Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (227)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (11)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 5

* * *

Ин Ҳумайро лафзи таънис асту ҷон,

Ном таънисаш ниҳанд ин тозиён.

Исми Ҳумайро, ки мусағғари “Ҳамро” аст, калимае муаннас аст, чунонки лафзи ҷон низ дар миёни арабҳо ба сурати муаннас (нафс ё руҳ) истеъмол мешавад.

Лек аз таънис ҷонро бок нест,

Руҳро бо марду зан ишрок нест.

Лекин руҳ аз ин ки ба сурати муаннас зикр мешавад боке надорад, зеро руҳ синхияте бо марду зан будан надорад. Яъне руҳи инсонӣ олитар аз ин аст, ки муаннас ё музаккар бошад.

Нукта: Дар ин байт ва абёти баъдӣ, Мавлоно мегӯяд, ки барои вусул ба мақоми вилоят ва иттисол бо Ҳақ, миёни марду зан ҳеч тафовуте нест.

Аз муаннас в-аз музаккар бартар аст,

Ин на он ҷон аст, к-аз хушку тар аст.

Зеро руҳ аз ҷинсияти марду зан бартар аст. Албатта, ин руҳеро, ки ман зикр кардам, манзурам он руҳи хушку тар нест. Яъне он руҳи ҳайвонӣ нест, ки омезае аст аз мизоҷҳои хушкиву тарӣ ва гармиву сардӣ, балки ин руҳ, ҷавҳаре муҷаррад ва латиф ва муфориқ аз олами модда аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.612)

Ин на он ҷон аст, к-афзояд зи нон,

Ё гаҳе бошад чунин, гоҳе чунон.

Ин руҳе, ки мавриди назари ман аст, он руҳе нест, ки бо нону ғизо рушд кунад ва гоҳе чунину гоҳе чунон бошад. Яъне гоҳе ба василаи тамҳидоти моддӣ ва умури дунявӣ тавонманд шавад ва гоҳ бо набудани онҳо ба нотавонӣ гарояд. (Ҳамон, с.613)

Хушкунандасту хушу айни хушӣ,

Бехушӣ набвад хушӣ, эй мурташӣ!

Ин руҳ хушкунандаи руҳи ҳайвонӣ ва бадани инсонӣ нест ва зотан хуш аст ва худ айни хушӣ аст. Зеро нохушӣ айни хушӣ нест, эй касе, ки барои найл ба муродат ришва мегирӣ!

Мурташӣ: ришвагиранда.

Нукта: Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ гӯяд: “Яъне чунонки руҳи муҷаррад илми ҳузурӣ дорад ба худ, ва дар ин илм, худ олим ва худ маълум ва худ айни илме аст, ки қоим ба зот, ва дар боби хостани худ ва ишқ ба худ, худ ошиқ ва худ маъшуқ ва худ айни ишқи қоим ба зот аст ва ҳар чиро, ки мехоҳад, аз қуво ва аъзо ва мулойимат ҳамаро ба воситаи худ мехоҳад… чӣ, салби шайъ аз нафс маҳол аст ва зотӣ тахаллуф намекунад, вале ориз тахаллуф мекунад…” (Шарҳи асрор, с.62) Яъне амри зотӣ аз шайъ мунфак намешавад, масалан гарморо аз оташ наметавон гирифт, ки дар айни ҳол, оташ оташ бошад.

Чун ту ширин аз шакар бошӣ, бувад,

К-он шакар гоҳе зи ту ғоиб шавад?

Ба унвони мисол, агар ту аз шакар ширинӣ эҳсос кунӣ, оё мумкин аст, ки он шакар аз ту ҷудо шавад?

Нукта: Вақте маншаи ширинӣ ва ҳаловате, ки эҳсос мекунӣ, шакар бошад, яъне руҳи илоҳӣ сабаби инбисоти хотири ту гардад, оё мешавад, ки ширинии он руҳ аз ту ҷудо гардад? (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.613)

Чун шакар гардӣ зи таъсири вафо,

Пас шакар кай аз шакар бошад ҷудо?

Ҳар гоҳ ту аз таъсири вафои ҳазрати Субҳон, ба шакар мубаддал шавӣ, яъне руҳи илоҳӣ шавӣ ва ҳаловате аз он дар ту ҳосил шавад, дигар кай метавон шириниро аз шакар ҷудо кард? Яъне ҳаловатҳои руҳонӣ ҷузъи зоти он руҳ аст ва миёни онҳо инфикок мумкин нест.

Нукта: Ин хушиву инбисот сифати зарурии руҳи илоҳӣ аст ва ҷудоӣ ва ифтироқи ин ду муяассар нест. Дар чанд байти фавқ, ин матлаб гуфта шудааст, ки: “Чун солик аз “талвин” бираҳад ва ба дараҷаи “тамкин” расад (дар зайл, маънои талвин ва тамкин баён хоҳад шуд) ва аз таъсири вафо ба аҳди илоҳӣ ва таҳаммули риёзоти сахт, аз олоиш пок шавад, он гоҳ хушӣ аз даруни ҷони ӯ мерӯяд ва дар хушӣ ғарқ ва бо он муттаҳид мегардад, ва дар ин ҳолат, хушиву завқ аз вай ҷудоӣ намепазирад ва салби завқу хушӣ аз вай маҳол аст, чунонки наметавон гуфт, ки шакар шакар нест… вале то солик дар мақоми “талвин” аст ва “ҳол” баночор аҳволи гуногун бар қалбаш ба таъоқуб ворид гардад ва маҳкуми хушиву нохушӣ ва қабзу баст аст ва бад-он кас монад, ки даҳони худро ба шакар ширин месозад, ки ширинии комаш мавқуфи мазидани шакар аст.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.816-817)

Талвин: дар луғат ба маънои гуногун кардан аст, ва дар истилоҳи урафо, аҳволи дигаргун ва нопойдори соликро гӯянд. Касе, ки дар сулук ҳанӯз ба мақсад нарасида аз ҳоле ба ҳоле ва сифате ба сифате мегардад, гоҳе қалби солик ба кашфи ҳақиқӣ ноил мешавад ва гоҳ дар ҳиҷоб фурӯ меравад.

Тамкин: дар луғат ба маънои побарҷо кардан аст, ва дар истилоҳи урафо иборат аст аз давоми кашфи ҳақиқат, зеро ки дар ин мартиба, қалби солик дар мақоми қурб истиқрор ёфтааст. Бинобар ин, талвин сифати арбоби аҳвол аст ва тамкин сифати асҳоби ҳақоиқ. (Рисолаи Қушайрия, с.121)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: