Ҳамос: “Тасмими Тромп сароғози таҳаввулоти ваҳшатнок дар сатҳи минтақа хоҳад буд”

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос, тасмими эҳтимолии раисиҷумҳури Омрико дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти “Исроил”-ро сароғозе барои таҳаввулоти ваҳшатнок дар сатҳи минтақа донист.

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алҷазира изҳор дошт: “Тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико сароғози таҳаввулоти ваҳшатнок дар сатҳи минтақа хоҳад буд.”

Вай афзуд: “Тасмими Тромп яъне эъломи расмии поёни раванди созиш.”

Ҳаниа гуфт: “Бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин тавофуқ кардам, ки мардум алайҳи тасмими эҳтимолии Тромп, тазоҳурот кунанд.”

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос гуфт: “Давлати Тромп, давлате моҷароҷӯ аст ва уммати исломӣ ин давлатро ғофилгир хоҳад сохт.”

Ҳаниа афзуд: “Эътимоди ман ба уммати арабӣ ва исломӣ бо вуҷуди ин ки аз даргириҳои дохилӣ ранҷ мебаранд, бисёр аст.”

Вай изҳор дошт: “Қудс, фаластинӣ, арабӣ ва исломӣ ва пойтахти давлати Фаластин боқӣ хоҳад монд.”

Гуфтанист, Конгресси Омрико дар соли 1995 қонунеро ба тасвиб расонд, ки ба мӯҷиби он, сафорати Омрико бояд ба Қудс мунтақил шавад, аммо руасои ҷумҳури Омрико ҳар як пас аз дигаре ин тасмимро ҳар 6 моҳ ба таъвиқ андохтанд.

Тромп июни гузашта фармони ибқои сафорати ин кишвар дар Телавив ва таълиқи интиқоли он ба Қудси ишғолӣ ба муддати 6 моҳро имзо кард, ки ин фармон рӯзи душанбеи гузашта мунқазӣ шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: