Тӯраҷонзода дар саломати комил ба сар мебарад

Яке аз наздикон ва муридони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, дар ёддоште дар Фейсбук, таъкид кардааст, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҳоли ҳозир дар саломати комил ба сар мебарад ва хабарҳои ахири нашршуда комилан дурӯғ ва беасос ҳастанд.

Вай навиштааст: “Тибқи маълумоти дақиқ ва саҳеҳи расида аз Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, руҳонӣ, сиёсатмадор, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, роҳбари музокиракунандаи ҳайти ИНОТ дар раванди сулҳи тоҷикон, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон дар сиҳҳатмандии комил ба сар мебарад.”

Дар идомаи ин ёддошт омада: “Хабарҳои ахири нашршуда дар ВАО ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди саломатии ӯ комилан дурӯғ ва беасос буда ба ҷуз ҳангома ва иғво чизи дигаре нест.”

Афзудааст: “Феълан Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳамроҳи бародарон ва дигар аҳли хонаводааш дар ҷамоати ба номи Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат чун ҳар вақта аз пайи кору зиндагии маъмулии хеш аст. Ӯ, ки муалифи як силсила мақолот ва китобу рисолаҳо дар бахшҳои мухталиф аст, имрӯзҳо пайи таҳлилу омӯзишҳои дақиқ дар бахшҳои мухталифи улуми ислом аст.”

Дар поён ёдовар шудааст: “Чаҳор соли қабл эълон кард, ки аз сиёсат амалан канорагирӣ мекунад ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва як шахси озодандеш дидгоҳу назари худро дар мавзӯъҳои мухталиф ироа хоҳад кард. Ӯ 65 сола мебошад ва дар коргоҳҳои хусусии хеш кору фаъолият дорад.”

Гуфтанист, чанд рӯз пеш расонаҳои хабарӣ бо такя ба манобеи худ навишта буданд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз ноҳияи по бо мушкил бархӯрд кардааст.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: