Ваҳдати исломӣ дар андешаи Сайидҷамол

Даъват ба иттиҳод ва ҳамбастагӣ ва парҳез аз гусастагӣ, аз масоили муҳимми ислом аст ва Худованд дар Қуръони Карим моро даъват ба иттиҳод ва ҳамбастагӣ намудааст. Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф ба Афғонӣ (1839-1897), бидуни шак яке аз аввалин ва муҳимтарин мунодиёни ваҳдати исломӣ дар қарнҳои ахир мебошад. Ӯ буд, ки нидои дубораи иттиҳодро фарёд зад.

Устод Мутаҳҳарӣ дар бораи ваҳдатталабии Сайидҷамол ва андешаи муборизотии ӯ чунин менависад: “Зоҳиран нидои иттиҳоди исломро дар баробари Ғарб аввалин бор Сайидҷамол баланд карда. Манзур аз иттиҳоди ислом иттиҳоди мазҳабӣ, ки амри ғайриамалӣ аст набуд. Манзур, иттиҳоди ҷабҳаӣ ва сиёсӣ буд, яъне ташкили саффи воҳид дар муқобили душмани ғоратгар.”

Сайидҷамол хоҳони ҷомеае буд, ки ваҳдат дар он ҳоким бошад, ихтилофоти нажодӣ, забонӣ, минтақаӣ ва фирқаӣ бар ухуввати исломӣ фоиқ нагардад, мардуми мусалмон уммате бошанд огоҳ ва олим ба замон ва ошно ба фунун ва санъати аср ва озод аз ҳар гуна қайди истеъмор ва истибдод.

Сайидҷамол забони ҳамаи мазоҳиби исломӣ ва милали мусалмон буд ва аз ин рӯ барои худи ӯ муҳим набуд, ки ӯро аҳли куҷо бидонанд ва ба кадом мазҳаб таъаллуқ дорад. Сайидҷамол ҳисорҳои қавмият ва миллият‏парастиро дарҳам шикаст ва ҳар куҷо, ки ислом ва мусалмон дар он вуҷуд дошт, онҷоро ватани худ медонист ва ислоҳи онро виҷҳаи ҳиммати ‏хеш месохт. Аз ин рӯ доманаи ислоҳоти ӯ аз ҳудуди Эрон, Усмонӣ, Миср, Сурия, Афғонистон ва шибҳиқорраи Ҳинд таҷовуз кард.

Мақсуди Сайидҷамол аз иттиҳод ва ваҳдат ин нест, ки аз миёни ҳамаи мазоҳиби исломӣ яке интихоб шавад ва пайравони мазоҳиб муваззаф ба пайравӣ аз он бошанд, ва ё мақсуди ӯ ин нест, ки муштаракоти мазоҳиб гирифта шавад ва масоили ихтилофӣ ба канор ниҳода шавад ва мазҳаби ҷадиде таъсис гардад, балки мақсуди ӯ аз иттиҳод “наздик шудани мазоҳиби исломӣ ба якдигар бо ҳифзи киён ва моҳияти онҳо” аст.

Сайидҷамол мӯътақид аст, суннати Худованд дар ҷомеаҳои башарӣ чунин иқтизо мекунад, ки: “саҳм ва баҳраи ҳар қавм ва миллате аз бақо ва нерӯмандӣ, ба мизони ваҳдат ва ягонагии он миллат бастагӣ дорад”.

Ва Худованд низ “ҳеч қавмеро нобуд насохт, магар баъд аз мубтало шудани онон ба дудастагӣ, дар натиҷа муддати зиёде он қабиларо хору залил намуд”.

* * *

Омилҳои ваҳдат аз диди Сайидҷамол

1) Тамассук ба Қуръон:

Сайидҷамол аз Қуръон ба унвони омили ваҳдат ёд мекунад ва онро мабно ва меҳвари ваҳдати муслимин ёд карда ва мӯътақид буд: “Ман орзу дорам, ки султони ҳамаи мусалмонон Қуръон бошад ва маркази ваҳдати онон имон”.

Ман намегӯям, ки бар ҳамаи кишварҳои исломӣ як нафар ҳукумат кунад, зеро ин кор бисёр душвор аст… Вале умедворам, ки ҳоким ва султони ҳамаи миллатҳои мусалмон Қуръон бошад ва омили ваҳдат ва ягонагии онҳо дини онҳо. Бо ин ваҳдат ҳар подшоҳе метавонад дар кишвараш барои ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳои исломӣ талош кунад, зеро ҳаёти ӯ ба ҳаёти дигарӣ ва бақояш ба бақои миллати дигари мусалмон вобаста аст”.

Асосан Сайидҷамол рамзи бақо ва ҷовидонагии мусалмононро дар гарави итоат ва пайравӣ аз Қуръон медонад: “Қуръон миёни мусалмонон қироат мешавад ва раҳбари воқеии онон аст ва он китоби осмонӣ дар ҳамаи умури зиндагии моддӣ ва маънавӣ роҳнамои мусалмонон мебошад ва аз мавҷудияти онон ҳимоят ва аз ҷомеаҳои исломӣ дифоъ мекунад ва мутаҷовизин ба мусалмононро манкуб месозад ва аз ҳар ҷиҳат роҳу расми пешрафтро ба онон нишон медиҳад”.

Сайидҷамол ваҳдати исломиро як фаризаи динӣ ва онро аз омӯзаҳои Қуръон медонист: “Бар шумо бод зикри Худо ва устувортарин бурҳони ӯ (Қуръон), зеро ки он нури тобандаи Худост; он нуре, ки ба василаи он инсон аз торикии хотироти су берун омада ва аз зулмати васовис раҳо мегардад”.

2) Ҳамбастагӣ ва иртиботи олимони динӣ:

Ба назари Сайидҷамол, яке аз роҳкорҳои муҳим ва таъсиргузори ваҳдат, иртибот ва ҳамбастагии олимони динӣ ва мутафаккирони исломӣ аст. Сайидҷамол муваффақияти тарҳи иттиҳоди ҷаҳони исломро дар лаҳзае амалӣ ва дастёфтанӣ медид, ки олимони мазоҳиби исломӣ ба тафоҳум бирасанд ва ба эҳсоси муштараке даст ёбанд.

3) Созмондиҳии дараҷоти илмӣ ва вазоифи олимон:

Сайидҷамолуддин ташаккулсозӣ, созмондиҳӣ ва таъйини масъулияти олимони динӣ ва дараҷоти илмии ононро дар эҷоди иртибот ва иттиҳод миёни мусалмонон муфид ва лозим мешумурд: “Эҷоди истеҳком ва иртибот миёни мусалмонон мусталзими ин аст, ки дараҷоти илмии уламои ислом ва вазоифи ҳар кадом аз онҳо муайян шавад, то ҳамвора омодаи анҷоми вазифа бошанд”.

Бо таваҷҷӯҳ ба изҳори назарҳои ғайримасъулонаи бархе аз олимнамоҳо ва эҷоди тафриқа ва ихтилоф аз ноҳияи онон, ба назар мерасад ин тарҳ яке аз роҳкорҳои асосӣ ва роҳбурдӣ бошад. Таъйини дараҷаҳои илмӣ ва вазоифи уламо дастикам ду имтиёз дорад: аввалан, бо таъйини сатҳ ва дараҷаҳои илмӣ, ҳам руҳонӣ ва ҳам оммӣ медонад, ки ба чӣ касе муроҷиа шавад ва чӣ фарде посухгӯи кадом масоил ва чӣ навъ умуре аст. Сониян, ҳар олимнамое наметавонад фатво содир кунад ва бо шойеъоти ба зоҳир динӣ, ба тафриқа ва ихтилоф доман бизанад.

4) Эҷоди марказияти динӣ ва гуфтумонӣ:

Ба назари Сайидҷамол, уламо бояд барои эҷоди як марказияти динӣ талош кунанд, то дар ин марказ табодули назар ва гуфтугӯи олимони динӣ анҷом шавад, то ба ваҳдати назар бирасанд. Сайидҷамол аз руасо ва зимомдорони кишварҳои исломӣ ва уламои бедор мехоҳад, ки ба унвони вазифа ва таклиф, аз ин таҷаммӯъ ҳимоят кунанд.

Ба назари Сайидҷамол, аввал бояд як марказият эҷод шавад, иртибот ва ҳамгароӣ байни донишмандон ҳосил гардад ва баъд аз ин ки ҳастаи аввалия шакл гирифт ва бунёнҳои ваҳдат субот ёфт, метавон онро густариш дод. Ба назари Сайидҷамол, мадориси динӣ ва масоҷид беҳтарин марокиз барои эҷоди тафоҳум ва гуфтугӯҳои илмӣ ва динианд. Вай дар бораи боистагии нақши ин марокиз ба унвони ҳалқаҳои пайванддиҳандаи иҷтимоъоти мардум мегӯяд: “Ҳар кадом аз инҳо маконе барои зуҳури руҳи зиндагии воҳид дар миёни ҷомеаи мусалмонон бошад ва ҳар кадом аз ин маҳаллҳо, монанди ҳалқаи занҷире бошад, ки ҳар гоҳ яке аз он ҳалқаҳо такон бихӯрад, ҳалқаҳои атрофи он ҳам ба садо дароянд.”

5) Иқдоми ҳамагонӣ ва фардӣ барои эҷоди ваҳдат:

а) Иқдоми амалии Сайидҷамол:

Сайидҷамол барои эҷоди ваҳдат дар ҷомеаи исломӣ, иқдомоти хубе анҷом дод. Яке аз муҳимтарин иқдомоти Сайидҷамол сафар ба кишварҳои исломӣ ва ошно шудан бо вазъи мусалмонон буд. Шояд битавон гуфт Сайидҷамол бо махфӣ гузоштани миллият ва мазҳаби худ, ҳар чӣ бештар дар фикри ваҳдат дар ҷомеа буд, барои ин ки гароиш ба мазҳаб ва миллият ҳассосияти дигаронро бармеангехт.

Аз тарафе, густариши андешаҳои носиюнолистӣ ҳам монеъ аз он нашуд, ки Сайидҷамол ба густараи ҷаҳони ислом наандешад. Сайидҷамол ҳисорҳои қавмият ва миллият‏парастиро дарҳам шикаст ва ҳар куҷо, ки ислом ва мусалмон дар он вуҷуд дошт, онҷоро ватани худ хонд ва ислоҳи онро сарлавҳаи кори хеш. Аз ин рӯ доманаи ислоҳоти ӯ аз ҳудуди Усмонӣ ва ҳатто Миср ва Сурия таҷовуз кард, ва бар он буд барои ислоҳи ҷомеаи исломӣ, эҷоди кунграи исломӣ яке аз роҳкорҳо дар ҷиҳати иттиҳоди исломӣ аст.

Ҳамон тавре ки Ҳамиди Иноят овардааст, Сайидҷамол дар муҳити шиъӣ ва суннӣ таҳсил кардааст: “Сайидҷамолуддини Асадободӣ ва Муҳаммад Абдуҳ, ваҳдати исломиро, ки аз муҳимтарин аҳдофи худ мешумурданд ва талоши фаровон барои ваҳдати шиъа ва суннӣ ба харҷ медоданд. Аз ин рӯ Асадободӣ пайгиртар ва якдилтар буд ва ин умдатан ношӣ аз он буд, ки пешинаи таълим ва тарбияти ӯ ҳам дар суннати суннӣ ва ҳам шиъӣ реша дошт”.

Сайидҷамолуддин ваҳдатгароии исломиро дар зиндагии худ татбиқ карда буд. Ӯ тавре буд, ки ҳарҷо мерафт, ӯ ва мардум бо ҳам эҳсоси бегонагӣ намекарданд.

б) Интишори “Урватул-вусқо”

Интишори “Урвутул-вусқо”-ро бояд аз иқдомоти амалӣ ва аз корҳои фарҳангии Сайидҷамол барои эҷоди ваҳдати исломӣ донист. Пойбандии ӯ нисбат ба ин ормон сабаб шуд, ки маҷаллаи “Урватул-вусқо”-ро мунташир созад, ки аз номи маҷалла ва мақолоташ, алоқаи Сайидҷамол ба ваҳдати исломиро метавон дарёфт. Бо интишори маҷаллаи “Урватул-вусқо”, усули ислоҳии хеш, ба вежа иттиҳоди исломиро, дунбол кард. Ҳарчанд Сайидҷамол, ҳамзамон бо интишори ин маҷалла, мақолоте дар соири рӯзномаҳо менавишт ва ҳамчунин бо суханронӣ ва дидорҳо ва гуфтугӯҳо бар иттиҳоди исломӣ пой мефишурд, вале муҳимтарин манбаи марбут ба ормони иттиҳоди исломӣ ва дидгоҳҳо ва пешниҳодҳо ва ироаи роҳкорҳои вай дар бораи иттиҳод, маҷаллаи “Урватул-вусқо” аст. Муҳити Таботабоӣ менависад:

Ин мақолот, дар айни ҳол, ки омехта аз руҳи исломӣ ва ирфонӣ ва сиёсӣ дарҳам буд, гӯӣ маводд ва усули тарроҳиро, ки Сайид барои иттиҳоди ислом тарҳ карда буд, ташреҳ ва таҷзия ва татбиқ мекард.”

Оқои Таботабоӣ дар идома овардааст: “Аз қадамҳои муассири Сайид дар ин замина интишори нашрияи “Урватул-вусқо” аст. Сайид дар даврони таваққуф дар Калкатта ба фикри иттиҳоди исломӣ афтод ва кӯшиши ӯ барои эҷоди ваҳдат ба натиҷа нарасид аз Ҳинд бо ваъдаи пуштибонии иддае аз мусалмонони равшанфикри он сомон, озими Урупо шуд ва бо интишори маҷаллаи “Урватул-вусқо”, усули ислоҳии хеш, ба вежа иттиҳоди исломиро, дунбол кард.”

Даъвати иттиҳоди исломӣ ҳамроҳ бо масъалаи бедории муслимин ва милали шарқ ва мубориза бо истеъмори ғарб, дар сар то сари мақолоти “Уравтул-вусқо” мавҷ мезанад ва ҳамвора ба ҳар муносибат ба ваҳдат ва иттиҳоди муслимин пардохта шуда ба хусус дар сармақолаҳои он.

Интишори ин маҷалла гоме бас бузург дар роҳи тафоҳум ва иттиҳоди мусалмонон буд. Вале мутаассифона нахустин шумораи “Урватул-вусқо” дар 13 марти 1883 мунташир шуд ва нашри он то 18 шумора бештар давом наёвард.

* * *

Монеаҳои ваҳдати исломӣ

1) Истибдод:

Яке аз муҳимтарин роҳкори эҷоди ваҳдат, шиносоии омилҳои тафриқа аст. Аз назари Сайидҷамол, ҳокимони истибдодӣ ва дастнишонда, мутаҳаҷҷирон ва зоҳиргароён, ғарбзадагон ва олимони дарборӣ, таъассубҳои нобаҷо, разоили ахлоқӣ ва фосила аз ислом, аз омилҳои тафриқаи мусалмонон ба ҳисоб меоянд, ки шиносоӣ ва тарду нафйи онҳо, мӯҷиби иттиҳод ва ҳамбастагии исломиро фароҳам месозад.

Устод Мутаҳҳарӣ дар ин замина навиштааст: “Бидуни тардид, силсилаҷунбони наҳзатҳои ислоҳии садсолаи ахир, Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф ба Афғонӣ аст. Сайидҷамол дар натиҷаи таҳаррук ва пӯёӣ, ҳам замон ва ҷаҳони худро шинохт ва ҳам ба дардҳои кишварҳои исломӣ, ки доияи илоҷи онҳоро дошт дақиқан ошно шуд. Сайидҷамол муҳимтарин ва музминтарин дарди ҷомеаи исломиро истибдоди дохилӣ ва истеъмори хориҷӣ ташхис дод ва бо ин ду ба шиддат мубориза кард. Охири кор ҳам ҷони худро дар ҳамин роҳ аз даст дод”.

Устод дар идома менависад: “Ӯ барои мубориза бо ин ду омили фалаҷкунанда, огоҳии сиёсӣ ва ширкати фаъолонаи мусалмононро дар сиёсат воҷиб ва лозим шумурд ва барои ба даст овардани муҷаддади азамати аз даст рафтаи мусалмонон ва ба даст овардани мақоме дар ҷаҳон, ки шоистаи он ҳастанд, бозгашт ба исломи нахустин ва дар ҳақиқат ҳулули муҷаддади руҳи исломи воқеиро дар колбади нимамурдаи мусалмонон, фаврӣ ва ҳаётӣ медонист. Бидъатзудоӣ ва хурофашӯиро шарти он бозгашт мешумурд, иттиҳоди исломро таблиғ мекард ва дастҳои маръӣ ва номаръии истеъморгаронро дар нифоқафканиҳои мазҳабӣ ва ғайримазҳабӣ медид ва рӯ мекард”.

Устод Мутаҳҳарӣ мӯътақид аст, ривоҷи андешаи қавмият‏парастӣ ва миллият‏парастӣ ва ба истилоҳ “носиюнолизм”, ки ба суратҳои пон‏арабизм, пониронизм, пон‏туркизм, пон‏ҳиндуизм ва ғайра дар кишварҳои исломӣ бо васвасаи истеъмор таблиғ шуд, ва ҳамчунин сиёсати ташдиди низоъҳои мазҳабии шиъа ва суннӣ, ва ҳамчунин қитъа-‏қитъа кардани сарзамини исломӣ ба сурати кишварҳои кучак ва қаҳран рақиб, ҳама барои мубориза бо он андешаи решаканкунандаи истеъмор яъне “иттиҳоди ислом” буда ва ҳаст.

2) Ҳокимони фосид:

Яке аз иллатҳо ва омилҳои тафриқа ва монеъи ваҳдати исломӣ дар ҷомеаҳои исломӣ, вуҷуди ҳокимони фосид ва роҳатталаб буданд, ки ваҳдати исломиро монеъи идомаи ҳукумати хеш медиданд.

Сайидҷамол фармонравоии афроди гумроҳ ва қудратталаб бар ҷомеаи мусалмононро омили муҳим дар тафриқа ва гусехтагӣ дар уммати исломӣ медонист ва мӯътақид буд: “Агар вуҷуди умарои гумроҳ набуданд, мусалмонони шарқӣ бо ғарбӣ ва шимолӣ ва ҷанубӣ муттаҳид мешуданд ва яксара нидои воҳидеро сар медоданд”. Чаро, ки ҳуккоми ситамгар ва фосид барои ҳифзи қудрату мансаби хеш, ба тафриқа ва ҷудоӣ доман мезаданд.

3) Истеъмор:

Сайидҷамол пас аз сафар ба кишварҳои урупоӣ ва ошноӣ бо фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ ва нақшаҳои онон барои истеъмор, онро ба унвони монеъи ҷиддӣ бар сари ваҳдати ҷомеаи исломӣ медид. Ӯ яке аз нахустин касоне аст, ки роҳи чораи нобасомониҳои мамолик ва кишварҳои исломиро дар иттиҳод ва ҳамбастагии ҷаҳони ислом дар баробари истеъморгарон медонист ва дар ин роҳ ба талош ва кӯшиши бисёр даст зад. Худ дар ин бора мефармояд:

Созмони мағзу андешаи худро ба ташхиси дарди аслии шарқ ва ҷустуҷӯи дармони он ихтисос додам. Дарёфтам, ки кушандатарин дарди шарқ, ҷудоии афроди он аз якдигар ва парокандагии андешаҳои онон ва ихтилофашон бар сари иттиҳод ва иттиҳодашон дар ихтилоф аст. Пас дар роҳи ваҳдати ақида ва бедор кардани онон дар баробари хатари ғарбӣ, ки эшонро фаро гирифта даст ба амал задам.”

Аз диди Сайидҷамол, истеъморгарон бо дучор шудан мусалмонон ба тафриқа, вориди сарзаминҳои исломӣ шуданд. Сайидҷамол дарёфта буд, ки истеъморгарон бо эҷоди тафриқа дар ҷаҳони ислом, аз роҳи густариши идеулужии носиюнолизм ва миллигароӣ, манофеъ ва аҳдофи худро пеш мебаранд ва дар воқеъ чирагии истеъмор бар мусалмонон, ба хотири ҷангҳои мазҳабӣ, қавмӣ, қабилаӣ, фирқаӣ дар ҷаҳони ислом аст. Онҳо бо тарҳи дасисаҳое ин тафриқаро тақвият мекарданд.

4) Дурӣ аз ислом ва Қуръон:

Ба назари Сайидҷамол, он чи айб аст “аз мусалмонии мост, на аз ислом”. Иллатҳои асосии тафриқаи мусалмонон ва инҳитоти онон, дурӣ аз исломӣ ростин ва Қуръони Карим аст. Вай бар ин бовар буд, ки мусалмонони садаҳои нахустин, ба сабаби эътиқод ва амал ба исломи асил, ки аҳкоми он дақиқ ва усули он нерӯманд ва қоидаҳои он муҳкам ва дастурҳояш ҳама румузи зиндагии фардӣ ва иҷтимоиро шомил буд, бо ҳам ваҳдат доштанд ва кишварҳои исломӣ дар роҳи нерӯмандӣ ва азамат гом бармедоштанд. Фосила аз ислом ва таъолими ҳаётбахши он, боиси тафриқаи онон шуд. Аз ин рӯй, агар мусалмонон хоҳони маҷду азамати гузаштаанд, бояд ба исломи ростин бозгарданд ва Қуръонро китоби зиндагӣ бидонанд, на танҳо китоби муқаддас ва қобили эҳтиром ва беиртибот бо зиндагӣ.

Агар иртибот ва пайванди мусалмонон ва кишварҳои исломӣ қатъ шуда ва дар натиҷа аз ҳамкорӣ ва таъовуни якдигар дар масоиб ва мушкилот бебаҳра мондаанд, ба сабаби дурии онон аз ислом аст. Болотар агар мусалмонон дар як кишвар, балки як шаҳр, бо ҳам робитаи наздике надоранд, ба сабаби фосила аз ислом аст.

* * *

Манобеъ:

Аҳмад Амин; Зуъамоул-ислоҳ фил-ъасрил-ҳадис.

Асадободӣ, Сайидҷамолуддин; Урватул-вусқо.

Раискарамӣ, Сайидалӣ; Сайидҷамолуддини Асадободӣ ва ҳамбастагии ҷаҳони ислом.

Соҳибӣ, Муҳаммадҷавод; Сайидҷамолуддин, талоядори наҳзати иттиҳод ва тақриб.

Таботабоӣ, Муҳаммад Муҳит; Нақши Сайидҷамолуддини Асадободӣ дар бедории Машриқзамин.

Иноят, Ҳамид; Андешаи сиёсӣ дар исломи муосир.

Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор.

Манбаъ: Bametarikh.blogfa.com

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: