Вазири хориҷаи Ангилис: “Ифротигарӣ аз ҳукуматҳои саркӯбгар сарчашма мегирад”

Вазири хориҷаи Ангилис мегӯяд, далели ифротигарӣ ҳукуматҳои саркӯбгар ҳастанд ва сиёсатҳои ғарб далели он нест.

Бурис Ҷонсун, вазири хориҷаи Ангилис, имрӯз (07.12.2017) дар ҷаласае дар ҷамъи коршиносон ва диплумотҳои вазорати хориҷа, дар бораи далоили зуҳури теруризм ва ифротигарӣ сӯҳбат хоҳад кард.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, Ҷонсун дар ин суханон таъкид хоҳад кард, ки далели парвариши ифротигарӣ ҳукуматҳои саркӯбгар ҳастанд ва сиёсатҳои ғарб далели он нест.

Бурис Ҷонсун мегӯяд, ҳузури ғарб дар Ховари Миёна далеле барои танбеҳ шуданаш ба дасти ифротиҳо нест, чаро ки кишварҳое монанди Белжик, Фанлонд, Жопун ва Суэд (Шветсия) ҳам қурбониёне ба дасти ДОЪИШ доштанд, аммо таърихе аз ҳузур дар ин минтақа надоранд.

Ангилис ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи омӯзиш ё кӯмаки низомӣ ҳамвора дар минтақаи Ховари Миёна ҳузур доранд. Тайи солҳои ахир чанд иқдоми теруристӣ дар бархе кишварҳои ғарбӣ сурат гирифта, ки қурбониёне барҷо гузоштааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: