Интизори суннӣ аз шиъа чист ва интизори шиъа аз суннӣ кадом аст?

Ба баҳонаи ҳафтаи ваҳдати исломӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар айёми милоди мубораки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамасола дар Эрони Исломӣ ҳафтаеро ба унвони ҳафтаи ваҳдат ҷашн мегиранд. Дар ин ҳафта, аз тамоми кишварҳои исломӣ уламо, шахсиятҳо ва фаъолони ҳавзаи дин дар шаҳри Теҳрон гирд омада ва мушкилоти пеши рӯи уммати исломиро баррасӣ ва барои ҳалли онҳо роҳкорҳое пешниҳод мекунанд. Ин иқдом, воқеан, иқдоми мубораке аст ва бояд аз баргузоркунандагони он тақдиру ташаккури шоиста ба амал ояд. Аммо…

Бо вуҷуди ин иқдомот дар заминаи ҷомаи амал пӯшидани ваҳдат миёни пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ, вале ҳанӯз он ваҳдати ҳақиқие, ки ба амал омаданаш орзуи ҳар мусалмони дилсӯзе ба шумор меравад, таҳаққуқ наёфтааст. Ҳанӯз мусалмонон шоҳиди иншиқоқ, тафриқа, ҷудоӣ ва гоҳе душманӣ миёни ҳам мебошанд. Сабабаш чист?

Дар ин навиштор, нигоранда мехоҳад андешаи худро дар ин замина баён бидорад. Ба назари камина, сабаби истимрори тафриқаву ҷудоӣ миёни бархе аз пайравони мазоҳиби исломӣ, хусусан миёни шиъаён ва пайравони баъзе мактабҳо (ба хусус салафият) дар чанд чиз нуҳуфтааст, ки баён хоҳам дошт:

* * *

1) Ҷаҳолат ва адами шинохти кофӣ аз якдигар:

Бо ин ки замони мо, замони иттилоот маҳсуб мегардад ва метавон ба осонӣ аз ахбори ҳар касу ҳар чизе зуд огоҳ шуд, вале дар заминаи ойину мазҳаб, ҳанӯз ба касоне бармехӯрем, ки гӯи дар даврони қуруни вусто ба сар мебурда бошанд. Чунин касоне дар бораи як мазҳаби муайян ва ё пайравонаш, дар зеҳни худ тасаввуроте доранд, ки вақте инсон онҳоро мешунавад, ҳайратзада мешавад.

Масалан, бо ин ки уламои шиъа мукаррар гуфтаанд ва низ дар китобҳову муаллафоти хеш ёдоварӣ намудаанд, ки Қуръони Карим таҳрифшуда нест ва имрӯз, Қуръоне, ки як нафар шиъа ба он эътиқод дорад, ҳамон Қуръоне аст, ки як нафар суннӣ ба он мӯътақид аст, вале боз мебинем бархеҳо гумон мекунанд, шиъаён ба Қуръони дигаре ғайр аз Қуръони мутадовал эътиқод доранд. Ва агар дар ин миён шиъаён ҳазорон далел биёваранд, ки: на, шумо иштибоҳ мекунед, чунин нест, аммо боз ҳам мебинем он баъзе, бо тамассук ба порае аз ривоёт дар манобеи шиъа ва ё дидгоҳи бархе аз уламои беноме чун Нурӣ ва китоби ӯ, ки бо мухолифати шадиди соири уламои шиъа мувоҷеҳ шудааст, бар лаҷоҷати хеш идома медиҳад.

Он гоҳ вақте кор ба лаҷоҷату бигӯмагӯ мекашад, бархе аз шиъаён низ суроғи китобҳои аҳли тасаннун рафта, аз лобалои онҳо ривоётеро пайдо мекунанд, ки дар онҳо бархе аз саҳоба иброз доштаанд, ки гӯи порае аз оятҳои қуръонӣ дар замони Расули Акрам (с) тиловат мешуда ва баъдҳо аз Қуръон ҳазф шудааст.

Ҳамчунин, дар заминаи масоиле чун тақия, адолати саҳоба, никоҳи муваққат ва ғайра, ба иллати адами ошноии кофии бархеҳо аз моҳияти масоили номбурда дар назди шиъаён, бар онҳо метозанд, ки шумо чунин мегӯеду чунон ва ислом аз ин гуфтаҳову мӯътақадоти инчунинии шумоён безор асту барӣ.

Ба унвони мисол, салафиҳо, тақияеро, ки шиъа ба он қоил аст, навъе нифоқ меангоранд, ҳол он ки моҳияти тақия дар назди шиъаён (чунон ки Шайх Садуқ, ки суханаш қавли фасл назди шиъаён маҳсуб мегардад мегӯяд) иборат аст аз: “пӯшида доштани эътиқод аз мухолифон ва тарки мубориза бо онон, ба далели зарари динӣ ё дунявӣ.” (1) Ба иборати дигар, тақия ба ин маъност, ки: “як фарди мусалмон барои наҷоти ҷони худ, аз анҷоми бархе аъмол парҳез кунад. Ба унвони намуна, агар мусалмоне дар баробари куффор қарор гирад ва хатари ҷонӣ ӯро таҳдид кунад, ӯ метавонад мусалмон будани хешро пинҳон кунад.” (2) Ин аст ҳақиқати тақия дар назди шиъаён.

Ҳоло камина дидгоҳи яке аз салафияро дар бораи “ҷоиз будани талаффузи калимаи куфр дар ҳолати таҳдид ба қатл” бароятон ёдовар мешавам, то бубинед, оё фарқе байни ин ду дидгоҳ вуҷуд дорад ё на?

Аллома Абдулазизи Фарҳорӣ мегӯяд: “Ба дурустӣ мусалмонро вақте кофир маҷбур бикунад барои талаффузи калимаи куфр ба таҳдиди қатл ё буридани узве аз аъзояш, ҷоиз мебошад барояш талаффузи калимаи куфр.” (3)

Ногуфта намонад, ки аз муҳимтарин иллати адами огоҳии пайравони мазоҳиби исломӣ аз якдигар, таъаммуди пайравони бархе макотиб аст бар мутолеа накардани маорифи мазоҳиби мухолифи худ ба баҳонаи “ҷоиз набудани мутолеаи китобҳои золла (гумроҳкунанда)”. Масалан, уламои салафият, аз он ҷо, ки шиъаён ё сӯфия ё фалосифа ва ё мутакаллиминро аз гурӯҳҳои золла ва гумроҳ қаламдод мекунанд, ба ҳамин хотир, пайравонашонро ба шиддат аз мутолеаи китобҳои ин тавоиф барҳазар медоранд; ки ин худ сабаб мешавад пайравонашон нисбат ба бародарони хеш аз пайравони мазоҳиби дигари исломӣ ва маорифи эшон, тасаввуроти ғалат ва аҳёнан ғайривоқеӣ дар азҳони худ дошта бошанд.

Мусалмонон бояд ин монеаро аз сари роҳи худ бардоранд, зеро, аввалан: ин қоида аз аслу асоси дурусте дар манобеи исломӣ бархӯрдор нест, ва сониян: дар асри ҳозир, шабеҳи ин қоидаҳо ҷуз ба балоҳату ҳамоқати мӯътақидинаш намеафзояд.

* * *

2) Адами эътимод ба якдигар:

Яке дигар аз асбоби ҷудоӣ ва иншиқоқ ва адами ҳусули ваҳдати ҳақиқӣ, ин эътимод надоштани ҳар як аз тарафайн аст ба ҳусни нияти тарафи муқобил дар ибрози ваҳдат аз сӯйи ӯ. Масалан, ҳар гоҳ шиъаён даъват ба сӯйи ваҳдат кунанд, бархе аз аҳли тасаннун, ба вижа салафиҳо мегӯянд, шумо шиъаён дар ин даъвати хеш ҳусни ният надоред, вагарна аз иҳонат ба муқаддасоти мо даст бармедоштед.

Дар ин замина, камина мӯътақидам, аҳли тасаннун ба ҳақ як силсила интизорот аз шиъаён доранд, ки то замоне ки шиъаён ба гунаи ҷиддӣ он интизоротро бароварда насозанд, ба дур аст, ки ваҳдати ҳақиқӣ ва амалӣ ҷомаи амал бипӯшад ва танҳо дар ҳадди шиор ва гуфтор боқӣ мемонад.

Ва дар муқобил, шиъаён низ ба ҳақ порае аз интизорот аз аҳли суннат доранд, ки бар аҳли суннат аст гом ниҳодан дар ҷиҳати бартараф кардани он интизорот.

* * *

Интизороти аҳли суннат аз шиъаён:

Ва аммо муҳимтарин интизори аҳли суннат аз шиъаён иборат аст аз адами иҳонати бузургоне чун ҳазрати Абӯбакр, Умар, Усмон, Уммул-мӯъминин Оиша (р) ва бархе дигар аз саҳобагон, аз ҷониби бархе аз шиъаҳо, ки дар ҳақиқат аз бузургтарин моенаҳои эҷоди ваҳдати ҳақиқӣ миёни шиъаву аҳли суннат аст.

Ҳарчанд дар ин замина, уламои шиъа гомҳое ҷиддӣ бардоштаанд мисли фатвои шаръии мароҷеъе чун Оятулло Сайид Алии Хоманаӣ мабнӣ бар ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти тарафайн аз назари шаръӣ, он ҷо, ки гуфта:

Шиъае, ки аз рӯи нодонӣ ва ё ғараз ба муқаддасоти аҳли суннат тавҳин мекунад, маъмури эҷоди ихтилоф аст, ва ба ҳар ҳол, рафтори ҳар ду гурӯҳ ҳароми шаръӣ ва хилофи қонунӣ аст.

Ва ё он ҷо, ки гуфта:

Ман эълом кардам боз ҳам таъкид мекунам, ки хатти қирмиз аз назари низоми исломӣ ва аз назари мо, иборат аст аз иҳонат ба муқаддасоти якдигар. Он касоне, ки нодониста аз рӯи ғафлат, гоҳе аз рӯи таассубҳои кӯр ва беҷо, чи суннӣ ва чи шиъа, ба муқаддасоти якдигар иҳонат мекунанд, намефаҳманд чӣ мекунанд. Беҳтарин васила барои душман ҳаминҳо ҳастанд, беҳтарин абзор дар дасти душман ҳаминҳо ҳастанд, ин хатти қирмиз аст.” (4) Аммо мутаассифона ҳанӯз шиъаёне ҳастанд, ки даст аз ин амали нописанд барнамедоранд.

* * *

Интизороти шиъаён аз аҳли суннат:

Ва аммо интизори шиъаён аз аҳли суннат, ба вижа аз пайравони мактаби ба ном салафият, дар навбати аввал ин аст, ки даст аз тӯҳмату дурӯғ бофтан бар шиъаён бардоранд. Вақте инсон бо як салафӣ мувоҷеҳ мешавад, аз ӯ коре ҷуз иҳонату дурӯғу тӯҳматҳои нораво задан нисбат ба шиъаён, ки пайравони мактаби Аҳли байти Паёмбар (с) мебошанд намебинад; гӯӣ ин ки Худованд ба ӯ дастур фармуда, ки вазифаи ту фақат шойъеапароканӣ, дурӯғ, тӯҳмат ва ифтиро бар шиъаён ва мутанаффир сохтани мардумон аст аз эшон. Ҳатто кори бархе аз инон ба ҷое расида, ки дурӯғ бар шиъаёнро шаръан ҷоиз шумурдаанд.

Магар шиъаён мусалмон нестанд? Магар паёмбари азимушшаъни ислом (с) – бино бар ривояти аксар ба иттифоқи муҳаддисини аҳли суннат чун Бухорӣ ва Муслим — нафармудаанд, ки ҳар касе, ки бар ваҳдонияти Худо гувоҳӣ медиҳад, мусалмон аст ва хуну обрӯю номуси ӯро рехтан ҳаром аст?

Агар шиъаёнро мусалмон медонанд – ки аксарияти уламои аҳли суннат, аз ҷумла уламои салафимаслак, зоҳиран эшонро мусалмон мешуморанд — пас чаро ин дурӯғбофиҳо? Вале агар мусалмонашон намепиндоранд, дигар ошкоро кофирашон бихонанд, ки дар ин сурат, сӯҳбат бо эшон на дар атрофи ваҳдат, балки перомуни чароии кофир донистани шиъаён хоҳад рафт.

Интизори дигари шиъаён аз бародарони аҳли тасаннунашон, ба хусус салафиҳо, ин аст, ки чаро ҳамвора дар пайи ёфтани нуқоти манфӣ дар шиъаён ҳастанд? Чаро таъаммуд доранд, ки шиъаёнро танҳо аз зовияи қамазанӣ, занҷирзанӣ, зиёдаравӣ дар азодориҳо ва аз ин қабил падидаҳо муаррифӣ кунанд? Магар шиъаён нуқоти мусбате надоранд?

Магар намедонанд, ки ҳамон тавр ки шиъаён аҳёнан нуқоте манфӣ доранд, аҳли суннат ҳам аз нуқоти манфӣ пок нестанд? Агар шиъаён ҳам дар пайи ёфтани нуқоти манфии бародарони худ аз аҳли тасаннун бияфтанд, кори мо ба куҷо хоҳад кашид? Оё ҷуз душманӣ, адоват, кина ва ..?

Агар мо мусалмонем, Исогуна бошем он гоҳ, ки ҳамроҳ бо теъдоде аз ҳаворийин (ёронаш) аз канори мурдоре пӯсида рад мешуданд, бо дидани он мурдор, ёрони он ҷаноб (а) шурӯъ ба нақли маойибу нуқоти манфии мурдор намуданд; яке мегуфт, чӣ бӯйи баде дорад, дигаре мегуфт, чӣ думи нописанде дорад, сеюме мегуфт, чӣ гӯшони нозебое дорад ва ғайра… он гоҳ ҳазрати Исои Масеҳ (а) рӯ ба эшон овард ва гуфт: чаро чашмонатон фақат ба нуқоти манфӣ меафтад, чаро зебоиҳояшро дидан наметавонед? Чаро намегӯед: чӣ дандонҳои сафеду зебое дорад?

Магар ҳамин шиъаён нестанд, ки имрӯз бо иқдомоти масъулини низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таъйиду тақвияту мусоадоти исломхоҳону озодихоҳони ҷаҳон ба хусус бародарони мазлуму бедифоӣ фаластинӣ, мояи иззату сарбаландии уммати исломӣ ҳастанд? Он ҳам дар замоне, ки тамоми кишварҳои исломӣ, ба хусус Арабистони Саудӣ ва Миср, ки даъвои ҳимоят аз аҳли тасаннунро доранд, ба ин бечорагон пушт карда ва зимни ҳамдастӣ бо Омрикову саҳюнисти хуношом, аз пушт ханҷар ба бародарони мусалмони худ мезананд.

Куҷоянд он муддаиёни дифоъ аз ҳарими тавҳид ва муборизон бар зидди ширк, ки ақаллан баёнияе дар маҳкумияти ин ситамҳои ноҷавонмардона содир кунанд? Чаро дар расонаҳояшон, ки ҳамагӣ вобаста ба режими Саудӣ аст, сухане аз фаластиниён зада намешавад? Ба ҷои ин ҳама ҳамлаву ҳуҷуми ноҷавонмардона алайҳи мусалмонони шиӣ ва барангехтани раъйи омми ҷавомеи аҳли тасаннун бар алайҳи шиъаён, биёянд ақаллан иқдомаке ба нафъи мусалмонони мазлуми фаластинӣ бардоранд. Магар фардои қиёмат, Худованди Ҷаббор эшонро мавриди бозхост қарор нахоҳад дод? Коре накунем, ки истикбор, хусусан Омрикову «Исроил”-и хуношомро хурсанд созад. Тамомии ин иқдомот, ки имрӯза бархе аз бехирадон дар ҷиҳати эҷоди тафриқаву ихтилофу мутанаффир сохтани соири мусалмонон нисбат ба шиъаён бармедоранд, дар ростои аҳдофи истикбор ва душманони сарсахти ислому мусалмонон қарор дорад. Магар инро намефаҳманд?

Ёдам ҳаст, замони ҷанги 33 рӯзаи Лубнон (соли 2006), ки вақте саҳюнист ба Лубнон ҳамлавар шуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон бо як муқовимати беназире артиши сар то по мусаллаҳи «Исроил”-ро ба зону даровард, як олими саудӣ (Ибни Ҷибрин) фатво бар “ҷоиз набудани кӯмаки Ҳизбуллоҳ алайҳи Исроил ва ҳатто ҷоиз набудани дуои пирӯзӣ барои Ҳизбуллоҳ” содир намуд, он гоҳ тамомии расонаҳои саҳюнистӣ аз фарти хушҳолӣ як моҳи комил насси ин фатворо қироат мекарданд ва сарони “Исроил” аз хушҳолӣ наздик буд бирақсанд. Бо ин кор, оё мо ба ислом хидмат кардаем, ё ба душмани ислом?

Пас, ин аст порае аз интизороти шиъаён аз бародарони аҳли тасаннунашон, ба вижа аз салафиҳо, ки бояд дар бартараф сохтани он гом ниҳанд, вагарна ваҳдат танҳо аз як тараф посух нахоҳад дод.

Ба ҳар ҳол, сухан ба дарозо намекашам, дар поён даст ба даргоҳи Худованди Маннон бардошта, ин чанд дархостро аз Ӯ таоло мекунам:

Худоё, туро ба иззатат қасам, ки миёни мусалмонон ваҳдату ҳамдилӣ эҷод намоӣ!

Худоё, туро ба ҷалолат қасам, ки ба мусалмонон бинише ато намоӣ, ки битавонанд аҳаммияти ваҳдату ҳамбастагиро дарк намоянд!

Ба умеди таҳаққуқи ҳар чи зудтари ваҳдати ҳақиқӣ миёни пайравони мазоҳиби исломӣ, Омин, ё раббал-оламин!

* * *

Пайнавишт:

1) http://daneshnameh.roshd.ir/mavara/mavara-index.php?page=%D8%AA%D9%82%DB%8C%D9%91%D9%87&SSOReturnPage=Check&Rand=0

2) http://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%AA%D9%82%DB%8C%D9%87

3) http://tojikislom.net.ru

4) http://www.taghrib.ir/

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислоҳи динӣ, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: