Шарҳи Маснавӣ (228)

Достони пири чангӣ, ки дар аҳди Умар разияллоҳу анҳу баҳри Худо рӯзи бенавоӣ чанг зад миёни гӯристон (12)

* * *

Дар баёни ин ҳадис, ки:

ان لربكم في أيام دهركم نفحات الا فتعرضوا لها

(Инна лираббикум фӣ айёми даҳрикум нафаҳотун, ало фатаъарраззу лаҳо) – 6

* * *

Ошиқ аз худ чун ғизо ёбад раҳиқ,

Ақл он ҷо гум бимонад бе рафиқ!

Ошиқ, ки шароби ваҳдат ва бодаи муҳаббатро аз вуҷуди хеш мегирад, ақл дар тафсиру фаҳми ин роз сардаргум мемонад.

Раҳиқ: шароби ноб.

Нукта: Ин байт ва чанд байти баъдӣ дар баёни қусури ақли ҷузъӣ аз дарки мартибаи ишқ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.614)

Ақли ҷузвӣ ишқро мункир бувад,

Гарчи бинмояд, ки соҳибсир бувад.

Ақли ҷузъии назарӣ ишқро инкор мекунад, ҳарчанд ки ин ақл худро донои ба асрор менумоёнад.

Зираку доност, аммо “нест” нест,

То фаришта “ло” нашуд, аҳриманест.

Ақли назарӣ зираку доност, вале ба марҳилаи фано нарасида, яъне худбин аст ва дар баробари ҳақоиқи барину асрори азими олам, барои худ мавҷудият қоил аст, ҳол он ки агар фаришта мавҷудияти худро маҳву фонӣ насозад, ба мақоми фариштагӣ намерасад, балки шайтону аҳриман аст.

Ӯ ба қавлу феъл, ёри мо бувад,

Чун ба ҳукми ҳол оӣ, “ло” бувад.

Ақли назарӣ гуфтори моро танзим мекунад ва фаъолияту талоши моро дар ҷиҳати шинохти каммиятҳо ва кайфиятҳои ҷаҳон ёрӣ мекунад, вале дар баробари олами ҳолу маъно, фонӣ ва маҳв аст ва коре аз ӯ сохта нест. (Пас, ақли назарӣ вақте масъалаи шуҳуди руҳонӣ матраҳ мешавад, коре аз пеш намебарад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.615))

“Ло” бувад, чун ӯ нашуд аз ҳаст нест,

Чунки тавъан “ло” нашуд, курҳан басест.

Ин ақли ҷузъӣ чун аз ҳастии ноқиси худ даст барнадошта ва маҳв нашуда ва ҳамчунон худро комил медонад, дар воқеъ бояд ӯро “нест” ва фонӣ шумурд, зеро ӯ аз рӯи ихтиёр фаноро напазируфта, аз ин рӯ бояд иҷборан ва бар хилофи майли ӯ, ӯро фонӣ бишуморем.

Нукта: Ишора дорад ба марги ихтиёрӣ ва марги изтирорӣ. Ҳазрати Хатмимартибат (с) фармуд:

مُوتُوا قَبْلَ أنْ تَمُوتُوا

Бимиред пеш аз он ки бимиред.” Марги изтирорӣ ҳамаро шомил мешавад, чӣ майле бошад ва чӣ майле набошад, ва он, марги табиӣ аст. Ва тайи марги ихтиёрӣ вежаи асҳоби ҳақиқат аст, ки дар ҳамин дунё ҳамаи ҳавоҳои нафсониро дар худ фурӯ мекӯбанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.615)

Ҷон камол асту нидои ӯ камол,

Мустафо гӯён: “Ариҳно ё Билол!”

Ҷон камоли ҳақиқиро дорад ва бонги ӯ низ айни камол аст. Ба ҳамин сабаб ҳазрати Хатмимартибат (с) ба Билол фармуд: эй Билол! Моро оромиш деҳ.

Нукта: Дар инҷо Билол киноя аз ҷони латиф аст, ки бонги азони ӯ низ монанди худи ӯ камоловар ва руҳафзо бувад. Билол ибни Рибоҳи Ҳабашӣ бо куняи Абӯабдуллоҳ, муаззини Расули Худо (с) буд ва яке аз пешгомон дар гаравидан ба ислом, аз вақте ки Расули Худо (с) реҳлат фармуд, ӯ дигар азон нагуфт. (Аъломи Заркалӣ, ҷ.2, с.49)

Эй Билол, афроз бонги салсалат,

З-он даме, к-андар дамидам дар дилат.

Паёмбар (с) ҳаргоҳ ки хаста мешуд, ба Билол мегуфт: эй Билол! Бонги дилнишину хуши азонатро баланд кун, ва зимни тамҷиду таҳмиди Ҳақ Таъоло, аз он даму нафҳае, ки ман бар қалбат дамидаам, ҳарф бизан.

Салсал: оби ширин ва сарду хуш, ки ба гулӯ равон фурӯ шавад.

З-он даме, к-Одам аз он мадҳуш гашт,

Ҳуши аҳли осмон беҳуш гашт.

Аз ҳамон даме, ки Одам (а) бар асари он, мадҳуш шуд ва ҳушу ақли осмониён бар асари он, аз миён рафт, дучори беҳушӣ шуданд.

Мустафо бе хеш шуд з-он хубсавт,

Шуд намозаш аз шаби таърис фавт.

Паёмбар (с) аз он бонги хуш ва он дами худоӣ, аз хеш бирафт ва мустағриқи сайри ботинӣ шуд, аз ин рӯ бомдодаш ба иллати шаби таърис қазо шуд.

Нукта: Манзур аз “шаби таърис” ё “лайлатут-таърис” шабе буда, ки Паёмбар (с) ва асҳоб аз ҷанги Хайбар ба сӯи Мадина бозмегаштанд. Роҳе бас тӯлониро тай карда буданд ва билохира андаке қабл аз сапедадам, дар маҳалле фуруд омаданд, то истироҳате кунанд. Паёмбар (с) ба ёронаш пешниҳод кард, ки яке аз онон бедор бимонад, то вақти намози субҳ ононро бедор кунад. Билол довталаби ин кор шуд. Вале хастагӣ ва хоби муфрит бар ӯ ғолиб шуд ва ӯ низ дар коми хоб фурӯ рафт ва ногаҳон теғи офтоб дурахшид ва рӯи замин паҳн шуд ба ҳадде, ки аз гармои офтоб хобидагон бедор шуданд. Ва онҳо билофосила пас аз таҷдиди вузӯ, ба имомати Паёмбар (с) намози қазошудаи субҳро баҷо оварданд. (Мағозии Воқидӣ, ҷ.2, с.542-543)

Сар аз он хоби муборак барнадошт,

То намози субҳдам омад ба чошт.

Он ҳазрат сар аз хоб барнадошт, то он ки намози субҳи ӯ қазо шуд.

Дар шаби таърис пеши он арӯс

Ёфт ҷони поки эшон дастбӯс.

Дар шаби таърис, дар ҳузури он Маъшуқ чун арӯс, ҷони поки он соҳибони саодат, мартибаи дастбӯсро пайдо кард, яъне васлат даст дод ва мушоҳидаи Маъшуқи ҳақиқӣ бар эшон ҳосил шуд. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.794)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: