“Бо хун омадаам ва бо хун хоҳам рафт”

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Раис Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки Худояш биёмурзад, дар моҳи майи соли 2000 дар ҳоле, ки мошинашро ронандагӣ мекард ва ман дар канораш нишаста будам, бо ишора ба ҳанҷараи худ, ба ман гуфт, ки вай қудратро бо зӯру хун гирифтааст ва онро раҳо нахоҳад кард магар ба хун. Ва ҳамон шуд, ки ӯ гуфта буд…

* * *

Дар тӯли се соли гузашта, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ тамоми талоши худро барои ҷазби Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба самти эътилофи арабӣ ба харҷ дод, то эътилофи вай бо Ансоруллоҳи Яманро тахриб кунад, аммо саудиҳо ҳар гуна наздикии Солеҳ ба онҳоро намепазируфтанд ва ҳозир ба бахшиши ӯ ва фаромӯш кардани кудетои вай набуданд, аммо аз байн рафтани умед ба амалиёти низомӣ ва шикаст дар ин замина дар Яман, боис шуд, ки аз раисиҷумҳури собиқи Яман истиқбол кунанд, аммо ин хушҳолии онҳо танҳо 24 соат давом овард.

Аморот дар марҳилаи аввал Аҳмад Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, фарзанди Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро бо як ҳавопаймои вежа барои дидор бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон ба Риёз фиристод, аммо валиаҳди Арабистон истиқболи матлубе аз вай накард ва ба вай ва падараш иҳонат кард. Аҳмад Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ низ ноумед ба Абӯзабӣ бозгашт. Ва ҳамин мавзӯъ боис шуд, то раисиҷумҳури собиқи Яман ҳарчи бештар ба самти Ансоруллоҳ кашида шавад, ҳарчанд бо онҳо ихтилоф ва даргириҳое дошт.

Чигунагии наздик шудани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистон дар рӯзҳои гузашта ва ин ки чӣ муомилае дар дидорҳои сиррӣ ва дар пушти дарҳои баста сурат гирифта мушаххас нест, аммо ин амр муҳимтарин риск дар ҳаёти сиёсии наздик ба 50-солаи Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ буд ва боис шуд, ки ба дасти яке аз шарикони худ кушта шавад.

* * *

Пайвастани Солеҳ ба эътилофи арабӣ агар чанд моҳ бештар умр дошт, метавонист тавозуни қувваҳоро дар ҷанги Яман тағйир дода ва чӣ басо ҷанг ба нафъи эътилофи арабӣ тамом мешуд, чаро ки Солеҳ марди зираке буд ва коризмои раҳбарии бесобиқае дар Яман дошт. Ӯ борҳо ба Арабистон эълом карда буд, ки хостори гуфтугӯ бо онҳост, аммо Риёз ба ин хостаи вай бетаваҷҷӯҳӣ кард. Риёз замоне мавзеъи худро тағйир дод, ки дигар дер шуда буд.

Пешбинии ҳаводиси ояндаи Яман душвор аст, ҳамон тавр ки пас аз се сол касе наметавонист пешбинӣ кунад, ки Арабистон мавзеъи худро тағйир диҳад ва бо душмани худ эътилоф кунад ва касе ҳам наметавонист ҳадс бизанд, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба дасти Ансоруллоҳ ба ҳамин роҳатӣ танҳо пас аз 24 соат аз эъломи ҷудоӣ аз эътилофи худ бо Ансоруллоҳ кушта шавад. Ва бисёре бар ин боваранд, ки эътилофи арабӣ натавонист ҳимояти лозим барои интиқоли ӯ ба Санҳонро тибқи тавофуқашон фароҳам кунад.

Суоли асосӣ дар ҳоли ҳозир дар хусуси ояндаи “Ҳизби кунграи мардумӣ” (ҳизбе, ки Солеҳ раҳбарӣ мекард) аст ва ин ки чӣ касе раҳбарии онро бар ӯҳда хоҳад дошт? Оё женерол Ториқ Абдуллоҳ Солеҳ, бародарзодаи раисиҷумҳури собиқи Яман раҳбарии ҳизбро бар ӯҳда хоҳад дошт ё Аҳмад Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ фарзанди вай, ки дар ҳоли ҳозир дар Абӯзабӣ ба сар мебарад? Оё вай қодир хоҳад буд, ки ваҳдати ҳизбро ҳифз кунад ва оё метавонад касонеро, ки аз ин ҳизб ҷудо шудаанд ва ба Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ дар Риёз пайвастаанд бозгардонад? Ё бори дигар ин ҳизб шоҳиди шикоф хоҳад буд?

Феълан наметавон ба ин суол посухи возеҳе дод, чаро ки ин ҳизб бо шоки бузурге рӯ ба рӯ шуда, ки ба роҳатӣ наметавонад онро пушти сар бигузорад ва вориди марҳилаи ҷадид шавад.

Дар зоҳир, шояд ҷараёни Ансоруллоҳ барандаи кушта шудани Солеҳ ба назар ояд, чаро ки бархе аз аъзои барҷастаи он бар ин боваранд, ки аз дасти душмани худ халос шуданд ва дар майдони шимоли Яман бидуни рақиб шуданд. Аммо ин пешбинӣ хеле зуд аст, чаро ки ҷабҳаи муқобил (яъне Саудӣ ва Аморот) ҳамчунон дар дохил ва хориҷ қавӣ аст ва ҳаҷми душманӣ ва кинаи онҳо бо кушта шудани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бештар шудааст.

Чӣ басо эътилофҳои ҷадиди қабилаӣ низ бо “Ҳизби кунграи мардумӣ” ва бо ҳимояти Арабистон ва Аморот шакл гирад ва як ҷабҳаи ҷадиди зидди Ансоруллоҳ ташкил диҳад; эътилофҳое, ки аз кушта шудани Солеҳ баҳрабардорӣ кунанд ва низ аз ҳолати асабонияти ҳаводорони Солеҳ дар дохили Яман ва дар манотиқи мухталиф баҳра бибаранд.

* * *

Эрон бе тардид аз бузургтарин истифодакунандагон аз кушта шудани Солеҳ аст, зеро ҳаргиз ба вай эътимод накард ва ба дархостҳояш барои ҳампаймонӣ посух надод ва пас аз наздик шудани ногаҳонии вай ба эътилофи Арабистон, наздик буд Яманро аз даст бидиҳад. Эрон аз ибтидо тамоми тухми мурғҳои худро дар сабади Ансоруллоҳ рехта буд; ҷунбише, ки Эрон ба лиҳози сиёсӣ ва ақидаӣ ба он наздик аст. Мушакҳои болистики Ҳусиҳо сохти Эрон аст, ҳатто агар ин ривоятро бипазирем, ки мегӯяд сохти дохил аст, зеро маводд ва текнулужии он эронӣ аст, дақиқан монанди мушакҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар навори Ғазза ва мушакҳои Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бар асоси мақулаи “рақс рӯи сарҳои морҳо”, ки онро хуб балад буд, мерақсид; мақулае, ки ҳуқуқи нашраш аз они худаш аст, лекин ҳаргиз ба зеҳнаш хутур намекард, ки аз наздиктарин ҳампаймонони худ яъне Ансоруллоҳ неш ба суроғаш биёяд ва пеш аз он ки бо эътилоф бо “тӯфони қотеъият” аз онҳо шоме дуруст кунад, дар суръате бесобиқа ноҳораш карданд, он ҳам пас аз чанд соат аз поёни мушорикат ва эътилофаш бо саудиҳо.

Абдуллоҳ ал-Бардунӣ, шоири бузурги яманӣ, дар як байти шеър хулосаи авзоъи кишварашро баён кардааст ва он “Савор шудан бар шер, беҳтар аз ҳукумат бар Яман аст” ва он чи барои Солеҳ иттифоқ афтод, таъкиде бар ин воқеият аст. Ин мард бо вуҷуди зиракӣ ва ҳушу таҷриба, вале бояд медонист, ки ҳамаи инҳо билохира ба поён мерасад.

Раис Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки Худояш биёмурзад, дар моҳи майи соли 2000 дар ҳоле, ки мошинашро ронандагӣ мекард ва ман дар канораш нишаста будам, бо ишора ба ҳанҷараи худ, ба ман гуфт, ки вай қудратро бо зӯру хун гирифтааст ва онро раҳо нахоҳад кард магар ба хун. Ва ҳамон шуд, ки ӯ гуфта буд…

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: