Дархости дуо барои Зайд Сайидов

Сабур Давлат, яке аз корбарони Фейсбук, бо интишори ёддоште, аз ҳамаи азизон дархост кардааст, имшаб барои Зайд Саидов дуо кунанд.

Ёддошти ӯ ба шарҳи зерин аст:

Худо бо туст эй танҳо!

Ҳанӯз ҳам чашмони Рӯдакӣ месӯзад!

Ҳанӯз ҳам ҷароҳатҳои Айнӣ шифо наёфтаанд!

То ҳол аз қабрҳои Шоҳтемуру Нусратулло садо меояд, ки Тоҷик бе пешту паноҳ аст…

Оҳ! Ҳанӯз ҳам хуни ҳазорон Тоҷике, ки барои дифоъ аз ин марзу бум ҷон бохтаанд хушк нашудааст!

Онҳое, ки ба хотири Тоҷик буданашон азоб кашидаанду мекашанд, хеле зиёданд.

Ҳанӯз ҳам ҳазорҳо Тоҷик барои дарёфти бурдаи ноне дарбадару ғариб аст!

Ҳанӯз ҳам садҳо Тоҷик танҳо ба хотири овоз ва мавқеъаш гурезаву пушти панҷараҳои зиндон аст!

Боз мехоҳанд бар пайкари бемори як Тоҷик зарба бизананд!

Боз мехоҳанд як Тоҷикро бишкананд!

Боз мехоҳанд қалби як ака, дӯст, бародар ва падари меҳрубонеро захмдор кунанд!

Боз… дигар чӣ бигӯям Эй ЗАЙД!?

Аз кудомин дардад бинавсем эй ТОҶИК!?

Оҳ эй бародар маро ва моро бибахш!

Пеши ин ҳама ҳаводис алъон оҷизу нотавонем. Худо шоҳид дастонамон бастааст. Ту дар он кунҷи зиндонӣ, мо дар ин кунҷи зиндон!

Мо ҳам барои ҳар соате, ки ту онҷо ранҷ мекашӣ, масъулем, пеши виҷдон, пеши имон, пеши як ТОҶИК!!
Аз хабарҳои расида имрӯз оид ба аҳволат бисёр ғамгин шудам. Дидам ҳарчанд фикр кардам ба ҷуз дуо чизе аз дастам сохта нест.

Аммо ман сахт ба ин боварам, ки қавитарин силоҳ ин дуост. Иншоаллоҳ дер ё зуд он амали хоҳад шуд, ин кафолати Парвардигори Ту ва ман аст ки ба он имон дорем!

Бовар дорам рӯзе соате мо амали шудани онро мебинему бо ҳам табасум мекунем хоҳ дар ин ҷаҳон хоҳ назди Парвардигори хеш!

Худо бо туст эй танҳо!

Аз ҳамаи азизон бародарон ва хоҳарону додарон эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки дар ҳаққӣ бародар Зайд ва дигар зиндониҳо ва онҳое ки мазлуманд дар намозҳои имшабаи худ доуъо намоянд!
Аллоҳ аз ҳамаи мову шумо розӣ бошад!

Имшаб шаби дуост дар ҳаққи мазлумон ! Фаромӯш накунед дуои нек дар ғайби як бародари мӯъмин бисёр кори нек ва амалӣ савоб аст!

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Пароканда, Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: