Чанд достони омӯзанда аз зиндагии Паёмбари Акрам (с)

Ба муносибати зодрӯзи фархундаи Паёмбари Акрам (с)

Паёмбар ва тақсими кор дар сафар

Паёмбари Акрам (с) дар яке аз сафарҳояш дастур дод, то гӯсфандеро барои ғизои корвон омода кунанд. Дар ин миён яке аз корвониён ва ёрони Паёмбар гуфт: забҳи гӯсфанд бо ман.

Дигаре гуфт: кандани пӯсти гӯсфанд бо ман.

Севвуме гуфт: пухтани гӯшти он бо ман.

Паёмбар (с) гуфт: ҷамъоварии ҳезум барои оташ низ бар ӯҳдаи ман.

Ёрони Паёмбар бо шунидани ин сухан ба эшон арз карданд: Ё Расулаллоҳ! Мо худамон корҳоро анҷом медиҳем, шумо заҳмат накашед.

Ҳазрат фармуд: медонам, ки шумо кори манро анҷом медиҳед, вале ман дӯст надорам миёни шумо мавриди табъиз қарор бигирам, ҳама кор кунанд ва ман биншинам, зеро Худованд дӯст намедорад бандаашро дар миёни ёронаш бо вазъе мутамойиз ва ҷудо аз дигарон бибинад, тавре ки барои худ нисбат ба дигарон имтиёзе қоил шуда бошад.

Сипас ҳазрат бархост ва барои ҷамъоварии ҳезум ба сӯйи саҳро рафт.

* * *

Шукргузории Паёмбар (с)

Нақл шудааст, ки Расули Акрам (с) он қадр намоз мехонд, ки поҳои муборакаш варам мекард. Шабе Расули Худо (с) назди ҳазрати Оиша (р) буд, Уммулмуъминин ба он ҳазрат гуфт: Ё Расулаллоҳ! Чаро ин қадр вуҷуди мубораки худро ба хастагӣ андохта ва садама ба худ мезанед? Ва ҳол он ки Худованд гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо омурзида (яъне, гуноҳе аслан надоред).

Ҳазрат дар ҷавоб фармуд: эй Оиша! Беҳтар нест, ки бандаи шукргузоре бошам?!

* * *

Бартарии илм назди Паёмбар (с)

Нақл шудааст, ки рӯзе Паёмбар (с) вориди масҷид шуд ва дар онҷо чашмаш ба ду дастае афтод, ки ҳар як саргарми коре буданд: як даста машғули ибодат ва зикру дуо буданд ва дастаи дигар машғули касби илму дониш.

Паёмбар (с) ҳар ду дастаро аз назар гузаронид ва аз дидани онҳо хушҳол шуд ва ба касоне, ки ҳамроҳаш буданд рӯ кард ва фармуд: ин ду даста ҳар ду кори нек мекунанд ва ҳар ду даста бар хайр ва саодатанд!

Он гоҳ ҷумлае изофа кард ва фармуд: лекин ман барои таълим ва огоҳ кардани мардум фиристода шудам.

Ҳазрат пас аз ин баён, дар ҷамъи донишҷӯён нишаст ва бо онҳо машғули донишпажӯҳӣ шуд.

* * *

Рафтор бо мардум

Дар ҳоле, ки Паёмбар (с) дар майдони ҷанг буд, арабе ба маҳзари ӯ расид ва рикоби шутури ҳазратро гирифт ва гуфт: Ё Расулаллоҳ! Амалеро ба ман биёмӯз, ки сабаби рафтанам ба биҳишт гардад.

Ҳазрат фармуд: бо мардум он гуна рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд, ва аз он рафторе бо онҳо, ки хушоянди ту нест, бипарҳез!

* * *

Кору талош

Рӯзе Паёмбар (с) бо асҳоби худ нишаста буданд. Паёмбар ҷавони нерӯмандеро дид, ки аввали субҳ машғули кору талош мебошад. Баъзе аз ҳозирон гуфтанд: ин шоистаи тамҷид ва ситоиш буд агар нерӯи ҷавонии худро дар роҳи Худо ба кор меандохт!

Паёмбар (с) фармуд: чунин нагӯед. Агар ин ҷавон кор мекунад, то ниёзмандиҳои худро таъмин кунад ва аз дигарон бениёз гардад, дар роҳи Худо гом бардоштааст. Ва ҳамчунин агар ба нафъи падару модари нотавон ва кӯдакони хурдсолаш кор кунад ва онҳоро аз мардум бениёз созад, боз ҳам дар роҳи Худо қадам бардоштааст.

* * *

Модар

Марде ба маҳзари Расули Худо (с) мушарраф гардид ва арз кард: Ё Расулаллоҳ! Ба чӣ касе некӣ кунам?

Паёмбар (с) фармуд: ба модарат.

Дубора суол кард: сипас ба чӣ касе некӣ кунам?

Ҳазрат фармуд: ба модарат.

Бори дигар суол кард: ва сипас ба чӣ касе некӣ кунам?

Ҳазрат фармуд: ба модарат.

Бори чаҳорум суол кард: он гоҳ ба чӣ касе некӣ кунам?

Паёмбар (с) фармуд: ба падарат.

* * *

Риояти ҳоли мардум

Аз Маъоз ибни Ҷабал ривоят шудааст, ки гуфт: Расули Акрам (с) маро ба Яман фиристод ва ба ман фармуд: эй Маъоз! Ҳар гоҳ фасли зимистон фаро расад, намози субҳро дар оғози тулӯъи субҳ баҷо овар ва қироатро ба андозаи тоқат ва ҳавсалаи мардум анҷом бидеҳ ва ононро хаста макун. Ва дар мавсими тобистон намози субҳро дар рӯшноии фаҷр иқома кун, чаро ки шаб кӯтоҳ аст ва мардум ниёз ба истироҳат доранд. Ононро вогузор, то ниёзи худро бартараф намоянд.

* * *

Бӯсидани дасти коргар

Вақте Расули Худо (с) аз ғазваи Табук баргаштанд, Саъди Ансорӣ ба истиқболи он ҳазрат рафт ва Набии Акрам (с) бо ӯ мусофиҳа кард ва чун даст дар дасти Саъд гузошт, фармуд: ин дуруштӣ чист, ки дар дастҳои туст?

Арз кард: Ё Расулаллоҳ! Бо белу куланг кор мекунам ва барои хонаводаам рӯзӣ фароҳам менамоям.

Расули Худо (с) дасти Саъдро бӯсид ва фармуд: ин дасте аст, ки ҳарорати оташи дӯзах ба он нарасад.

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: