Руҳонӣ: “Шиъа ва суннӣ ду масир барои як ҳадафанд” (тасовир)

Дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, бо таъкид бар ин ки “шиъа ва суннӣ бо якдигар ихтилоф надоранд ва ду масир барои як ҳадафанд” гуфт: “Ваҳдат ба ин маъност, ки мазоҳиби мухталифи исломӣ мӯҳтарам бимонанд ва дар канори якдигар ҳамзистии мусоламатомез дошта бошанд. Мақсуди мо ин нест, ки яке аз майдон бадар равад ва як мазҳаб нобуд шавад; (балки) ҳадафи мо аз ваҳдат ин аст, ки ҳамаи мазоҳиб дар канори ҳам ва даври як миз биншинанд… Мо ихтилофи назар хоҳем дошт; аммо дар усул, арзишҳо ва мабонӣ, яке ҳастем ва ҳамаи ин иштирокот моро ба ваҳдат тарғиб мекунад.”

Ба гузориши Khabaronline, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, тайи суханоне дар Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ изҳор дошт: “Тавтиаи бузурге, ки қудратҳои ҷаҳонӣ, истикбор ва саҳюнизм алайҳи миллатҳои минтақа тарроҳӣ карда буданд, бахши аъзами он нақши бар об шудааст. Албатта, роҳи мусалмонон алайҳи теруризм ҳамчунон бояд то решакан шудани ҳамаи авомил ва азноби он дар минтақа идома ёбад.”

Вай афзуд: “Бархе кишварҳои минтақа ва исломӣ наздикии худро нисбат ба режими саҳюнистӣ бо камоли бепарвоӣ ошкор мекунанд ва агар дар солҳои гузашта пинҳонӣ бо душманони ислом дар таъомул, ҳамкорӣ ва гуфтугӯ буданд, ҳаддиақал дар забон мункир буданд ва он қадр ин иртибот зишт ва қабеҳ буд, ки ҳеч мақоме аз кишварҳои исломӣ тавони онро надошт, ки ба сароҳат ба мардум бигӯяд, ки Исроил дӯсти мо ва муқовимати минтақа душмани мост. Онҳо имрӯз мутаассифона талош мекунанд, то ин мункари бузургро табдил ба маъруф кунанд. Албатта ман тардид надорам, ки миллатҳои минтақа ва мусалмонони ҷаҳон нахоҳанд гузошт ин нақшаи шум ба самар бирасад. Уламо, нухбагон, ҷавонони мусалмон ва миллати Фаластин нахоҳанд гузошт, чаро ки озодии Қудси Шариф орзуи ҳамешагии онон буда ва хоҳад буд.”

Руҳонӣ ёдовар шуд: “Дар канори ҳамаи тавтиаҳои истикбор ва саҳюнизм, бархе аз онҳо камтар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад; ин ки Омрико ва саҳюнистҳо гурӯҳҳои теруристиро сохтанд ва ба ҷони мардум андохтанд, нуктаи возеҳе аст, ҳам мо медонем ва ҳам худашон. Ҳама медонанд, ки Алқоъидаро чӣ касоне ташкил доданд, чӣ касоне теруристҳоро дар Афғонистон ва Покистон эҷод карданд ва дар минтақа пахш карданд, чӣ касоне ба теруристҳо пулу силоҳ доданд ва кӯмаки иттилоотӣ карданд, ҳарчанд дар ниҳоят ин море, ки дар остини худашон барои неш задани дигарон парвариш дода буданд, худашонро газид.”

Вай афзуд: “Мо инро медонем, ки аз оғози пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар ин сарзамин, ҳар мавқеъ миллати мо тавонистанд дар марзи пешрафт қарор бигиранд, тавтиае алайҳи мо дуруст карданд. Он мавқеъ, ки мо кишварро ором кардем ва аз мушкилоти дохилӣ убур кардем ва кишвар омодаи бозсозӣ буд, фарде ва ҳизберо алайҳи Эрон таҳрик карданд ва ҷанги ҳаштсолаи Саддом алайҳи Эронро тарроҳӣ карданд ва пас аз он ҳам ба маҳзи дидани рушду тавсиа дар кишвари мо, тавтиаи дигаре тарроҳӣ карданд ба номи таҳдиди ҳастаӣ ва солҳо моро дар ҷанги иқтисодӣ қарор доданд.”

Руҳонӣ дар идома бо ишора ба рухдодҳои Яман гуфт: “Яман аз дасти мутаҷовизон наҷот хоҳад ёфт ва миллати Яман мутаҷовизонро пушаймон хоҳанд кард.”

Вай афзуд: “Саҳюнистҳо, омрикоиҳо ва истикбори ҷаҳонӣ бояд дар баробари миллатҳои минтақа посухгӯ бошанд. Чаро фарзандони мардумро дар ин минтақа куштед? Чаро осори тамаддуниро вайрон кардед? Чаро силоҳ ва бомб додед ва медиҳед, то мардуми Яман зери ин бомбборонҳо нобуд шаванд? Чаро дар шимоли Ироқ тавтиа кардед ва чаро ба тавтиаҳои худ идома медиҳед? Оё бо ин тавтиаҳо мехоҳед мусалмонҳо бо шумо хуб бошанд ва ба шумо эҳтиром бигузоранд? Шумо мехоҳед иддао кунед тамаддуни башарӣ ва инсонӣ ба дасти шумост? Оё куштори мардум тамаддун аст?

Руҳонӣ дар идома хотирнишон кард: “Базри ихтилоф байни шиъа ва суннӣ, байни курду араб, байни алавӣ ва суннӣ, чӣ касоне ин базри ихтилофро афшоданд? Оё ба ин зудиҳо осори ин низоъҳо ва ихтилофҳо аз байн меравад? Мардуми минтақа бародарона дар канори якдигар зиндагӣ мекарданд, аммо шумо будед, ки фосила андохтед ва базри ихтилофро аз қарни бистум дар ин минтақа афшондед. Шиъа ва суннӣ бо якдигар ихтилоф надоранд ва ду масир барои як ҳадафанд. Шиъа ва суннӣ дар тӯли таърих бародар буданд; дар канори ҳам дар Ироқ алайҳи Ангилис мубориза карданд, дар шибҳиҷазира алайҳи Ангилис мубориза карданд, дар Офриқо алайҳи истикборгарон муқобила карданд, ақвом ва мазоҳиби мухталиф мушкиле бо ҳам надоштанд. Аз Қуръон ёд гирифта буданд, ки чӣ гуна бо якдигар бо нармӣ сухан бигӯянд ва ухуввати исломӣ дошта бошанд. Шумо омадед байни миллатҳо фосила андохтед.”

Вай афзуд: “Душманиҳо ва низоъҳо аз байн хоҳад рафт, кинае, ки байни ақвом ва мазоҳиб бо хунрезӣ истикбор ба вуҷуд овардааст, солҳо барои ҷуброни он, ҳама мо бояд талош кунем. Яке аз вазоифи бузурги сахти мо имрӯз, талош барои илтиём аст. Ҳамаи мазоҳиб вазифаи бузургашон илтиёми захмҳои солҳои пешин аст, ки истикбор ва истисмор байни мо ба вуҷуд овардааст ва ин рисолат ва вазифаи мост, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ кунем.”

Раисиҷумҳури Эрон дар идома ёдовар шуд: “Мавзӯъи дигар, зарба ба чеҳраи ислом аст. Чеҳраи исломро дар ҷаҳон ва милюнҳо ҷавонро дар саросари дунё, ки метавонистанд ошиқи ислом бошанд, мушавваш нишон доданд. Зарбае, ки бар чеҳраи ислом заданд, чеҳраи исломро вожгуна ба насли дунёи ҷавони имрӯз муаррифӣ карданд.”

Вай хитоб ба ҳуззор ва уламои кишварҳои исломӣ хотирнишон кард: “Имрӯз бори сангине бар дӯш дорем, онҳое, ки дар фазои ҳақиқӣ ва маҷозӣ, фурсати сухан гуфтан доранд, як масъулияти бузурги мо имрӯз, таблиғи воқеии ислом ва даъват аст ва ин рисолати бузурге бар дӯши ҳамаи мо мусалмонон аст. Мо бояд хиёнати истикбор ва саҳюнизмро ба хубӣ ҷуброн кунем.”

Руҳонӣ гуфт: “Ваҳдат ба ин маъност, ки мазоҳиби мухталифи исломӣ мӯҳтарам бимонанд ва дар канори якдигар ҳамзистии мусоламатомез дошта бошанд. Мақсуди мо ин нест, ки яке аз майдон ба дар равад ва як мазҳаб нобуд шавад; ҳадафи мо аз ваҳдат ин аст, ки ҳамаи мазоҳиб дар канори ҳам ва даври як миз биншинанд. Мо намехоҳем забони воҳид дуруст кунем, мо мехоҳем дар канори нажодҳо, ақвом ва забонҳои мухталиф бо ҳам бошем, табъизи нораво ва низоъ байни мо набошад. Мо ихтилофи назар хоҳем дошт; аммо дар усул, арзишҳо ва мабонӣ яке ҳастем ва ҳамаи ин иштирокот моро ба ваҳдат тарғиб мекунад.”

Вай афзуд: “Дини мо таъаллуқ ба як нажод ва гурӯҳи хосс надорад. Паёмбари башири назир барои ҳамаи оламиён буд. Ваҳдат ба ин маъност, ки ҳамаи мо дар мубориза бо истикбор ва истисмор дар канори ҳам бошем; ба ин маъност, ки барои озодии сарзаминҳои исломӣ бояд дар канори ҳам бошем ва барои ин ки сарзаминҳои исломиро аз даст мутаҷовизин озод кунем.”

Руҳонӣ ёдовар шуд: “Бояд хушунати фикрӣ дар минтақа рахт барбандад, эътидол ва миёнаравӣ ҳамон уммати васат аст. Мо бояд уммати васат бимонем. Набояд бигузорем моро ба росту чап мунҳариф кунанд ва моро ба ифроту тафрит бикашонанд. Дини мо саросар эътидол аст. Сираи Паёмбар (с) ва ислом, эътидол аст. Ислом дини эътидол аст; на сармои устухонсӯзи замистонӣ дорад ва на гармои тобистонӣ; ислом ҳамеша баҳор аст. Агар бихоҳем ба тамаддуни навини исломӣ даст пайдо кунем, тамаддун танҳо бо қудрат ва илм сохта намешавад. Тамаддун аз ахлоқ, ваҳдат ва поёни ҷангу низоъ оғоз мешавад. Мо бояд бо ваҳдати исломӣ, роҳро барои пешрафти исломӣ идома диҳем.”

Тасовире аз маросими Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон:

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислоҳи динӣ, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: