Миҳан ва Ислом

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мусалмон (манзурам, мусалмони пойбанд ба динаш аст) оё наметавонад миллатдӯст ва ё миллатсоз бошад?
Бо ин ки ин пиндор аз реша бе поя ва асос аст ва воқеиятҳо онро такзиб мекунанд, аммо чун баъзе аз азизон бар ин мақула исрор доранд, лозим дидам чанд нуктаро ёдовар шавам:

1) Ин ҳарф – ки зоҳири фиребандае дорад – вақте тавзеҳу ташреҳ шавад, мебинед муғолатае беш набудааст. Барои тавзеҳи ин матлаб, бояд ду мақула хуб шарҳ дода шавад. Яке, мақулаи “мусалмон будан”, ва дигар, мақулаи “миҳандӯст ва ё миҳансоз будан”.

“Мусалмон будан” яъне ин ки ту дорои як ҷаҳонбинӣ ва идеулужии хоссе ҳастӣ. Ва ҷаҳонбинӣ ва идеулужии мусалмон, ҳамон Ислом аст.

“Ҷаҳонбинии исломӣ” яъне як силсила “ҳаст”-ҳо, мисли “Худо ҳаст”, “Нубувват ҳақ аст”, “Охират ҳақ аст” ва ғайра… Ин “ҳастҳо” метавонанд дуруст ва саҳеҳ бошанд ва метавонанд носаҳеҳ ва нодуруст. Сиҳҳат ва дурустии онҳоро бояд ба далел исбот кард. Ва мо мусалмонон мӯътақидем, ки ақоиди мо саҳеҳ ва мутобиқ бо воқеъ аст. (Феълан дар мақоми исботи онҳо нестам, дар ҷои худаш баҳс шудааст.)

Ва аммо “идеулужии исломӣ” як силсила “бояду набояд”-ҳост, ки реша дар ҷаҳонбинии исломӣ доранд, мисли: “бояд Худоро парастиш кард”, “бояд ростгӯ буд”, “бояд содиқ ва бовафо буд”, “набояд дурӯғ гуфт”, “набояд хиёнат кард” ва ғайра… Возеҳ аст, ки ин “бояду набоядҳо” бархоста аз ҷаҳонбинии мост. Яъне, чун Худо ҳаст, бояд ӯро парастиш намуд. Ва ё чун Худо ҳаст, ӯ ба мо дастур дода, ки бояд чунину чунон бошӣ ва ғайра.

Ва аммо “миҳандӯст” будан ин аст, ки ту бояд миҳанатро дӯст дошта бошӣ, барои миҳанат заҳмат бикашӣ, барои пешрафти ҳамаҷонибаи миҳанат талош бикунӣ ва ғайра…

Пурвозеҳ аст, ки “миҳандӯстӣ” ҷаҳонбинӣ нест, балки аз мақулаи “бояд” аст. Яъне, миҳандӯстӣ масалан бароят намегӯяд, ки ҷаҳон оё Худо дорад ё надорад, ё масалан фалон матлаб ҳақ аст ё ботил?… Ин масоилро фалсафа ва ё дин мушаххас мекунанд. Ба сухани дигар, ҷаҳонбиниро фалсафа мушаххас мекунад.

Аз ин рӯ, як нафар бедин – бар фарз агар миҳандӯст ҳам бошад – бединии ӯро миҳандӯстиаш таъйин накарда, балки як фалсафа онро таъйин карда, як ҷаҳонбинӣ онро барояш таъйин карда, мисли ин ки тараф мӯътақид ба мактаби фалосифае амсоли Фейербох ва ё Ниче ва ғайра аст.

Асосан, ҷаҳонбинӣ наметавонад маҳдуд ба ҷуғрофиёи муайяне бошад. Ҳамаи “ҷаҳонбиниҳо” – чӣ динии он ва чӣ ғайридинии он — ҷаҳонӣ ҳастанд, маҳсур ба ҳадду марзи мушаххасе нестанд.

Аз ин рӯ, касе, ки мегӯяд, Ислом чун ҷаҳонӣ аст ва ба дунболи сохтани Уммат аст, на Миллат, ин одам дониста ё нодониста муғолата мекунад. Зеро бар фарз агар ӯ бедин аст, аз ӯ пурсида мешавад, оё бединии ту ношӣ аз миҳандӯстии туст? Ва ё бархоста аз як фалсафаи хоссе, ки рабте ба ҳадду марзи ҷуғрофиёии хоссе надорад?

Пас, ҳам мусалмон ва ҳам бедин, ҳар ду, ҷаҳонбиниашон ҷаҳонӣ аст, мунтаҳо яке ҷаҳонбинии динӣ дорад ва яке ҳам бединӣ. Ин рабте ба миҳандӯстӣ ва ё адами он надорад.

2) Нуктаи дуввум ин ки: банда мӯътақидам, ин Ислом аст, ки аз як инсон миҳандӯст ва миҳансози воқеӣ ва ҳақиқӣ ба бор меоварад. Зеро ҷаҳонбинии ӯ, ки Ислом аст, ба ӯ мегӯяд: “Миҳандӯстӣ аз имон аст.” Яъне ин “бояд”-ро ҷаҳонбиниаш бар ӯ таҳмил мекунад. Агар ӯ миҳандӯст ва миҳансоз аст, реша дар ҷаҳонбиниаш дорад.

Аз ин рӯ, азизон набояд муғолата кунанд.

3) Вақте одам мусалмон гардид, як силсила чизҳо барояш муқаддас мегарданд. Масалан, қиблааш барои ӯ муқаддас аст, паёмбараш барои ӯ муқаддас аст, динаш барои вай муқаддас аст ва ғайра… Албатта, қабул дорам, ки барои як фарди бедин “қадосат” маъно надорад, ӯ намефаҳмад муқаддас яъне чӣ? Ин ки як мусалмон, барои Қудс — ки нахустин қиблаи мусалмонон аст – ҳозир аст ҷонашро фидо кунад, як бедин инро намефаҳмад, барои ӯ қобили ҳазм нест. Аз ҷумлаи муқаддасот барои мусалмон ин ватан ва миҳани ӯст, сарзамини ӯст, ӯ ҳозир нест ҳатто як ваҷаб хокашро барои бегона бифурӯшад, чунонки имрӯзҳо фурӯши замин барои баъзеҳо мисли об хӯрдан гардидааст.

4) Нуктаи ахир он ки: барои миҳандӯстии тоҷики мусалмон, агар касе шоҳид бихоҳад, лутф кунад ва замони юриши болшевикҳо ба ин сарзаминро бихонад. Вақте бегона по ба сарзамини мо гузошт, ин фақат чандто мусалмон буд, ки барои дифоъ аз марзу бумаш қиём кард на дигарон. Ҳоло ин миҳадӯстон номашон шуда “босмачӣ”.

Пас, азизон лутф кунанд ва мағлата нафармоянд!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: