Руҳонӣ ва Ардуғон бар зарурати иттиҳод дар баробари тасмими Тромп дар хусуси Қудс таъкид карданд

Раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия дар тамоси телефонӣ, бар зарурати иттиҳоди ҳамаи мусалмонон ва кишварҳои исломӣ дар баробари тасмими эҳтимолии Омрико дар интиқоли сафорати худ ба шаҳри Қудс таъкид карданд.

Раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия телефонӣ дар мавриди иқдоми эҳтимолии Омрико дар интиқоли сафорати худ ба шаҳри Қудс гуфтугӯ карданд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, имрӯз (06.12.2017) дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Руҳонӣ, ҳамтои эрониаш, дар мавриди вазъияти шаҳри Қудс ва тасмими Омрико барои интиқоли сафорати худ аз шаҳри Телавив ба шаҳри Қудс гуфтугӯ ва ройзанӣ карданд.

Бино бар эъломи шабакаи Алмаёдин, ҳар ду тараф дар ин тамос аз кишварҳои исломӣ ва ҳамаи кишварҳои ҳомии сулҳ хостанд алайҳи ин тасмими Омрико муттаҳид шаванд.

Руасои ҷумҳури Эрон ва Туркия ҳамчунин таъкид карданд, ки Қудс бахши ҷудоинопазири Фаластин аст.

Руҳонӣ дар гуфтугӯ бо Ардуғон гуфт, ки кишварҳои исломӣ ва ҳамаи кишварҳои озоди дунё бояд ҳарчи сареътар бо иқдомоти Вошингтун дар Қудс муқобила кунанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки масъулияти адами амният ва субот дар минтақа мустақиман бар ӯҳдаи режими “Исроил” аст, ки ба қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид бетаваҷҷӯҳ буда ва аҳаммияте намедиҳад.

Раисиҷумҳури Туркия низ ба навбати худ тайи ин гуфтугӯ изҳор дошт, ки тасмими раисиҷумҳури Омрико нигаронкунанда аст ва ин ҷасорати Тромп ба далели ихтилофот дар ҷаҳони ислом аст.

Гуфтанист, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико шомгоҳи сешанбе дар тамосҳои телефонии ҷудогонае бо раиси Ташкилоти худгарони Фаластин, подшоҳи Ӯрдун ва нахуствазири режими саҳюнистӣ, аз тасмими худ барои интиқоли сафорати Омрико аз Телавив ба Қудс хабар дод.

Ин тасмими Тромп ба маънои ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ аст, ки пештар як мақоми масъул дар Кохи сафед гуфта буд, Тромп дар суханронии худ дар рӯзи чаҳоршанбе (имрӯз), пойтахтии Қудсро эълом хоҳад кард.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: