Вокуниши ҲНИТ ба бозгашти Сайидиброҳими Назар ба Тоҷикистон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) таъкид кард, бозгашти Сайидиброҳими Назар тасмими шахсии ӯ буда ва ба ҳизб рабте надорад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, бо интишори баёнияе дар сафҳаи худ дар Фейсбук, навштааст: “Расонаҳо ахиран хабари бозгашти Сайидиброҳими Назар, собиқ мушовири Раиси ҲНИТ ба Тоҷикистонро нашр карданд ва ҲНИТ дар ин маврид таъкид мекунад, ки тасмими бозгашт аз сӯйи худи ҷаноби Сайидиброҳими Назар гирифта шудааст ва ба ҳизб рабте надорад.”

Вай дар идома хотирнишон кардааст: “Ҷаноби Сайидиброҳими Назар пас аз интихоботи 2015 аз фаъолияти сиёсӣ ва ҳизбӣ канор рафта, тайи ду соли ахир дар чорабиниҳо ширкат надоштанд ва ба зиндагии шахсӣ машғул буданд.”

Дар поён ёдовар шудааст: “Пас аз ислоҳоти сохторӣ, ӯ ҳеч масъулият ва мақоми расмии иҷроӣ дар ҳизб надоштанд ва ду соли ахир ҳизбро дар ягон ҷаласа, чорабинӣ ва мулоқот намояндагӣ накардааст. ҲНИТ бозгашти ӯ ба Тоҷикистонро як тасмими шахсии ҷаноби Сайидиброҳими Назар медонад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: