Раҳбари Эрон: “Иддаои пойтахтии Қудс барои режими саҳюнистӣ, нишонаи аҷз аст” (тасовир)

Раҳбари Эрон, эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро ношӣ аз нотавонӣ ва аҷзи душманони ислом донист ва афзуд: “Дунёи ислом бе шак дар муқобили ин тавтиа меистад ва саҳюнистҳо бо ин кор зарбаи бузургтаре мехӯранд ва Фаластини азиз бидуни тардид саранҷом озод хоҳад шуд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори сафирони кишварҳои исломӣ ва меҳмонони Конфронси ваҳдати исломӣ, бо баёни ин ки “дунёи ислом агар иззат ва қудрат мехоҳад, ваҳдат ва истиқоматро сарлавҳаи худ қарор диҳад”, гуфт: “Омрико, режими саҳюнистӣ, муртаҷеъин ва вобастагон ба қудратҳо, фиръавнҳои имрӯзи ҷаҳон ҳастанд. Бархе сиёсатмадорони омрикоӣ хоста ё нохоста эътироф кардаанд, ки бояд дар минтақаи ғарби Осиё ҷангу даргирӣ ба вуҷуд ояд, то режими саҳюнистӣ дар ҳошияи амн қарор гирад ва пайкари хунини дунёи ислом, тавони пешрафт надошта бошад.”

Вай, бо ибрози таассуфи шадид аз пайравии бархе ҳокимони минтақа аз хостаҳои Омрико афзуд: “Ҷумҳурии Исломӣ ҳеч ангезае барои ихтилоф бо давлатҳои мусалмон надорад, ва ҳамон гуна, ки дар дохили Эрон ваҳдат ва бародариро ҳоким кардааст, дар дунёи ислом низ мӯътақид ва алоқаманд ва пайгирии ваҳдат ва иттиҳод аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Забони мо дар муқобили дунболаравҳои Омрико дар минтақа, забони насиҳат аст ва бино надорем ба ҳарфҳои бархе ҷоҳилон посух бидиҳем, аммо онҳоро насиҳат мекунем, ки хидмат ба золимони ҷаҳонӣ ба зарари худи онҳост ва ба фармудаи Қуръон, ҳамроҳӣ бо золимон саранҷоме ҷуз нобудӣ надорад.”

Вай, ҳадафи ниҳоии душманонро аз эҷоди гурӯҳҳои такфирӣ, эҷоди ҷанги шиъа ва суннӣ хонд ва афзуд: “Худованд душманони моро аҳмақ офарида ва ҳамин мӯҷиб шуд ҳадафи душманони ислом яъне ҷанги мазҳабӣ, муҳаққақ нашавад ва иншоаллоҳ дар оянда низ муҳаққақ нахоҳад шуд.”

Раҳбари Эрон, ваҳдати уммати исломӣ ва истодагӣ дар муқобили саҳюнизм ва дигар душманони исломро илоҷи дардҳои дунёи ислом ва роҳи расидан ба қудрат ва иззат баршумурд ва таъкид кард: “Масъалаи Фаластин имрӯз дар раъси масоили сиёсии уммати ислом аст ва ҳама муваззафанд барои озодӣ ва наҷоти миллати Фаластин талош ва муҷоҳидат кунанд.”

Вай, иддаои душманони ислом дар бораи эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро ношӣ аз нотавонӣ ва аҷзи онҳо донист ва афзуд: “Дунёи ислом бе шак дар муқобили ин тавтиа меистад ва саҳюнистҳо бо ин кор зарбаи бузургтаре мехӯранд ва Фаластини азиз бидуни тардид саранҷом озод хоҳад шуд.”

Тасовире аз ин маросим:

Реклама


Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Пароканда, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: