Баёнияи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тасмими ҷадиди Тромп

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба тасмими давлати Омрико дар интиқоли сафоратхонаи худ аз Телавив ба Байтулмуқаддаси ишғолӣ ва ба расмият шинохтани ин шаҳр ба унвони пойтахти режими ишғолгари Қудс, баёнияеро ба шарҳи зер содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми давлати Омрико дар интиқоли сафоратхонаи худ аз Телавив ба Байтулмуқаддаси ишғолӣ ва эъломи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими ишғолгари Қудсро ба шиддат маҳкум мекунад ва онро нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ медонад.

Шаҳри Қудс, ки Масҷидулақсо нахустин қиблаи мусалмононро дар худ ҷой додааст, бахши лоянфакки Фаластин аст ва яке аз муҳимтарин амокини сегонаи муқаддаси исломӣ ба шумор омада ва аз ҷойгоҳ ва аҳаммияти вежае назди мусалмонон бархӯрдор аст. Бар касе пӯшида нест, ки ин режим барои тасаллути комил бар ин шаҳр иқдомоти мутааддиде аз ҷумла ихроҷи сокинони аслӣ, ғасби амлок ва заминҳои онон, ҷойгузинсозии яҳудиён бо ҳадафи тағйири таркиби ҷамъиятии ин шаҳр, вайрон кардани осор ва амокини муқаддаси исломӣ ва ҳамчунин таъарруз ва ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо аз тариқи фароҳам кардани имкони вуруди яҳудиёни тундрав ба ин макони исломӣ, эҷоди маҳдудият барои мусалмонон ҷиҳати зиёрат ва ширкат дар намози ҷумъа ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандии сокинони фаластиниро дар дастури кори худ қарор додааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора таъкид кардааст, ки муҳимтарин иллати барҳам хӯрдани субот ва амнияти Ховари Миёна тадовуми ишғолгарӣ ва ҳимоятҳои ҷонибдорона ва бедареғи давлати Омрико аз режими саҳюнистӣ ва маҳрум мондани миллати мазлуми Фаластин аз ҳуқуқи аввалияи худ дар ташкили давлати мустақилли фаластинӣ ба пойтахтии Қудси шариф аст, ки ба рағми талоши мазбуҳонаи Омрико ва муттаҳидонаш барои таҳмили роҳи ҳалли созишкорона, на танҳо ҳаддиақалли орзуҳои миллати Фаластин дар қолаби қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаъи умумии Созмони Милал таъмин нашуд, балки тадовуми шаҳраксозӣ ва ғасби арозии бештар ва ҳатки ҳурмати амокини динӣ дар Қудси шариф дар сояи ҳимоятҳои Омрико аз ин режим ва бетафовутии маҷомеъ ва созмонҳои байналмилалӣ, мардуми Фаластинро аз таҳаққуқи хостаҳои барҳақ ва машрӯъашон беш аз пеш дур сохт.

Тасмими таҳрикомез ва нобихрадонаи Омрико мабнӣ бар ба расмият шинохтани шаҳри Қудс ба унвони пойтахти якпорчаи режими саҳюнистӣ на танҳо ба сулҳу суботи ин минтақа кӯмак нахоҳад кард, балки зимни расвосозии ниятҳои шуми давлати Омрико ва беэътибор кардани бештари ин кишвар назди он даста аз тарафҳое, ки ҳанӯз ба бетарафии ин кишвар дар раванди саробгунаи музокироти сулҳ бовар доранд, боиси таҳрики мусалмонон ва шӯълавар шудани Интифозаи ҷадид ва ташдиди тундравӣ ва рафторҳои хашмолуд ва хушунатомези бештар хоҳад шуд, ки масъулияти он мутаваҷҷеҳи давлати ин кишвар ва режими саҳюнистӣ аст.

Бо иноят ба ин ки шаҳри Қудс аз назари қатъномаҳои Созмони Милал арозии ишғолшуда маҳсуб мегардад, иқдоми Омрико дар ба расмият шинохтани ин шаҳр ба унвони пойтахти режими ишғолгари Қудс, нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад; аз ин рӯ Ҷумҳурии Исломии Эрон ин иқдоми Омрикоро ба шиддат маҳкум мекунад ва аз ҳамаи маҷомеъи байналмилалӣ, кишварҳои соҳибнуфуз ва ба вежа кишварҳои исломӣ мехоҳад барои ҳифзи субот ва истиқрори минтақа, монеъи иҷро шудани ин иқдоми Омрико шаванд, ки танҳо ба суди режими саҳюнистӣ аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни эъломи ҳамбастагии комили худ бо мардуми Фаластин, бори дигар масъулияти муҳимми ҷомеаи байналмилалӣ ба вежа Созмони Милали Муттаҳид дар поён додан ба ишғоли Фаластин ва Қудси шариф ва кӯмак ба мардуми ин сарзамин ҷиҳати дастёбӣ ба ҳуқуқи мусаллами асосиашонро мавриди таъкид қарор медиҳад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: