Раиси Созмони диёнати Туркия: “Дини ислом ва тамаддуни исломӣ дар душвортарин даврони худ ба сар мебарад”

Раиси Созмони диёнати Туркия гуфт, дини ислом ва тамаддуни исломӣ дар душвортарин даврони худ ба сар мебарад.

Ба гузориши хабаргузории Taghribnews, профессор Меҳмет Гурмез, раиси Созмони диёнати Туркия, дар 31-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон, зимни табрики вилодати Паёмбари Акрам (с) гуфт: “Дини ислом ва тамаддуни исломӣ дар душвортарин даврони худ ба сар мебарад. Нахустин давра аз ин даврони сахт, давраи фитна ва дар замони марги ҳазрати Усмон, ҷангҳои Ҷамал ва Сиффин аст. Ва дуввумин давра аз ин давраи сахт, дар замони ҷангҳои салибӣ аст.”

Вай идома дод: “Севвумин давра, дар замони истеъмор аст ва акнун мо дар давраи чаҳорум ҳастем ва лозимаи истиқомат дар ин даврон, якпорчагии уммати исломӣ аст ва Худованд мусалмононро аз тафриқа барҳазар доштааст.”

Профессор Гурмуз бо ишора ба ҷараёнҳои инҳирофӣ, ки акнун дар сатҳи ҷаҳон шоҳиди он ҳастем унвон кард: “Далели ташкили ин ҷараёнҳои инҳирофӣ ҳамагӣ ба хотири инҳироф аз тавҳид аст ва бояд барои ҷилавгирӣ аз ин инҳироф ҳамаи мусалмонон ва ҳатто соири адён ба самти тавҳид, ки ҳамоно ваҳдонияти Худованд аст бираванд ва монанди донаҳои тасбеҳ дар канори ҳам бошанд.”

Раиси Созмони диёнати Туркия дар поёни суханони худ дар хусуси масъулияти мусалмонон нисбат ба якдигар хотирнишон кард: “Бар асоси оморе, ки дар даст дорем, мо 150 милюн ятим ва 60 милюн нафар маълул аз ҳаводиси Либӣ, Сурия ва Ироқ дорем, ки эҷоб мекунад мусалмонон дар ин хусус нисбат ба ин афрод масъулиятпазир бошанд.”

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: