Фалсафа ва равиши реализм (137)

Қувва ва феъл, имкон ва феълият (5)

Матни мақола

Ва аз ин баён ба вузуҳ мепайвандад, ки имкон доштани феълияте дар модда, ҳақиқаташ ин аст, ки як наҳва субути вуҷудӣ дар модда дорад, ки ҳанӯз осори хориҷии феълияти баъдиро воҷид нест ва пас аз он ки модда дар сайри такомулии худ тамоми феълиятро пайдо кард, осори хориҷиро низ аз худ буруз медиҳад.

Масалан, феълияти себ вуҷуди беасаре дар тухми себ дорад бо як вуҷудоти беасари дигаре аз феълиятҳои дигаре, ки имкон доранд ва ҳангоме, ки тухм бо сайри такомулии худ дар хатти феълияти себ афтод, шурӯъ ба фаъолият карда тадриҷан имконҳои дигареро, ки буданд аз миён бурда ва дарахти себ мешавад, сипас себ мешавад ва осори хориҷии себ аз вай тулӯъ мекунад ва дорои ҳаҷму сангинӣ ва рангу бӯю мазаи вежа мешавад.

Мумкин аст натиҷаи 4-ро бо тағйири таъбир чунин баён кунем: модда бо пайдо кардани феълияте имконро ба феълият табдил мекунад. Ва аз баёни гузашта метавон натиҷаи дигаре ба даст овард ва он ин аст, ки: “миёни имкон ва феълият фосила наметавон тасаввур намуд”, зеро маҷмӯи имкон ва феълият як воҳиди шахсиро ташкил медиҳад ва пайдоиши фосила (хоҳ фосилаи вуҷудӣ ва хоҳ фосилаи адамӣ) дар миёни як воҳиди шахсӣ, ваҳдат ва шахсиятро аз миён бармедорад.

Масалан тухми себ, ки ба сӯи феълияти себ раҳсипор аст, дар раҳгузари худ ба нуқтае нахоҳад расид, ки дар онҷо на имкони себ буда бошад на феълияти себ, балки поёни имкони себ, оғози феълияти себ мебошад. Пас маҷмӯи имкон ва феълияти себ як воҳиди муттасилро ташкил медиҳад ва ҳамчунин миёни тухми себ (сурате, ки ба навбаи худ модда ва имкони себро ҳифз мекунад) ва имкони себ намешавад фосилаи кам ё зиёди вуҷудӣ ё адамӣ фарз кард, зеро фарзи мазбур мусталзими ин аст, ки модда бе сурат таҳаққуқ пазирад, ва ин худ маҳол аст.

Пас, поёни вуҷуди сурати тухм низ оғози вуҷуди сурати себ буда ва маҷмӯи ин ду сурат як воҳиди муттасил ва мумтаддро ташкил медиҳад ва дар натиҷа исботи ҷудоӣ миёни суратҳое, ки ба тадриҷ рӯи модда меоянд, ва такассур миёни онҳо фарзе беш нест, балки чунонки дар мақолаи 5 гузашт, дар айни ин ки ин суратҳо аз якдигар ҷудо ҳастанд, як воҳид мебошанд.

* * *

Ишкол

Мумкин аст ба баёни гузашта эътироз карда ва бигӯед, ки баёни гузашта бо он чӣ улум имрӯз ташхис медиҳанд вифқ намедиҳад… (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Сухан ба инҷо расид, ки миёни имкон ва феълият, ба иборати дигар миёни гузашта ва оянда фосила нест, такассури суратҳо такассури воқеӣ нест, балки ваҳмӣ аст ва он чӣ ҳаст бо он чӣ хоҳад буд муттасил аст ва маҷмӯъан як воҳиди воқеиятро ташкил медиҳанд.

Дар инҷо мумкин аст аз назари улуми табиии имрӯз ишколе ба назар бирасад, ва он ин ки: асоси ин назария бар ваҳдат ва иттисол аст ва дар асри ҷадид, улум назарияи иттисолро мардуд шинохтааст.

Дар муқаддимаи мақола гуфта шуд, ки аз давраи юнониён ин масъала миёни ҳукамо матраҳ будааст, ки ҳақиқати ҷисм чист? Ва ҷисм аз чӣ ташкил мешавад? Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки мо дар муқобили худ аҷроме мебинем, ки маҳсус ва малмус ва дорои абъоди сегонаи тӯлу арзу умқ мебошанд. Оё ин аҷром ва аҷсом ҳамон тавр, ки ба ҳисс дармеоянд, як воҳиди воқеият мебошанд ё чунин нест ва он чӣ воқеият дорад бо он чӣ ба ҳисс дармеояд мутафовит аст? Дар ин мавзӯъ се назарияи аслӣ ва асосӣ вуҷуд доштааст:

а) Назарияе, ки аз давраи Арасту ба баъд аксарияти қариб ба иттифоқи фалосифа то асри ҷадид онро пазируфтаанд ва дар истилоҳи фалосифаи исломӣ ба унвони назарияи “ҷумҳури ҳукамо” маъруф аст. Тибқи ин назария, аҷсом ва аҷроме, ки маҳсус мебошанд — аз қабили об, ҳаво, оташ ва … — ҳар кадом як воҳиди воқеият аст дорои абъоди тӯлу арзу умқ ҳамчунон ки дар ҳисс меоянд.

б) Назарияи Демукротис. Тибқи ин назария, аҷсом ва аҷроми маҳсус ташаккул ёфтаанд аз маҷмӯае аз зарроти бисёр рези ғайримаҳсус ва ғайриқобили шикастан. Ба ақидаи Демукротис, ҳар ҷисме, ки ба василаи шикастан ё буридан ва ғайра дуто мешавад, дар воқеъ ба ин сурат аст, ки зарроте, ки дар канори ҳам қарор доштанд, аз якдигар дур мешаванд, вале тибқи назарияи ҷумҳури ҳукамо, вақте, ки ҷисмеро ду қисмат мекунем, воқеан як воҳиди воқеиро табдил ба ду воҳид мекунем. Ва низ тибқи назарияи Демукротис, худи заррот ташкилдиҳандаи аҷсоми маҳсус, нашикан ва ғайриқобили тақсим мебошанд, яъне мунқасим шудан ва дупора шудани онҳо маҳол аст, бар хилофи назарияи дигарон, ки воҳиди ҷисм ҳар андоза резу кучак бошад, хоссияти қобилияти инқисом аз ӯ салб намешавад. Бино бар назарияи Демукротис, ҳар як аз зарроти ташкилдиҳандаи ҷисм, худ дорои тӯлу арзу умқ аст ва ваҳдати иттисолӣ дорад ва дар ҳақиқат ҷисми воқеӣ — яъне воҳиди ҷисм — ҳамон заррот мебошанд ва аҷсоми маҳсус ҳар кадом маҷмӯае аз иддае аз аҷсоми кучактар мебошанд. Ва дар ҳақиқат Демукротис аз назари фалсафӣ — яъне аз он назар, ки марбут аст ба ҳақиқати ҷисм — бо дигарон ихтилофе надорад ва бо онҳо ҳамоҳанг аст, ки ҳақиқати ҷисм иборат аст аз ҷавҳари қобили абъоди сегона; ихтилофаш бо соири ҳукамо дар бораи ҳақиқати ҷисм нест, дар бораи мисдоқи он ҳақиқат аст, яъне аз назари илмӣ ва ҳиссист, ки оё аҷсоми маҳсус ҳар кадом як воҳиди ҷисми воқеӣ мебошанд ё ҳар кадом маҷмӯае аз воҳидҳои ҷисм мебошанд?

Ихтилофи назари дигараш дар қобилияти инқисоми заррот будааст, ки ба ақидаи ӯ заррот ғайриқобили инқисом мебошанд ва ба ақидаи соири фалосифа воҳиди ҷисм ҳар андоза кучак бошад, қобилияти инқисоми он ҳамчунон маҳфуз аст. Ин ихтилофи назар албатта фалсафӣ аст на илмӣ.

в) Мутакаллимини исломӣ назарияи севвуме доранд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, ҳар ҷисме аз зарроте ташкил шуда, ки фоқиди буъду кашишу имтидоданд. Мутакаллимин ин зарротро “ҷавҳари фард” ё “ҷузъи лоятаҷаззо” меноманд. Ба ақидаи мутакаллимин, аҷром ва аҷсоми маҳсус он чунон ки эҳсос мешаванд воқеият надоранд; он чӣ воқеият дорад зарроти ташкилдиҳандаи аҷсом аст ва он заррот воҷиди ҳеч гуна буъде намебошанд, на тӯлу на арзу на умқ.

Тафовути назари мутакаллимин бо назари Демукротис дар ин аст, ки тибқи назари Демукротис зарроти ташкилдиҳандаи ҷисм худ дорои тӯлу арзу умқ мебошанд, яъне ҳар заррае худ мисдоқи ҷавҳари қобили абъоди сегона аст, вале тибқи назари мутакаллимин заррот ҳеч гуна имтидоди тӯлӣ ва арзӣ ва умқӣ надоранд ва мисдоқи таърифи ҷисм намебошанд, балки асосан ҷисм ба маънии ҷавҳари қобили абъоди сегона мисдоқи воқеии хориҷӣ надорад, маҷмӯае аз “ҷавҳарҳои фард” яъне зарроти орӣ аз буъд, ки бо ҳам ҷамъ шаванд хоссияти тӯлу арзу умқ падид меоваранд. Пас тӯлу арзу умқ хоссияти маҷмӯа аст ва маҷмӯа чунонки медонем вуҷуде ғайр аз вуҷуди аҷзоъ надорад, магар эътиборан ва интизоъан. Хоссияти чунин маҷмӯае ин аст, ки тӯлу арзу умқ падид ояд.

Ин ки чӣ гуна мумкин аст аз як идда ҷавҳари фард, ки ҳеч гуна буъде надоранд маҷмӯае падид ояд дорои абъод, матлабе аст, ки ҳукамо ба унвони эрод бар назарияи мутакаллимин ворид кардаанд.

Ин буд назариёте, ки миёни донишмандони қадим дар бораи ҷисм вуҷуд дошт. Назарияи Демукротис ва ҳамчунин назарияи мутакаллимин тадриҷан сурати як назарияи мансухро ба худ гирифт ва тарафдороне надошт ва дар китобҳои фалсафа ба унвони нақли таърихии фалсафӣ ва барои рад кардан нақл мешуд, вале дар ҳудуди як қарн пеш кашфиёте рух дод, ки махсусан назарияи Демукротис эҳё шуд; собит шуд, ки аҷром ва аҷсоми маҳсус аз маҷмӯае аз заррот ташкил ёфтаанд.

Қаблан гуфтем, ки Демукротис аз назари тавзеҳи ҳақиқат ва моҳияти ҷисм бо ҷумҳури ҳукамо ихтилофи назаре надошт. Аз назари ӯ низ ҷисм иборат аст аз ҷавҳаре, ки дар зоти худ қобили абъоди сегона аст. Ихтилофи назари ӯ бо соири ҳукамо аз ду назар буд: яке илмӣ ва дигаре фалсафӣ. Аз назари илмӣ, ӯ мӯътақид буд, ки он чӣ ба чашм меояд, воҳиди воқеии ҷисм нест, балки маҷмӯае аз аҷсом аст. Таҳқиқоти илмии ҷадид ба таври қатъӣ собит кард, ки аз ин назар ҳақ бо Демукротис аст. Ихтилофи назари дигараш, ки фалсафӣ буд, дар бораи имкон ва адами имкони инқисоми воҳиди воқеии ҷисм буд. Аз назари Демукротис, воҳиди воқеии ҷисм, ки ҳамон заррот аст, мумтанеъулинқисом аст, вале аз назари соири фалосифа воҳиди воқеии ҷисм дорои ҳар андоза ва ҳар миқдор бошад ҳамвора қобилияти инқисом дорад. Фалосифа бурҳони хоссе барои исботи ин муддаои худ иқома мекарданд, ки акнун маҷоли баҳс аз он нест.

Дар таҳаввули илмии ҷадид ибтидо назарияи фалсафии Демукротис дар бораи мумтанеъулинқисом будани заррот таъйид мешуд ва аз ин рӯ он заррот “атом” яъне шикастнопазир номида шуд, вале баъдан собит шуд, ки заррот шикастнопазир нест, балки собит шуд ҳар як аз атомҳо манзумаеро ташкил медиҳанд, ки иборат аст аз як нуқтаи марказӣ ва чанд нуқтаи ҷонибӣ.

Баъдҳо назари дигаре пайдо шуд мабнӣ бар ин ки зарроти атомӣ, ки охирин воҳиди модда мебошанд, мумкин аст ҳолати моддии худро аз даст бидиҳанд ва табдил ба энержӣ шаванд. Аммо ин ки энержиро чӣ гуна бояд таъриф кунем, ки дар муқобили модда қарор бигирад ва он асле, ки гоҳ таҷассуми моддӣ пайдо мекунад ва гоҳ ҳолати энержӣ ба худ мегирад чист, матлабе аст, ки эҳтиёҷ ба баҳсу ковиши зиёд дорад ва аз ӯҳдаи ин мақола хориҷ аст.

Назарияи қобилияти табдили модда ба энержӣ каму беш назарияи мутакаллиминро эҳё кард, зеро тибқи ин назария низ он чӣ аҷсомро ташкил медиҳад, худ модда нест ва таҷассум надорад ва дар айни ҳол ҷисмро ташкил медиҳад.

Аз он чӣ гуфта шуд, маълум шуд, ки тадриҷан назариёти илмӣ аз иттисол ба сӯи инфисол ва аз ваҳдат ба сӯи касрат гароиш пайдо кардааст; дигар “ҷисм” муттасили воҳид нест, анбӯҳе аст аз энержиҳои муткосиф.

Инак муфоди ишколе, ки дар матн ишора шуда равшан мешавад, ки: назарияи робитаи иттисолӣ миёни имкон ва феълият ва ин ки такассури суратҳо ваҳмӣ аст на ҳақиқӣ, бо он чӣ илми имрӯз собит мекунад, ки ваҳдат ва иттисоле дар кор нест созгор нест.

Ҷавоб ин аст, ки тамоми назариёте, ки дар боло шарҳ дода шуд, ба “сурати ҷисмӣ” марбут аст, на ба “сурати навъӣ” ва ё ба “аъроз”. Дар боби сурати ҷисмӣ низ вуҷуди воқеияте, ки дар зоти худ имтидод ва кашиш аст ва ӯст, ки фазои хориҷро ба вуҷуд оварда ва вуҷуди фазо ва макон ва вуҷуди чизҳое, ки мусталзими фазо ва макон ва абъод аст, аз қабили ҳаракати маконӣ, қобили инкор нест.

Ба ҳар ҳол, ин ки мегӯем “миёни имкон ва феълият фосила нест”, рабте ба масъалаи ваҳдати иттисолии аҷсом надорад. Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки мо воқеиятҳое дар хориҷ дорем ба номи инсон, мурғ, гӯсфанд, дарахт ва ғайра, ва ҳар фард аз ин воқеиятҳо дар зарфи хориҷ як “воҳиди воқеият” аст, хоҳ маводди ташкилдиҳандаи пайкари онҳо ваҳдати иттисолӣ дошта бошанд ва хоҳ надошта бошанд. Ин воқеиятҳо собит ва якнавохт нестанд, доиман дар маърази як силсила тағйири ҳолатҳо ва кайфиятҳо ва як силсила “шудан”-ҳо ҳастанд. Ашё доиман аз як ҳолати билқувва ба як ҳолати билфеъл дармеоянд ба ин наҳв, ки вазъи ҷавҳарии онҳо иваз мешавад: ҷамод набот мешавад, набот ҳайвон ва ҳайвон инсон мешавад. Ва ё вазъи аразии онҳо иваз мешавад монанди тағйироте, ки дар кайфият ва ё каммийят ва ҳаддиақал дар макон ва нисбати вазъии ашё падид меояд. Ҷавҳари гузашта бо ҷавҳари оянда, кайфияти гузашта бо кайфияти оянда, ва каммийяти гузшта бо каммийяти оянда, ва нисбати маконӣ ё вазъии гузашта бо нисбати маконӣ ё вазъии оянда муттасил аст ва маҷмӯъан як воҳид мебошанд. Кашфи ин ваҳдат ва иттисол миёни имкон ва феълият монанди худи имкон ва феълият бар ӯҳдаи фалсафа аст, на бар ӯҳдаи илм. Улуми ҳиссиро дар ин ҳарим роҳе нест.

Дар инҷо ишколи дигаре низ пеш меояд, ки дар матн зикр нашудааст ва он ишкол аз як назар муҳимтар аст, ва он ин ки: ҳамаи мабоҳиси қувва ва феъл бар асоси ҳудус ва фано ва мавҷуд шудан ва маъдум шудани ашё аст, зеро пояи аввали қувва ва феъл ин аст, ки ҳар ҳодисе масбуқ аст ба истеъдод ва имкони қаблӣ. Пас, худи ҳудус мусаллам ва қатъӣ фарз шудааст. Ҳудус яъне вуҷуди баъд аз адам, пас бояд чунин фарз кунем, ки ашё қаблан набуда ва нестанд ва баъдан ба вуҷуд омада ва меоянд ва ин ҷараён ҳамеша идома дорад. Аммо имрӯз дар таҳқиқоти илмӣ махсусан дар шимӣ собит шудааст, ки ҳеч мавҷуде маъдум намешавад ва ҳеч маъдуме ҳам мавҷуд намешавад. Агар чунин бошад, пас ҳудусе ва имкон ва феълияте дар кор нест, то навбат ба баҳс дар бораи иттисол ва инфисоли имкон ва феълиятҳо ба миён ояд.

Ҷавоб ин аст: агар аз дидаи фалсафӣ назар афканем, матлаби боло муғолатае беш нест. Ин ки мавҷуд маъдум намешавад, як мафҳуми саҳеҳи фалсафӣ дорад ва як мафҳуми ғалат. Мафҳуми саҳеҳи фалсафиаш дар мақолаи аввал аз ин мақолаҳо баён шуд. Он мафҳум мунофоте бо ҳудус ва фанои ашё надорад.

Аммо мафҳуми ғалати он ин аст, ки бипиндорем ҳар чӣ ҳаст ҳамеша буда ва ҳамеша хоҳад буд. Илми имрӯз ҳам чунин чизе намегӯяд ва ҳамин ғалат аст, ки зидди асли ҳудус ва асли қувва ва феъл аст.

Он чизе, ки сабаб шуда гумон биравад, ки илми имрӯз мункири мавҷуд шудани маъдум ва маъдум шудани мавҷуд бишавад ин аст, ки дар қарн 18-ум Ловуозе (Lavoisier) шимисти маъруф, пас аз як силсила таҷориб, ба ин натиҷа расид, ки аҷроми олам вазъи собите доранд, каму зиёд намешаванд; яъне масалан вақте, ки ҳезуме сӯхта мешавад ва аз он хокистари каме боқӣ мемонад, чунин ба назар мерасад, ки он ҳезум нест ва маъдум шуд, аммо дар воқеъ чунин нест, маҷмӯи маводде, ки ҳезумро ба вуҷуд оварда буд, ҷое нарафт, тағйири сурат ва тағйири ҷо дод. Ҳамаи тағйироту таҳаввулоти физикӣ ва шимиёии олам тағйири сурат ва ҷо ба ҷо шудан аст. Пас ҳаст шудан баъд аз нестӣ ва нест шудан баъд аз ҳастӣ ва ба иборати дигар, ҳудусу фаное дар кор нест.

Баъдҳо ин назария такмил ва ислоҳ шуд. Маълум шуд аҷроми олам аҳёнан ба сурати энержӣ дармеоянд ҳамчунон ки энержиҳо такосуф ёфта ва ҳолати ҷирмӣ ба худ мегиранд ва собит шуд, ки маҷмӯи моддаҳо ва энержиҳо вазъи собит ва якнавохте доранд ва каму зиёд намешаванд.

Аввалан, чизе, ки барои ман ҳанӯз ҳам маҷҳул монда ин аст, ки мегӯянд: аз назари қудамо дар ҷараёни таҳаввулоти ҷаҳон, ашёе маъдум мешаванд ва ашёе мавҷуд мегарданд. Ин матлаб ба таври иҷмол саҳеҳ аст, вале мо то кунун дар сухани аҳаде аз фалосифа надидаем, ки ҳудусу фанои ашёро аз назари мизон ва миқдори сурати ҷисмӣ ва аз назари он чизе, ки мабдаъ ва маншаи вазни аҷсом аст, мавриди баҳс қарор дода бошанд. Назари қудамо мутаваҷҷеҳи сурати навъии ашё, ки милоки ҳақиқат ва навъияти онҳо ба шумор меравад мебошад ва ё мутаваҷҷеҳи аърози кайфӣ ва каммӣ ва вазъӣ ва маконӣ ва изофии онҳост.

Сониян, фаразан назарияи Ловуозе аз ҷанбаи аҷроми олам назарияи тозае бошад, ҳаддиаксар ин аст, ки собит мекунад аҷром ва заррот, ки сангҳои аввалияи сохтмони ҷаҳонанд, ҳамеша ба як ҳол боқӣ мебошанд; дар бораи соири тору пудҳои ҳастӣ ҷаҳон чӣ бигӯем? Оё метавонем бигӯем ҳамаи тору пудҳои ҳастии ашё дар ҳукми аҷром ва зарроте ҳастанд, ки модда ва ҳастаи сохтмони ашёро ташкил медиҳанд? Магар ин ки бигӯем ҳастӣ тору пуди дигаре ғайр аз ҳамин аҷром надорад.

Ҳақиқат ин аст, ки чунин назарияе низ дар ҷаҳон пайдо шуд, ки ҷаҳонро фақат аз дидаи мошинӣ медид ва мепиндошт ҳамаи тору пуди ҳастии ашё иборат аст аз заррот ва аҷроми аввалӣ ба иловаи як робитаи мошинӣ миёни онҳо. Ин назария дар ҷаҳони имрӯз тарафдорони зиёде надорад ва мо дар баҳсҳои оянда рӯи усули фикрӣ ва фалсафии худамон бутлони онро исбот хоҳем кард.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: