Аз Тромп қадрдонӣ мекунем…

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Аз Тромп қадрдонӣ мекунем, агарчи вай лоиқи сипос нест. Қадрдонӣ мекунем, зеро фатилаи бедории арабӣ ва исломиро бидуни ин ки бихоҳад, равшан кард. Ин бедорӣ бори дигар авзоъи минтақаро бар пояи усули ҷадид бо унвони муқовимат сомондиҳӣ хоҳад кард…

* * *

Дар ҳоле, ки Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, аз қалби минтақаи озодшуда ва дар айни ҳол дар муҳосирабудаи Ғазза қавл дода, ки интифозаеро дар посух ба тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар бораи яҳудисозии Қудси шариф ва ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти сиёсӣ ва динии яҳудиёни ҷаҳон шурӯъ хоҳад кард, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, дар як суханронии заъиф ва шармовар, посухи худро ба тавҳини Тромп ин гуна хулоса мекунад, ки ба ниҳодҳои байналмилалии бештаре мепайвандад ва ройзанӣ бо “бародарон”-ро қабл аз иттихози ҳар тасмиме, идома хоҳад дод; гӯӣ ӯ раиси Микронезия ва на Созмони озодибахши Фаластин аст.

Омрико мехост дар давраи Тромп аввалин кишвари дунё бошад, ки Қудси ишғолиро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шиносад, ва ин корро анҷом дод; дар ҳоле, ки ин кишвар ва раиси нажодпарасти он намедонанд, ки шокеро, ки уммати арабӣ ва исломӣ барои бозёфтани ҳушёрӣ ва бедорӣ аз сустие, ки дар он ба сар мебурданд лозим доштанд, ба онҳо ворид кард.

Тромп пойтахти Исроилро аз Телавиви ишғолӣ ба Қудси ишғолӣ интиқол дод ва тири халосро на фақат ба амалиёти сохтакоронаи сулҳ, балки бар сари ҳуккоми араби ҳампаймони худ ба хусус Миср ва Арабистони Саудӣ шиллик кард. Ду кишваре, ки дар ҷиҳати ҳадафи Тромп, ба ӯ кӯмак расонданд ва дар ҳамин росто хеле дертар ва заъифтар аз ҳамаи кишварҳо ба ин масъала вокуниш нишон доданд.

Раисиҷумҳури Омрико ҳеч гоҳ аз миёни кишварҳои арабӣ ҳампаймон намехоҳад, балки навкарон ва сарсупурдаҳое мехоҳад, ки бо зӯргӯӣ ва қулдурӣ бо онҳо рафтор кунад. Пас аз ин ки беш аз 550 милёрд дулорро дар нишасти аввали худ бо онҳо (сарони кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс) дар Риёз ба ҷайб зад (460 милёрди онро фақат аз Арабистон ва мобақии онро аз тариқи бастани қарордодҳои таслиҳотӣ бо Қатар, Аморот ва Баҳрайн ситонд), ҳоло бо силии яҳудисозии Қудс, ҷавоби муҳаббати онҳоро дод.

* * *

Мо рӯи нишасти Шӯрои амнияти СММ, ки барои баррасии ин тавҳини Омрико баргузор шуд, ҳисобе боз накардаем, балки ба саҳни масоҷиди беш аз 56 кишвари арабӣ ва исломӣ умед дорем, ки намози ҷумъаи имрӯз дар онҳо ба саҳнаи ибрози хашму инзиҷор ва сар додани шиор алайҳи Омрико ва Исроил ва талаби интиқом табдил шуд.

Бархе садоҳои пуч ва пуриштибоҳе вуҷуд дорад, ки хоҳони оддисозии равобит бо Исроил аст ва ин режимро як муттаҳиди қобили эътимоде мехонад, ки дасташ ба хуни ҳеч саудӣ ё араби ҳошияи халиҷи Форс оғушта нест, ва аз ҳамин рӯ онро як дӯст ва муттаҳид мебинад. Ин мавзеъгириҳо фарҳанги таслиму хориро густариш дода, арзиши тазоҳуроти хашмро зери суол мебарад; ҳамон гуна, ки фоидаи интифозаҳоро зери суол мебарад. Мо ба соҳибони ин мавозеъ ва касоне, ки дар пушти онҳо ҳастанд мегӯем, ки ҳамин мавҷи эътирозот ва тазоҳуроти хашм буд, ки ҷараққаи Интифозаи аввал (Интифозаи санг) ва Интифозаи дуввум (Интифозаи силоҳ)-ро равшан карда ва режими саҳюнистиро дар се бор ҳамла ба навори Ғазза дар зарфи камтар аз се сол шикаст дод ва ишғолгарони саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнонро бо нангу зиллат водор ба ақибнишинӣ дар соли 2000 намуд ва бинии душмани мутаҷовизро дар ҷанги 33-рӯзаи тобистони 2006 Лубнон ба хок молид.

Тромп ҷуръати анҷоми чунин ҳамоқатеро надошт агар Ироқ қавӣ буд ва Сурия аз ҳафт сол пеш бо тавтиа рӯ ба рӯ нашуда буд ва Либӣ дар ҳарҷу марҷ ва азҳамгусехтагӣ ба сар намебурд ва Яман ба таври якпорча бо таҷовузи золимона муқобила карда буд.

Нақшаи Омрико дар нобудии кишварҳои муҳимми арабӣ таҳти унвони демукросӣ ва ҳуқуқи башар ва ҷо андохтани Исроил ба унвони як қудрати минтақаии бузург ва пешгом, моро хору залил кардааст ва тозатарин силӣ аз нақшаи Омрико дар тасмими ахири Тромп намуд пайдо кард, то муқаддимаи қарордоди “Созиши бузург” шавад ва кишвари Фаластин дар Сино ташкил шуда ва Натонёҳу дабири кулли Иттиҳодияи ҷадиди Араб шавад.

Тромп ниқобҳоро канор зад ва сурати зишти муттаҳидони араби худро нишон дод; касоне, ки ҷанги мазҳабиеро роҳ андохта буданд, ки муттаҳиди исроилиашон оташбиёри маъракаи он буд.

Мо фаластиниҳо ҳамвора ба миллатҳои арабӣ ва исломӣ ва на режимҳои ҳоким бар онҳо, иттико доштем ва дорем. Мо эътимоди зиёде ба онҳо доштем ва дорем. Ҳангоме, ки бародарони мо дар кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс бо масъалаи оддисозии равобит бо Исроил ва мубаллиғони ин қазия бо шуҷоат ва ҷасорат муқобила мекунанд, собит мешавад, ки умеди мо ба миллатҳо баҷост. Ин миллатҳо дар ҳама ҷои ҷаҳони араб ҳаргиз аз Қудс ва муқаддасоти онҳо ҳатто калисоҳои он кӯтоҳ нахоҳанд омад.

Ба шумо итминони хотир медиҳам, ки фаластиниҳо мисли ҳамеша дар саҳна ҳозир мешаванд. Магар онҳо набуданд, ки кафанпӯшон дар саҳнҳои Масҷидулақсо Натонёҳуро водор ба барчидани қуфлҳои электрониаш карданд? Магар онҳо набуданд, ки Шорунро ба фирор аз навори Ғазза водор карданд, ки шаҳракҳояш дар Ғаззаро раҳо кард? Магар онҳо набуданд, ки дар роҳи дифоъ аз шарофати уммат ва ақидаи он тайи яксад сол ҷиҳод ва мубориза, шуҳадои зиёдеро тақдим карданд?

* * *

Мо шуморо хотирҷамъ мекунем, ки миллатҳои арабӣ ва на ҳукком ва ҳукуматҳо, бисёр хуб вориди майдон мешаванд ва фаварони хашми воқеии онҳо ҳамаи мусибатеро, ки уммат тайи ҳафт соли бисёр сахт таҳаммул карда аз байн мебарад. Онҳо дар ҷабҳаи муқовимат меистанд ва фарҳанги онро равшан карда ва шиорҳои онро сар медиҳанд.

Ба расмият шинохта шудани Қудс тавассути Тромп, фурсате тиллоӣ барои Маҳмуд Аббос ва қудрати вай буд, то даст аз иштибоҳоти Осло шуста ва ҳамоҳангии амниятии нангин бо Исроил ва 23 соли музокираи шармовар бо Исроил бардорад, аммо ин корро накард ва нахоҳад кард. Ӯ исрор дорад охири хатти худро трожедигуна рақам бизанад ва ҷои таассуф аст, ки бархе, ки даври ӯ мечарханд, аз расидан ба ин лаҳзаи таърихӣ фирор мекунанд ва мавозеъи ҳақиронаи ӯро зинат медиҳанд.

Аз Тромп қадрдонӣ мекунем, агарчи вай лоиқи сипос нест. Қадрдонӣ мекунем, зеро фатилаи бедории арабӣ ва исломиро бидуни ин ки бихоҳад, равшан кард. Ин бедорӣ бори дигар авзоъи минтақаро бар пояи усули ҷадид бо унвони муқовимат сомондиҳӣ хоҳад кард, чун ӯ ба зарари муттаҳидонаш, ки дар паси пардаи “эътидол” пинҳон шуда буданд, “ифротгароӣ”-ро тақвият кард. (Манзур ифротгароии мавриди назари Омрикост, ки муқовимат дар назари вай, ифротгароӣ аст.)

Қудс, ва на Абудис, пойтахти Фаластин яъне ҳамаи Фаластин боқӣ хоҳад монд ва ҳамон гуна, ки муборизони Офриқои ҷанубӣ ва Алҷазоир воқеияти истеъмори таҳмилиро бо тавассул ба зӯр тағйир доданд, фаластиниҳо низ бо кӯмаки бародарони араб ва мусалмони худ, ҳамин равияро дар пеш гирифта ва пирӯз хоҳанд шуд.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: