Аз “боло” суфориш шудааст, то Зайд аз беморӣ бимирад

Зайд Саидов, тоҷири маъруфи тоҷик ва поягузори ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, пайваста аз тарафи зиндонбонҳо мавриди таҳқиру шиканҷа қарор мегирад ва бештари таҳқиру азиятҳо ба ӯро корманди Раёсати ислоҳи ҷазо бо номи Раҳмон Нуриддин, муовини Изатулло Шарипов анҷом медиҳад. Ин фард эътироф кардааст, ки аз “боло” супориш шудааст, то Зайд аз беморӣ бимирад.

Сойти Паём, бо истинод ба як манбаи мувассақ навиштааст, Зайд Саидов ҳар шабонарӯз бо усули “Склонка” даҳ маротиба ба берун, рӯи бетони сард берун варда шуда, мавриди пурсуҷӯ ва таҳқир қарор мегирад.

Ба навиштаи ин сойт, ин навъ шиканҷа ва таҳқир на танҳо бо ин тоҷир ва сиёсатмадори маъруф, балки бо соири зиндониён низ эъмол мешавад. “Склонка” намуди шиканҷае аст, ки ҳамарӯза аз соати 6 субҳ то 9 шаб давом мекунад ва дар ин муддат ҳар ду соат зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабиро дар саҳни зиндон фаро хонда, дар зимистон болои бетон дар ҳавои сард зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби сӯзон нигаҳ медоранд, ва маҳбусонро якто—якто садо мекунанд, то рафта ба навбат имзо кунанд.

Сойти Паём дар идома менависад, манбаъ мегӯяд, Зайдро назди дари даромад ҷой кардаанд ва шабона кӯрпаи болояшро мегиранд. Ӯ пайваста аз тарафи зиндонбонҳо мавриди таҳқиру шиканҷа қарор мегирад. Бештари таҳқиру азиятҳо ба ӯро корманди Раёсати ислоҳи ҷазо бо номи Раҳмон Нуриддин, муовини Изатулло Шарипов анҷом медиҳад. Ҳамин нафар эътироф кардааст, ки “аз боло” супориш шудааст, то Зайд аз беморӣ бимирад.

Бар асоси ин гузориш, вазъи саломатии Зайд Саидов ҳам, тибқи гуфтаи манбаъ хуб нест ва ин шиканҷаву таҳқирҳову дар рӯи бетони хунук нигоҳ доштанҳо, онро бадтар кардааст. Бо вуҷуди ранҷ бурдани Зайд аз беморӣ ва дархости чандинборааш барои муолиҷа, ӯро ҳатто ба назди табиби зиндон набурдаанд.

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: