Ёддоште дар ҳошияи “Дарди дили як модари тоҷик”

Як корбар ба номи Askar Tj дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар зайли наворе, ки дар он як модари тоҷик дарди дил кардааст, ёддошти зеринро (бо унвони “Муроҷиат ба ҳама мухолифон”) гузоштааст:

“Ҳамаи мо шоҳидем, ки вақте шаҳид Умаралӣ аз таҳи дил мубориза бурд, чӣ қадар мардум бедор шуд ва дар гирдаш чамъ шуд. Ин наворҳоро ҳамаат дар хотир доред, ки чӣ гуна ҷамъомадҳо доир мешуд.

Чӣ шудааст ба мо, ки дигар тавони якчунин ҷамъомад ва митингро надорем?

Тарсидед?

Ё дилмонда шудед ё Аврупо ҷои хуб будааст, тамом аз паси зиндагӣ шудед?

Ҳатман аз ин се вариант якеаш ҳаст. Кӣ ва чӣ сабаби дилмондагии мову шумо шуд?

Дар зеҳнатон ба хотир оред. Чӣ сабаб шуд, ки мо дигар мисли пештара бо шӯру шавқ истеъфо дод намезанем? Чаро даъват намекунем, ки ба мухолифон пайвандед? Чаро ба мардум руҳия намебахшем?

Сабаб доранд ҳамаи инҳо.

Як сабабаш “сиёсатмадорон” ва “таҳлилгаронеанд”, ки бо ҳарфҳои пучашон моро дилмонда кард, мисли ин ки бо чунин корҳо ҳеч кор карда намешавад, доду вой фоида надорад, бояд боадабона гап зад, бояд дипломат буд ва садҳо сафсатаи дигар.

Ин суханон боис шуд, ки бештари муборизони хундарҷӯш дилсард шаванд ва аз пушти суханони ин “таҳлилгарон” ва беамалон раванд. Муборизоне, ки то дирӯз мисли шер дод мезаданд, “Истеъфо Тапак!” мегуфтанд, ҳоло худашонро дипломат гирифта, кастюм брук пӯшида аз худ сиёсатмадор метарошанду худро дар чашми “таҳлилгарон” шахсият нишон додан мехоҳанд.

Бародарони азиз ба мову шумо дипломат лозим нест, мо дар муқобили як палиди разил қарор дорем, ки забони дипломатия барои ӯ нофаҳмост ва шумо ҳам бо худро дипломат нишон додан ё кастюму брук ва галтук бастан, сиёсатмадор ва шахсияту дипломат намешавед.

Мо муборизем, шиори мо сарнагунии режим аст, дипломатия ба мо ба кор намеравад.

Инқилоб бо роҳҳои дипломатӣ ба даст намеояд. Инқилобро муборизон мекунанд.

Дипломатҳою сиёсатмадаорон савдо мекунанд, муомилаи сиёсӣ мекунанд, ҳеч гоҳ инқилоб намекунанд.

Хитоб ба ҳамаи муборизон гуфтаниам, ки мошине, ки шаҳид Умаралӣ аз рӯи суръати 60-70 ба сӯи ҳадаф меронд, баъди ӯ шумо мошинро дар думи хари ланг бастаед ва суръати хари ланг ҳаракат доред.

Боз мегӯям, бародарон гӯш накунед насиҳаткунонро, онҳо одам мебуданд ё бофаҳм мебуданд, то имрӯз худашон коре анҷом медоданд. Вале кори онҳо мисли занакои лаби об ғайбати муборизон аст ва номашро мегузоранд таҳлил.

Агар бо ҳамон суръате, ки Ҳоҷӣ Умаралӣ ҳаракат дошт давом мекард, то имрӯз 70 фоизи мардум комилан мухолиф ва мубориз буд.

Бародарон! Дилмонда нашавед ва шеваи муборизаи қаблиро баргардонед.

Баъзе нафароне ҳастанд, ки бо 2 конфронс ширкат кардан ва суханронӣ кардан, худашонро гум кардаанд ва дигар худро чунон як шахсияту як сиёсатмадор гумон мекунанд, ки гӯё ягон қаҳрамон бошад ё гӯё тамом инқилоб кардаасту мисли Че Гевара пирӯзӣ овардааст, ки фукашон дар осмон аст.

Бародарони азиз! Бас аст ҳавобаландӣ ва худнишондиҳӣ, биёед мисли пештара худро як мубориз пиндорем, на сиёсатмадору дипломату шахсияти муҳим.

Мубориза бо ин роҳе, ки интихоб кардаем, ҳеч гоҳ пирӯз намешавад. Шарт нест номи нафароне, ки худро гум кардаанд ва аз худ сиёсатмадор метарошанд, инҷо гузорам, аммо вақте ислоҳ нашуданд ва корро ҷиддӣ нагирифтанд, ҳатман хитоби махсус бо номҳояшон менависам.

Ҳоло бошад, бародарони азиз, як бори дигар фикр кунед, ки чӣ кор карда истодаем ва барои таҷдиди мубориза бояд як ҷаласаи васеъ доир намоем ва барномарезии қотеъ намоем.»

Навори “Дарди дили модари тоҷик”:

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: