Усқуфи аъзами Фаластин: “Интифоза дар Фаластин мутаваққиф нахоҳад шуд”

Атоллоҳ Ҳанно, усқуфи аъзами Фаластин, бо баёни ин ки “навъе ҳамоҳангӣ миёни Тромп ва бархе раҳбарони араб пеш аз эъломи Қудс ба унвони пойтахти Исроил вуҷуд дошта” хотирнишон кард: “Касе ба Тромп ин ҳақро надодааст, ки Қудсро ба унвони пойтахти режими ишғолгари Исроил эълом кунад.”

Атоллоҳ Ҳанно дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдин гуфт: “Иқдоми ахири Омрико дар бораи Қудс, иқдоме хасмона алайҳи ҷаҳони араб ба шумор меравад ва амре мардуд аст ва ишғолгарии Исроил бояд поён ёбад.”

Вай бо баёни ин ки изҳороти Дунолд Тромп раисиҷумҳури Омрико муғойир бо мабонии дини масеҳӣ аст, гуфт: “Ба унвони миллати Фаластин ва масеҳиёни фаластинӣ ва шарқӣ, ин иқдомро маҳкум мекунем.”

Атоллоҳ Ҳанно афзуд: “Раисиҷумҳури Омрико бо эъломи Қудс ба унвони пойтахти режими ишғолгар, чеҳраи воқеӣ ва кареҳи Омрико ва сиёсатҳои ин кишварро нишон дод.”

Вай гуфт: “Мӯътақидем, ки раисиҷумҳури Омрико чунин ихтиёре надошта ва касе низ ба ӯ ин ҳақро надодааст, ки Қудсро ба унвони пойтахти режими ишғолгари Исроил эълом кунад.”

Усқуфи аъзами Фаластин афзуд: “Қудс пойтахти Фаластин ва маҳд ва пойгоҳи муҳимтарин муқаддасоти масеҳӣ ва исломӣ аст.”

Вай ҳамчунин гуфт: “Эҳтимолан навъе ҳамоҳангӣ миёни Тромп ва бархе раҳбарони араб пеш аз эъломи Қудс ба унвони пойтахти Исроил вуҷуд доштааст.”

Ин раҳбари масеҳии Фаластин, бо ёдоварии сафари чанд моҳ пеши Тромп ба Арабистон пурсид: “Садҳо милёрд дулоре, ки Тромп аз саудиҳо гирифт, куҷо рафт?

Вай афзуд: “Дар ҳоли ҳозир ҳеч фаластиние нест, ки аз музокироти созиш ва музокироти Осло ва раванди сулҳ ҳарф бизанад ва ҳеч як аз ин вожаҳо дар қомуси мо вуҷуд надорад, балки бархе аз сиёсатмадорони фаластинӣ аз он ҳарф мезананд ва ман мӯътақидам онҳо худашон ҳам бовар надоранд. Фаластиниҳо ба ин бардошт расидаанд, ки он чи дар бораи раванди сулҳ ва музокирот гуфта шуда дурӯғи бузург барои иҷрои тарҳе дар Фаластин аст, ки ҳадафи он балъидани Фаластин ва нобудии масъалаи Фаластин мебошад.”

Атоллоҳ Ҳанно гуфт: “Интифоза дар Фаластин мутаваққиф нашуда, ҳарчанд равишҳои мухталифе доштааст, Фаластин ҳеч замоне дар баробари ишғолгар таслим нашудааст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: