“Назаркарда” назар карда?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чоплусӣ як беморӣ аст, як бемории равонӣ ва касе, ки ба он мубтало шудааст, бе тардид ниёз ба дармон дорад. Чандон ҷои нигаронӣ набуд агар дар як ҷомеа афроди ангуштшуморе дучори ин мараз мебуданд, аммо вақте ин беморӣ як падидаи ғолиб дар ҷомеа мегардад, ба хусус агар руҳу равони “зиёиён”, “шоирон” ва “ҳунармандон”-аш ба он мубтало мешавад, ин воқеан нигаронкунанда аст. Ва нигаронкунандатар аз ин он аст, ки вақте нухбаҳои ҷомеа дар баробари ин вабо сукут ва хомӯш биншинанд.

“Назаркарда” ё ба ҷаноби Абдуғаффор Абдуҷаббор назар кардааст, то ин намоишномаи масхараашро бинависад, ва ё нависанда таваққӯъ дорад, пас аз “шоҳкораш”, ба ӯ назаре шавад, яъне “Назаркарда” нимнигоҳе ҳам ба ӯ бикунад.

Зеро, ба лиҳози равоншиносӣ, яке аз иллатҳои тамаллуқ ва чоплусӣ ҳамин аст. Яъне, чоплус ниёз ба “таваҷҷӯҳ” дорад, ӯ бо чоплусигарӣ ва тамаллуқҳояш, мехоҳад ба ӯ “назар” кунанд, ба вежа “назари” касеро, ки аз ӯ чоплусӣ мекунад ба худ мутаваҷҷеҳ созад, ӯ мехоҳад бигӯяд, ман ҳам ҳастам!

Убайди Зоконӣ бо як ҳикояти бисёр кӯтоҳ аммо пурмазмунаш, ин воқеиятро бисёр зебо ба тасвир кашидааст:

* * *

Султон Маҳмудро дар ҳолати гуруснагӣ бодимҷон пеш оварданд, хушаш омад, гуфт:

— Бодимҷон таъомест хуш!

Надиме дар мадҳи бодимҷон сухан пардохт. (Султон) чун сер шуд, гуфт:

— Бодимҷон музир (зараровар) аст.

Надим боз дар мазарроти (зарарҳои) бодимҷон суханпардозӣ кард. Султон гуфт:

— Эй мардак! На он замон мадҳаш мегуфтӣ?

Гуфт:

— Ман надими тувам, на бодимҷон, маро чизе мебояд гуфт, ки туро хуш ояд, на бодимҷонро.

* * *

Бале, он “надиме”, ки афсона бофтааст ва ба арикаи қудрат нишастани Султон Эмомалӣ Раҳмонро “амре тасодуфӣ” намедонад, балки онро натиҷаи “назари илоҳӣ” мешуморад, ва ба илова, малаку фариштаҳоро дар ҳангоми суханронии Султон дар Иҷлосияи 16-ум ҳозиру нозир мебинад, рост ё дурӯғ будани ин афсонаҳо ва чарандиёт, барои “надим” аҳаммияте надорад, балки забони ҳолаш ин аст, ки: “Ман надими тувам, на ин росту дурӯғҳо, маро чизе мебояд гуфт, ки туро хуш ояд, на бодимҷонро!”

Ин як беморӣ аст, ки соҳибаш бояд дармон шавад.

* * *

Ҳол, дар решаҳо ва иллатҳои чоплусӣ ва тамаллуқ, равоншиносон чӣ мегӯянд?

Инак, назари равоншиносон: (ба нақл аз сойти: Равоншиносӣ ва саломат)

— Чоплусӣ замоне аст, ки чоплус бо таърифу тамҷид кардани беш аз андоза ё нобаҷо аз як нафар, шароитеро фароҳам меоварад, то аз ӯ имтиёз гирад.

— Мутаассифона, афроде, ки аз чоплусӣ хушашон меояд ва дӯст доранд аз онҳо таърифу тамҷид ба амал ояд, инҳо аз заъфи шахсиятӣ бархӯрдор ҳастанд ва ё аз назари тарбиятӣ, ба дурустӣ рушд наёфтаанд, бинобар ин, халаъҳои равонии худро ба ин тартиб бароварда мекунанд. Ин гуна ашхос ба фарди чоплус баҳо дода ва бад-ин васила рафтори ғалати ӯро тақвият ва ташдид мекунанд ва боиси афзоиши ингуна рафторҳо мешаванд.

— Рушди ин падидаи зишт (яъне чоплусигарӣ), ба тадриҷ мунҷар ба шиддат гирифтани ҳолатҳои баҳамрехтагӣ ва аз байн рафтани назму тартиб дар ҷомеа хоҳад шуд.

— Афроди чоплус ҳам, ба хотири заъфҳо ва костиҳое, ки доранд, ба ҷои истифодаи дуруст аз тавонмандиҳои худ ва афзоиши сатҳи дониш ва огоҳиҳои худ, аз ин равиш истифода мекунанд, то истилоҳан ҷои худро муҳкамтар кунанд, ғофил аз ин ки шояд ба таври муваққат ҷойгоҳ ё мансаберо ба даст оваранд, вале дар дарозмуддат ҳамагон бар бекифоятӣ ва мушкилоти шахсиятии онҳо огоҳ хоҳанд шуд.

— Барои муқобила бо чоплусигарӣ, бояд фарди чоплусро мунзавӣ кунем, то ин рафтори нописанд аз ҷомеа барчида шавад.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: