Ардуғон хитоб ба Тромп: “Байтулмуқаддас хатти қирмизи мусалмонон аст”

Раисиҷумҳури Туркия имрӯз дар паёме хитоб ба ҳамтои омрикоии худ эълом кард, ки Байтулмуқаддас хатти қирмизи мусалмонон аст.

Ба гузориши CNN турк, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, имрӯз (сешанбе, 05.12.2017) дар паёме хитоб ба Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар хусуси тасмим барои интиқоли сафорати Омрико ба Байтулмуқаддас гуфт: “Байтулмуқаддас хатти қирмизи мусалмонон аст ва агар интиқоли сафорати Омрико ба Байтулмуқаддас анҷом шавад, мунҷар ба қатъи равобити диплумотики Туркия бо Исроил мешавад.”

Дар ҳамин робита пештар Иброҳим Колин, сухангӯи Раҷаб Тайиб Ардуғон, аз давлати Омрико хоста буд, то аз интиқоли сафорат ба Байтулмуқаддас ва шиносоии он ба унвони пойтахти “Исроил” худдорӣ кунад.

Колин ҳамчунин бо интишори паёме дар Твиттер унвон дошт: “Хабарҳои мунташиршуда дар хусуси тасмими Омрико барои интиқоли сафорат ба Байтулмуқаддас бениҳоят нигаронкунанда аст. Ин амр комилан бар хилофи ҳувияти таърихӣ ва мазҳабии Байтулмуқаддас, тавофуқоти байналмилалӣ ва мусаввабаҳои Созмони Милал аст.”

Ба гуфтаи Колин, дар ҳоле, ки сулҳи Ховари Миёна дар вазъияте шикананда қарор дорад, интиқоли сафорат, раванди сулҳи Ховари Миёнаро ба шикаст кашонда ва мӯҷиби бурузи танишҳо ва даргирҳои ҷадид дар Ховари Миёна мешавад. Умедворем, ки давлати Омрико чунин иштибоҳи маргбореро муртакиб нашавад. Ҳифзи вазъияти Байтулмуқаддас ва ҳарами шарифи Масҷидулақсо аҳаммияти асосӣ дорад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: