Низоми иқтисодии ислом (3)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши аввал: Таърифи иқтисод ва мафоҳими иқтисодӣ (1)

Иқтисод чист?

Инсон барои бақо ва ҳаёти худ, эҳтиёҷ дорад ба чизҳое аз қабили ғизо, либос ва маскан, ки “васоили маош” номида мешаванд. Инсон ба ғайри ин умур низ эҳтиёҷ дорад, аз қабили эҳтиёҷоти хонаводагӣ, яъне зану фарзанд, эҳтиёҷоти фарҳангӣ, эҳтиёҷоти маънавӣ ва динӣ, эҳтиёҷоти сиёсӣ, яъне ҳукумат ва он чӣ марбут ба шуъуни ҳукумат аст, ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ аз қабили қазоват.

Дар миёни эҳтиёҷоти инсон, авлотарини онҳо эҳтиёҷоти иқтисодӣ аст, яъне умуре, ки инсон дар ҳаёт ва бақои шахсии худ ба онҳо ниёзманд аст ва бидуни онҳо қодир ба идомаи ҳаёт нест.

Агар фарз кунем замоне будааст, ки инсон танҳо зиндагӣ мекардааст яъне ҳеч гуна иштироки масоъӣ (кӯшишҳо) миёни афрод набудааст ва ҳар кас худаш шахсан мояҳтоҷи зиндагии худро таҳия мекарда ва ба масраф мерасонидааст, дар он замон иқтисод мавзӯъ надоштааст, ҳамон тавре, ки як гала оҳу бо ҳам чаро мекунанд, вале ҳеч гуна равобите, ки битавон номи онҳоро равобити иҷтимоӣ ё иқтисодӣ ниҳод, дар миёни онҳо вуҷуд надорад. Вале аз он замон, ки иштироки масоъӣ (кӯшишҳо) ва тақсими кор ва вазоиф дар миёни афрод ба вуҷуд омадааст ҳарчанд дар соддатарини шаклҳояш — яъне дар ҳавзаи хонаводагӣ, ки раиси хонавода мудирияти ин иҷтимои кучакро ба ӯҳда доштааст — хоҳ нохоҳ равобити иҷтимоӣ ва муносиботи иҷтимоӣ миёни афрод барқарор шуда ва қаҳран пойи тақсими васоили маош низ ба миён омадааст, яъне миёни афрод равобити соддаи иқтисодӣ низ барқарор шудааст, хоҳ он ки васоили маошро бо кор эҷод карда бошанд, яъне “тавлид” сурат гирифта бошад, ва ё сирфан ба сурати омода аз табиат ба даст оварда бошанд мисли ин ки моҳиро аз об ва меваро аз дарахт гирифта бошанд, ва хоҳ он ки тақсими мояҳтоҷ ба сурати мутасовӣ (баробар) сурат гирифта бошад ё мутафовит, яъне, он ки қавитар ва коромадтар буда саҳму насиби бештаре доштааст.

Пас, равобити иқтисодӣ ҳангоме вуҷуд пайдо мекунад, ки миёни афрод равобити иҷтимоӣ барқарор шавад, яъне иштироки масоъӣ (кӯшишҳо) ва тақсими кору вазифа вуҷуд пайдо кунад ва ба воситаи маҳдуд будани умури маошӣ, эҳтиёҷ ба тақсиму тавзеъ пайдо шавад. Аммо агар фарз кунем, ки инсонҳо ба воситаи эҳтиёҷоти хонаводагӣ ва сиёсӣ ва фарҳангӣ ночор ба зиндагии иҷтимоӣ бошанд, вале васоили маошӣ он қадр вофир бошад, ки ҳама чиз монанди ҳаво — ки дар айни ин ки заруритарини васоили ҳаётӣ аст дар ихтиёри ҳама аст — дар ихтиёри ҳама бошад, пойи тақсиму тавзеъ ба миён намеояд ва қаҳран равобити хосси иқтисодӣ яъне моликияти фардӣ ё иштирокӣ, ҳақ, авлавият ва ғайра дар миёни онҳо барқарор нахоҳад шуд.

Равобити иқтисодӣ монанди соири равобити иҷтимоӣ умури қарордодӣ аст. Дар равобити иҷтимоӣ мафоҳиме аз қабили: риёсату маръусият, завҷият, вуҷуби итоат ва ғайра ба миён меояд, ва дар равобити хосси иқтисодӣ мафоҳиме аз қабили: моликият, мамлукият, ҳақ, мубодила ва ғайра ба миён меояд. Яъне ҳамин ки иштироки масоъӣ ва тақсими кор зарурат пайдо кард, як силсила эътиборот ва мафоҳими эътиборӣ ва қонунӣ зарурат пайдо мекунад. Он силсила аз мафоҳими эътиборӣ, ки марбут аст ба тавлид ва тақсим ва тавзеъи сарват ва васоили маош, “равобити иқтисодӣ” номида мешавад.

* * *

Тавлид

Инсон бо аксари ҳайвонот ин тафовутро дорад, ки ғолиби ҳайвонот маоши худро аз табиат ба сурати омодаӣ дарёфт мекунанд ва худ қодир ба тавлиди онҳо нестанд, яъне лузуме надорад, ки миқдоре кор рӯи маводди табиӣ анҷом диҳанд, то омода шавад, ва ҳам қодир ба анҷоми чунин корҳое нестанд, вале инсон аз тарафе мулзам аст ба ин ки ғолиби васоили маоши худро бо кор омода кунад, ва ҳам истеъдоди чунин корҳое дар ӯ ҳаст, балки метавон гуфт, дар матни хилқат байни ин эҳтиёҷ ва ин қудрат иртибот барқарор аст.

Албатта баъзе ҳайвонот низ ҳастанд, ки васоили маоши худро бо кор омода мекунанд ва муваллид ба шумор меоянд, монанди занбӯри асал ва баъзе мӯрчагон, ки ҳам зироат доранд ва ҳам домдорӣ. Ва чун тавлид низ маъмулан инфиродӣ нест, иштирокӣ ва таъовунӣ аст, қаҳран равобит ва муқаррароти хоссеро эҷоб мекунад. Пас, равобити иқтисодӣ ва қонунӣ, ба равобите, ки дар боби тақсим, тавзеъ ва масрафи васоили маош зарурат пайдо мекунад мунҳасир нест, як силсила равобит низ хоҳ нохоҳ дар тавлид миёни афрод барқарор мешавад, монанди робитаи муздбигирӣ ва фурӯши кор ва мазореъа ва ғайра. Пас, равобити иқтисодӣ аз тарафе ба воситаи тавлид ва аз тарафе ба воситаи тақсиму тавзеъи сарват барқарор мешавад, яъне чун сарват ғолибан дар аввал бояд тавлид ва сипас тақсиму тавзеъ шуда ва ҳама ба он эҳтиёҷ доранд ва вофир ва ройгон нест, қаҳран равобити иқтисодӣ ба миён меояд. Вале равобити тавлидӣ марбут аст ба арзиши кор, ва арзиши кор ихтисос надорад ба корҳое, ки дар тавлид анҷом мегирад; корҳои ғайритавлидӣ яъне корҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ арзиш дорад. Дар онҷо низ равобити хосси иқтисодӣ ба миён меояд, балки арзиши кор тобеъи арзиши иқтисодӣ нест, яъне ин тавр нест, ки мунҳасиран милоки арзиши кор ҳоҷати иқтисодӣ бошад; милоки арзиши кор, ҳамаи эҳтиёҷоти табиӣ ва фитрӣ аст, иқтисод яке аз эҳтиёҷоти табиӣ ва фитрӣ аст. Мо дар оянда дар фасли “арзиш” рӯи ин ҷиҳат иншоаллоҳ баҳс хоҳем кард.

* * *

Ду навъи робита

Равобити иқтисодӣ ду навъ аст: равобити таквинӣ ва табиӣ, ва равобити эътиборӣ ва қонунӣ (ва ба иборати дигар, ду навъ иқтисод дорем: иқтисоди табиӣ ва иқтисоди барномаӣ).

Равобити табиӣ иборат аст аз як силсила равобити иллӣ ва маълулӣ, ки хоҳ нохоҳ дар умури иқтисодӣ пеш меояд, мисли равобити марбут ба арза ва тақозо ва баҳо дар иқтисоди озод ва мубодилаӣ: таварруми пул, афзоиш ва коҳиши қиматҳо, бекорӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, суд, зарар, музд, молиёт ва амсоли инҳо. Аммо равобити эътиборӣ ва қарордодӣ иборат аст аз қавонини марбут ба ҳуқуқ ва моликиятҳои шахсӣ ё иштирокӣ.

* * *

Таъсири равобити табиӣ ва равобити қарордодӣ дар якдигар

Аз ҷумлаи масоили қобили таваҷҷӯҳ, таъсири равобити табиӣ ва қарордодӣ дар якдигар аст. Равобити табиӣ бо кору санъат ва такомули абзори тавлид ва рақобатҳо ва тамаркузҳо муртабит аст ва ба ақидаи марксистҳо, такомули абзори тавлид хоҳ нохоҳ сабаб мешавад, ки қавонини иқтисодӣ тағйир ёбад. Ба иборати худи онҳо, “такомули абзори тавлид сабаби тағйир дар равобити ҳуқуқии афрод мегардад”, яъне онҳо равобити қарордодиро сад дар сад тобеъи абзори тавлид, ки ҳоким бар равобити табиии иқтисодӣ мебошад медонанд, яъне мегӯянд, такомули абзори тавлид сабаб мешавад, ки равобити табиии иқтисодӣ тағйир ёбад ва ин тағйир хоҳ нохоҳ сабаби тағйири қаҳрӣ ва қатъӣ дар қавонин ва муқаррароти иқтисодӣ мешавад. Усулан ҳар қонуни иқтисодӣ ношӣ ва ҳокӣ аз як марҳилаи хосс аз мароҳили такомули абзори тавлид асту бас.

Шояд аз назари марксистҳо таъсири равобити эътиборӣ дар равобити табиии иқтисод мафҳуме надошта бошад ва аз назари баъзе дигар баръакс, таъсири равобити табиӣ дар равобити эътиборӣ мафҳуми дурусте надошта бошад.

Аммо ҳеч як дуруст нест. Ҳам муқаррароти иҷтимоии хосс ҷараёноти табиии иқтисодии хоссеро ба дунболи худ меоварад, ва ҳам равобит ва осори табиӣ хоҳ нохоҳ як силсила муқаррароти ҷадидеро эҷоб мекунад. Вале матлаби асосӣ ин аст, ки оё муқаррароти иқтисодӣ, яъне равобити эътибории иқтисод, мабное ҷуз васоили тавлид надорад? Ё он ки ин муқаррарот — ки як силсила муқаррароти иҷтимоӣ ба маънои ахасс аст — ношӣ аз як силсила ҳуқуқи табиӣ аст мустақил аз абзори тавлид? Ихтилофи назари асосии мо бо марксистҳо дар ин қисмат аст.

* * *

Мубодила

Яке аз масоили марбут ба иқтисод, мубодила аст. Мубодила фаръ бар моликияти фардӣ аст. Иқтисоди мубодилаӣ яъне иқтисоди мабнӣ бар моликияти фардӣ. Мубодила гоҳе ба сурати мубодилаи коло ба колост, ки дар иҷтимоъоти аввалия вуҷуд дошта, ва гоҳе бо миёнҷигарии пул аст, ки мусалламан дар асари рушду тавсиъаи иқтисод чорае набуда аз ин ки воситае барои мубодилот пайдо шавад. Мусалламан то вақте, ки зиндагии иҷтимоии башар дар ҳудуди зиндагии хонаводагӣ буда на бештар, мубодила вуҷуд надоштааст. Зиндагии хонаводагӣ табдил шуда ба зиндагии қабилаӣ. Оё дар зиндагии қабилаӣ низ моликияти фардӣ ва мубодила вуҷуд надоштааст он тавр, ки сотсиалистҳо муддаӣ ҳастанд? Ва ё башар ба сирфи ин ки по аз зиндагии хонаводагӣ ба зиндагии иҷтимоӣ гузошт, пойи моликияти фардӣ ва мубодила ба миён омад? Матлабе аст, ки баъдҳо бояд дар бораи он баҳс кунем.

* * *

Пул

Яке аз масоили иқтисодӣ “пул” аст. То замоне, ки зиндагии иҷтимоии башар тавсиъаи зиёде надошт ва тақсими кор ва тахассус, зиёд ба миён наомада буд, ҳоҷатҳои афрод ба осонӣ қобили мубодила буд, яъне афрод ба суҳулат метавонистанд он чиро, ки эҳтиёҷ доранд ба василаи мубодила бо чизе, ки худ тавлид мекунанд ва мавриди эҳтиёҷи тавлидкунандаи колои мавриди ниёз аст, ба даст оваранд. Вале тадриҷан дар асари такомули санойеъ ва тавсиъаи эҳтиёҷот ва танаввуъи онҳо ва издиёди равобит ва тақсим ва тахассуси бештар, мубодила дучори ишкол шуд, ночор лозим шуд, ки шайъи хоссе, ки дорои арзиши зотӣ ё эътиборӣ ва тазминӣ бошад, ба миён биёяд, ки он “пул” аст.

Дар боби пул мабоҳисе ҳаст. Яке ин ки оё арзиши тилло ва нуқра зотӣ аст? Яъне аз он ҷиҳат восита воқеъ шуда, ки мавриди эҳтиёҷи ҳама аст ва дар ҳамаи замонҳо мавриди эҳтиёҷ аст, ва ба илова кӯҳна ва фосид намешавад, ва ба илова сабук ва қобили ҳамлу нақл аст? Ё иллати дигар дорад ва ҷанбаи қарордодӣ дорад?

Матлаби дигар ин ки дар чӣ марҳила аз мароҳили таърихии иҷтимои башар ва дар чӣ даврае аз адвори таърих, пул роиҷ шудааст? Инҳо матолибе аст, ки дар оянда бояд аз онҳо баҳс кунем.

* * *

Арзиш

Яке дигар аз масоили марбут ба иқтисод, арзиш ё қимат аст. Дар иқтисодҳои мубодилаӣ, колоҳо қиматҳои мутафовите доранд; қиматҳо болову пойин мераванд. Гоҳе як чиз аз як чизи дигар гаронтар ва гоҳе арзонтар мешавад. Гоҳе бо ин ки қиматҳо болост, чун пул бештар аст рифоҳ бештар аст. Ва гоҳе дар айни таназзули қимат, зиндагӣ сахт аст. Гоҳе боло рафтани қиматҳо, боиси сахтии маишат аст. Чӣ робитае миёни инҳо ҳаст? Аввалан, арзиш аз куҷо пайдо мешавад? Ин масъала як масъалаи фалсафӣ аст. Сониян, иллати боло рафтанҳо ва пойин рафтанҳо чист? Чӣ гуна метавон рифоҳро таъмин кард? Чӣ гуна метавон қиматҳоро тасбит кард? Инҳо як силсила масоили дигар аст, ки дар оянда аз онҳо иншоаллоҳ баҳс хоҳем кард.

* * *

Мароҳили зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Масъалаи дигар ин аст, ки башар аз лиҳози иҷтимоӣ ва иқтисодӣ чӣ мароҳилеро тай кардааст? Ба ақидаи сотсиалистҳо, зиндагии башар аз ибтидо то асри ҳозир чаҳор марҳиларо тай кардааст:

а) Иштироки аввалия;

б) Феодализм;

в) Сармоядорӣ;

г) Сотсиализм.

Ин аҳволу атвор бояд бо гуфтаи нависандагони таърихи тамаддун комилан татбиқ ва муқоиса шавад. Яъне бояд дид, башар дар ҷамиъи шуъуни зиндагии худ — аз фарҳангу сиёсату ақоиди мазҳабӣ — чӣ мароҳилеро тай кардааст, то мароҳили иқтисодӣ низ равшан шавад. Дар оянда иншоаллоҳ дар бораи ин ҷиҳат низ сухан гуфта хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: