Мавлавӣ Абдулҳамид: “Ваҳдат барои уммати исломӣ аз обу ғизо ҳам ҳаётитар аст”

Мавлавӣ Абдулҳамид, бо баёни ин ки “ваҳдат барои уммати исломӣ аз обу ғизо ҳам ҳаётитар аст” хотирнишон кард: “Мутаассифона дар байни тамоми мазоҳиб ифротиҳо ва тундравҳое ҳастанд, ки ваҳдатро ба нафъи худашон намедонанд ва тамоми талошашон дар эҷоди ихтилоф ва дудастагӣ байни ақвом ва мазоҳиб хулоса мешавад ва дар ин замина маҳорат ва тахассус ҳам доранд. Ин афрод аз ҳамин роҳ нон мехӯранд ва мехоҳанд ба ҷое бирасанд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии ин руҳонии эронӣ, вай дар маросими намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта, гуфт: “Ваҳдат ва инсиҷоми уммати исломӣ аз обу ғизо ҳам барои мусалмонон муҳимтар ва ҳаётитар аст. Пайравӣ аз дин ва шариат ва сирати ҳазрати Раҳматул-лилъоламин дар шароити кунунӣ ва дар тамоми шароит, аз ҳар чизе муҳимтар аст.”

Вай дар идома ба ихтилофафкании душманони ислом ишора кард ва гуфт: “Имрӯз ва дар шароите, ки душманони ислом ҳамвора дунболи эҷоди ихтилоф ва тафриқа байни мусулмонон ҳастанд, мутаассифона баъзе аз афрод на танҳо бо душманон шариканд, балки дар заминаи тафриқаафканӣ аз онон ҳам сибқат гирифтаанд; ин қабил мусалмонон ба масобаи “мор дар остин” ҳастанд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид хотирнишон кард: “Мутаассифона дар байни тамоми мазоҳиб ифротиҳо ва тундравҳое ҳастанд, ки ваҳдатро ба нафъи худашон намедонанд ва тамоми талошашон дар эҷоди ихтилоф ва дудастагӣ байни ақвом ва мазоҳиб хулоса мешавад ва дар ин замина маҳорат ва тахассус ҳам доранд. Ин афрод аз ҳамин роҳ нон мехӯранд ва мехоҳанд ба ҷое бирасанд.”

Вай идома дод: “Ҳамаи мо мусалмон ва як уммат ҳастем ва бояд бо якдигар ваҳдат ва тафоҳум дошта бошем, зеро муштаракоти зиёде бо якдигар дорем. Масири Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) масири эътидол ва миёнаравӣ аст. Мусалмон бояд дурандеш бошад ва душманро бишносад ва нисбат ба хостаҳои душман ошноӣ дошта бошад.”

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: