Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (135)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (3)

Матни мақола

Ва ин низ бадеҳист, ки бо омадани феълияти дарахт чунончи имкони дарахт аз миён меравад, сурати тухм низ, ки қувваи дарахт ҳамроҳи он буд аз миён меравад. (1)

Аз баёни гузашта натиҷаҳои зеринро метавон гирифт:

1) Нисбати вуҷудӣ ба номи “қувва” ва “имкон” дорем; (2)

2) Қувва ва имкон ниёзманд ба феълияте аст, ки ӯро нигаҳ дорад чунонки мутаваҷҷеҳ ба сӯи феълияте аст, ки ӯро мехоҳад. Масалан, қувва ва имкони себ, ки дар тухм мавҷуд аст, ба воситаи сурати тухм ҳифз шудааст; (3)

3) Ҳар феълияте феълияти дигарро аз худ меронад. Масалан, бо пайдоиши сурати себ, сурати тухм аз миён меравад.

Ва аз ҳамин натиҷа ду натиҷаи дигар низ метавон гирифт:

Аввал: дар ҳар воҳиди хориҷӣ ҷуз як феълият феълиятҳои дигар ҷузъи модда ҳастанд. Масалан, дар феълияти курсӣ танҳо сурати курсӣ феълияти курсӣ мебошад ва феълиятҳои дигар монанди феълияти чӯбу тахтаву мех ҷузъи моддаи курсӣ ҳастанд, на феълиятҳое дар баробари феълияти курсӣ;

Дуввум: ҳомили қувва ва имконҳо моддаи шайъ аст, на сурати он, зеро сурати пешин бо пайдоиш ва феълияти сурати пасин аз миён меравад ва маънӣ надорад, ки қобил ва пазирандаи чизе бо омадани мақбул ва матлуби худ аз миён биравад. (4)

4) Бо пайдоиши феълият, имкони он аз миён меравад. Масалан, тухми себ, ки имкон дар он мебошад, бо пайдоиши сурати себ имкони марбут ба ин сурати себи шахсиро аз даст медиҳад агарчи нисбат ба сурати дигар ва суратҳои моддии дигар имконро дарбар дорад; зеро чунонки тухми себ метавонад себ шавад, себ низ метавонад бо таҷзия чизи дигаре шавад ва билохира дар имтидоди сайру такопӯи табиии худ дубора себ шавад.

Ва дар натиҷа тухми себ масалан метавонад бе восита себи аввал ва бо воситаи кам ё зиёд себи дуввум ва чизҳои дигар шавад.

Ва аз ҳамин ҷо ду назарияи дигар низ равшан мешавад:

Аввал: моддаи ҷисмонӣ имкони суратҳои ғайримутаноҳиро дорад. Танҳо чизе, ки ҳаст ин аст, ки нисбат ба ҳар як аз суратҳо қабули хоссе дорад ва бо дурӣ ва наздикӣ ва доштан ва надоштани восита, ихтилоф пайдо мекунад;

Дуввум: модда ба воситаи имкон, ба дурӣ ва наздикӣ муттасиф мешавад, ва ин худ гувоҳи дигаре бар субути имкон мебошад; зеро ин дуриву наздикӣ сифатҳое ҳастанд хориҷӣ ва ночор ва ногузир мавсуфи онҳо низ монанди худ онҳо вуҷуд дорад. (5)

Бояд донист, ки дар ҳар ҷо нисбат ва иртиботи вуҷудӣ пайдо шавад чун чизеро ба чизе баста ва марбут месозад, ду тараф мехоҳад, ки якеро ба дигаре бибандад. Агар иртибот дар хориҷ аст, ду тарафи худро дар хориҷ мехоҳад, ва агар дар зеҳн аст, дар зеҳн, ва агар ба ҳасби фарз аст, дар фарз, ва аз ин рӯй бояд қазоват кард, ки:

“Нисбат миёни мавҷуд ва маъдум маҳол аст” (6)

* * *

Таълиқот:

(1) Матлаби дигаре, ки бояд равшан шавад ин аст, ки оё ҳамчунон ки бо омадани феълияти баъдӣ имкони қаблӣ аз миён меравад, сурати қаблӣ низ аз миён меравад ва поён меёбад ё на? Масалан, оё ҳамчунон ки имкони инсоният, ки қаблан дар нутфаи бахусус мавҷуд буд бо омадани феълияти инсоният аз миён хоҳад рафт, сурати хосси нутфа, ки маншаи осори бахусус буд аз миён меравад ё хайр? Албатта мақсуд аз сурати пешин, шаклу ҳайати пешин нест, мақсуд он феълияти хоссе аст, ки мабдаи осори ин шайъ аст ва муқаввими зот ва мабдаи фасли ахири ӯст.

Дар ин ки гузашта сад дар сад дар оянда боқӣ нест, шаке нест. Мусалламан нутфа, ки инсон мегардад, дар ҳоли ҳозир ҳолати нутфаӣ надорад ва қисмате аз осори худро аз даст додааст. Тухми мурғ пас аз ҷӯҷа шудан, ҳолати тухми мурғӣ ва қисмате аз осори худро аз даст медиҳад.

Ҳамчунин дар ин ки гузашта сад дар сад дар оянда маъдум нест ва чизе аз гузашта дар оянда мавҷуд аст, боз баҳсе нест. Он чи ки дар гузашта ва оянда боқӣ аст ва суратҳои гуногунро мепазирад, ба истилоҳи фалосифа “модда” номида мешавад. Ҳам ӯ буд, ки ҳомили истеъдоди сурат буд. Сухан дар ин аст, ки оё бо омадани сурати пасин сурати пешин аз миён меравад ё на? Боз дар ин ки пас аз омадани сурати пасин дигар сурати пешин шаъну мақоми худро ба унвони “сурат” ва муаррифи ҳақиқат ва моҳияти шайъ наметавонад ҳифз кунад, баҳсе нест, зеро агар сурати пешин ҳамон мақоми аввали худро ҳифз кунад, лозим меояд шайъи воҳид дар они воҳид дорои ду воқеияти ҷудогона ва ду моҳияти ҷудогона буда бошад.

Аммо бояд бибинем оё сурати пешин, ки аз мақоми худ маъзул мегардад ва сурати пасин ҷойи ӯро мегирад ба куллӣ маъдум мешавад ва сурати ҷадид комилан ҷадид аст ё фақат аз мақоми худ маъзул мешавад, аммо аз миён намеравад, балки ҷузъи моддаи шайъ қарор мегирад.

Дар ин ҷо ду назария аст: назарияи маъруфи қудамо назири Ибни Сино ин аст, ки сурати пешин ба куллӣ маъдум мегардад, масалан нутфа, ки ҳайвон мешавад, он сурат ва феълияте, ки милоки нутфа будан аст маъдум ва аз нав сурати комилан ҷадиде бар модда ифоза мешавад, ва ба истилоҳ он чӣ дар табиат рух медиҳад “халъу лабс” аст, яъне модда ҷомаеро меканад ва ҷомаи дигаре, ки аҳёнан комилтар аст мепӯшад. Барои модда мумкин нест бо доштани ҷома, ҷомаи дигар бипӯшад.

Аммо назарияи дигаре, ки мавриди таъйиди Садрулмутааллиҳин аст ин аст, ки сурати пешин ба куллӣ маъдум намешавад, балки фақат аз мақоми худ маъзул мешавад ва дигар “сурат” нест, ва ба истилоҳ, он чӣ дар табиат рух медиҳад “халъу лабс” нест, “лабси фавқи лабс” аст, ва асосан имкон надорад, ки модда ба куллӣ халъи сурат кунад ва сурати дигаре бипӯшад ҳарчанд замоне фосила нашавад.

Дар матни мақола баъдан дар бораи ин матлаб баҳс хоҳад шуд.

* * *

(2) Пӯшида намонад, ки чун улуми табиӣ дар раҳгузари худ танҳо аз чизҳое кунҷковӣ менамояд, ки қобили озмоиши моддӣ – ки бо абзорҳои моддӣ анҷом мегирад – буда бошад ва то кунун абзори моддӣ натавониста аз як ришта аз сифот ва нисбати вуҷудия монанди қувва ва имкон ва монанди ваҳдат ва тақаддуму таъаххур ва ҷуз онҳо кунҷковӣ кунад, аз ин рӯй фалсафаи моддӣ ва ба вежа материализми диалектик, ки ба гумони худ пайрав ё ҳамроҳи илму озмоиш роҳпаймоӣ мекунад, ба баҳс аз ҳувияти ин мавзӯот напардохта ва танҳо ба як ҷумла “ҳар чи ҳаст модда аст, ба ҷуз модда чизе нест” қаноат варзида, бо ин ки як силсила назариёти ҳассос зери сари ин мавзӯот мебошад ва бо ин ки ба ҳар баҳсе бипардозад, хоҳ нохоҳ ба истеъмоли вожаҳои имкону феълият, ва ҳаракату замон, ва ваҳдату касрат ва монанди онҳо гирифтор хоҳад шуд ва ночор бояд мафҳумеро, ки ба миён меоварад, аз мафоҳими дигаре, ки мушобеҳ ё наздик ба ӯянд, тамйиз бидиҳад. (Аллома Таботабӣ)

* * *

(3) Ин матлаб аз он чӣ гузашт ба хубӣ фаҳмида мешавад. Пас аз он ки собит шуд, ки имкони вуҷуди ҳар чиз қабл аз худаш вуҷуд дорад ва собит шуд, ки қувва ва имкон чизе нест, ки битавонад мустақиллулвуҷуд бошад, балки ҳамеша ба сурати як сифат дар шайъи дигар вуҷуд пайдо мекунад, пас шайъи дигаре низ қабл аз вуҷуди шайъи мавриди назар бояд вуҷуд дошта бошад, ки ҳомил ва нигаҳдорандаи имкони он шайъ буда бошад. Пас, ҳар чиз ҳамон тавр, ки масбуқ аст ба қувва ва истеъдод, масбуқ аст ба ҳомили истеъдод, ки истилоҳан “модда” номида мешавад, ва қаблан гуфтем, ки ҷумлаи маъруфи фалосифа:

كل شيء مسبوق بقوة و مادة تحملها

— нозир ба ҳамин матлаб аст.

Чизе, ки комилан бояд мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шавад ин аст, ки таъбироте аз қабили “ҳомил”, “нигаҳдоранда”, “ба дӯшгиранда” набояд моро гумроҳ кунад, бипиндорем, ки воқеан дар хориҷ ду чизи муҷаззо вуҷуд дорад, ки ба якдигар замима шудаанд ва яке аз онҳо дигареро ба дӯш гирифта ва нигаҳдорӣ мекунад, яке арз аст ва дигаре маъруз, балки ҳамчунон ки қаблан баён намудем, дугонагии инҳо ақлӣ ва таҳлилӣ аст, на айнӣ ва хориҷӣ, ва чунонки дар матн омадааст, қувва ё имкони истеъдодӣ як навъ нисбат аст миёни ҳозир ва оянда, ва медонем, ки нисбат вуҷуди мустақилле аз ду тараф надорад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки баҳсе, ки маъмулан барои исботи лузуми моддаи қаблӣ мешавад мабнӣ бар ин ки “имкон ё ҷавҳар аст ё араз лекин ҷавҳар наметавонад бошад, пас араз аст” он гоҳ мегӯянд, “акнун, ки араз аст оё аз мақулаи кайф аст ё аз мақулаи изофа ё аз мақулаи дигар?”, қобили муноқиша аст, зеро чунонки қаблан гуфтем, истеъдод ё имкони истеъдодӣ “таъайюн”-и хосси модда аст, ва ба иборати дақиқтар: истеъдод ҳамон модда аст бо эътибори “таъайюн”. Яъне “истеъдод” иборат аст аз “моддаи мутаъайина”, як воқеият аст, ки ҳам мисдоқи модда аст ва ҳам мисдоқи истеъдод, на ин ки воқеияте ориз бар воқеияти дигар шуда бошад. Бинобар ин, мафҳуми истеъдод аз қабили соири мафоҳими фалсафӣ — яъне вуҷуд, адам, зарурат, имкон… — аст, ки таҳти ҳеч мақулае дарнамеоянд ва аз мақулот хориҷанд. Ва агар бихоҳем “араз”-ро аъамм бидонем аз он чӣ дар зарфи хориҷ ориз бар маъруз мешавад ва он чӣ дар зарфи зеҳн ориз мегардад, шомили ин гуна умур низ мегардад, вале дар ин сурат бояд таърифи дигаре аз “араз” бинамоем. Шояд ба тавфиқи Худо дар мақолаи “Ҷавҳар ва араз” (мақолаи 13) фурсате барои ин баҳс пайдо кунем.

* * *

(4) Масъалае, ки мавриди иттифоқи тамоми фалосифа аст ин аст, ки гузашта ва оянда аз якдигар гусаста нестанд; гузашта аст, ки ба сурати оянда даромадааст. Он чӣ мавриди ихтилоф аст яке ин аст, ки оё воқеан “сурат” ба мафҳуме, ки фалосифаи арастуӣ мӯътақиданд, вуҷуд дорад ё на? Дигар ин ки дар таҳаввулоту тағйироте, ки рух медиҳад ва қатъан гузашта бидуни тағйир ва якнавохт дар оянда боқӣ нест, оё сурати арастуӣ боқӣ аст ё аз миён меравад? Ба дунболи ин матлаб, матлаби дигар пеш меояд, ва он ин ки фаразан суратро ба мафҳуми арастуӣ пазируфтем ва ҷисмро мураккаб аз модда ва сурат донистем, оё он чизе, ки ҳомили истеъдод аст ҷузъи моддии ҷисм аст ё ҷузъи сурии он?

Мусалламан, агар гуфтем дар хилоли тағйироти ҷавҳарӣ, ки барои ҷисм пеш меояд сурати пешин аз миён меравад ва сурати пасин ҷойи онро мегирад, бояд бигӯем ҳомили имкон ҷузъи моддии ҷисм яъне ҷузъи собит ва боқии он аст, на ҷузъи сурӣ ва ғайрибоқии он. Зеро ҳомили имкон ҳамон аст, ки пазирандаи сурати пасин аст ва ҳамчунон ки дар матн омадааст: “Маънӣ надорад, ки қобил ва пазирандаи чизе, бо омадани мақбулу матлуби худ аз миён биравад”.

Албатта, баёни боло мубтанӣ бар ин аст, ки аввалан назарияи арастуии таркиби ҷисм аз модда ва суратро ба ин сурат бипазирем, ки ҷисм дорои ду ҷузъи хориҷӣ аст: яке моддӣ ва яке сурӣ. Ва сониян чунин мӯътақид бошем, ки дар ҷараёни таҳаввулоте, ки рух медиҳад, ҷузъи сурӣ аз миён меравад ва ҷузъи моддӣ боқӣ мемонад. Аммо агар асоси назарияи арастуиро напазирем ё ин ки онро ба унвони таркиби иттиҳодӣ на инзимомӣ тавҷеҳ кунем ё бо қабули ҳамаи онҳо, қабул накунем, ки дар ҷараёни таҳаввулоти ҷисмонӣ ҷузъи сурӣ лузуман аз миён меравад, назарияи боло (ҳомили имкон моддаи шайъ аст на сурати ӯ) аз миён хоҳад рафт ё шакли дигар ба худ хоҳад гирифт. Матолиби оянда ин матлабро тавзеҳ хоҳад дод.

* * *

(5) Ҳолате нест, ки дар он ҳолат тамоми имконоти моддаи ҷисмонӣ аз вай салб шавад. Моддаи ҷисмонӣ на маъдум мегардад ва на аз вай салби имкон мешавад. Аз ин рӯ мегӯем моддаи ҷисмонӣ имкони суратҳои ғайримутаноҳиро дорад, вале нисбати модда дар ҳар ҳоле бо ҳар як аз суратҳои ғайримутаноҳӣ, ки ҳомили имкони онҳо ҳаст яксон нест; нисбат ба баъзе ин имконро дорад, ки қарибан онҳоро бипазирад яъне омодагии комил нисбат ба онҳо дорад ва нисбат ба баъзе ин имконро дорад, ки пас аз пазируфтани суратҳои дигар омодагии комили пазириши онҳоро дошта бошад. Агар нисбати истеъдодот ва имконотро бо баъзе аз феълиятҳо бисанҷем, мебинем, ки баъзе аз онҳо ба он феълият наздиканд ва баъзе дур. Масалан, агар истеъдоди нутфаро нисбат ба феълияти инсоният бисанҷем, мебинем ин истеъдод ба феълияти инсоният наздиктар аст, вале агар нисбати себро бо он бисанҷем, мебинем дур аст, яъне мумкин аст себ инсон бишавад, аммо бо ин тартиб, ки мароҳиле аз феълиятҳоро тай кунад, то ин ки ҷузъи бадани инсон шавад ва табдил ба нутфа гардад ва нутфа инсон шавад. Пас, истеъдоди себ барои инсон шудан, истеъдоде аст, ки бо феълияти инсоният фосилаи зиёде дорад.

Ҳамин иттисофи имконот ва истеъдодот ба дурӣ ва наздикӣ (ва биттабаъ иттисофи моддаи ҳомили онҳо) худ гувоҳи дигаре аст бар ин ки ин имконот ҷанбаи воқеӣ ва ҳақиқӣ доранд, зеро дурӣ ва наздикӣ аз умури воқеӣ ва хориҷӣ мебошанд ва ночор мавсуфи онҳо яъне имконот ва истеъдодот низ воқеӣ ва хориҷӣ хоҳанд буд.

* * *

(6) Дар ин ки “нисбат миёни мавҷуд ва маъдум маҳол аст” наметавон тардид кард. Нисбат робита аст. Робита бидуни муртабитайн маънӣ надорад. Чизе, ки ҳаст наҳваи субут ва таҳаққуқ мухталиф аст. Гоҳе ба ин наҳв аст, ки ду тарафи нисбат вуҷуди ҳақиқӣ доранд ва ҳар кадом аз онҳо аз як камоли вуҷудӣ ҳикоят мекунанд. Вақте, ки он дуро ба якдигар нисбат медиҳем, дар ҳақиқат ҳукм кардаем ба навъе иртиботи иттиҳодӣ ё ғайрииттиҳодӣ миён ду мартиба аз вуҷуд. Масалан, агар ҳукм мекунем, ки “Зайд доно аст”, мафҳуми Зайд аз як шахсияти инсонӣ ҳикоят мекунад, ки ба худии худ мавҷуд аст ва мафҳуми доно аз як камоли вуҷудии дигар ҳикоят мекунад. Ҷумлаи “Зайд доно аст” аз иртиботи иттиҳодии ин ду вуҷуд ҳикоят мекунад, ки Зайд дар як мартиба аз маротиби вуҷуди худ айни вуҷуди доност.

Вале мумкин аст яке аз тарафайни иртибот (маҳмул — маҳкумун биҳи) аз як камоли вуҷудӣ ҳикоят накунад, аз як амри эътиборӣ ва интизоъӣ ва ё аз як ҷиҳати адамӣ ҳикоят кунад, мисли ин ки мегӯем, “Зайд нобино аст”. Нобиноӣ амри адамӣ аст, мафҳуме аст, ки аз фоқид будани Зайд биноиро интизоъ шудааст. Вуҷуди Зайд ба наҳве аст, ки нобиноӣ аз он интизоъ мешавад он чунон ки масалан хатти мутаноҳӣ ба наҳве аст, ки нуқсон, ки мафҳуме адамӣ аст аз ӯ интизоъ мешавад ва хатти нимметрӣ ба наҳве аст, ки “анқсият” нисбат ба хатти якметрӣ аз ӯ интизоъ мешавад ва нобиноӣ мавҷуд аст аммо на ба вуҷуди дигаре ғайр аз вуҷуди Зайд, балки ба нафси вуҷуди Зайд, ҳамчунон ки нуқсон мавҷуд аст аммо на ба вуҷуди дигаре ғайр аз вуҷуди хатт, ҳамон тавре, ки ҳар амри интизоъӣ мавҷуд аст лекин ба вуҷуди маншаи интизоъ. Пас, робита миёни Зайд ва нобиноӣ аз қабили робита миёни мавҷуд ва маъдум нест, балки аз қабили робита миёни мавҷуди ҳақиқӣ ва мавҷуди интизоъӣ аст. Он чӣ маҳол аст иборат аст аз робита миёни мавҷуд ва миёни маъдуме, ки ба ҳеч наҳв аз анҳои вуҷуд дар зарфи нисбат мавҷуд нест.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: