Баёнияи ҲНИТ дар бораи озодии Шоҳнаими Карим

Имрӯз (29.11.2017) Додгоҳи Олии Юнон дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи боздошт ва истирдоди Мирзораҳим Кузов (машҳур ба Шоҳнаими Карим), узви Раёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи ҲНИТ-ро рад намуда, ӯро аз ҳабс озод кард.

Мурофиа дар бинои Додгоҳи Олии Юнон бо ширкати қозии парванда, ҳайати мушовараи Додгоҳи Олию намояндаи Додситони Кулли Юнон, ҳайати вакилони ҷаноби Кузов ва ҳайати ҲНИТ бо роҳбарии Раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ, имрӯз дар шаҳри Афина баргузор гашт.

Қозии Додгоҳи Олии Юнон бо ҳайати мушовара далелҳои пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистонро беасос ва сиёсӣ номида, далелҳои пешниҳоднамудаи вакилони дифоъ ва шоҳидон, аз ҷумла, суханронии устод Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ- ро қонеъкунанда донист ва ҳукми озодии Кузовро содир намуд.

Ин мурофиаи аввалин нисбати намояндагони ҲНИТ дар асоси дархости ИНТЕРПОЛ мебошад, ки аз тарафи додгоҳ рад шуд. То ҳол ҳеч кившаре намояндагони ҲНИТ- ро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ва ИНТЕРПОЛ истирдод накардаанд. Агарчи қаблан намояндагони мақомоти Тоҷикистон овозаеро дар бораи боздошт ва истирдоди 6 узви ҳизб аз Аврупо эълон карданд, ки воқеъият надорад.

ҲНИТ аз ҳама фаъолони дохиливу байналмилалӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки дар озод шудани Шоҳнаими Карим ҳамкорӣ карданд ва саҳм гузоштанд, ташаккур мекунад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Сухангӯи ҲНИТ

29.11.2017

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: