Оё номи ҳазрати Муҳаммад (с) дар Таврот ва Инҷил омада?

Ба муносибати вилодати босаодати ҳазрати Муҳаммад (с)

Ба муносибати милоди фархундаи ҳазрати Хатмимартибат (с), лозим дидам баҳсеро дар бораи ин ки оё номи мубораки ҳазрати Муҳаммад (с) дар Таврот ва Инҷил омада, биёроям.

Яке аз роҳҳои шинохти паёмбарони илоҳӣ, башорати паёмбар ё паёмбарони пешин аст. Тибқи баёни Қуръони Карим, Худованд аз паёмбарони хеш паймон гирифтааст, ки паёмбари баъд аз худро ёрӣ кунанд. Ин мавзӯъ дар ояти 81 сураи Оли Имрон омадааст.

Аз иборатҳои китобҳои осмонӣ монанди Таврот ва Инҷил, истифода мешавад, ки ҳазрати Мӯсо (а) ва Исо (а) ба омадани ҳазрати Муҳаммад (с) башорат дода буданд ва дар натиҷа, яҳуд ва масеҳиён ба вижагиҳои он ҳазрат (с) комилан огоҳ буданд.

Китобҳои паёмбарони пешин

Китобҳои мансуб ба паёмбарони пешин, ки акнун мавҷуданд, дар маҷмӯае ба номи «Китоби муқаддас» ҷамъ шудааст. Ин китоб ду бахши куллӣ ба номҳои «Аҳди атиқ (қадим)» ва «Аҳди ҷадид» дорад. «Аҳди атиқ» марбут ба паёмбарони пеш аз Исо (а) буда ва муштамил бар 39 китоб ва «Аҳди ҷадид» муштамил бар 27 китоб мансуб ба Исо (а) ва ёрони ӯст.

Таврот ва башорат ба нубуввати ҳазрати Муҳаммад (с)

Тавроти мавҷуд муҳимтарин китоби яҳудиён аст. Дар ин китоб иборатҳое ҳаст, ки метавон гуфт, ба ҳазрати Муҳаммад(с) ишора доранд, монанди:

«Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед.» (Китоби панҷуми Мӯсо, Такрори шариат, боби 18/15, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Ва низ хитоб ба ҳазрати Мӯсо (а) омадааст:

«Набие, мисли ту, Ман барои онҳо аз миёни бародарони онҳо ба майдон хоҳам овард, ва суханони Худро ба даҳони Вай хоҳам гузошт, ва ҳар он чи ба Вай амр фармоям, ба онҳо хоҳад гуфт. Ва касе ки ба суханони Ман, ки Вай ба исми Ман гӯяд гӯш наандозад, Ман ӯро танбеҳ хоҳам дод.» (Китоби панҷуми Мӯсо, Такрори шариат, боби 18/18-19, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Бар хилофи назари масеҳиён, ки мисдоқи ин башоратҳоро ҳазрати Исо (а) медонанд, вижагиҳои ёдшуда барои «паёмбари мавъуд» дар ин иборатҳо, танҳо ба ҳазрати Муҳаммад (с) қобили татбиқ аст. Ба ҳамин далел – чунон ки дар баҳс аз башорати Инҷил хоҳад омад — яҳудиён баъд аз омадани ҳазрати Исо (а) низ, паёмбаре ғайр аз ӯро интизор мекашиданд.

Инҷил ва башорат ба ҳазрати Муҳаммад (с)

Инҷилҳо шомили Инҷили Матто, Инҷили Марқус, Инҷили Луқо ва Инҷили Юҳанно аст. Аз Инҷилҳои мавҷуд истифода мешавад, ки мардум мунтазири омадани паёмбаре ғайр аз Яҳё (а) ва Исо (а) ҳам будаанд:

1. Вақте ҳазрати Яҳё (а) худро паёмбари Худо муаррифӣ кард, ҳайъате аз яҳуд маъмур шуданд аз ӯ бипурсанд, ки ӯ кист, гуфт: ман на Масеҳ ҳастам ва на Илёс. Аз ӯ пурсиданд: «Оё он набӣ ҳастӣ? Ҷавоб дод: на. Он гоҳ ба вай гуфтанд: пас кистӣ, то ба он касоне ки моро фиристодаанд ҷавоб диҳем? Дар бораи худ чӣ мегӯӣ?.. Гуфт: Ӯ он аст, ки пас аз ман меояд… ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли ӯро воз кунам.» (Инҷили Юҳанно, боби 1/19-27, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

2. Дар мавриди бархӯрди мардум ҳангоми шунидани мавъизаи ҳазрати Исо (а) дар бораи касе ки баъд аз ӯ хоҳад омад (ва дар Инҷилҳо аз ӯ ба унвони Руҳулқудс зикр шуда) омадааст:

«Бисёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Паёғамбар аст.» Баъзеҳо гуфтанд: «Ин Масеҳ аст.» (Инҷили Юҳанно, боби 7/40-41, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Аз ин иборат истифода мешавад, ки мардум паёмбаре ғайр аз ҳазрати Исо (а)-ро низ интизор мекашиданд ва мисдоқи ин паёмбари мавриди интизор, ҳазрати Муҳаммад (с) аст; чун баъд аз ҳазрати Исо (а) паёмбаре ғайр аз он ҳазрат аз тарафи Худо барангехта нашудааст.

3. Ҳангоме ки ҳазрати Исо (а) панҷ ҳазор нафарро, ки ба истиқболи ӯ рафта буданд, бо панҷ қурс нон ва панҷ адад моҳӣ сер кард, мардум бо дидани ин мӯъҷиза аз ӯ, тасаввур карданд ӯ ҳамон паёмбари мавъуд аст.

«Вақте ки мардум ин мӯъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ҳақиқатан Он Паёғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд.» Лекин Исо чун дарёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад.» (Инҷили Юҳанно, боби 6/14-15, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Аз ин ки ҳазрати Исо (а) дархости мардумро напазируфт, истифода мешавад, ки ӯ ҳамон паёмбари мавъуд намебошад ва бо ин рафтор, хост ба мардум бифаҳмонад, ки бояд дар интизори паёмбари дигаре бошанд. Тибқи нақли Инҷил Барнобо, он ҳазрат тасреҳ кардааст, ки «Ман он мавъуде нестам, ки Худованд ба ҳазрати Иброҳим (а) ваъда дода буд ва ҳамаи миллатҳо ба интизораш нишастаанд.» (Инҷили Барнобо, 8/96)

Башорати ҳазрати Исо (а) ба омадани Аҳмад (Periclytos)

Инҷилҳои кунунӣ дар мавориди мутаъаддид, башорати ҳазрати Исо (а) ба омадани мавъудеро нақл мекунанд, ки танҳо ба ҳазрати Муҳаммад (с) қобили татбиқ аст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

а) «Агар маро дӯст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард. Ва Ман аз Падар илтимос хоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад. Яъне Руҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипазирад…» (Инҷили Юҳанно, боби 14/15-17, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

б) «Ин суханонро ба шумо гуфтам, вақте ки бо шумо будам. Лекин Пуштибон, яъне Руҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.» (Инҷили Юҳанно, боби 14/25-26, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

в) «Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Руҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод.» (Инҷили Юҳанно, боби 15/26, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

г) «Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо нахоҳад омад, ва агар биравам, Ӯро назди шумо мефиристам… Боз бисёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигӯям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред (таҳаммул кунед). Лекин чун Ӯ, яъне Руҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод.» (Инҷили Юҳанно, боби 16/7-13, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Чунон ки мебинед, ҳазрати Исо ба омадани Пуштибон (ки ба забони сирёнӣ «Пориқлито» ва ба арабӣ «Фориқлит» аст) башорат дода. Нависандаи Инҷили Юҳанно онро ба Periclytos дар забони юнонӣ тарҷума кардааст. Periclytos дар форсӣ ба маънои «Бисёр сутуда» аст ва дар арабӣ ба маънои «Аҳмад» ё «Муҳаммад» мебошад, ки мисдоқи он, яқинан ва бидуни ҳеч тардиде, ҳазрати Муҳаммад (с) аст.

Дар Қуръони Карим омада:

وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُم مُّصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ يَأْتِي مِن بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَاءهُم بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ مُّبِينٌ

«Ва чун Исо писари Марям гуфт: «Эй фарзандони Исроил! Ман фиристодаи Худо ба сӯйи шумо ҳастам, Тавротро, ки пеш аз ман буда тасдиқ мекунам ва ба фиристодае, ки пас аз ман меояд ва номи ӯ Аҳмад аст башорат медиҳам.» Пас вақте барои онон далоили равшан овард, гуфтанд: ин сеҳре ошкор аст.» (Сураи Саф, ояти 6)

Аҷиб он аст, ки дар Инҷилҳои нигоришёфта баъд аз ислом, ин вожа аз решаи Paraclytos ба маънои «Тасаллидиҳанда» гирифта шудааст ва мисдоқи онро Руҳулқудс пиндоштаанд, ки муддати андаке баъд аз ҳазрати Исо (а) барои тасаллии Ҳавориҳо назди онон омад. Бар ин асос, муъодили онро дар тарҷумаҳои ангилисӣ вожаи Advocate ва дар тарҷумаҳои форсӣ «Тасаллидиҳанда» овардаанд ва мутарҷими тоҷикии Инҷил онро «Пуштибон» тарҷума карда.

Мурис Буколи (Maurice Bucaille), донишмандони фаронсавӣ, дар ин бора мегӯяд: «Ба эҳтимоли зиёд, маънои ибтидоии иборате, ки зуҳури паёмбаре пас аз Исоро эълом мекунад, дастхуши дигаргунии амдӣ шуда бошад; зеро ин амр (яъне омадани паёмбаре пас аз Исо), бо таъолими калисои навпойи масеҳӣ, ки моиланд Исо охирин паёмбар бошад, мунофот дорад.» (Таврот, Инҷил, Қуръон ва илм, Мурис Буколи, тарҷумаи Забеҳуллоҳи Дабир, с.148)

Ва қароин ва шавоҳиди мутаъаддиде бар сиҳҳат ва дурустии муддаъои мо далолат дорад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

1. Тасреҳ ба номи ҳазрати Паёмбар дар Инҷили Барнобо:

Бино ба нақли Инҷили Барнобо, ҳазрати Исо (а) ба такрор ба исми шарифи ҳазрати Муҳаммад (с) тасреҳ кардааст, аз ҷумла:

«Ӯ ҳамон паёмбаре аст, ки Худо ба вай хитоб кард: сабр кун эй Муҳаммад, ки ман ба хотири ту биҳишт ва оламро халқ кунам.» (Инҷили Барнобо, 14/98, 14/27-39)

Ва низ бархе китобҳои масеҳии бар ҷоймонда аз замони қабл аз фиристода шудани ҳазрати Муҳаммад (с), нишон медиҳад, ки дар нусхаи аслии Инҷили Юҳанно ин вожа ба сурати Periclytos будааст ва уламои масеҳӣ дар ин ихтилоф надоштанд, ки маънои он «Аҳмад» ва «Муҳаммад» ва ба форсӣ «Сутуда» мебошад.

2. Ғайри қобили татбиқ будани башоратҳо ба Руҳулқудс:

Дар матни башоратҳо иборатҳое омада ва вижагиҳое барои мавъуд (Periclytos) баён шудааст, ки фақат ба ҳазрати Муҳаммад (с) қобили татбиқ аст ва бар Руҳулқудс қобили татбиқ нест, монанди:

а) Инки ҳазрати Исо (а) қабл аз башорат, ба пазириши васияти худ таъкид карда ва низ фармуда: «Ва инак, пеш аз вуқӯъ ба шумо гуфтам, то ки дар вақти воқеъ шуданаш имон оваред.» (Инҷили Юҳанно, боби 14/29, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев) ҳикоят аз нигаронии ӯ нисбат ба пазириши мавъуд аз тарафи масеҳиён мекунад. Ва ин нигаронӣ дар бораи Руҳулқудс маврид надорад.

б) «(Ӯ) ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод…» (Инҷили Юҳанно, боби 14/26, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев) Ин иборат далолат дорад, ки аз вазоифи аслии мавъуд ҳамонанди соири анбиё, таълим аст, на тасаллӣ додан.

в) «(Ӯ) ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард…» (Инҷили Юҳанно, боби 14/26, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев). Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Руҳулқудс панҷоҳ рӯз баъд аз ҳазрати Исо (а) назди Ҳавориҳо омад, баъид аст, ки онон дар ин муддати кӯтоҳ тамоми он чи он ҳазрат (а) оварда буд, фаромӯш карда бошанд, то Руҳулқудс ёдоварӣ кунад. Ба илова, дар баҳс дар бораи рисолати анбиё собит шуда, ки яке аз вазоифи анбиё аз ҷумла ҳазрати Муҳаммад (с), ёдоварии аҳком ва маорифи фаромӯшшудаи паёмбарони пешин будааст.

г) «Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод…» (Инҷили Юҳанно, боби 15/26, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев). Ҳаргиз иддаъо нашуда, ки Руҳулқудс ба ҳазрат Исо (а) шаҳодат дода бошад, вале Паёмбари Акрам (с) илова бар пок кардани домани ҳазрати Марям (а), модари ҳазрати Исо (а) аз тӯҳмати нораво, бар нубуввати эшон шаҳодат дода, ӯро тасдиқ кард. Қуръони Карим хитоб ба аҳли китоб мефрмояд:

ثُمَّ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مُصَدِّقٌ لِمَا مَعَكُمْ لَتُؤْمِنُنَّ بِهِ وَلَتَنْصُرُنَّهُ

«Сипас шуморо фиристодае омад, ки он чиро бо шумост тасдиқ кард, албатта ба ӯ имон биёваред ва ҳатман ёриаш кунед…» (Сураи Оли Имрон, ояти 81)

д) «Рафтани Ман барои шумо беҳтар аст; зеро ки агар Ман наравам, Пуштибон назди шумо нахоҳад омад…» (Инҷили Юҳанно, боби 16/7, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев). Он ҳазрат (а) омадани мавъудро вобаста ба рафтани худ медонад. Агар мурод аз он Руҳулқудс бошад, лозим набуд эшон биравад, то ӯ биёяд; зеро Руҳулқудс дар замони ҳузури эшон низ меомад ва ҳамроҳи он ҳазрат буд: «Ва Яҳё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Руҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт.» (Инҷили Юҳанно, боби 1/32, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев).

е) «(Ӯ) аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод.» (Инҷили Юҳанно, боби 16/13, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев). Бидуни тардид, яке аз ҷиҳоти эъҷози Қуръон хабар аз оянда аст. Намунаи равшан ва қобили дарк барои масеҳиён, хабари шикасти Рум ва пирӯзии муҷаддади онҳост. (Сураи Рум, ояти 2-4)

ё) «Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад…» (Инҷили Юҳанно, боби 14/16, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев). Аз қайди «дигаре» истифода мешавад, ки ҳазрати Исо (а) ба паёмбари дигаре ҳамонанди худ башорат додааст ва мурод аз «ҳамеша бо онон мондан,» ҷовидона будани рисолати ӯст.

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: