Фалсафа ва равиши реализм (136)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (4)

Матни мақола

Акнун агар ин назарияро паҳлӯи ду назарияи собиқуззикр бигузорем:

1) Ҳар “феълияте” пеш аз пайдоиши худ, “имконе” дар модда дорад;

2) Имкони мазбур як сифат ва нисбати вуҷудӣ аст;

3) Нисбати вуҷудии феълии ду тараф мавҷуди феълӣ мехоҳад.

Дар ин ҳангом баҳси мо ба бунбаст мунтаҳӣ мешавад, зеро феълияти мавҷуди пасин, ки маншаи осори хориҷӣ мебошад, дар зарфи худаш мавҷуд ва пеш аз пайдоиши хориҷии худ ба модда ва дар модда мавҷуд нест, дар ҳоле, ки имкони вай дар модда мавҷуд ва билфеъл аст. (1)

Пас, ночор яке аз ин се назария халале дошта ё мӯҳтоҷ ба тавзеҳ мебошад. Албатта дар ду назарияи аввалӣ намешавад муноқиша намуд. На мешавад гуфт, модда имкони суратҳои баъдиро надорад ва на мешавад гуфт, ки ин имкон мавҷуд набуда ва сирфан пиндорӣ аст, вагарна бояд ҳувияти таҳаввулӣ ва тадриҷии ҷаҳони табиатро инкор кунем. Вале агар дар назарияи севвумӣ бештар дақиқ шавем, хоҳем дид, ки феълияте, ки тарафи нисбати модда аст ва имкон дар модда дорад, танҳо нест, балки феълиятҳои дигаре низ ҳамтироз ва ҳамарзи вай ҳастанд, ки дар модда имкони вуҷуд доранд, агарчи билохира аз миёни ҳамаи он феълиятҳои имкондор танҳо яке мавҷуд шуда ва дигарон дар оғӯши нестӣ хоҳанд монд.

Масалан, моддаи себ, ки дар тухми себ аст, метавонад себ шавад ва метавонад (ба воситаи сӯхтан) хокистар шавад ва метавонад (ба воситаи тағзия) ҷузъи ғизо шавад ва метавонад ҳазор чизи дигар шавад, агарчи ба ҳасби вуқӯъи хориҷӣ танҳо яке аз ин феълиятҳо ҷомаи таҳаққуқ хоҳад пӯшид.

Ва аз ҳамин ҷо равшан мешавад, ки тарафи нисбати модда ҳамон ягона феълияте, ки ба вуҷуд омада ва маншаи осори хориҷӣ хоҳад буд нест, зеро ин фарз мӯҷиби бутлони назарияи аввал мебошад. Ва ҳамчунин имконҳои мафрузи дигар дурӯғ ва пиндорӣ нестанд, зеро ин фарз мӯҷиби кизби назарияи дуввум мебошад; балки ҳамаи ин феълиятҳо, ки тарафи нисбат ҳастанд, як наҳва феълияти вуҷудӣ дар модда доранд, вале на феълияте, ки мӯҷиби тартиби осор бошад. (2)

* * *

Таълиқот:

(1) Хулосаи ишкол ин аст, ки агар бигӯем, “имкон” як нисбати вуҷудӣ аст, ин нисбат ҳамвора қабл аз худи шайъ вуҷуд дорад ва лозим меояд, ки миёни мавҷуд (моддаи мавҷуд) ва маъдум (феълияте, ки дар ин зарф маъдум аст ва дар зарфи оянда мавҷуд мегардад) нисбат барқарор шавад, ҳол он ки нисбат миёни мавҷуд ва маъдум маҳол аст, дуруст мисли ин аст, ки бигӯем ресмоне дорем, ки як сари он алъон дар дасти ман аст ва як сари дигараш дар дасти касе аст, ки сад соли дигар вуҷуд пайдо хоҳад кард. Пас, ин ки гуфта мешавад ҳар ояндае бо гузаштаи хоссе ва ҳар гузашта бо ояндаи хоссе муртабит аст, сухани дурусти нест. Дар ҷаҳон агар робитае вуҷуд дошта бошад, ҳамоно миёни мавҷудоте аст, ки ҳамзамон мебошанд.

* * *

(2) Хулосаи ҳалли ишкол ин аст, ки нисбат миёни гузашта ва оянда, аз қабили нисбат миёни мавҷуд ва маъдум нест, балки аз қабили нисбат миёни мавҷуд ва мавҷуд аст. Яъне асли куллии “робита миёни мавҷуд ва маъдум маҳол аст” мавриди қабул аст, вале масъалаи мавриди назар аз ин қабил нест, зеро оянда дар гузашта ва лоҳиқ дар собиқ ва феълият дар қувва мавҷуд аст.

Ин ки мегӯем оянда дар гузашта ва бо гузашта мавҷуд аст, ба ду наҳв мумкин аст тақрир шавад, ки яке мавриди қабул нест ва дигаре мавриди қабул аст.

а) Аввал ин ки бигӯем, оянда алъон ва билфеъл мавҷуд аст. Гузашта ва ҳозир ва оянда ҳама бо ҳам ва дар ҳам мавҷуданд; чизе, ки ҳаст, пардаи замон ҳиҷобе аст миёни гузашта ва оянда. Вақте, ки ба оянда мерасем, дар воқеъ монеъи замон аз миёни мо ва оянда бардошта шудааст.

Замон аз ин ҷиҳат монанди макон аст. Мо дар ҳар маконе, ки ҳастем, масалан дар Теҳрон ҳастем, маконҳои дигар масалан Исфаҳон ё Шероз нисбат ба мо маъдум аст, вале ҳамин ки сафаре ба Исфаҳон ё Шероз рафтем, онҷоро мавҷуд мебинем. Мо дар Теҳрон ҳам, ки будем, Исфаҳон ва Шероз барои худ ва нисбат ба мардуме, ки дар онҷо буданд мавҷуд буданд, лекин нисбат ба мо маъдум буданд.

Маъдум будани нисбӣ барои мо ба маънии ин аст, ки маҳдудияти вуҷуди мо пардае аз маконе, ки дар он ҳастем (масалан Теҳрон), ҷилави чашми мо ба вуҷуд меоварад, ҳамин ки мусофират мекунем ва ин пардаро ақиб мезанем, маъдумияти нисбии Исфаҳон ё Шероз аз миён меравад.

Аз назари замон низ айнан ҳамин маҳдудиятро дорем. Дар ҳар замоне, ки ҳастем, моварои он замонро наметавонем мушоҳида кунем. Ҳамон тавре, ки аз назари макон маҳдудем ва фақат қисмате аз маконро ишғол мекунем, аз назари замон низ маҳдудем ва фақат дар қисмате аз замон воқеъ ҳастем ва онро ишғол кардаем. Он қисмат аз замоне, ки бар мо иҳота кардааст, пардае ҷилави чашми мо ба вуҷуд меоварад, ки гузашта ва ояндаро маъдум меангорем, вале дар воқеъ на гузашта маъдум аст, на оянда. Гузашти замон ба манзилаи мусофират аз маконе ба макони дигар аст, ки пардаро аз ҷилави чашми мо бармедорад ва мо худро бо ояндае, ки онро маъдум меангоштем, мувоҷеҳ мебинем; бо ин тафовут, ки дар мавриди макон ин мо ҳастем, ки бо ҳаракати худ пардаи маконро ақиб мезанем ва худро ба макони дигар мерасонем, вале дар мавриди замон ин худи замон аст, ки бо ҳаракати сареъи худ пардаҳоро аз ҷилави чашми мо ақиб мезанад, лаҳза ба лаҳза моро бо воқеиятҳои ҷадиде рӯбарӯ месозад.

Ҳоҷӣ Сабзаворӣ дар таълиқоти “Асфор” аз баъзе ҳукамо (Мирдомод) нақл мекунад, ки гуфтааст, замон ва замониёт нисбат ба мавҷудоти фавқи замон (муҷаррадоти ъилвӣ), назири макон ва макониёт нисбат ба мо ҳастанд. Умуре, ки дар занҷири замон мутафарриқ мебошанд, ба ҳасби вуҷуди даҳрӣ бо ҳаманд. Масали инсонҳо дар ҳоле, ки дар занҷираи замон қарор доранд нисбат ба мавҷудоти фавқи замон, масали мӯрчае аст, ки бар рӯи чӯб ё ресмони рангоранге ҳаракат мекунад нисбат ба инсон. Мӯрча рӯи ҳар қисмат аз ресмон, ки дорои ранги хоссе аст қарор мегирад, ба воситаи маҳдудияти вуҷудӣ, ки дорад, қисматҳои дигарро намебинад ва дарк намекунад, ки он қисматҳо аз ӯ пинҳонанд ва нисбат ба ӯ маъдуманд, то мерасад ба қисмати дигар, ки ранги дигар аст, боз ба воситаи маҳдудияти вуҷуди худ, тамоми ҷаҳонро ба он ранг мебинад ва ранге, ки аз он гузашта ва ранги дигаре, ки баъдан ба ӯ хоҳад расид, барои ӯ ва нисбат ба ӯ маъдум аст. Вале инсон, ки аз боло тамоми сайри мӯрчаро мебинад, ҳамаи он қисматҳо бо рангҳои мухталифро дар они воҳид ва бо ҳам мебинад, нисбат ба ӯ ҳеч кадом аз онҳо маъдум нестанд. Маъдумияти замониёт нисбат ба якдигар, аз ин қабил аст, маъдумияти нисбӣ аст.

Ин як навъ тақрир аст роҷеъ ба мавҷуд будани оянда дар замон ҳозир. Мо баъдан роҷеъ ба ин матлаб баҳс хоҳем кард ва хоҳем гуфт, ки ин матлаб ба сурате, ки маъмулан дар асри ҳозир таҳти унвони “буъди робеъ” будани замон тақрир мешавад, матлаби саҳеҳе нест ва роҷеъ ба назарияи Мирдомод низ, ки албатта назарияи саҳеҳе аст баҳс хоҳем кард. Ба ҳар ҳол, назари ин мақола роҷеъ ба ин ки оянда маъдум нест ва дар ҳозир мавҷуд аст, ба ин матлаб нест.

б) Тақрири дуввум ин ки оянда дар ҳозир мавҷуд аст, вале ба ин маънӣ, ки ҳозир мартибае аз маротиби вуҷуди оянда аст, гузашта ва ҳол ва оянда маҷмӯъан як воҳиди муттасилро ба вуҷуд меоваранд монанди иттисоле, ки бар ҷисм ҳукмфармост. Дар маҳалли худ собит шудааст, ки ҳақиқати “ҷисм” буъд ва иттисол аст (роҷеъ ба ин ки оё назариёти илми ҷадид бо ҳадафи фалсафии ин баҳс муноӣ аст ё на, анқариб дар матн ва поварақӣ баҳс хоҳад шуд). Хоссияти муттасили воҳид ин аст, ки касрат ва таъаддуди аҷзои он ҳақиқӣ нест, эътиборӣ аст, яъне дар айни ин ки зеҳн онро таҷзия мекунад ба аҷзоъе ва ҳар ҷузъро муғойири дигаре эътибор мекунад, дар матни воқеъ на ҷузъе вуҷуд дорад ва на касрат, вуҷуди воҳиде беш дар кор нест.

Шайъи билқувва ва шайъи билфеъл низ маҷмӯъан як воҳиди воқеиятро ташкил медиҳанд, бо ин тафовут, ки абъози ҷисм бо ҳам нисбати муташобеҳ доранд, вале аҷзоъ ва маротиби воқеият, ки аз билқувваҳо ва билфеълҳо ташкил шуда, нисбати муташобеҳ надоранд, яке билқувваи дигаре аст ва дигаре билфеъли ӯст, мумкин нест билқувваи як фардро билфеъли он эътибор кард (бо тафсиле, ки баъдан хоҳад омад). Агар оянда аз ҳозир ва гузашта гусаста буд ва миёни онҳо касрати воқеӣ ҳукмфармо буд, мумкин набуд, ки миёни онҳо нисбат ва робита барқарор шавад, вале миёни гузашта ва оянда фосила вуҷуд надорад ва касрати воқеӣ ҳукмфармо нест. Гузашта ва оянда ду мартиба аз як вуҷуд мебошанд, миёни онҳо иттиҳоди воқеӣ ҳукмфармост. Пас, робитае, ки миёни гузашта бо ҳозир ва миёни ҳозир бо оянда аст, аз қабили робита миёни ду шайъи муҷаззо аз якдигар нест, миёни ду шайъ аст, ки дар воқеъ як шайъ мебошад.

Балки бояд бигӯем, ду амри муҷаззо аз якдигар ҳарчанд ҳамзамони ҳам бошанд, наметавонанд бо якдигар муртабит бошанд ва миёнашон нисбат барқарор бошад. Милоки сиҳҳати барқарории нисбат миёни ду чиз ҳамзамонӣ нест, ваҳдат ва иттисоли воқеӣ аст хоҳ ҳамзамон бошанд ё ҳар кадом дар замони ҷудогонае қарор бигиранд, ва аҳёнан мумкин аст яке аз он ду замонӣ бошад ва дигаре муҷаррад ва ғайри замонӣ.

Иллати сиҳҳати барқарории нисбати “имкон” миёни ҳозир ва оянда ин аст, ки воқеан оянда ҳамин ҳозир аст ва ҳозир ҳамон оянда аст, агар ду шайъи муҷаззо буданд, на ин нисбат ва на нисбати дигар миёнашон барқарор намешуд.

Рози ин ки гуфта мешавад, “дар иллатҳои эҷодӣ (на иллатҳои эъдодӣ ва замонӣ) маълул дар мартибаи иллат мавҷуд аст” ва вуҷуди маълул мартибаи нозилаи иллат хонда мешавад, ҳамин робитаи иттиҳодӣ аст:

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

(“Ва ҳеч чиз нест, магар он ки ганҷинаҳои он назди мост ва мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем.” (Сураи Ҳиҷр, ояти 21)) Мавлавӣ мегӯяд:

Муттаҳид будем як гавҳар ҳама,

Бе сару бе по будем онҷо ҳама.

Як гуҳар будем ҳамчун офтоб,

Бе гиреҳ будему софӣ ҳамчу об.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: