Низоми иқтисодии ислом (4)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши аввал: Таърифи иқтисод ва мафоҳими иқтисодӣ (2)

Илми иқтисод

Мутобиқи он чӣ қаблан гуфтем, мо ду навъ равобити иқтисодӣ дорем: равобити табиӣ ва равобити эътиборӣ ва қарордодӣ. Аз лиҳози равобити табиӣ, илми иқтисод илм ба қонунҳои табиат аст “он чунон ки ҳаст”, яъне як илми назарӣ аст, ва ихтилофи назар дар ин илм аз қабили ихтилофи назар дар улуми назарӣ аст ва албатта камтар ҳам мавриди ихтилоф хоҳад буд. Вале аз лиҳози равобити эътиборӣ, илми иқтисод илм ба равобит аст “он чунон ки бояд бошад”.

Аз назари дуввум аст, ки масъалаи адолату зулм ва хубу бад ва шоиставу ношоиста ба миён меояд ва ба истилоҳ, ҷанбаи ахлоқӣ дорад. Маъмулан дар китобҳо миёни ин ду қисмат тафкик намешавад ва ҳамин ҷиҳат маншаи иштибоҳоти зиёде мегардад.

Илми иқтисод ба маънии аввал, усул ва мабодие дорад. Ҳеч як аз қавонин ва муқаррароти илми иқтисод ба маънии дуввум таъсире дар аввал надорад, магар он гоҳ, ки ба марҳилаи амал ва воқеияти айнӣ биёяд, зеро мутлақан умури эътиборӣ аз он ҷиҳат, ки эътиборӣ ҳастанд, дар умури айнӣ ва воқеӣ таъсир надоранд, магар баъд аз он ки ба марҳилаи амал дароянд. Вале қоидаҳо ва қонунҳои илми иқтисоди назарӣ, дар илми иқтисоди амалӣ муассир аст. Дар китоби “Усули илми иқтисод” (таълифи Нӯшин, с.5) мегӯяд:

Бояд донист, ки илми иқтисод қисмате аз илми иҷтимоъ аст ва дар бораи равобите, ки аз зиндагии башар дар иҷтимоъ натиҷа мешавад, баҳс мекунад… Илми иқтисод фақат равобитеро, ки байни мардум рӯи асоси тавлид ва тақсими маҳсули кори иҷтимоӣ эҷод мегардад, баҳс менамояд. Ин равобитро маъмулан “муносиботи тавлид” меноманд…

Ҳеч тавзеҳ намедиҳад, ки оё мақсуд равобити қарордодӣ аст ё равобити табиӣ?

Боз бояд бигӯем: оё илми иқтисод куллияи равобити тавлид байни башарро мутолеа ва аз он баҳс менамояд? Хайр. Барои мисол, як навъ иқтисоди табииро монанди иқтисоди деҳқонии бисёр куҳан…

Он гоҳ ба тафсил иқтисоди иштирокии қадим ва иқтисоди иштирокии ҷадид ва ваҷҳи муштараки онҳоро — ва он ин ки ҳар дуи инҳо ба воситаи иродаи бошуъури башарӣ идора мешаванд — зикр мекунад, ва сипас ба иқтисоди сармоядорӣ, ки иборат аст аз маҷмӯи созмонҳои парокандаи ғайримутамаркиз ва номуназзам, мисол мезанад. Он гоҳ дар сафҳаи 7 мегӯяд:

Инак бояд бипурсем: пас ин иҷтимои номуназзам чӣ гуна метавонад ба ҳастии худ идома диҳад ва таъодул байни эҳтиёҷоти мардум ва тавлид чӣ гуна барқарор мегардад? Албатта қавонине мавҷуд аст, ки дар равобити номуназзами иҷтимои сармоядорӣ таъсир дорад, вале ин қавонин ба худии худ ва бидуни ин ки тобеъи ирода ва тамоюлоти бошуъури ширкаткунандагон дар амри тавлид бошад таъсир менамояд. Ин аст ихтилофи шадиде, ки байни ин қавонин ва қавонини иқтисоди табиӣ — хоҳ иқтисоди куҳани хонаводагии деҳқонӣ, хоҳ иқтисоди иҷтимоии сотсиалистии оянда — мавҷуд мебошад. Мавзӯи баҳс ва мутолеаи илми иқтисод ҳамин қавонини ибтидоӣ аст, ки интизомдиҳандаи равобити тавлиди иҷтимои сармоядорӣ-тиҷорӣ мебошад…

Аз инҷо маълум мешавад, ки мақсуди нависанда аз “равобити иқтисодӣ”, ки дар оғози матлаб гуфт, равобити табиӣ аст, зеро равобити эътиборӣ ва қарордодӣ дар иҷтимои иштирокӣ низ ҳаст ва он чӣ мояи ихтилофи иҷтимои иштирокӣ ва иҷтимои сармоядорӣ ҳаст ин аст, ки иҷтимои сармоядорӣ бо қавонини табиӣ идора мешавад ва иҷтимои иштирокӣ бо қавонини иродӣ ва ихтиёрӣ.

Сипас мегӯяд:

Мумкин аст аз он чӣ гузашт, чунин натиҷа бигирем, ки илми иқтисод дар иқтисоди табиии қадимӣ ва иҷтимои кумунистӣ, ки ҳар ду ба воситаи иродаи бошуъури ягонае идора мешаванд, ҳеч мавзӯе, ки қобили баҳс бошад нахоҳад ёфт. Албатта барои мутолеаи равобити тавлиди иҷтимои оянда, ки бидуни шак ҳазор бор ғомизтар аз равобити тавлиди иқтисоди табиии қадимӣ хоҳад буд, илми махсусе лозим хоҳад омад, вале дар ҳар сурат он илм, иқтисод нахоҳад буд…”

Дар инҷо ин пурсиш пеш меояд, ки аввалан, оё илми иқтисод ихтисос дорад ба иҷтимои сармоядорӣ ва ҳатто дар иҷтимои иштирокии аввалия ва иҷтимои феодалӣ низ илми иқтисод маънӣ надорад? Ё фақат дар иҷтимоъоте, ки бо ирода ва шуъур ва тадбир идора мешаванд ва қавонини табиӣ ҳукмфармо нест, иқтисод нест ва ҳар ҷо, ки ҳаст, иқтисод ҳам ҳаст? Қатъан шиққи дуввум саҳеҳ аст. Пас, он чӣ гуфта шуд, ки “мавзӯи баҳс ва мутолеаи илми иқтисод қавонини ибтидоӣ аст, ки интизомдиҳандаи равобити тавлиди иҷтимои сармоядорӣ аст” ноқис аст, магар он ки гуфта шавад, мақсуд аз иҷтимои сармоядорӣ-тиҷорӣ, мутлақи иҷтимоъоти мубодилаӣ аст, пас ин ишкол ворид нахоҳад буд.

Сониян, ҳамон тавре, ки иҷтимои феодалӣ рӯи қавонини хосси иқтисодӣ мунтаҳӣ ба сармоядорӣ ва сармоядорӣ мунтаҳӣ ба сотсиалистӣ мешавад, иҷтимои иштирокии аввалия низ рӯи як силсила қавонини табиӣ, ки мофавқи ирода ва шуъури мардум аст, ба иҷтимои феодалӣ мунтаҳӣ шуда, пас иҷтимои иштирокии аввалия низ дар айни ин ки бо ирода ва шуъур аз лиҳози иқтисодӣ танзим мешуда, ба ҳукми қавонини мофавқи ирода ва шуъури ҷомеа мутакомил шуда ва ба сурати иҷтимои феодалӣ даромадааст; оё он қавонини мофавқи шуъури иҷтимоъ, равобити иқтисодӣ аст? Пас он иҷтимоъот низ тобеи қавонини лояшъури иқтисодӣ будааст. Агар он қавонин қавонини ғайри иқтисодӣ аст, пас фалсафаи Маркс мабнӣ бар ин ки “муҳаррики аслии чархи таърих, равобити иқтисодӣ аст” ғалат аст.

Солисан, агар дар иҷтимои кумунистӣ, равобити иқтисодӣ ба воситаи адами моликияти фардӣ ва адами мубодила ва фуқдони арзиши пул, вуҷуд надорад ва аз ин ҷиҳат иқтисод вуҷуд надорад, пас маънии ин ки “равобити тавлидӣ ғомизӣ хоҳад буд” чист? Ва агар равобити тавлидӣ ҳаст, пас чаро илме, ки он равобитро тавзеҳ медиҳад “иқтисод” нест? Магар ин ки гуфта шавад, мақсуд аз илми иқтисод, илм ба қавонини табиии хориҷ аз ихтиёри башар дар равобити тавлидӣ аст. Дар иҷтимои оянда равобити тавлидӣ ҳаст, вале хориҷ аз ихтиёри башар нест, қавонини табиӣ нест, қавонини иродӣ аст.

Дар китоби “Ақоиди бузургтарин уламои иқтисод” таълифи Ҷорҷ Совел (тарҷумаи дуктур Ҳусайни Парниё) сафҳаи аввал мегӯяд:

Афъол ва услубҳои иқтисодӣ, аҷзои як низоми комиле, ки тамоми он қаблан тавассути донишмандон сохта ва пардохта шуда ва баъдан барқарор гардида бошад нест, балки як идда тариқҳои хоссе аст, ки маълум нест ба василаи чӣ касоне барои рафъи эҳтиёҷоти амалии зиндагии башар ихтироъ гардида ва бар ҳасби муқтазаёт ва тағйироти авзоъ ва аҳвол озмоиш шуда, тағйир ёфта ва таркиб гардида ва дар тӯли замон маҳфуз монда ё матрук шудааст. Пул, қиматҳо, бозор, суд, зарар, муздҳо, сармоягузорӣ, молиётҳо ва соири луғоти иқтисодӣ, номҳоест барои одот ё муассисоте, ки аз қадимулайём дар ҷавомеи башарӣ вуҷуд дошта ва монанди ихтироъот ва муассисоти дигаре, ки иқтисодӣ нестанд, аз қабили либосу абзори кору силоҳҳову ҳунарҳову тарбияту заношӯиву ҳукумату мазоҳиб, аз маҳсулоти мутанаввеъ ва пурарзиши таҷориби башарӣ мебошад.”

Маъмулан ба рафторе итлоқи “иқтисодӣ” мешавад, ки бо тариқҳо ва васоиле, ки афроди башар маоши худро таъмин менамоянд, иртибот дошта бошад…

Калимаи Economy аз як калимаи юнонии қадим яъне Οἶκος иштиқоқ ёфта. Маънии ин калима то он ҷо, ки битавон онро тарҷума кард, “идораи манзил” ё “тадбири манзил” аст…

… Афкори иқтисодӣ аз ибтидо ҳамеша шомили қазоват дар боби беҳтарин ва бадтарин равиши кор ва қабули як равиши муайян буда ва мафҳуми назм ва ба даст овардани беҳтарин натиҷаро дарбар доштааст. Дар мавриди идораи иҷтимоъ, ҳадафи афкори иқтисодӣ ва мавзӯи ақоиди иқтисодӣ таъйини равише аст, ки манофеи иҷтимоиро ба беҳтарин ваҷҳе таъмин намояд, ва низ интихоби равиши кор ва барнома барои он иҷтимоъ. Ақоиди иқтисодӣ ҳамеша бо дастурҳои ахлоқӣ роҷеъ ба тарзи кор ва тартиби тақсими маҳсул тавъам будааст…

Ин таъриф барои афкор ва ақоиди иқтисодӣ, мунтабиқ аст бо фалсафаҳои иқтисодӣ яъне макотиби иқтисодӣ, ва ба иборати дигар, мунтабиқ аст бо равобити эътиборӣ ва қарордодӣ, ва ба иборати дигар, бо иқтисоди барномаӣ, ки аз тарафи назарияпардозон ва фалосифа ва адён пешниҳод мешавад, на бо илми иқтисод ба маънии илми баёни қавонини лояшъур ва кӯру кари ҷомеаи сармоядорӣ, ки аз китоби “Усули илми иқтисод”-и Нӯшин нақл кардем. Аз ин назар бояд ба соири китобҳои иқтисодӣ муроҷиа шавад.

Дар сафҳаи 14 мегӯяд:

Аз мутолеаи навиштаҳои уламои қадим ва қуруни вусто роҷеъ ба илми иқтисод, метавон чунин натиҷа гирифт, ки дар давраҳои мазбур илми иқтисод дорои хусусиёти зер будааст:

Илми иқтисод маҷмӯае аз равишҳои иқтисодӣ, ки дар як замон вуҷуд дошта набуда, балки маҷмӯае аз ақоид ва афкоре будааст, ки аз равишҳои мазбур истинбот мешуда. Илми иқтисод маҷмӯае аз қавонини шабеҳ ба қавонини улуми табиӣ монанди қавонини илми физик ва илми шимӣ, ки битавон ба василаи таҷриба ва озмоиш онро исбот намуд ва ба василаи он вуқӯи қазияҳоро пешбинӣ кард ва дар ҳар замону макон содиқ бошад набуда, балки ақоиде будааст, ки бо вазъи иҷтимоъот ва одоти мардум ва дараҷаи тамаддуни онон тағйир мекардааст.

Илми иқтисод иборат аз тавсифи воқеӣ ва бидуни манзури қазияҳои иқтисодӣ набуда, зеро куллияи ақоиди иқтисодӣ барои манзурҳои хоссе ғайр аз таҷзия ва таҳлили воқеии қазияҳо аз қабили манзури ахлоқӣ ва манзури маданӣ ё дифоъ аз низоми гузашта ё мавҷуд ё пешниҳодшуда барои оянда, баён ва сохта шудааст. Илми иқтисод шӯъбае муҷаззо аз соири шуъуни зиндагии башар монанди зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, мазҳабӣ ва ахлоқии ӯ набудааст.”

Аз ҳамаи ин баёнҳо истифода мешавад, ки манзури Ҷорҷ Совел аз илми иқтисод, мактаби иқтисодӣ аст (ва ба иборати дигар, иқтисоди барномаӣ аст), ки як фанни дастурӣ аст ва аз ин назар оро ва ақоид дар бораи он фарқ мекунад. Аз ин назар, сотсиалисм низ монанди капиталисм як теорияи иқтисодӣ аст; дуруст бар хилофи назари китоби “Усули илми иқтисод”, ки илми иқтисодро сирфан иборат медонад аз илм ба қавонини табиӣ, ки дар сурате, ки иқтисоди озод ва шахсӣ ва ғайри мутамаркиз бошад, хоҳ нохоҳ бар равобити тавлидӣ ҳукумат мекунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: