“Бо расидан ба ваҳдат, метавонем афзоиши қудрати ҷомеаҳои исломиро рақам бизанем!

Дабири кулли Ҷамъияти Исломии Покистон гуфт: “Миллатҳои исломӣ барои рушд ва тавсиа бояд дар канори якдигар қарор бигиранд ва дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо ҳам талош кунанд, то ба худкифоии лозим бирасанд.”

Ба гузориши хабаргузории Taghribnews, Лиёқат Балуч, дабири кулли Ҷамъияти Исломӣ ва дабири Шӯрои миллии ҳамбастагии Покистон, дар 31-умин Конфронси ваҳдати исломӣ дапр Теҳрон, ба шохисҳои рушди кишварҳои исломӣ дар тӯли замон ва манобеи ин кишварҳо ишора кард ва гуфт: “Ин кишварҳо аз замонҳои гузашта дар пайи шаклгирии тамаддуни навини исломӣ будаанд ва равшанфикрони исломӣ аз ҳамон ибтидо бар улуми мухталиф таъкид доштанд.”

Вай афзуд: “Имрӯза уммати исломӣ бо манобеи ғание, ки дорад, метавонад ба даврони тиллоии худаш бозгардад, кишварҳои исломӣ аз манзари манобеъ ҷузъи сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон мебошанд ва кишварҳои ғарбӣ вобаста ба ин манобеъ ҳастанд ва метавон маҳсулоти худро ба ин кишварҳо содир кунем.”

Балуч гуфт: “Агар мусалмонон битавонанд зайли як парчами воҳид ҷамъ шаванд, метавон як артиши воҳид эҷод кард.”

Вай идома дод: “Дар ростои эҷоди тамаддуни навини исломӣ бояд бо афзоиши таъомулот, аз зарфиятҳо ва манобеъ ба шеваи матлуб истифода кунем, то қудрати худро барои ҳамагон ба намоиш гузорем.”

Лиёқат Балуч бо ишора ба ин ки бовари низоми илмии ҳоким бар ислом ва тавсиаи ин низом бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, тасреҳ кард: “Бо расидан ба ваҳдат метавонем афзоиши қудрати ҷомеаҳои исломиро рақам бизанем ва дар ростои муқобила бо падидаҳое аз ҷумла теруризм гомҳои густардатаре бардорем.”

Вай бо баёни ин ки 25 дарсади ҷамъияти ҷаҳон кишварҳои исломӣ ҳастанд, гуфт: “Тавлиди мо бо таваҷҷӯҳ ба ҷамъияти кишварҳоямон кам аст, аммо фурсатҳои хубе вуҷуд дорад, ки бо таъсиси андешкадаҳое дар ин кишварҳо метавон аз ин фурсатҳо истифода кард.”

Балуч таъкид кард: “Миллатҳои исломӣ барои рушд ва тавсиа бояд дар канори якдигар қарор бигиранд ва дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо ҳам талош кунанд ва ба худкифоии лозим бирасанд ва агар бӯҳроне эҷод шавад, ба доди ҳам бирасем.”

Вай дар поён таъкид кард, ки манобеи табиӣ ва инсонии кишварҳои исломӣ нақши муҳимме дар ҳаракат ба сӯи сулҳи ин кишварҳо доранд ва яке аз нуқоти қуввати мост, ки бояд барои истифодаи беҳтар аз он ва рушди кишварҳои исломӣ мудирият дошта бошем.

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: