Низоми иқтисодии ислом (5)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши аввал: Таърифи иқтисод ва мафоҳими иқтисодӣ (3)

Сарват ё мол

Сарват ё мол иборат аст аз ҳар чизе, ки яке аз ҳоҷатҳои табиӣ ё эътиборӣ, зарурӣ ё таҷаммулии башарро бароварад. (Вале ба ақидаи баъзе, мол ё сарват иборат аст аз чизе, ки башар онро бо кор ба вуҷуд овардааст.)

Ҳамон тавр, ки дар фиқҳ гуфта шудааст, лозимаи сарват будан ва молият, мамлукият нест; зеро мумкин аст моле тасоҳуб нашуда бошад ё он ки аз навъи амволе бошад, ки манофеъаш ба умум таъаллуқ дошта бошад, монанди “арозии (сарзаминҳои) мафтуҳаи анва” (сарзаминҳое, ки бо фатҳ ба даст омада бошад), ё ба табақаи хоссе таъаллуқ дошта бошад, монанди авқоф. Аз он тараф мумкин аст чизе мамлук бошад, вале ба иллати кофӣ набудан барои рафъи эҳтиёҷи башар ба воситаи хурдӣ, молу сарват шумурда нашавад, монанди як ҳабба (дона) гандум. Бар ҳаббаи гандум осори мамлукият мумкин аст бор шавад; дигарон бидуни ризояти соҳиби он, ҳаққи итлоф ва тасарруф дар он надоранд, аммо чун молият надорад, қобили хариду фурӯш нест ва ба истилоҳ, дорои арзиш нест ва қобилияти мубодила надорад, аз ин рӯ метавон гуфт замоновар низ нест, мисдоқи:

من أتلف مال الغير فهو ضامن

(Касе, ки моли ғайрро талаф кунад, ӯ зомин аст), ё:

على اليد ما أخذت حتى تؤدي

(Касе, ки чизеро нобаҳақ аз касе гирифта бошад, бар ӯст адои он) — нест.

Омили тавлидкунандаи сарват, гоҳе як чиз ва гоҳе ду чиз ва гоҳе се чиз мебошад; ба ин тартиб:

а) Сарватҳое, ки фақат табиат дар тавлид ва эҷоди онҳо дахолат дорад, монанди меваҳои ҷангалӣ, галаҳои саҳроӣ, гиёҳони доруӣ ва алафҳое, ки ба дарди ҳайвоноти аҳлӣ мехӯрад.

б) Сарватҳое, ки табиат ба иловаи кору кӯшиши инсон дар эҷоди онҳо дахолат доштааст, монанди дарахте, ки ба дасти як инсон кошта мешавад, тухми як дарахти дигар ё қаламаи як дарахти дигарро дар замин мекорад ва дарахт мегардад. Ин дарахт маҳсуле аст аз қувваҳои табиат ва ба кӯшиши инсонӣ, ки қасди тавлид доштааст. Аз ин қабил аст домдорӣ, мурғдорӣ ва амсоли инҳо.

в) Сарватҳое, ки (аз) табиат ба иловаи кор ба иловаи сармоя — ки худ маҳсуле аз кору табиат аст — ба вуҷуд меояд. Аз ин қабил аст маҳсулоти кишоварзии мошинӣ ва ҳатто ғайримошинӣ, ва ҳамчунин мансуҷот, кафш, доруҳои шимиёӣ, қанд, шакар, нон…

Оё мумкин аст бидуни дахолати табиат, танҳо бо кор ё бо кор ва сармоя эҷоди сарват кард? Албатта на, зеро сарват билохира ё моддае аст аз маводди сохташудаи табиат ва ё амре аст, ки ба табиат таъаллуқ дорад, монанди имтиёзи таълифоти илмӣ ва адабӣ ва ё имтиёзи ихтироъот ва иктишофот.

Оё мумкин аст танҳо табиат ва сармоя тавлиди сарват кунад ва кор ҳеч гуна дахолате надошта бошад? Зоҳиран ҳанӯз чунин василае барои башар пайдо нашудааст ва шояд ба ин наҳв, ки ҳатто сармоя (корхона) эҳтиёҷ ба мудир ва муроқиб ва мутахассис надошта бошад, ҳаргиз таҳаққуқ нахоҳад ёфт. Вале ба маънии ин ки тамоми корҳои тавлидиро сармоя (корхона) анҷом диҳад ва кор танҳо ҳамон бошад, ки сарфи умури тахассусӣ ё ғайритахассусӣ мешавад, албатта амре мумкин аст ва ҳар чӣ санъат пешрафт мекунад, аз дахолати мустақими кору коргар дар тавлид коста мешавад ва бар дахолати сармоя афзуда мегардад.

* * *

Бахши дуввум: Моликият аз назари фалсафӣ

Моликият чист? Барои ин ки моҳияти моликиятро ба даст оварем, аввал вазъи онро дар миёни башар ҷустуҷӯ мекунем. Аввалан, мебинем башар миёни худ ва баъзе ашё робитаи хоссе қоил аст, ки он робитаро миёни шахси дигар ва он шайъ қоил нест. Маъмулан ин робитаро дар ҷое қоил аст, ки худ, он шайъро ба вуҷуд оварда ва ё аз чанголи табиат берун оварда ва ё онро пайдо кардааст; худро аз дигарон нисбат ба он шайъ авло ва муқаддам медонад. Як хусусияти дигар ин аст, ки ин робитаро қобили салбу табдил медонад. Ин тарзи амал ва ҳамчунин вазъи луғати хосс дар ин замина далел бар ин аст, ки башар тасаввури хоссе дар ин замина дорад. Ин ҷост, ки ҷои таҳқиқи фалсафӣ дар бораи чигунагии ин тасаввур аст. Баъзе ба ҳамин миқдор қаноат мекунанд, ки моликият як амри эътиборӣ аст; аммо аз он ҷо, ки собит шуда эътибор ба маънии ин ки инсон тасаввуреро аз худ ихтироъ кунад маҳол аст, пас бояд дид аввалан ба чӣ далел эътиборӣ аст, ва сониян, ҳақиқати эътибор чист, солисан моликият чӣ гуна эътибор шудааст? Аммо ин ки башар бо қарордод моликиятро исбот ё салб ё таъвиз мекунад, далел бар эътиборӣ будани он аст.

Ва аммо ин ки эътибор чист? Умури эътиборӣ ҳамвора ба манзилаи нусхаи ҳақоиқ мебошад. Ва аммо ин ки моликият чӣ гуна эътибор шуда? Бояд дид, инсон дар табиат чӣ моликиятҳои ҳақиқӣ ва воқеиро дарёфта, ки аз рӯи он, моликияти эътибориро эътибор кардааст?

Он чӣ инсон дар дунёи воқеъ аз лиҳози моликият дарёфтааст, моликияте аст, ки миёни худ ва афъол ва қувваҳо ва аъзои худ ёфтааст. Инсон фикри хоссеро, аз худ медонад, зеро воқеан вуҷуди он фикр муттакӣ ва мустанад ба ӯст, агар ӯ набуд, он фикр ҳам набуд. Ҳамчунин аст робитае, ки миёни худ ва аъзои худ дарк мекунад.

Инсон назири ин иртиботро миёни худ ва маҳсулоте, ки сирфан маҳсули табиат аст ё маҳсули кору табиат аст ё маҳсули кору сармояву табиат аст фарз мекунад ва дар олами фарз ва эътибор, вуҷуди худро густариш ва тавсиъа медиҳад ва бо қарордоди иҷтимоӣ онро мӯътабар мешуморад. Пас аз ин фарз ва ин қарордод, башар барои худ нисбате бо баъзе сарватҳо қоил мешавад, ки мӯътақид аст ин нисбат миёни он сарват ва дигарон нест. Ба мӯҷиби ин нисбат, ба худ иҷоза медиҳад, ки ҳар гуна тасарруфе дар он сарват бикунад, онро ба масрафи худ ё дигарон бирасонад ва ё аҳёнан онро талаф кунад ва маъдум намояд.

Моликият мумкин аст фардӣ бошад ва мумкин аст ҷамъӣ ва иштирокӣ бошад. Яъне метавон фарз кард, ки фақат як нафар молики сарвате бошад ва фақат ӯ ҳақ дошта бошад аз он истифода бибарад, ва ҳам мумкин аст иддае ё ҳамаи афрод ба сурати муштарак молики сарвате бошанд ва ба сурати муштарак аз он баҳра бибаранд.

Зоид аст, ки дар мавриди моликияти муштарак баҳс шавад, ки оё моҳияти моликияти муштарак иборат аст аз моликияти ҷамиъи афрод ё моликияти ҷомеа ва иҷтимоъ? Дар сурати аввал, бояд чунин фарз кард, ки бо мурдани ҳар фарде моли ӯ ба соири афрод мунтақил мешавад, соири афрод баробар вориси ӯ ҳастанд, вале дар сурати дуввум, молик ҳамеша зинда аст, магар он ки иттифоқе биафтад, ки он иҷтимоъ ё иҷтимои башарӣ аз реша мунқариз ва мунъадим гардад.

Авлавияте, ки инсон барои худ нисбат ба ашёи хоссе қоил аст, ғаризии башар аст. Баъзе ҳайвонот низ чунин авлавиятеро ба ҳукми ғариза дарк мекунанд. Ҳайвоноте, ки ҷуфт зиндагӣ мекунанд ва ошёна доранд, нисбат ба ҷуфт ва ошёнаи худ чунин эҳсоси ғаризӣ доранд ва нисбат ба ошёна ва ҷуфти дигарон эҳсоси мухолиф доранд. Кӯдакон низ нисбат ба асбоббозиҳои худ инчунин ҳастанд. Аммо дар айни ҳол наметавон гуфт, ҳайвонот моликиятро эътибор кардаанд. Эътибор аз мухтассоти инсон аст. Онҳо тасаввури куллӣ ва мушаххасе аз моликият надоранд. Эътибор дар заминаи тасаввуроти куллӣ аст.

То ҳудуде, ки доманаи моликият маҳдуд ба ашёе аст, ки инсон худ онҳоро сохтааст ё аз табиат ба даст оварда баҳсе нест, вале инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст; ин мавҷуди иҷтимоӣ аз тарафе эҳтиёҷ ба мубодила ва муъовиза дорад (ва ба қавли Ибни Сино, муъориза ва муовиза); ашё аз яке ба дигаре мунтақил мешавад. Аз тарафи дигар, дар табиат маводди қобили истифода зиёд аст ва агар фаразан дар ибтидо ба воситаи камии ҷамъият ва вуфури ин ашё эҳтиёҷ ба тамаллуки шахсии мисли замин нест, баъдҳо таҳти инҳисор қарор додани ин умур ба миён меояд. Бинобар ин, тасоҳуби ин сармояҳо ва ҳамчунин мубодилоти лозим ва зарурӣ, эҷоб мекунад муқарраротеро, ки вазоифи ашхосро дар заминаи моликияти васоили умумии маош ва дар заминаи мубодилот равшан кунад. Ин ҷост, ки пойи ҳуқуқи мавзӯъа ва мӯҷиботи қарордодии моликият ба миён меояд. Дар ибтидои амр, ҳаққи моликият ҳамон ҳаққи табиӣ ва ғаризӣ аст ва мӯҷиби он низ ҳамон мӯҷиботи табиӣ ва ғаризӣ аст. Ба ақидаи мо, мӯҷиби табиӣ ва ғаризии моликият ду чиз аст: яке, кор ва эҷод ва ба иборати дигар иртиботи фоъилӣ аст, ва дигар тамлик ва бахшиш ва ба иборати дигар иртиботи ғоӣ аст. Вале иҷтимои башарӣ, ки ба қавли уламо, инсон “маданӣ биттабъ” аст (яъне табиатан иҷтимоӣ офарида шуда ва бидуни иҷтимоъ наметавонад зиндагӣ кунад) эҷоб мекунад як силсила муқаррароти мавзӯъаро, зеро ғариза ва табиат кофӣ нест, ки ҳудуд ва ҳуқуқи инсонро аз ин лиҳоз мушаххас кунад. Чунонки дар шарҳи намати нӯҳуми “Ишорот” (аз Ибни Сино) гуфтаем, маънии “маданӣ биттабъ” будани инсон ин нест, ки роҳи зиндагии иҷтимоиро ба ҳукми ғариза медонад. Аз ин рӯ, моликиятҳо низ монанди бисёре аз масоили дигари марбут ба зиндагии иҷтимоӣ, бояд бо қонун мушаххас шавад. Қонун бояд мӯҷиботи онро таъйин кунад.

Акнун бибинем, қонун бояд тобеъи чӣ миқёсе бошад? Инсон бояд тобеъи қонун бошад ва қонун бояд тобеъи чӣ бошад? Қонун бояд тобеъи адолат бошад. Адолат чист? Оё иборат аст аз маслиҳати иҷтимоъ ва он чизе, ки беҳтар таъодули иҷтимоъро ҳифз кунад? Ё иборат аст аз мусовот (баробарӣ), ё “эътоъу кулли зиҳаққин ҳаққаҳқу” (яъне, “додан ба ҳар ҳақдоре ҳаққашро”)? Инҳо матолибе аст, ки дар баҳси адл ва адолати иҷтимоӣ баҳс кардаем.

Гуфтем, ки дар тавлиди сарват се омил мумкин аст дахолат дошта бошад. Яке аз онҳо табиат аст. Табиат яъне замин, дарё, абр, борон, ҳаво, офтоб. Акнун бояд дид, он даста аз маҳсулоти табиат, ки коре рӯи онҳо сурат нагирифтааст, монанди моҳиҳо ва ҷавоҳири дарё, алафҳои кӯҳӣ, ҷангалҳо ва маъданҳо, чашмаҳои табиӣ, худи кӯҳҳо ва дарёҳо аз он ҷиҳат, ки метавонанд паноҳгоҳ ё василаи киштиронӣ бошанд, бидуни он ки коре рӯи он сурат гирифта бошад, қобили милкият ҳастанд ё на? Мусалламан ҳеч мӯҷибе нест, ки шахсеро молики чунин маҳсулоти табиӣ бидонем; зеро чунонки дар ҷои дигар гуфтаем, мӯҷиби моликият ё бояд фоъилӣ бошад ва ё ғоӣ, яъне ё бояд шайъи мамлук аз он ҷиҳат мамлук бошад, ки феъл ва асари шахс аст ва ба иборати дигар, маҳсули кори ӯст, ва ё аз он ҷиҳат, ки худи табиат, ки он шайъро ба вуҷуд оварда ва ё инсоне, ки он шайъро ба вуҷуд оварда ҳадафаш ин буда, ки ин сарват ба фалон шахси муайян таъаллуқ дошта бошад.

Умури фавқро табиат ба вуҷуд оварда на инсон. Табиат аз назари баъзе макотиби фалсафӣ, ҳадафе надорад, аз назари баъзе дигар ҳадаф дорад, аммо ҳадафаш ҳамаи инсонҳост, на шахси муайян. Пас, ба ҳар ҳол, иллат надорад, ки умури фавқ милки фард бошад, агар бино шавад милк бошад, бояд милки ҷамъ бошад, яъне бояд милки ҳамон чизе бошад, ки табиат барои ҳамон чиз ба вуҷуд овардааст.

Аз назари исломӣ, ки барои хилқат ҳадаф қоил аст ва баёнкунандаи асли:

وَضَعَهَا لِلْأَنَامِ

(“Барои мардум ниҳод“ (Сураи Раҳмон, ояти 10)) ва ҳамчунин асли:

خَلَقَ لَكُم مَّا فِي الأَرْضِ جَمِيعًا

(“Он чӣ дар замин аст, ҳамаро барои шумо офарид…” (Сураи Бақара, ояти 29)) аст, маҳсулоти табиат қабл аз он ки коре рӯи онҳо сурат гирифта бошад, таъаллуқ дорад ба ҳамаи афроди башар. Вале пас аз он ки коре рӯи онҳо сурат гирифт, монанди замине, ки ба василаи ободӣ ё кишт эҳё шуд ва монанди маъдане, ки истихроҷ шуд, ҳукми дигаре пайдо мекунад.

Ва аммо он чизҳое, ки табиат ба иловаи кор онҳоро ба вуҷуд овардааст, бидуни шак маводди табиӣ қабл аз анҷоми кор рӯи он низ вуҷуд доштааст ва билқувва барои башар нофеъ будааст ва аз он ҷиҳат, ки маводди хоми аввалӣ қабл аз анҷоми кор ба ҳамаи афрод таъаллуқ доштааст, наметавон иддао кард, ки пас аз анҷоми кор таъаллуқаш ба дигарон салб мешавад.

Аммо бидуни шак коре, ки шахс рӯи он анҷом дода сабаб мешавад, ки ӯ нисбат ба дигарон авлавият дошта бошад. Асари ин авлавият ин аст, ки ҳақ дорад истифодаи машрӯъ аз он бибарад, яъне истифодае, ки бо ҳадафҳои табиат ва фитрат ҳамоҳангӣ дорад. Аммо ҳақ надорад, ки онро маъдум кунад ва аз байн бибарад ва ё онро ба масрафи номашрӯъе бирасонад, чун дар айни ҳол ин мол ба ҷомеа таъаллуқ дорад. Аз ин рӯ исрофу табзир ва ҳар гуна истифодаи номашрӯъ аз мол мамнӯъ аст, на танҳо аз он ҷиҳат, ки навъи амале, ки рӯи он мол сурат мегирад ҳаром аст, балки ва аз он ҷиҳат, ки тасарруф дар сарвати умумӣ аст бидуни муҷаввиз.

Оре, агар ба фарзи маҳол инсон қодир буд танҳо бо нерӯи кор, бидуни дахолати табиат, маҳсулеро тавлид кунад, ҷои ин буд, ки гуфта шавад соҳиби он маҳсул, ки танҳо холиқ ва офаринандаи он маҳсул аст, аз назари тасарруф дар мол, фаъоли мояшоъ аст; аммо инчунин нест, ӯ танҳо холиқ ва офаринандаи он маҳсул нест, балки агар танҳо холиқ ва офаринандаи маҳсул низ мебуд, метавон гуфт ҳаққи тазйеъ ва исроф надошт, зеро ӯ воҷибулвуҷуди биззот нест, қоим ба зот нест, худаш ҳам худашро ба вуҷуд наёвардааст; ӯ махлуқе аст иҷтимоӣ; иҷтимоъ дар нерӯи илмӣ ва димоғӣ ва бадании ӯ, ки он маҳсулро ба вуҷуд овардааст саҳим аст; ӯ дар қувваҳои ҷисмӣ ва руҳии худ мадюни иҷтимоъ аст. Он қувваҳо ва нерӯҳо танҳо моли худи ӯ нест, иҷтимоъ дар худи онҳо зиҳаққ аст. Бинобар ин, иҷтимоъ дар маҳсули ин нерӯҳо низ зиҳаққ аст. Пас, ба фарзи маҳол агар шахсе метавонист маҳсулеро бидуни дахолати табиат ба вуҷуд оварад, боз ҳам ҳаққи тазйеъ ва исрофи онро надошт, то чӣ расад, ки чунин чизе маҳол аст!

Ба ҳамин далел аст, ки интиҳор ва худкушӣ низ ҷанбаи ҳуқуқӣ дорад, яъне аз ҷанбаи ҳуқуқи иҷтимоӣ низ ҷоиз нест. Ҳеч кас наметавонад аз ҷанбаи ҳуқуқӣ иддао кунад, ки ихтиёри худамро дорам, мехоҳам худамро маъдум кунам. Иҷтимоъ ба ӯ мегӯяд, ман дар ин сохтмони муҷаҳҳаз саҳим ва шарикам, сармояҳои моддӣ ва маънавӣ сарф кардаам, то ин сохтмони комил ва муҷаҳҳазро ба вуҷуд овардаам, акнун вақти он аст, ки дайни худро истирдод кунам ва аз ту хидмат бихоҳам, ту ҳақ надорӣ пеш аз он ки дайни иҷтимоъи худро бипардозӣ, худро маъдум кунӣ; аммо баъд аз он ки ҳаққи иҷтимоъро ба қадри кофӣ пардохтӣ, аз ин назар манъе нест. Албатта аз ҷанбаи илоҳӣ, қатъи назар аз иҷтимоъ ва ҳуқуқи иҷтимоъ, ҳеч кас ҳатто касе, ки дайни иҷтимоъро пардохтааст, наметавонад худро маъдум кунад.

Агар фаразан иҷтимоъ аз ҳаққи худ бигузарад ба ин ки қонуне тасвиб кунад ва худкуширо иҷоза диҳад, боз ҳам аз назари ҳаққи илоҳӣ ҳақ надорад; яъне ҳар касе беш аз он андоза, ки аз они худаш аст, аз они холиқаш ҳаст, на ба маънии ин ки холиқ дар ӯ зинафъ аст, балки ба маънии ин ки дар ӯ зиназар аст. Ба ҳар ҳол, ин матлаби дигаре аст ва решаи дигаре дорад.

Ширкати иҷтимоъ дар маҳсуле, ки сохтаи табиат ва кори шахсе аст, беш аз ҳамин андоза, ки тавзеҳ дода шуд, наметавонад буда бошад. Дигаронро ба таври мусовӣ дар маҳсули кори ӯ ширкат додан хилофи асли адолат аст, истисмор аст, зеро ҳаққе, ки иҷтимоъ барои афрод бояд қоил бошад, бояд мутаносиб бошад бо коре, ки озодона ё иҷборан дар иҷтимоъ анҷом медиҳад. Агар амалан кори фарде бар кори фарди дигар афзоиш дошт, ширкат додани ғайр бо ӯ дар маҳсули он кор зулм ва беадолатӣ ва истисмор аст, ва агар фаразан бихоҳем афродро маҷбур кунем, ки ҳама ба қадри ҳам кор кунанд, то ба қадри ҳам аз маҳсули кор баҳра бибаранд, боз ҳам зулм ва иҷҳоф аст, зеро озодиро аз фарде, ки табиат нерӯи ҷисмӣ ва руҳии бештаре ба ӯ дода ва ё фарде, ки ҳарчанд нерӯи бештаре надорад аммо ҳозир нест вақти худро ба танбалӣ бигузаронад салб кардаем. Зулм ва беадолатӣ мунҳасир ба истисмор яъне ин ки фарде маҳсули кори дигареро тасоҳуб кунад нест, манъи фарде ё афроде аз ин ки ҳаддиаксари истифодаро аз нерӯҳои худододии худ бикунад ва салби ин озодӣ аз ӯ низ зулм ва салби ҳаққи табиӣ аст. Биззарура афроди инсонҳо аз лиҳози истеъдоди кор ва аз лиҳози чолокӣ ва пушткордорӣ ва нуқтаи муқобили он яъне танбалӣ мутафовит офарида шудаанд; ва албатта табиат дар эҷоди ин тафовут ҳадаф дорад ва фаразан аз ин назар ҳадафе ҳам дар кор набошад, матлаб аз ҳамин қарор аст.

Бинобар ин, маҷбур кардани афрод ба ин ки бо он ки кори бештаре анҷом додаанд, маҳсули кори худро ба дигарон вогузоранд, зулм ва истисмор аст. Манъ кардани онҳо низ аз ин ки кори бештаре анҷом диҳанд ва илзом ба ин ки дар ҳадди заъифтарини коргарон кор кунанд, он низ зулм аст, ҳарчанд истисмор нест. Ба илова, дар ҳар ду сурат монеъи тараққӣ ва пешрафт ва такомули иҷтимоъ аст, зеро қаблан гуфтаем, ки ду чиз монеъи рушд ва тараққии иҷтимоъ аст ва ҳар ду навъе зулм ва иҷҳоф ҳам ҳаст: яке ҳабс ва тавқифи маводди аввалия ба василаи моликияти афроде маъдуд, ки лозимаи режими сармоядорӣ аст, ва яке, ҳабс ва тавқифи манбаъи инсонӣ ва нерӯи инсонӣ ва ҷилавгирӣ аз мусобиқа, ки лозимаи режими иштирокӣ (сотсиалистӣ) аст.

Дар сурати аввал, аз он назар, ки мушаввиқ ва муҳаррики қавӣ ва нерӯманд аз афрод салб мегардад, ва дар сурати дуввум амалан монеъи фаъолият ва кӯшиши афрод — бо ин ки тафовут миёни афрод аҳёнан аз замин то осмон аст — шудаем.

Ва аммо масъалаи ин ки замин масалан бояд аз сарватҳои умумӣ бошад ва ё чунонки мо собит хоҳем кард, ки мошин аз он назар, ки мазҳари тараққии иҷтимоъ аст ва маҳсули мошинро наметавон маҳсули ғайримустақими сармоядор донист, балки маҳсули ғайримустақим шуъур ва нубуғи мухтареъ аст ва осори шуъур ва нубуғ наметавон молики шахсӣ дошта бошад, пас мошинҳои тавлид наметавонад ба ашхос таъаллуқ дошта бошад, инҳо масъалаи дигаре аст, инҳо нафйи моликияти фардӣ нест, илғои моликияти хусусӣ нест, балки моликияти иштирокӣ дар мавориди хоссе аст, ки мӯҷиботи он иқтизо мекунад дар он маворид, моликият иштирокӣ ва иҷтимоӣ бошад, на фардӣ; ҳамон тавре, ки дар ислом анфол аз сарватҳои умумӣ шумурда мешавад. Ислом на бо қабули моликияти умумӣ дар мисли анфол моликияти фардиро ба таври мутлақ тард карда ва на бо қабули моликияти фардӣ моликияти умумиро нафй кардааст. Дар он ҷо, ки пойи кори афрод ва ашхос аст, моликияти фардиро мӯътабар мешуморад ва дар он ҷо, ки пойи кори афрод ва ашхос нест, моликиятро ҷамъӣ медонад.

Бинобар ин, ислом бо ин ки тарафдори моликияти ҷамъии баъзе сармояҳост аз он ҷо, ки моликияти иштирокӣ дар маҳсули кори афродро намепазирад, магар ба ризоят ва қарордоди онҳо, пас як маслаки иштирокӣ нест назири соири иштирокиятҳо, ва аз он ҷиҳат, ки сармояҳои табиӣ ва синоъиро мутаъаллиқ ба шахс намедонад, ба навъе иштирокият қоил аст. Ин аст мақоми ислом дар миёни сармоядорӣ ва сотсиалисм.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: