Ноҷавонмардӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар хилоли 25 соли ҳукумати феълӣ дар Тоҷикистон, шумо тақрибан рӯзеро пайдо намекунед, ки гӯшае аз хислатҳо ва вежагиҳои давлатмадорони кунунӣ ба хусус шахси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикистониён ошкор нашавад. То ба ҳол рафторҳое чун паймоншиканӣ, дурӯғгӯӣ, фиребкорӣ, ҳилаву найранг, хулфи ваъда ва даҳҳо хусусиятҳои нописанди дигари онҳо ҳувайдо шудааст.

Имрӯз аммо як хусусияти дигареро бояд бар он вежагиҳо афзуд, ва он, ноҷавонмардӣ аст.

Ахиран, филме тавассути чокарони ин ҳукумат – ки қатъан бо чароғи сабзи шахси Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст – дар бораи Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар фазои маҷозӣ мунташир шуд ва баъид ҳам нест садо ва симо низ онро пахш намояд. Дар ин филми иғвоангез, ки барояш унвони “Ваҳшонияти ТЭТ ҲНИТ” гузоштаанд, ба домони марҳуми Устод норавотарини тӯҳматҳо зада шудааст. Ровии ин филми суфоришӣ ва иғвоангез, марҳумро сабабгори ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 хонда ва тамоми масоиби он айёмро бар гардани ӯ бор мекунад.

Ва ин дар ҳолест, ки шахси Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз марҳум таърифу тамҷид ба амал оварда ва эътироф кардааст, ки марҳум яке аз аркони сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон ба шумор меояд. Аз ҷумла, дар таърихи 26 июни 2007 дар суханоне ба муносибати 10-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ гуфтааст:

Дар кори хайри сулҳи тоҷикон роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳамсафони наздики ӯ ва собиқ қӯмандонҳои ин иттиҳод саҳми арзанда доранд. Бинобар ин ман ба онҳо миннатдории хешро иброз медорам”.

Баъд аз ин иқрор ба ҷойгоҳ ва нақши марҳуми Устод дар эҷоди сулҳ дар кишвари азизамон, оё ноҷавонмардӣ нест ту ба дору дастаат суфориш бидиҳӣ, ки якчунин филме иғвоангез ва саросар дурӯғеро таҳия ва пахш кунанд?! Агар номи ин рафтор ноҷавонмардӣ нест, пас чист?

* * *

Ва аммо ин ки чаро ҷаноби Раҳмон ва дору дастааш иқдом ба инчунин амали шанеъе намудаанд, сабабаш, ба назарам, возеҳ аст. Ва он ин ки: ин ҷамоат аз ҳамон рӯзи аввали имзои сулҳ нияте ҷуз ин дар сар надоштанд, ки ҲНИТ-ро аз арсаи сиёсии Тоҷикистон маҳв кунанд, ва танҳо мутарассиди як фурсати муносиб буданд.

Ин иқдоми шанеъ дар ҳаққи Устод Нурӣ (р) ба вузуҳ нишон медиҳад, ки тамоми иттиҳомоте, ки бо баҳона қарор додани онҳо фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар қатъ ва теруристиаш эълон карданд, ҳама дурӯғ ва бофта ва сохтагӣ будаанд. Ва агар на, танҳо ба маҳкумияти раҳбарони феълии он иктифо мекарданд ва масалан мегуфтанд, ба ин далел ва он далел мо фаъолияти ҲНИТ-ро қатъ кардем ва теруристиаш медонем. На ин ки ба сиёҳ кардани поягузори ин ҳизб — ки соли 2006 аз дунё рафта ва он замонҳо ҲНИТ дар пеши инон ҳанӯз муттаҳам ба ҳеч “ҷурме” набуд – бипардозанд ва ҳарчи аз дурӯғу тӯҳмат, ки ба зеҳнашон хутур карда, ба домони марҳум бичаспонанд.

Ҳукуматмадорони феълии Тоҷикистон ва шахси Эмомалӣ Раҳмон, бо ин рафтори ноҷавонмардонаи худ ин ҳақиқатро барои кулли тоҷикистониён собит карданд, ки онҳо аз ахлоқи инсонӣ фарсахҳо дуранд. Собит карданд, ки на танҳо пойбанд ба ҳеч арзиши инсонӣ нестанд, балки асосан қоил ба ҳеч арзише намебошанд. Раҳмон бо ин рафтораш бо забони безабонӣ мехоҳад бигӯяд, ман сари ҳамаи шумо кулоҳ гузоштам он вақт, ки шуморо мутақоиъд сохтам, ки ҳозир ба сулҳ шавед. Ӯ дар суханоне дар Кохи Борбад ба муносибати 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ бо ишора ба яке аз мулоқотҳояш бо марҳуми Устод Нурӣ (р) дар Афғонистон аз ҷумла гуфта буд: “Дар охири мулоқот ба шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гуфтам, ки домулло бубинед дар атрофи мо чӣ вазъ аст. Домулло агар мову Шумо имрӯз масъулятро бар дӯш нагирем, давлати мо пароканда ва аз кураи замин нест мешавад. Мову Шумо ҳамчун миллаткуш дар назди ояндаи миллат боқӣ мемонем ва касе моро намебахшад.”

Хуб, он замон марҳум ба суханони ту бовар кард ва ба ту эътимод кард, фикр кард ту содиқ ҳастӣ. Ва асосан, мусалмон арзишмадор аст, ӯ ноҷавонмард нест. Ин айб нест, ки марҳуми Устод бо эътимод ба суханони ту, ҳозир ба имзои сулҳ шуд, ин камоли ҷавонмардист, аз ахлоқи паёмбарон аст. Аммо ту чӣ кор кардӣ?!

Фикр намекунам, дар Тоҷикистон дигар замире вуҷуд надошта бошад. Қатъан дар миёни ҳатто мақомот ҳанӯз касоне ҳастанд, ки марҳуми Устодро хуб мешиносанд. Касоне ҳастанд, ки бо вуҷуди ихтилоф дар нигаришҳои сиёсӣ бо марҳум Устод, аммо ҳамчун инсон ӯро мешиносанд. Касоне мисли Иброҳими Усмон ва Достиев ва ғайра, ки дар Кумисиюни оштии миллӣ бо ӯ ҳамкорӣ карда буданд. Аз ин афрод хоҳиш ба амал меояд, агар заррае виҷдони инсонӣ дар онҳо боқӣ монда, шаҳомат нишон бидиҳанд ва эътирози худро ба ин филми иғвоангез иброз бидоранд.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: