Сабабҳои гароиш ба материализм (14, қисмати поёнӣ)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Натиҷа

Натиҷае, ки амалан аз баррасии иллатҳо ва омилҳои гароишҳои моддӣ бояд бигирем чист?

Муҷаддадан бояд эътироф кунам, ки муддаӣ нестам ин баррасӣ як баррасии ҷомеъ ва комил аст. Мумкин аст иллатҳо ва омилҳое аз назари ман пинҳон монда бошад. Мумкин аст дар арзёбии баъзе омилҳо иштибоҳ карда бошам. Мусалламан дигарон, ки ҷараёни таърихро бо зербиноҳои иқтисодӣ тавҷеҳ мекунанд, ба шакли дигар ин ҳаводисро таълил менамоянд ва ояндаро ҳам ба шакле дигар пешбинӣ мекунанд. Мо ҳарчанд мутолеоти худро барои изҳори назари қатъӣ дар бораи иллатҳо ва омилҳои гароишҳои моддӣ кофӣ намедонем ва худро ниёзманд ба баррасии дақиқтар ва комилтаре медонем, аммо ҳозир ҳам нестем аз дигарон тақлид кунем ва чашмбаста таслими гуфтаҳои онҳо бишавем.

Акнун бибинем аз назари алоқамандон ба басту ишоъаи калимаи тавҳид, ки наҷоти инсониятро дар гарави Худошиносӣ ва Худопарастӣ медонанд, маънавиятро аз заруратҳои зиндагии фардӣ ва иҷтимоии инсон мешиносанд, эътироф доранд, ки башарият минҳои маънавият умеде ба бақояш нест, худашро ва тамаддунашро ва заминеро, ки бар он қарор гирифта ба дасти худ нобуд хоҳад сохт — оре, аз назари ин афрод — чора чист ва чӣ бояд кард?

Агар баррасиҳои гузаштаро милок қарор диҳем, бояд аввалан мактаби илоҳиро ба таври маъқул ва илмӣ ва истидлолии саҳеҳ арза бидорем: ба Худованд тасвири инсонӣ надиҳем, барояш чашму гӯш насозем, миёни чашми чапаш ва чашми росташ фосила муайян накунем, ӯро дар лабараторияҳо ва ё дар болои абрҳо ва мофавқи осмонҳо ва дар қаъри дарёҳо ҷустуҷӯ накунем, масъалаи танзеҳро, ки Қуръони Карим фаровон бар он такя кардааст дар назар бигирем ва ӯро бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм бидонем, ӯро фақат оғозкунандаи ҷаҳон надонем, миёни ӯ ва иллатҳои замонӣ тақсими кор барқарор накунем, бо тасаввуроти номарбут дар бораи илми азалӣ ва иродаи азалӣ мубориза кунем, ва хулоса, ҷилави ҳар гуна лағзиши фикриро дар масоили илоҳиёт бигирем.

Албатта, ин кор вақте муяссар аст, ки ба як мактаби истидлолии системотики илоҳӣ, ки посухгӯи ин ниёз бошад, бипайвандем. Маорифи исломӣ аз ин назар фавқулъода ғанӣ аст ва метавонад посухгӯи хубе ба ин ниёз бошад. Ҳукамои исломӣ бо илҳом аз Қуръони Карим ва калимоти Расули Акрам (с) ва пешвоён тавонистаанд як мактаби мустадал ва мустаҳкаме дар ин замина ба вуҷуд оваранд. Касе, ки бо ин мактаб ошно бошад, намегӯяд маънии иллати нахустин ин аст, ки як шайъ худаш поягузори вуҷуди худаш бошад. Намегӯяд агар ҳама чизро иллати нахустин ба вуҷуд овардааст, худи иллати нахустинро чӣ чиз ба вуҷуд овардааст? Намегӯяд мушкили иллати нахустин лоянҳал аст. Намегӯяд агар қоил ба Худо шавем, барои замон бояд ибтидои замонӣ қоил шавем. Намегӯяд агар Худоро исбот кунем, бояд озодиро нафй кунем. Намегӯяд ё Худо ё озодӣ ва амсоли инҳо.

Дар гузаштаи таърихи исломӣ, Ашъариён ва Ҳанбалиён ҷумуд ва қишрияте ба вуҷуд оварданд, ки илоҳиёти исломиро таҳдид мекард, вале натавонист дар муқобили таҳаррук ва таъолоие, ки маорифи амиқи исломӣ дарбар дошт муқовимат кунад. Мутаассифона ахиран гурӯҳе аз нависандагони ба истилоҳ равшанфикри мусалмони араб, таҳти таъсири фалсафаи ҳиссии Ғарб аз як тараф ва собиқаи ашъаригарӣ аз тарафи дигар, навъе ҷумуди фикрӣ ва лоадригарӣ дар илоҳиётро таблиғ мекунанд ва як навъ ашъаригарии пайвандхӯрда бо фалсафаи ҳиссиро ривоҷ медиҳанд. Фарид Ваҷдӣ ва то ҳадде Сайид Қутб, Муҳаммад Қутб, Сайид Абулҳасани Надвӣ аз ин табақаанд. Каму беш мавҷи ин тарзи тафаккур ба миёни мо ҳам расидааст.

Ин табақа таҳти унвони ин ки мовароуттабиа водие аст ношинохта ва барои башар маҷҳул аст ва аз ҳудуди тавоноии ақлу андешаи башар хориҷ аст ва мо ҳам шаръан мукаллаф нестем вориди ин водиҳои ношинохта бишавем, ба таври куллӣ боби маорифро садд мекунанд. Инҳо хаёл мекунанд ҳадди ниҳоии илоҳиёт ин аст, ки дар низомоти хилқат мутолеа кунем ва ангушти ҳайрат ба лаб бигирем. Ангушти ҳайрат ба дандон газидан ҳаддиаксари Худошиносӣ аст. Бинобар ин, як давра таърихи табиӣ мутолеа кардан, барои ҳамаи масоили илоҳиёт кофӣ аст; китобҳои амсоли Мурис Метерлинг як илоҳиёти комил аст.

Инҳо намедонанд, ки мутолеаи низоми хилқат, қадами аввал аст, на қадами охир; ҳаддиаксар ин аст, ки бо ин қадам то марзи миёни табиат ва моварои табиат мерасем, на бештар.

Мо дар ҷилди панҷуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” роҳҳои мухталифи Худошиносӣ ва аз он ҷумла роҳи ҳиссу илм, яъне роҳи мутолеаи табиатро арзёбӣ кардаем ва ҳудуди онҳоро мушаххас кардаем ва собит кардаем, ки аввалан, роҳи инсон барои таҳсили маорифи илоҳӣ ва мовароуттабиӣ ба монанди як илми мутқан ва мубарҳан боз аст ва баста нест. Сониян, аз назари ислом, инсонҳо мукаллафанд ва ё лоақал муҷозанд, ки бо маорифи мовароуттабиӣ ба монанди масоили таҳқиқӣ ва истидлолӣ ва бурҳонӣ, на тақлидӣ, ошно бишаванд. Ва солисан, роҳи ҳиссу илм ё роҳи табиат, ҷоддае аст, ки аз табиат то марзи моварои табиат кашида шудааст ва на бештар. Намегӯям ҷоддае аст, ки аз табиат то марзи улуҳият кашида шудааст ва ба истилоҳ барои сафари “минал-халқ илал-Ҳақ” кофист, балки мегӯям ҷоддае аст, ки то марзи моварои табиат кашида шудааст; яъне ҳамин қадр собит мекунад, ки табиат моварое дорад ва мусаххари он моваро аст; аммо худи он моваро махлуқ аст ё на? Яъне оё қудрати мовароуттабиӣ ҳамон холиқи кулл аст ё худи ӯ низ ба навбаи худ махлуқ ва мусаххари моварои худ аст? Фаразан ӯ худ моварое надорад, оё ӯ худаш басит аст ё мураккаб? Воҳид аст ё касир? Илму қудраташ мутаноҳӣ аст ё ғайримутаноҳӣ? Файзаш маҳдуд аст ё номаҳдуд? Башар дар баробари ӯ маҷбур аст ё озод?… Ва даҳҳо пурсиши дигар, ба ҳеч як аз ин пурсишҳо наметавонад посух диҳад.

Аммо илму фанне ҳаст, ки ба ҳамаи ин пурсишҳо посух медиҳад; метавонад моро бо усулм бурҳоним худ, ҳам аз халқ то Ҳақ ба парвоз дароварад ва ҳам метавонад моро “бил-Ҳақ фил-Ҳақ” сайру ҳаракат диҳад ва бо як силсила маорифи марбут ба олами рубубӣ ошно созад.

Ба ҳар ҳол, як гоми мубориза бо моддигарӣ, арза кардани як мактаби илоҳист, ки битавонад посухгӯи ниёзҳои фикрии андешамандони башар бошад.

Дар марҳилаи дуввум бояд пайванди масоили илоҳӣ бо масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ мушаххас шавад. Мақоми мактаби илоҳӣ аз назари пуштвона будани ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ равшан гардад. Дигар қабули Худо мулозим бо қабули ҳаққи зӯргӯӣ ва истибдоди ҳукмрон талаққӣ нагардад. Хушбахтона аз ин назар низ таълимоти исломӣ ғанӣ ва расост, ҳарчанд камтар арза шудааст. Вазифаи донишмандони равшанфикри исломӣ аст, ки мактаби ҳуқуқии исломро аз виҷҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ — ва билахасс аз виҷҳаи иқтисодӣ — муаррифӣ кунанд.

Дар мароҳили дигар бояд бо ҳарҷу марҷи таблиғӣ ва изҳори назарҳои номутахассис мубориза шавад. Дигар барои хаттҳои рӯи харбуза ва барои бол надоштани шутур, аз он фалсафаҳо бофта нашавад. Ба масъалаи муҳити мусоиди ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, ки ҳамоҳанг бо мафоҳими мутаъолии маънавӣ бошад, бояд камоли аҳаммият дода шавад. Масъалаи муҳити мусоид — ки аз назари ислом амр ба маъруф ва наҳй аз мункар барои чунин манзуре аст — гузашта аз соири ҷиҳот, аз ҷанбаи эҷоди замина барои рушди мафоҳими олии маънавӣ фавқулъода зарурӣ аст.

Аз ҳама заруритар ин ки дар асри мо бояд алоқамандон ва ошноён ба мафоҳими воқеии исломӣ саъй кунанд бори дигар ҳамосаро, ки рукне аз мафоҳими исломӣ буд, бад-онҳо баргардонанд. Албатта бозгардонидани ҳамоса ба мафоҳими исломӣ ниёзманд аст ба ҷиҳоде фикрӣ ва қаламӣ ва забонӣ… ва ҷиҳоди дигари амалӣ.

Вассалому ало манит-табъал-ҳудо!

Поёни китоб

* * *

Бахшҳои дигар ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ, Фалсафаи ғарб

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: