Низоми иқтисодии ислом (6)

(Суханрониҳои мутафаккир Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ таҳти унвони “Назаре ба иқтисодӣ исломӣ”)

Бахши севвум: Арзиш (1)

Яке аз масоили муҳим дар иқтисод, чӣ аз ҷанбаи назарӣ ва фаннӣ ва чӣ аз ҷанбаи ахлоқӣ, масъалаи “арзиш” аст. Арзиш чист ва омили арзишдиҳанда чӣ мебошад?

Арзиш, ки шояд бо “арҷ” ҳамреша бошад — балки шояд “арҷ” муъарраби (арабишудаи) “арз” аст — исми масдар аст ва ба маънии “ҳолати ҳосил аз арҷ гузоштан” аст. Инсон ба баъзе чизҳо арҷ мегузорад ва ба онҳо аҳаммият медиҳад. Он чизҳо ҳамонҳо ҳастанд, ки ба ҳоли ӯ нофеъ ва муфид бошанд. Арзиши иқтисодӣ иборат аст аз: арҷе, ки дар як моддаи маошӣ вуҷуд дорад, ва ё арҷи маошӣ ва пулӣ, ки барои як амри моддӣ ё маънавӣ назири таълим ва ё як амри ҳунарӣ мисли хондан эътибор мешавад. Баҳси арзиш дар ду қисмат аст:

1) Яке ин ки: чӣ гуна аст, ки баъзе умури моддии ин ҷаҳон барои инсон арзиш ва молият дорад ва сарват шумурда мешавад, монанди об, нон, замин, мева ва фарш ва ғайра, ва баъзе дигар арзиш ва молият надоранд ва сарват шумурда намешаванд, монанди нур, ҳаво ва монанди зубола ва хокрӯба?

2) Дигар ин ки: тафовути арзиши умуре, ки молият доранд аз куҷо пайдо мешавад? Ба иборати дигар, маншаи қиматҳо ва тафовути онҳо чист? Чаро ду чиз, ки ҳар ду бо воҳиди вазн ё кило ё метр хариду фурӯш мешаванд ва баробаранд, яке аз дигаре гаронтар аст?

Аммо қисмати аввал: молият ва арзиш пайдо кардани як чиз тобеъи ин аст, ки аввалан ба ҳоли башар муфид бошад, яъне яке аз ҳоҷатҳои башарро рафъ кунад ё дар рафъи он дахил бошад, хоҳ он ки он ҳоҷат моддӣ ва маошӣ бошад ё ғайри моддӣ, ва хоҳ он ки айни як шайъ мавриди истифода воқеъ шавад, ки баҳраманд шудан аз он мусовӣ аст бо нобудии он, мисли нон ва мева, ва ё манфиати он чиз (манфиат ба истилоҳи фиқҳ), яъне васила воқеъ шавад, ки бидуни ин ки айн масраф шавад инсон баҳрае аз он бибарад, мисли баҳрае, ки инсон аз дидани манзарае ё шунидани овозе ё сукно дар хонае пайдо мекунад.

Вале ҳақиқат ин аст, ки манфиат (ба истилоҳи фиқҳӣ) ҳарчанд қобили мубодила ба мол ҳаст, вале худаш молу сарват шумурда намешавад. Ҷамол ё овоз ё нутқ, василаи ҷалби мол ва касби мол ва қобили муовиза ба мол мебошад, вале худи инҳо молу сарват шумурда намешаванд. Пас, шарти молият ин аст, ки худи айн бошад. Аз он чӣ гузашт маълум шуд, ки шарти аввали молият ин аст, ки шайъ мавриди ҳоҷат бошад. Шарти дуввум ин аст, ки вофир ва ройгон набошад, мисли нуру ҳаво. Шарти севвум ин аст, ки қобили ихтисос бошад.

Агар чизе бошад, ки афрод натавонанд ба худ ихтисос диҳанд, аз ихтиёри афрод хориҷ бошад, ҳарчанд ки вофир ва беш аз миқдори лозим набошад, боз ҳам молият надорад, монанди борон ё насим. Дар мавриди шарти дуввум метавон гуфт, ки шартият надорад, зеро агар чизе фаразан фавқулъода зиёд бошад, вале афроде қодир бошанд онҳоро таҳти ихтиёр қарор диҳанд, хоҳ нохоҳ молият пайдо мекунад, ҳамон тавре, ки замин ва дарё инчунин аст. Агар афроде қудрат пайдо кунанд ҳаворо монанди дарё ва замин таҳти ихтиёри худ қарор диҳанд, хоҳ нохоҳ ҳаво низ молият пайдо мекунад. Ва агар билъакс, чизе фақат ба қадри лузум ё камтар аз қадри лузум бошад, вале қобили ихтисос набошад, мисли борон ва насим, молият пайдо намекунад. Пас, шарти севвум ҷонишини шарти дуввум аст.

Аз он чӣ гуфта шуд маълум шуд, ки дар асли молият, кор дахолат надорад. Албатта бисёр чизҳост, ки то рӯи онҳо кор нашавад, қобили истифода нест, вале бисёре аз чизҳо қабл аз он ки рӯи онҳо кор сурат бигирад, қобили истифода мебошанд ва молият пайдо мекунанд. Ва ашёе, ки бояд рӯи онҳо кор сурат бигирад, аз он ҷиҳат, ки билқувва қобили истифода мебошанд, молият доранд; камо ин ки мумкин аст рӯи чизе кор сурат бигирад, вале чун муфид ва мавриди ҳоҷат нест, арзиш пайдо накунад, ё муддате дорои арзиш бошад ва баъд, аз арзиш биафтад. Кор маншаи моликият бояд шумурда шавад, на маншаи молият. Молият ва арзиш аслан ва абадан доир мадори кор намебошад.

Аммо қисмати дуввум, яъне иллати тафовути қиматҳо: дар китоби “Усули илми иқтисод”-и Нӯшин (сафҳаи 14) менависад:

Таъйин ва таҳдиди қиматҳо дар бозор агарчӣ аз амали мутақобил ва муборизаи моликони тавлидкунандаи коло натиҷа мегардад, вале мустақил аз иродаи ҳар як аз онҳо ва низ аз иродаи куллияи иҷтимоъ мебошад ва монанди қавонини табиат бо нерӯи шикастнопазире худро ба тамоми онҳо таҳмил менамояд. Масалан, мумкин аст гоҳе баҳои чанд навъ коло соҳибони онҳоро варшикаст кунад, вале модом ки шароите, ки он баҳоро таъйин намуда идома дорад, ҳеч кас ва ҳеч қудрате наметавонад — дар иқтисоди мубодилаӣ — он баҳоро тағйир диҳад…

Дар инҷо чанд матлаб бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад:

а) Қиматҳо дар иқтисоди ба истилоҳ озод ва мубодилаи мабнӣ бар моликияти фардӣ, чӣ андоза дар ихтиёри афрод ва ашхос аст ва давлат чӣ андоза қодир аст бар қиматҳо назорат ва онҳоро таъйин намояд? Оё давлат фақат метавонад ҷилави беинсофии фурӯшандагонро бигирад ё метавонад қимати воқеии аҷносро низ болотар ва поинтар бибарад? Муғолатаи ҳазарот ин аст, ки ба истилоҳ бо як сабки фикри арастуӣ ду режим бештар фарз намекунанд: иқтисоди мабнӣ бар моликияти фардӣ ва озоди мутлақ ва иқтисоди иштирокӣ (сотсиалистӣ), ва чун аввалӣ ботил аст, пас дуввумӣ дуруст аст, ва ҳол он ки шиққи севвум ҳам мумкин аст, ва он ин ки: моликияти фардӣ, вале давлат, ки мазҳари ирода ва масолеҳи миллат аст назорат кунад бар тавлид ва масраф.

б) Чаро қимати як чиз мутановибан болову поин меравад ва оё ҳаддиаксар ва ҳаддиақалли ғайриқобили тахаллуфе дар кор ҳаст ё на? Рӯи чӣ асле қиматҳо навасон пайдо мекунад? Ва таъйинкунандаи ҳаддиақал ва ҳаддиаксар чист?

в) Иллати ин ки ҳар як аз колоҳо қимати махсус ба худ дорад чист? Чӣ чиз сабаб шуда, ки масалан ҳар як аз ҷавоҳир қимати махсусе дошта бошад? Чаро маъмулан қимати гандум аз ҷав бештар аст? Чаро қанд аз гандум, ва гулобӣ аз себ гаронтар аст?

Дар китоби “Усули илми иқтисод”-и Нӯшин (сафҳаи 14) менависад:

Инак, ки ба аҳаммияти фавқулъодаи баҳо дар иқтисоди мубодилаӣ пай бурдем, бояд дар мутолеаи он қабл аз ҳар чиз бипурсем: баҳо ба чӣ чиз марбут аст ва кадом омил, ин танзимкунандаи иқтисоди мубодилаиро таъйин мекунад?..

Он гоҳ ба ду кулоҳ, ки қимати яке 250 риёл ва дигаре 150 риёл таъйин шуда масал мезанад ва мегӯяд:

Агар ман аз ӯ (фурӯшанда) сабаби ин ихтилофро бипурсам, ба ман ҷавоб медиҳад, ки ҷинс ё форми аввалӣ беҳтар аст. Хулоса, ихтилофи баҳои кулоҳҳоро аввал ба воситаи ихтилофи ҷинс ва ё мавриди истеъмоли онҳо баён мекунад. Оё ин тавзеҳ саҳеҳ аст? Мумкин аст дар аввалин назар саҳеҳ ба назар ояд. Дар ҳақиқат кулоҳи хушҷинсро ман метавонам ду сол истеъмол намоям ва кулоҳи дигарро як сол. Оё ба ҳамин ҷиҳат нест, ки баҳои аввалӣ бештар аст? Дар ин масъала бояд бештар диққат кунем. Аввал барои равшан шудани матлаб, ба ивази ду кулоҳ як кулоҳ ва як бушқобро дар назар мегирем. Як бушқоби маъмулӣ албатта арзонтар аз як кулоҳ аст. Фарз кунем баҳои як бушқоб чаҳор мартиба камтар аз баҳои як кулоҳ бошад, оё аз инҷо метавонем чунин натиҷае бигирем, ки чун давоми бушқоб чаҳор баробар камтар аз давоми кулоҳ аст бад-ин ҷиҳат қимати он чаҳор баробар камтар аст? Албатта на, зеро як бушқоб, махсусан агар филизӣ бошад, солҳои зиёд давом мекунад, дар сурате, ки умри як кулоҳ беш аз ду се зимистон нест. Пас, ба таҳқиқ метавонем бигӯем, ки муддати истеъмоли як ҷинс омили муҳимми таъйини баҳои он нест…”

Ҳаддиаксари баёни фавқ ин аст, ки ҷинс ва фурм ҳамеша ягона омили таъйинкунандаи баҳо нест, аммо бо ин ки яке аз авомили арзиш бошад мунофот надорад, балки дар баъзе аҷнос — аз қабили ҷавоҳирот — метавон гуфт ягона омил, ҷинс аст. Сониян, дар баёни фавқ ихтилофи ҷинс фақат аз лиҳози давом дар назар гирифта шуда ва ба “муддати истеъмол” истинод шуда, аммо бояд донист ихтилофи ҷинс танҳо аз лиҳози давом нест, зарофат ва шаффофият ва ё баъзе хавосси табиӣ низ мумкин аст дахолат дошта бошад. Ва аммо фурм марбут аст ба кайфият ва шакли маснуъӣ, ва марбут аст ба ибтикор на кор.

Сипас дар сафҳаи 15 мегӯяд:

Шояд баҳои кулоҳ аз баҳои бушқоб бештар аст, барои ин ки маъмулан кулоҳ муфидтар аз бушқоб аст, зеро дар мавқеъи изтирор мумкин аст аз бушқоб сарфи назар кард ва аз дег ғизо хӯрд ё як бушқоб аз ҳамсоя ба ория гирифт, вале кулоҳро ба осони ория намедиҳанд ва дар яхбандони зимистон ва барфу бӯрон бекулоҳ наметавон аз хона берун омад. Агар каме диққат кунем, мефаҳмем, ки муфид будан ҳам далели кофӣ ва қотеъ барои таъйини баҳои аҷнос нест, зеро баҳои нон аз баҳои тутун ва сигор бисёр камтар аст… Агар чунин бошад, бо кадом миқёси ададӣ метавонем дараҷаи эҳтиёҷи худро нисбат ба колоҳои муайян бисанҷем? Аз тарафи дигар, бояд бидонем, ки дараҷаи эҳтиёҷи башар ба аҷноси мухталиф ва дараҷаи муфид будани онҳо бисёр нисбӣ ва мутағайир аст. Масалан фарз кунем як донишӯи фақир ва як тоҷири сарватманд барои хариди як шалвор ба дӯкони хайётӣ бираванд…

Дар инҷо низ нависанда мегӯяд, муфид будан далели кофӣ ва қотеъ нест, талвеҳан омил будани онро филҷумла мепазирад. Мо барои ин ки ба даст оварем фалон шайъ омил ҳаст ё нест, бояд соири шароитро мутасовӣ (баробар) дар назар бигирем ва он гоҳ бибинем буду набуди ин омил дар шароити мутасовӣ муассир ҳаст ё нест? Яъне, масалан бояд дар шароите, ки ду коло аз лиҳози ҷинс ва аз лиҳози мизони арзаву тақозо ва аз лиҳози мизони коре, ки лозим аст дар тавлиди он масраф шавад, мутасовӣ ҳастанд ва фақат аз лиҳози муфид будан ва набудан мухталиф ҳастанд, бибинем оё ин омил муассир ҳаст ё нест? Аммо баёни боло фақат “танҳо омил будан”-и ин омилро нафй мекунад, яъне он баён мантиқан барои исботи дахолати омилҳои дигар муфид аст, на барои нафйи дахолати ин омил. Бинобар ин, баёни боло холӣ аз як навъ муғолатаи мантиқӣ нест.

Пас, баёни саҳеҳи мантиқӣ он тавр аст, ки мо гуфтем, ва албатта мутобиқи ин баён яъне дар шароити мутасовӣ аз лиҳози ҷинсу кор ва арзаву тақозо “муфид будан” омили муассир ҳаст. “Ҷинс” низ дар шароити мутасовӣ омили муассир ҳаст, гӯ ин ки шояд бишавад гуфт, худи ҷинс мӯҷиби афзоиши тақозо мешавад ва таъодулро ба ҳам мезанад, вале дар баҳси арзаву тақозо дар ин бора баҳс хоҳем кард.

(Дар сафҳаи 20 мегӯяд:)

Пас ҳоло ба назар мерасад омиле, ки сатҳи баҳоро бидуни дахолати тағйироти ҳосила ба воситаи арзаву тақозо таъйин мекунад пайдо кардаем… Вале ин ҷавоб, чунонки бояд, моро розӣ намекунад… Агар мо баҳои баъзе аҷносро ба василаи баҳои баъзе дигар таъриф кунем, ҳанӯз дар мутолеаи худ қадаме пеш нарафтаем ва монанди он аст, ки бихоҳем мавзӯи номаълумеро ба василаи мавзӯи номаълуми дигаре бишносем. Пас, ба мутолеаи худ идома медиҳем. Аввал мулоҳиза мекунем, ки дар баҳои як даст либос, қимати аҷносе, ки дар сохти он ба кор рафтааст, ба нисбати 1000 / 1300 ва ё 10 / 13 мебошад ва қисмати дигар яъне 300 / 1300 музди чанд рӯзи кор хайёт аст. Ҳол бояд бибинем баҳои порча ва соири аҷноси дигаре, ки ба кор бурда шуда чӣ гуна таъйин шудааст? Аввал чаро баҳои порча 800 риёл аст? Зеро барои бофти он бояд миқдоре кор сарф кард. Фарз кунем, ки қимати маводди аввалия, яъне пашм, понсад риёл аст. Боз мепурсем, баҳои пашм марбут ба чӣ чиз аст? Монанди аввал ҷавоб медиҳем, марбут ба маводди аввалия, яъне баҳои гӯсфанд минҳои устухонҳо, гӯшт, пӯст ва ғайра, ва марбут ба миқдоре кор аст (яъне чидани пашм). Баҳои гӯсфанд низ марбут ба баҳои тағзия ва нигаҳдории он аст. Бад-ин тариқ билохира куллияи махориҷи лозим барои тавлиди ҳар гуна коло, марбут ба масрафи кор мегардад. Пас агар истидлоли худро ҳамин тавр идома диҳем, билохира бе гумон ба ҷое мерасем, ки чизи дигаре вуҷуд надорад ҷуз кори табақоти мухталифи коргар ва маводде, ки дар табиат вуҷуд доранд. Вале модом, ки кор он маводдро аз сурате ба сурати дигар дарнаёварда наметавонанд дар махориҷи тавлид ба ҳисоб дароянд…

Эроде, ки бар баёни фавқ метавон гирифт, яке ин аст, ки баъзе колоҳо, сохта ва пардохта, аз табиат дарёфт мешавад ва қимати онҳо мутаносиб бо коре, ки рӯи онҳо сурат мегирад нест, монанди моҳиҳо, оҳуҳо. Дар ҳақиқат метавон гуфт, коре рӯи онҳо сурат намегирад, аз ин рӯ давлатҳо ин гуна манобеъи сарватро яъне дарёҳо ва ҷангалҳоро миллӣ ва умумӣ эълом мекунанд ва сарвати умумӣ ба шумор меоваранд.

Сониян, агар кор арзиши зотӣ дорад ва чизи дигаре дар арзиш дахолат надорад, чаро як коло, ки мушобеҳи он аз ҷинси марғубтар таҳия шуда (на бо кори бештар) ё ибтикоре дар як ҷиҳати он сурат гирифта, ки онро муфидтар карда ва ё фурм ва шакли олитаре дорад, ба маҳзи вуруди ин ҷинс, мушобеҳи аввалӣ аз майдони рақобат хориҷ мешавад бидуни ин ки кори бештаре сурат гирифта бошад?

Солисан, ҳаддиаксари баёни фавқ ин аст, ки кор низ худ колое аст тобеъи арзаву тақозо, баҳои ин коло болову поин меравад ва агар бирасад ба ҳадди сифр ё ҳадде, ки ҳаддиақалли зиндагии коргарро таъмин накунад, арза нахоҳад шуд ва дар миёни ду коло, ки яке кори камтар вале арзиши бештаре дошта бошад ва дигаре кори бештар вале арзиши камтаре дошта бошад, аввалӣ интихоб хоҳад шуд, ва қаҳран он ки кори бештаре мехоҳад камёб хоҳад шуд ва баҳояш афзоиш пайдо мекунад. Пас, мизони кор дар афзоиши баҳо дахолат дорад, вале ҳамаи ин баёнот мерасонад, ки кор яке аз авомили арзиш аст, вуҷуди соири авомилро нафй намекунад. Кор низ монанди соири авомил, дар шароити мусовӣ мӯҷиби афзоиши баҳост.

Ва робиъан, гоҳе иллати афзоиши баҳои як коло, масалан автомобил, ибтикори олитаре аст, ки дар он ба кор рафта. Аз ду муҳандиси муделсоз мумкин аст яке бештар фикр кунад ва нерӯи мағзӣ масраф кунад, вале дигаре ба воситаи ҳуши саршор ибтикори олитаре ба харҷ медиҳад.

Хомисан, корҳои ҳунарӣ умуман ба ибтикору завқи шахсӣ ва ҳусни салиқа вобаста аст, на ба сарфи энержии бештар. Асари як нафар мубтакир, хоҳ асари таълифӣ ё наққошӣ ё муҷассамасозӣ ё банноӣ, арзиши зиёдтар пайдо мекунад, на ба воситаи кори зиёдтар.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Иқтисоди исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: