Низоми иқтисодии ислом (2)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Муқаддима (2)

Иқтисоди солим

Яке аз усули аввалии иқтисоди солим, ҳаёт ва қобилияти рушду нумӯи сарват аст, ҳамон тавре ки аз шароити аввалии як иҷтимои солим, иқтисоди солим аст. Иқтисоди солим яъне иқтисоди қоим ба зот (рӯи пойи худаш истода) ва беайб ва ғайриқоим ба ғайр (яъне ғайривобаста ба ғайр). Ҷомеа бояд буняи иқтисодии солиме дошта бошад, мубтало ба камхунии иқтисодӣ набошад, вагарна, монанди як маризи камхун ва ё маризе, ки дастгоҳи қалбаш хароб аст ҳамеша мариз хоҳад буд. Гумон намеравад ҳеч олим ва балки ҳеч оқиле мункири лузум ва зарурати иқтисоди солим бошад.

Аз назари ислом, ҳадафҳои исломӣ бидуни иқтисоди солим ғайриқобили таъмин аст. Ислом мехоҳад, ки ғайри мусалмон дар мусалмон тасаллут ва нуфуз надошта бошад. Ин ҳадаф ҳангоме муяссар аст, ки миллати мусалмон дар иқтисод ниёзманд набошад ва дасташ ба тарафи ғайри мусалмон дароз набошад, вагарна, ниёзмандӣ мулозим аст бо асорат ва бардагӣ ҳарчанд ки исми бардагӣ дар кор набошад. Ҳар миллате, ки аз лиҳози иқтисод дасташ ба тарафи миллати дигар дароз бошад, асир ва бардаи ӯст ва эътиборе ба таъоруфҳои диплумосии маъмулӣ нест. Ба қавли Неҳру:

Миллате мустақил аст, ки ҷаҳиши иқтисодӣ дошта бошад.”

Алӣ алайҳис-салом мефармояд:

احتج الی من شئت تكن اسيره، استغن عمن شئت تكن نظيره، أحسن الى من شئت تكن اميره

Мӯҳтоҷи ҳар ки шавӣ, асири ӯ хоҳӣ буд. Бениёз аз ҳар ки гардӣ, бо ӯ баробар хоҳӣ шуд. Ва ҳар киро мавриди некӣ ва эҳсони худ қарор диҳӣ, фармонравои ӯ хоҳӣ шуд.”

Агар миллате кӯмак хост ва миллате дигар кӯмак дод, хоҳ нохоҳ аввалӣ барда ва дуввумӣ оқост. Чӣ қадр ҷаҳолат ва ҳамоқат аст, ки одамӣ арзиши саломати буняи иқтисодиро дарнаёбад ва нафаҳмад иқтисоди мустақил, аз шароити ҳаёти миллӣ аст. Ин як матлаб.

Матлаби дигар ин ки: ислом ҳамвора равиши васат ва мӯътадилро пеш мегирад ва ин ҷиҳат ношӣ аз ҷанбаи ҳамаҷониба будани ислом аст. Ду равиши ифротӣ ва тафритӣ ба чашм мехӯрад.

1) Яке, асосан арзиши саломати буняи иқтисодиро дарк намекунад ва тарафдори фақр аст ва хаёл мекунад ҳамин тавр, ки фақр барои фард айб нест, барои ҷомеа ҳам айб нест. Аввалан, (фақр) барои фард ҳам ба як маънӣ айб аст, ва агар ҳам барои фард айб набошад, барои иҷтимоъ айб аст.

2) Ва дигаре, ки ба арзиши иқтисод пай бурдааст, дигар ҳама чизро фаромӯш мекунад ва мӯътақид аст манбаи даромад, тамоюлоти башар аст, ва ҳар чизе, ки “тақозояш” вуҷуд дошт ва майл ба хариди он дар мардум буд ва пулдаровар буд, бояд “арза” дошт. Тақозо иллати томмаи ҷоиз будани арза аст ҳарчанд ки арзаи маводди муҳлик ё тазъифкунандаи ҷомеа бошад.

Ҷомеае бемории лавозими таҷаммулӣ дорад, монанди маризе, ки иштиҳои чизе дорад, ки барояш зараровар аст. Ҷомеае бемории автомобил дорад, монанди бемори мубтало ба истисқо ё тифли мубтало ба қайу исҳол, ки тақозои об дорад ва соҳиби он фақат ба далели ин ки дар муқобили ин об пул дода мешавад, мураттаб об медиҳад ва ҷайби худро аз пул пур мекунад. Болотар ин ки тақозои козиб ба вуҷуд меоварад; ҳеруин месозад ва роҳи даромади ҳангуфт ба вуҷуд меоварад ва мураттаб ҳеруинӣ месозад; ба даллол мегӯяд: аз ҳар даҳ нафар мубтало ба андозаи як нафар мутаъаллиқ ба шахси худат, аз ҳар чӣ фурӯш кардӣ, даҳяк моли худат.

Вале ислом “макосиби муҳаррама” (касбҳои ҳаром) дорад, қабл аз ҳар масъалае дар макосиб, макосиби муҳаррамаро унвон мекунад; фурӯхтани буту салибро ҳатто ба ғайри мусалмонон таҳрим мекунад, фурӯхтани шароб ва олоти қимор ва васоили гумроҳиро мутлақан таҳрим мекунад, байъи силоҳ барои душманро таҳрим мекунад. Ислом тадлиси мошита (яъне оростани касе, ки айбе дорад ба сурате ки он айб махфӣ монад), шеъри ҳиҷоӣ ва мадҳӣ, ғишш, лағву лаҳв, қимор, каҳонат (фолбинӣ), мадҳи касе, ки шоистаи мадҳ нест, кӯмаки золимон, зулмпазирӣ, ҳиҷои мӯъмин ва… — ро таҳрим мекунад. Аз ҳамаи инҳо (ошкор мешавад, ки) тези ислом ин аст:

Манбаи даромад, тамоюлот ва хостаҳои мардум набояд бошад, масолеҳи умумӣ бояд бошад, (ва) ба таъбири фуқаҳо, хариду фурӯши чизе ҷоиз аст, ки “манфиати ҳалоли мақсуда” дошта бошад.

Ин иқтисод, иқтисоде аст воқеъбинона ва муртабит ба ахлоқ ва тарбияти башар. Пас, дар айни ин ки ислом тарафдори афзунии сарват аст ва сарватро василаи таъмини ҳадафҳои олии худ медонад, ба ҳамин далел, ки ҳадаф, олитар аз худи сарват аст, роҳи даромадро тамоюлот ва тақозо намедонад, маслиҳатро роҳ медонад.

Аммо дар иқтисоди ҷадид ин гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надорад, хусусан иқтисоди сармоядорӣ. Аз содироташон метавон ҳақиқатро фаҳмид, ки аз мамлакатҳои ниёзманд мисли Эрон (дар 60 сол пеш яъне дар замони ин суханронӣ) чӣ мебаранд ва чӣ таҳвил медиҳанд.

Матлаби севвум ин аст, ки ҳамон тавр, ки набояд аз ҳар роҳе ба дунболи сарват буд, набояд системи иқтисодӣ ба шакле бошад, ки рушду нумӯро мутаваққиф ва фалаҷ кунад ва ҷилавгирӣ намояд. Аз ҷумла чизҳое, ки монеи рушд аст, ба ақидаи мо, тези “кор ба қадри истеъдод, ва махориҷ ба қадри эҳтиёҷ” аст, ки лозимааш иштироки мардум дар манофеи якдигар аст. Ин чанд айб дорад: аввалан, бар хилофи фитрат ва табиат аст. Пайвастагии табиии афроди башар ба ҳадди аҷзои як пайкар нест. Сониян, ин худ навъе истисмор аст. Солисан, ҷилави фаъолият ва нишотро мегирад. Башар он гоҳ нишоти кор пайдо мекунад, ки бидонад натиҷаи кораш ба худаш бармегардад. Чаро идориҳо марази идора доранд? Чун даромадаш, ба фаъолияташ бастагӣ надорад, баръакс, даромадаш бо анҷоми корҳои ғайримашрӯъ аз ошнобозӣ ва ҳуққабозӣ ва ришваи молӣ ва аҳёнан — алъаёзу биллоҳ — ришваи номусӣ аст.

Хушо ба ҳоли иҷтимое, ки системи иқтисодияш ба шакле бошад, ки роҳи даромад мунҳасир бошад ба фаъолият, ва осори фаъолияти фард ҳам махсуси худаш бошад! Бадо ба ҳоли иҷтимое, ки кор дар он иҷтимоъ сарф намекунад, аммо бурсбозӣ ва корҳои ғайратавлидӣ ва корҳои инҳирофӣ дар он сарф бикунад ва билохира фаъолияти муфид ва солим роҳи даромад набошад! Ва низ бадо ба ҳоли иҷтимое, ки ҳарчанд роҳи даромади ғайримашрӯъро бастааст, аммо роҳи даромади машрӯъро аз назари шахсӣ низ боз нагузошта ва тези “кор ба қадри истеъдод, ва харҷ ба қадри эҳтиёҷ”-ро пеш кашидааст. Ҷаллал-ислом (яъне бузург аст ислом), ки ҳам тарафдори моликияти ихтисосӣ (хусусӣ) аст ва ҳам тарбияти имонӣ дорад ва роҳи даромади ғайримашрӯъро бастааст.

Мо ҳеч эҳтиёҷе надорем ба тезе, ки аз он сӯи девори оҳанин ё аз моварои баҳрҳо барои мо биёваранд, тези ислом кофӣ аст. Мо бояд ба таври қатъ бидонем, ки аз роҳи машрӯъ сад порча мулк дуруст намешавад. Дар ҳадис аст, ки: “Даҳ ҳазор дирҳам аз роҳи машрӯъ ҷамъ намешавад”. Албатта ин, нисбат ба зиндагии он рӯз аст. Мақсуд ин аст, ки ҳамеша даромади машрӯъ ҳадди муайяне дорад ва болотар аз он, аз роҳи машрӯъ ба даст намеояд…

* * *

Хулосаи матлаб ин ки: ислом тарафдори тақвияти буняи иқтисодӣ аст, аммо на ба унвони ин ки иқтисод худ ҳадаф аст ё танҳо ҳадаф аст, балки ба унвони ин ки ҳадафҳои исломӣ бидуни иқтисоди солим ва нерӯи мустақилли иқтисодӣ муяссар нест. Аммо ислом иқтисодро як рукн аз аркони ҳаёти иҷтимоӣ медонад, аз ин рӯ ба хотири иқтисод ба соири аркон зарба ва латма намезанад. Ислом тарафдори ин назария, ки сарчашмаи даромад “тақозоҳо” ва “тамоюлот” аст нест, балки мӯътақид аст бояд “тамоюлот” бо “масолеҳи олӣ ва ҳамаҷонибаи башарият” татбиқ бикунад, аз ин рӯ фасли муҳимме дар ислом ҳаст ба номи “макосиби муҳаррама” (касбҳои ҳаром).

Даромади машрӯъ аз назари ислом яъне даромаде, ки аз тарафе маҳсули фаъолияти шахс бошад ё лоақал ҷанбаи истисмор надошта бошад, ва аз тарафи дигар аз лиҳози масраф, қобилияти масраф шудани машрӯъ ва муфид дошта бошад, ва ба истилоҳи фуқаҳо, ҷинси мавриди муомила дорои “манфиати ҳалоли мақсуда” бошад. Ба иборати сотсиалистҳо, ҳадаф манофеи иҷтимоъ бошад на пур кардани ҷайби шахс.

Поёни муқаддима

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: