Перейти к содержимому

Аъзои урупоии Шӯрои амният ба нафъи Фаластин ва алайҳи Омрико баёния содир карданд

Чаҳор узви урупоии Шӯрои амният ба иловаи Олмон, дар баёнияе муштарак, тасмими ахири Омрико дар мавриди Қудсро хилофи қатъномаҳои Шӯрои амният хонданд.

Рӯзи ҷумъа (08.12.2017) панҷ кишвари урупоӣ бо иқдоме камсобиқа баёнияе расмӣ алайҳӣ тасмими Омрико дар мавриди вазъияти шаҳри Қудс содир карданд.

Намояндагони Фаронса, Олмон, Суэд (Шветсия), Англистон ва Итолиё (аъзои доим ва ғайридоими урупоии Шӯрои амният ба иловаи Олмон) пас аз нишасти Шӯрои амният дар мавриди вазъияти Фаластин, дар баёнияе муштарак, тасмими Омрико барои ба расмият шинохтани Қудс ба пойтахти режими саҳюнистиро “хилофи қатъномаҳои Шӯрои амният” ва “ғайримуфид барои сулҳ дар минтақа” тавсиф карданд.

Дар бахши дигаре аз ин баёния омадааст: “Вазъияти Қудс бояд аз тариқи музокира миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо барои тавофуқи ниҳоӣ равшан шавад. Ин мавзеъи собити Иттиҳодияи Урупо будааст, ки вазъияти Қудс бояд ниҳоятан пойтахти ҳар ду тараф бошад. То он замон, мо ҳеч ҳокимияте бар Қудсро ба расмият нахоҳем шинохт.”

Ин баёния меафзояд: “Бар асоси қавонини байналмилалӣ ва қатъномаҳои марбута, мо Қудси шарқиро ба унвони бахше аз арозии Фаластини ишғолшуда мешиносем ва тавофуқи ниҳоӣ бояд бар асоси марзҳои 4 июли 1967 ва муовизаи замин мавриди тавофуқ миёни тарафайн бошад. Иттиҳодияи Урупо ҳеч тағйиреро дар марзҳои пеш аз 1967 ба расмият намешиносад, магар онҳое, ки ба таъйиди тарафайн расида бошад.”

Дар нишасти Шӯрои амният ҳам, ки ба дархости ниме аз аъзо ташкил шуда буд, Омрико дар инзивои комил буд ва ба ҷуз намояндаи режими саҳюнистӣ, бидуни истисно тамоми кишварҳо алайҳи тасмими давлати Омрико мавзеъ гирифтанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: