардаанд. Ин оят намегӯяд, Қуръон сабаби тақводор шудани инсонҳое хоҳад шуд, ки масалан онро бихонанд, балки мегӯяд, ин китоб фақат барои тақводорон мояи ҳидоят аст, яъне фақат парҳезгоронро ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад, на ғайри эшонро. Яъне агар тақводор набошӣ, ин Қуръон мояи ҳидояти ту нахоҳад шуд. Тоза, на танҳо мояи ҳидояти ту намешавад, балки аҳёнан ин китоб сабаби гумроҳии ту ҳам хоҳад буд. Зеро, дар ояте дигар, дар бораи баъзе аз масалҳои Қуръони Карим мефармояд:

يُضِلُّ بِهِ كَثِيرًا وَيَهْدِي بِهِ كَثِيرًا

Бисёреро бо он (масалҳо) гумроҳ ва бисёреро бо он ҳидоят мекунад…” (Сураи Бақара, ояти 26)

Хулоса, маъно ва мазмуни он оят, ки мегӯяд, Қуръон “мояи ҳидояти тақвопешагон аст”, барои чандин сол бароям қобили ҳазм набуд. Ҳатто ёдам ҳаст, боре бо Маҳмудхон (бародарам), пиромуни ин оят баҳсамон шуда буд ва бо ҳам кашмакаш карда будем.

* * *

Барои инсоне, ки сару кораш бо маорифи исломӣ аст ва бо онҳо ҳашру нашр дорад, бисёре аз масоил ба тадриҷ фаҳму ҳазм мешудаанд. Хуб, ин ки Қуръон мегӯяд, ин китоб фақат “мояи ҳидояти тақвопешагон аст”, бо вуҷуди он ки чанд ояти баъдӣ манзурро баён карда ва муфассирони Қуръон ҳам (ба хусус Аллома дар тафсири “Алмизон”-аш) муродро хуб шарҳу тавзеҳ додаанд, вале ҳатто сухани муфассирон низ гоҳе барои инсон ба тадриҷ равшан мешудааст. Банда, тафсири ин оятҳоро бо ин ки солҳо пеш хонда ва ба заъми худ фаҳмида будам, вале дуруст ҳазм нашуда будаанд, аз ин рӯ он муаммо бароям ҳалношуда боқӣ монда буд.

Ҳол, чанд ояти баъдӣ чӣ мегӯяд:

الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ الصَّلاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ. والَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنزِلَ مِن قَبْلِكَ وَبِالآخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ. أُوْلَئِكَ عَلَى هُدًى مِّن رَّبِّهِمْ وَأُوْلَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

Дар ин се оят, сифати тақводорон баён шудааст. Яъне, ин тақводорон – ки Қуръон фақат барои онҳо мояи ҳидоят аст — касоне будаанд, ки имон ба ғайб доранд, намоз барпо медоранд, аз молҳояшон инфоқ мекунанд, ба ҳамаи китобҳои илоҳӣ боварманд ҳастанд ва ба рӯзи охират яқин доранд. Баъд, ин гуна хотима мебахшад: “Онон бархӯрдор аз ҳидояте аз сӯи парвардигори хешанд ва онон ҳамон растгоронанд.” (Сураи Бақара, оятҳои 3-5)

Оё аҷиб нест?! Мегӯяд, Қуръон фақат барои он даста аз одамҳо мояи ҳидоят аст, ки вежагиҳои номбурдаро доро бошанд: имон ба ғайб дошта бошанд, намозгузор ҳам бошанд, инфоқ ҳам кунанд, ба тамоми китобҳои осмонӣ имон дошта бошанд ва ба охират ҳам яқин дошта бошанд. Тоза, ин даста, ҳидоятшуда ҳам ҳастанд. Яъне, пеш аз ин ки Қуръон барояшон мояи ҳидоят бошад, ҳидоятшуда будаанд (“Онон бархӯрдор аз ҳидояте аз сӯи парвардигори хешанд…”). Ин ки як мӯъмини комил шуд. Пас, инсоне, ки ба ҳеч як аз ин маориф мӯътақид ва пойбанд набуд чӣ? Оё барои вай Қуръон дигар мояи ҳидоят ва роҳнамоӣ нест?

Қуръон мегӯяд, инсон бояд ин гуна бошад, то барояш ҳидоят гардад, вагарна нахоҳад буд. Ва ба сухани дигар, шарти ҳидоят будани Қуръон барои ту ва ин ки роҳнамоият кунад, ин аст, ки ту як силсила вежагиҳое – ҳам ба лиҳози андеша ва ҳам ба лиҳози амал – дошта бошӣ.

Бо ин ки ҳазми ин матлаб як каме сахт аст, вале воқеият ҳамин аст. Ҳоло мисоле мезанам, то барои фаҳми матлаб кӯмакамон кунад. (Ин фақат як мисол аст.) Ҳамеша дар рӯи замин инсонҳое будаанд ва ҳастанд, ки бисёр бераҳм ва сангдиланд, ва дар канори он, инсонҳое ҳам будаанд ва ҳастанд, ки раҳмдил ва меҳрубонанд. Гурӯҳе корашон ҳамеша кӯмак ба дигар инсонҳо ва меҳрубонӣ ба онҳост, ва гурӯҳе ҳам корашон ҷуз зулму ситам ва таҷовуз ба инсонҳо нест. Вақте аз шумо суол бишавад, ки фарқи ин ду гурӯҳ чист, ки яке меҳрубонанд ва дигаре золим, посухатон ин аст, ки мегӯед, ҳатман ин ду даста фарқашон дар тарбияти онҳост (ҳарчанд дигар авомил ҳам таъсиргузор аст мисли жену ин ҷур чизҳо, вале бештар ба навъи тарбияти онҳо бармегардад.) Ғараз аз овардани ин мисол, фақат баёни ин матлаб аст, ки дар навъи аъмолу рафтори инсонҳо, руҳияе, ки ба он бузург шудаанд, таъсир доштааст.

* * *

Ҳол, он оят мегӯяд, қатъи назар аз ҳидояти китобҳои илоҳӣ ва пеш аз он ки паёме аз ноҳияи Худованд ба онҳо расида бошад, инсонҳо ғолибан ду навъанд: гурӯҳе ба муқтазо ва ҳидояти фитрати инсониашон зиндагӣ мекунанд, ва гурӯҳе бар хилофи муқтазои фитрат зиндагӣ мекунанд. Ва гурӯҳи аввал, ҳамон тақвопешагонанд. Он чанд вежагӣ, ки дар ояти номбурда барои тақводорон шумурда шудааст, дар воқеъ умурест, ки фитрати инсонӣ инсонро ба сӯи он мехонад, хоҳ дине бошад ё набошад, хоҳ паёмбаре бошад ё набошад.

Ин ки одам ба ғайб (Худованд) боварманд бошад, ба ин ҷиҳат аст, ки инсон бе ин ки паёмбаре барои вай гуфта бошад, ки Худое ҳаст, фитраташ ба ӯ фармон медиҳад, ки “ҷаҳон соҳибе дорад Худо ном”.

Ин ки одам бояд намоз барпо бидорад, ба ин ҷиҳат аст, ки вақте ӯ ба зоте имон биёварад, ки соҳиби ин ҷаҳон будааст, фитраташ ба ӯ фармон медиҳад, ки дар баробари он зоти комил хозеъ бошад.

Ин ки инсон бояд инфоқ кунад, ба ин ҷиҳат аст, ки фитрати одамӣ ба ӯ фармон медиҳад, ки дасти мустамандон ва фуқароро бигирад ва ёриашон намояд, ин нидои фитрати инсонӣ аст.

Ин ки одам ба рӯзи охират мӯътақид бошад, ба ин ҷиҳат аст, ки вақте ба Худованд ба унвони зоте, ки ин ҷаҳонро офарида имон ҳосил намуд, ӯ мӯътақид хоҳад шуд, ки ин зоти комил ҷаҳонро беҳуда наёфарида ва ҳадафе аз офариниш доштааст, ва чун дар ин дунё некӯкор бисёр вақт ба подоши некӯкории худ намерасад ва бадкору золиму таҷовузгар ҳам ба сазои аъмолаш дар ин дунё намерасад, фитрати одамӣ ба ӯ мегӯяд, ҳатман ҷаҳони дигаре ҳаст, ки некӯкор дар он, подоши некиҳои худро мебинад ва бадкор сазои рафторҳои бади худро хоҳад дид.

Инҳо умуре ҳастанд, ки чӣ дине бошад ё набошад, фитрат ба сӯи онҳо мехонад. Ва замоне ки инсон роҳи худ дар зиндагӣ ва ҳаёташро тибқи фармони фитрат мепаймояд, ин худ заминае мегардад барои дарёфти ҳидояти Қуръони Карим барои вай. Ин ки дар хотимаи он се оят мефармояд: “Онон бархӯрдор аз ҳидояте аз сӯи парвардигори хешанд ва онон ҳамон растгоронанд”, ишора аст ба ҳамин ҳидоят, яъне ҳидоят ва роҳнамоии фитрат, ки он ҳам ба навъе ҳидояти Худованд маҳсуб мешавад.

Бо ин ҳисоб, мӯъмин дар воқеъ миёни ду ҳидоят қарор дорад: ҳидояте пешин ва ҳидояте пасин. Ҳидояти пешин ҳамон ҳидояти фитрат аст, ва ҳидояти пасин ҳидояти Қуръон. Дар баъзе аз ривоёт, аз ҳидояти фитрат, ба ҳидояти ақл таъбир шудааст. Имом Содиқ (а) мефармоянд:

إِنَّ لِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حُجَّتَیْنِ حُجَّةً ظَاهِرَةً وَحُجَّةً بَاطِنَةً فَأَمَّا الظَّاهِرَةُ فَالرُّسُلُ وَالْأَنْبِیَاءُ وَالْأَئِمَّةُ وَأَمَّا الْبَاطِنَةُ فَالْعُقُولُ

Ҳамоно Худованд ду гуна ҳуҷҷат бар инсонҳо қарор додааст: яке ҳуҷҷати зоҳир ва дигаре ҳуҷҷати ботин. Ҳуҷҷати зоҳир паёмбарон ва пешвоён ҳастанд, ҳуҷҷати ботин ақлҳост…”

Аммо ин ки бо вуҷуди ҳидояти фитрат, оё ниёзе ба ҳидояти Қуръон ҳаст, посух мусбат аст ва баҳсаш ҷудост, ки дар фурсати муносиб ба баёни он мепардозам. Инҷо фақат ба ҳамин миқдор иктифо мекунам, ки фитрати одамӣ инсонро фақат ба куллиёт раҳнамун мешавад, ва аммо ҳидояти Қуръон ба ҷузъиёт мепардозад. Масалан, фитрат фақат мегӯяд, Худое ҳаст, аммо ин ки он Худо чӣ сифот ва вежагиҳое дорад, фитрат аз баёни ин ҷузъиёт оҷиз ва нотавон аст, инро Қуръони Карим ва паёмбарон барои инсонҳо баён медоранд. Ва ё масалан, фитрат ба сурати куллӣ инсонро ҳидоят мекунад ба ин ки ӯ бояд Худоро бипарастад, вале ин ки парастиш бояд ба чӣ сурате бошад, фитрат аз баёни он нотавон аст. Албатта, ин худ ба як баҳси ҷудо ниёзманд аст.

Хулоса, то замоне ки дар инсон заминаи дарёфти ҳидояти қуръонӣ мавҷуд набошад, Қуръон мояи ҳидояти ӯ намегардад, дуруст мисли ин аст, ки вақте борон биборад, ба сурати яксон ба заминҳо мерасад, вале танҳо замине аз оби борон истифода ва ҳосил медиҳад, ки шӯразор набошад, бояд ҳосилхез бошад. Ва ё дар мисоле, ки дар боло оварда будем, инсоне раҳмдил ва меҳрубон ба дигарон метавонад бошад, ки ба гунае тарбият дида, ки дар вуҷуди ӯ базри меҳрубонӣ кошта шуда бошад.

* * *

Аз ин назар, агар мебинем Қуръони Карим барои ҳама яксон фаҳм ва таъсир намегузорад, иллаташ ҳамин аст. Азизоне, ки бо Қуръон маънус ҳастанд, медонанд, ки ин китоб чӣ қадр дар руҳу равони одамӣ таъсир мегузорад ва аҳёнан як оят аз Қуръон инсонро мунқалиб ва зеру рӯ мекунад. Хуб, оё барои дигарон ҳам чунин аст? Масалан, касе, ки ба он боварманд нест, вақте ҳамин оятеро, ки шуморо зеру рӯ кардааст бихонад ва ё ба гӯшаш бирасад, ӯро ҳам мунқалиб ва зеру рӯ мекунад? Мебинед, ки чунин нест.

Сабаби ин фақат ба эътиқоди шахс барнамегардад. Яъне чунин нест, ки шумо чун бовар доред, ки сухани Худост, бароятон таъсир гузошта, ва он дигарӣ чун боварманд нест, рӯи ӯ таъсир нагузошта. Фақат ин нест. Балки масъала амиқтар аз ин ҳарфҳост.

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба шубаҳот

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: