Низоми иқтисодии ислом (1)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Муқаддима (1)

Касоне, ки фикр мекунанд масоили зиндагӣ аз якдигар ҷудост ва ҳар чизе як марз ва як қаламрави хосс дорад ва ҳар гӯшае ва қисмате аз зиндагии башар ба як шайъи бахусус таъаллуқ дорад, таъаҷҷуб ва аҳёнан инкор мекунанд, ки касе масъалае ба номи “иқтисоди исломӣ” тарҳ кунад; зеро ба ақидаи инҳо, ҳар як аз ислом ва иқтисод масъалаи ҷудогона аст. Ислом ба унвони як дин барои худаш ва иқтисод ба унвони як илм ва ё як фалсафа барои худаш; ислом қаламраве дорад ва иқтисод қаламраве дигар, ҳамчунон ки фарҳанг, сиёсат, қазоват ва ҳатто ахлоқ ҳар кадом қаламраве ҷудогона аз ислом доранд.

Баъзе по фаротар ниҳода ва гуфтаанд, зиндагӣ ба таври куллӣ як масъала аст ва дин масъалаи дигар, динро набояд бо масоили зиндагӣ махлут кард.

Ин ашхос иштибоҳи аввалашон ин аст, ки масоили зиндагиро муҷаррад фарз мекунанд. Хайр! Зиндагӣ як воҳид ва ҳамаи шуъунаш тавъам бо якдигар аст; салоҳу фасод дар ҳар як аз шуъуни зиндагӣ, дар соири шуъун муассир аст. Мумкин нест иҷтимое масалан фарҳанг ё сиёсат ё қазоват ё ахлоқ ва тарбият ва ё иқтисодаш фосид бошад, аммо динаш дуруст бошад ва билъакс.

Агар фарз кунем, дин танҳо рафтан ба масҷиду калисо ва намоз хондану рӯза гирифтан аст, мумкин аст касе иддао кунад масъалаи дин аз соири масоил муҷаззост, вале ин матлаб фаразан дар бораи масеҳият содиқ бошад, дар бораи ислом содиқ нест.

* * *

Ду гунаи пайванди ислом бо иқтисод

Ислом ду пайванд бо иқтисод дорад: мустақим ва ғайримустақим. Пайванди мустақими ислом бо иқтисод аз он ҷиҳат аст, ки мустақиман як силсила муқаррароти иқтисодӣ дар бораи моликият, мубодилот, молиётҳо, ҳаҷрҳо, ирс, ҳибаҳо ва садақот, вақф, муҷозотҳои молӣ ё муҷозотҳое дар заминаи сарват ва ғайра дорад.

Ислом китобул-байъ (хариду фурӯш), китобул-иҷора, китобул-вакола, китобур-раҳн, китобул-ирс, китобул-ҳиба, китобул-вақф дорад.

Ва аз тарафи дигар, медонем асли “нуъмину бибаъзин ва накфуру бибаъз” (ба баъзе имон меоварем ва ба баъзе куфр меварзем) — ҳамон тавр, ки Қуръони Карим мефармояд — матруд аст. Бинобар ин, ё бояд исломро дарбаст бипазирем ва ё бояд дарбаст рад кунем.

Пайванди ғайримустақими ислом бо иқтисод, аз тариқи ахлоқ аст. Дар ин ҷиҳат бархе динҳои дигар низ каму беш чунин мебошанд. Ислом мардумро тавсия мекунад ба амонат, иффат, адолат, эҳсон, исор (азхудгузаштагӣ), манъи дуздӣ, хиёнат, ришва. Ҳамаи инҳо дар заминаи сарват аст ва ё қисмате аз қаламрави ин мафоҳим сарват аст. То ҳудуди масоили иқтисодӣ равшан нашавад, ҳудуди адолат ва амонат ва иффат ва эҳсон ва ҳамчунин ҳудуди дуздӣ ва хиёнат ва ришва равшан намешавад.

* * *

Назари ислом роҷеъ ба сарват

Мо он гоҳ, ки мехоҳем назаре ба низоми иқтисодии ислом биафканем, аввал бояд бибинем назари ислом дар бораи сарват ва мол чист? Мумкин аст касе бипиндорад, ки ислом асосан сарватро матруд ва ба унвони як амри палид ва дурандохтанӣ мешиносад. Чизе, ки палид ва матруд ва дурандохтанӣ аст, дигар муқаррароте наметавонад дошта бошад. Ба иборати дигар, мактабе, ки назараш дар бораи як шайъи муайян ин аст, ки он чиз дурафканданӣ аст, он мактаб наметавонад муқаррароте дар бораи он чиз дошта бошад, ҳамаи муқаррароташ ин хоҳад буд, ки он чизро ба вуҷуд наёваред, даст ба он назанед, даст ба даст накунед, масраф накунед; ҳамчунон ки дар бораи машруб чунин муқаррароте омадааст:

لعن الله بايعها ومشتريها وآكل ثمنها وساقيها و شاربها

(“Худованд лаънат кунад фурӯшандаи машруб, харидори он, хӯрандаи пули он, соқии он ва нӯшандаи онро…”)

Ҷавоб ин аст, ки иштибоҳи бузургест ин иштибоҳ. Дар ислом молу сарват ҳеч вақт таҳқир нашудааст, на тавлидаш, на мубодилааш, на масраф карданаш; балки ҳамаи инҳо таъкид ва тавсия шудааст ва барои онҳо шароит ва меъёрҳое муқаррар шудааст ва ҳаргиз сарват аз назари ислом дурафканданӣ нест, балки дур афканданаш (исроф, табзир, тазйеъи мол) ҳароми қатъӣ аст.

Иштибоҳ аз он ҷо ношӣ шуда, ки ислом бо ҳадаф қарор додани сарват, бо ин ки инсон фидои сарват шавад мухолиф аст ва сахт мубориза кардааст. Ба иборати дигар, пулпарастиро ва ин ки инсон бардаи пул бошад (маҳкум кардааст.) Ба иборати дигар, ин ки инсон пулро ба хотири худи пул ва барои захира кардан ва андӯхтан бихоҳад, ки:

وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلاَ يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللّهِ فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

(“Касоне, ки зару симро захира мекунанд ва онро дар роҳи Худо ҳазина намекунанд, эшонро аз азобе дарднок хабар деҳ.” (Сураи Тавба, ояти 34)) — ки номи ин ҳолат ҳирсу оз аст ва ё пулро фақат барои пур кардани шикам ва барои айёшӣ ва бекорӣ ва велгардӣ бихоҳад, ки номи он шаҳватронӣ аст. Дар ин ҳолат пул хостан тавъам аст бо даноат ва пастӣ ва маҳви шахсияти инсонӣ дар пул ва фуқдони ҳар гуна шахсияти инсонӣ ва шарофати маънавӣ.

Нуқтаи муқобил ин аст, ки инсон пулро ба унвони як васила барои фаъолият ва амал ва тасҳил ва тавлид бихоҳад. Дар ин сурат, пул тобеъи он ҳадафи куллӣ аст, ки инсон пулро барои он ҳадаф мехоҳад.

Ҳадисе аст аз Расули Акрам (с):

نعم المال الصالح للرجل الصالح

(“Чӣ некӯст моли солеҳ барои марди солеҳ!”) Мавлавӣ мазмуни ин ҳадисро ба назм оварда мегӯяд:

Молро, к-аз баҳри дин бошӣ ҳамул,

“Ниъма молун солеҳун” хондаш Расул.

Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст,

Об андар зери киштӣ пуштӣ аст.

Ташбеҳи сарвату инсон ба дарёву киштӣ аз он назар, ки дар як вазъ ӯро ғарқ мекунад ва дар худ маҳв мекунад ва шахсияти ӯро маҳв месозад, ва дар сурати дигар, на танҳо зарба ба шахсияти ӯ намезанад, василае мунҳасир аст барои расидан ба мақсад ва такмили ӯ шахсияти худро, фавқулъода ташбеҳи хубе аст.

Ояти каримаи:

كَلَّا إِنَّ الْإِنسَانَ لَيَطْغَى. أَن رَّآهُ اسْتَغْنَى

(“Ҳаққо, ки инсон саркашӣ мекунад ҳамин ки худро бениёз пиндорад.” (Сураи Алақ, оятҳои 6-7)) нақши пулро дар фосид кардани шахсияти инсонӣ баён мекунад; ҳамчунин ояти каримаи:

وَلَا تُطِعْ كُلَّ حَلَّافٍ مَّهِينٍ. هَمَّازٍ مَّشَّاء بِنَمِيمٍ. مَنَّاعٍ لِّلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ. عُتُلٍّ بَعْدَ ذَلِكَ زَنِيمٍ. أَن كَانَ ذَا مَالٍ وَبَنِينَ. إِذَا تُتْلَى عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

(“Ва аз ҳар қасамхӯрандаи фурӯмоя фармон мабар, ки айюҷӯст ва барои хабарчинӣ гом бармедорад, ӯ монеъи хайр ва мутаҷовизи гуноҳпеша (аст), густох, ва гузашта аз он, зинозода аст, ба сирфи ин ки молдор ва писардор аст, чун оятҳои мо бар ӯ хонда шавад, гӯяд: афсонаҳои пешиниён аст!” (Сураи Қалам, оятҳои 10-15)) ва ояти каримаи:

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاء وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ

(“Алоқа ба хостаниҳои гуногун аз занону писарону амволи фаровон аз зару симу аспҳои нишондору домҳо… барои мардум музайян шуда…» (Сураи Оли Имрон, ояти 14)) — ҳамон тавр, ки ҳадаф дур андохтан ва тарк гуфтани амалии зану фарзанд нест, ҳадаф дур афкандани пулу сарват ҳам нест.

Ислом, ки пулпарастиро маҳкум кардааст, пулу сарватро маҳкум накардааст, зеро:

а) Тавлиди сарват: кишоварзӣ, домдорӣ, санъат ва ғайра тавсия шудааст;

б) Мубодилаи сарват яъне тиҷорат ва доду ситад тавсия шудааст;

в) Масраф расондан аз назари шахсӣ — дар ҳудуди эҳтиёҷоти фардии холӣ аз ҳар навъ таҷаммулу исроф, ки муфсиди инсон аст — тавсия шудааст;

г) Табзиру исрофу тазйеъи он мамнӯъ аст;

д) Муқаррароти сахти қазоӣ ва ҷазоӣ дар мавриди ҳайфу майлҳо ва сирқатҳо ва хиёнатҳо вазъ шудааст;

е) Дифоъ аз мол, дар ҳукми ҷиҳод ва куштаи дар ин роҳ “шаҳид” талаққӣ шудааст:

من قتل دون ماله فهو شهيد

(“Касе, ки дар дифоъ аз молаш кушта шавад, ӯ шаҳид аст…”)

ё) Барои мол бар инсон ҳуқуқе қоил шудааст;

ж) Худи сарват дар камоли сароҳат дар Қуръони Карим ба унвони “хайр” номида шудааст:

كُتِبَ عَلَيْكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ إِن تَرَكَ خَيْرًا الْوَصِيَّةُ لِلْوَالِدَيْنِ وَالأقْرَبِينَ بِالْمَعْرُوفِ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ

(“Бар шумо муқаррар шудааст, ки чун яке аз шуморо марг фаро расад, агар хайре (яъне моле) барҷой гузорад, барои падару модар ва хешовандон ба таври писандида васият кунад, (ин кор) ҳаққе аст бар парҳезгорон.” (Сураи Бақара, ояти 180))

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: