Баёнияи дабирхонаи Конфронси байналмилалии “Ҳимоят аз Интифозаи Фаластин”

Дабирхонаи доимии байналмилалии “Ҳимоят аз Интифозаи Фаластин”-и порлумони Эрон дар баёнияе, зимни тақбеҳ ва маҳкум кардани иқдоми Тромп дар эъломи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, ин рӯзро накбати дигаре дар таърихи Фаластин унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар матни паёми дабирхонаи доимии байналмилалии “Ҳимоят аз Интифозаи Фаластин” омадааст:

Шайтони бузург дар хилофи ошкор бо қатъномаҳои Созмони Милал, урфи байналмилал, таъаҳҳудоти худ ва мавозини ҳуқуқи башар, ба дунё собит кард, ки на танҳо ба ҳеч гуна усуле пойбанд нест, балки дарку фаҳми дурусте аз вазъияти мавҷуди минтақа ва ҷаҳон надорад.

Тромп, ки ба шиддат нигарони ояндаи сиёсии худ аст, барои боқӣ мондан дар маснади риёсати ҷумҳурӣ, миллати мазлум ва ситамдидаи Фаластинро ба саҳюнистҳо ва ғосибони Фаластин фурӯхт.

Давлати Омрико бо ин иқдоми хабис ва ғайриқобили тавҷеҳ, бар андак умеде, ки бархе ҷараёнот ва ҳокимони арабӣ барои музокира ва ташкили ду давлат доштанд, хатти бутлон кашид. Режими ишғолгари Қудс медонад бо ин гуна иқдомоти аблаҳонаи давлати Омрико, дар вазъияти Қудс ҳеч тағйире эҷод нахоҳад шуд ва миллати Фаластин ва озодихоҳони ҷаҳон беш аз ҳар замони дигар якпорча ва муттаҳид барои озодии Қудс ва сарзамини Фаластин мусаммамтар хоҳанд шуд.

Маҷлиси Шӯрои Исломӣ аз ҳамаи миллатҳои озодихоҳ ва ҳомии Фаластин ва маҷолиси (порлумонҳои) кишварҳои исломӣ ва арабӣ мехоҳад аз тамоми зарфияти худ барои эъломи бароъат ва маҳкум кардани иқдоми Омрико ва дифоъ аз ҳаққи машрӯъи мардуми Фаластин баҳра гиранд ва як рӯз азои умумӣ эълом ва парчамҳо дар ҳамаи кишварҳои исломӣ нимаафрошта шавад.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: