Баёнияи ҲНИТ оид ба иқдоми Трамп дар мавриди Байтулмуқаддас

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо судури баёнияе, тасмими Дунолд Тромп мабнӣ бар интиқоли сафорати кишвараш аз Телавив ба Қудси шарифро маҳкум кард.

Баёнияи ҲНИТ ба шарҳи зерин аст:

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мавриди эътирофи Байтул-муқаддас ба унвони пойтахти Исроилро маҳкум карда, ин иқдоми яктарафа ва носанҷидаро мухолифи қавонини байналмилалӣ ва поймол кардани қатъномаи шумораи 478-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1980 медонад.

Ҳизби наҳзати исломӣ бар ин назар аст, ки мақоми сиёсии Байтул-муқаддас дар чорчуби қавонини байналмилалӣ ва қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ҳифз шавад ва аз ҳар гуна иқдомҳои носанҷида ва яктарафа, ки паёмадҳои манфӣ дар саросари минтақа хоҳад дошт, дар минтақаи бе ин ҳам муташанниҷи Ховари Миёна, худдорӣ шавад.

Раёсати олии ҲНИТ

08.12.2017

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: